МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Мавқеи эҷодиётро дар тадқиқоти назаариявӣ муайян намоед.
Татбиқи бомуваффақияти тадқиқоти назариявиро дар чӣ мебинед?
Ақидаҳои олимонро доир ба яке аз масъалаҳои илми педагогика нависед ва таҳлилу муқоиса намоед.
5) 6) Хусусияти эҷодии тафаккурро дар раванди тадқиқоти назариявӣ шарҳ диҳед..
Усулҳои дедуксия ва индуксия дар тадқиқоти назариявӣ чӣ гуна истифода карда мешавад?
7) Алоқамандӣ ва фарқияти усулҳои таҳлил ва синтез дар тадқиқотҳои назариявӣ муайян намоед.
2.6. Меъёрҳои асосии методологияи таҳқиқоти педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Меъёрҳои асосии методологияи таҳқиқоти педагогиро медонанд ва истифода карда метавонанд.
Нақша:
• Меъёрҳои сифатии тадқиқоти педагогӣ
• Муайян намудани муаммои илмӣ
МЕЪЁРҲОИ СИФАТИИ ТАДҚИҚОТИ ПЕДАГОГӢ
Меъёрҳои асосии методологияи таҳқиқоти педагогӣ аз муаммо, мавзуъ, объект, предмет, мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, фарзия (фарази илмӣ), натиҷа ва аз ҳимояи қоидаҳои асосии таҳқиқот иборат мебошад.
Ба меъёрҳои сифатии тадқиқоти педагогӣ дохил мешаванд: меъёри муҳимият, меъёри навоварӣ, меъёри арзиши назарӣ ва меъёри арзиши амалӣ. Барномаи таҳқиқот ду самтро дарбар мегирад:
- Методологӣ — аз асоснок намудани актуалнокии мавзуъ, муайян намудани муаммо, объект, предмет, мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, тартиб додани мафҳумҳои асосӣ, таҳлили пешакии объекти таҳқиқотва ба пеш гузоштани фарзияи таҳқиқот иборат; 2) Амалӣ — нақшаи стратегии таҳқиқотро, инчунин, нақша ва амалҳои асосии ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳои аввалинро кушода медиҳад Асоснок намудани муҳимияти мавзуъ. Зарурияти таҳқиқот ва ҳалли саривақтии муаммо барои инкишофи минбаъдаи назария ва амалиёти таълим ва тарбияро нишон медиҳад.
Муҳимияти (актуалнокии) таҳқиқот ба саволҳои тезу тунди имрӯза ҷавоб дода, талаботи ҷамъиятро нисбат ба илми педагогика инъикос мекунад, зиддиятҳои муҳими амалиётро муайян мекунад. Меъёри муҳимияти тағйирёбанда, ҳаракатнок буда ба вақт, ҳолатҳои дақиқ ва махсус вобаста аст.
МУАЙЯН НАМУДАНИ МУАММОИ ИЛМӢ
Дар амалиёт (истеҳсолот, ҷамъият, тиббиёт ва ғ.) ва дар худи илм вазъиятҳои муаммовӣ ба вуҷуд меояд, ки онҳо манбаи муаммоҳои илмӣ ҳисоб мешаванд.
Гузоштани муаммои илмӣ ба таҳлили вазъияти муаммовӣ такя мекунад, вале дар ин вақт танҳо бо таҳлил муайян намешавад.Муамморо нафақат муайян кардан, балки ба он тавсифи илмӣ низ додан лозим аст. Барои им муамморо аз ҷиҳатҳои субъективӣ, индивидулӣ ва руҳӣ тоза кардан ва бо забони илмӣ ифода намудан лозим меояд.
Ба пеш гузоштани муаммоҳои бузург ва муҳим инкишофи соҳаҳои илмро ба якчанд солҳо ва ҳатто даҳсолаҳо муайян мекунад Таҳқиқотчӣ ба муаммо баҳо гузаронида, ба саволи «бо ин машғул шудан меарзад ё намеарзад?» ҷавоб ёфтанаш муҳим аст. Аз донишҳои предметӣ фарқ карда, муаммоҳо ҳам ҳақиқӣ ва ҳам сохта шуданаш мумкин. Аммо ба онҳо аз нуқтаи назари дигар меъёрҳо — муҳимият, мубрамӣ, имконияти ҳал намудан, баҳо медиҳанд.
Ба пеш гузоштани муаммо — зинаи аввалини ҳар як таҳқиқоти илмӣ аст. Вале баъд аз гузоштани муаммо усулҳои ҳалли онро муайян намудан талаб карда мешавад.
Таҳқиқот аз муайян намудани муаммо cap мешавад. Муаммо дар мавзуи таҳқиқот акси худашро меёбад. Муаммо дар асоси ҷудо намудани зиддиятҳои ҳозира ва дилхоҳ ба вуҷуд меояд. Дар педагогика муаммо ҳамчун зиддият, номувофиқат дар байни ҷиҳатҳои муқобилаи дохилии объекти яклухт фаҳмида мешавад. Умуман, ҷараёни инкишофи донишҳои инсонро ба тарзи аз гузоштани муаммо ба гузаштани ҳалли он, баъд боз муаммоҳои навро ба пеш мондан тавсиф кардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё