Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) 3) 4) 5) 6) Тадқиқоти педагогӣ кадом меъёрҳои методологӣ дорад?
    Самтҳои таҳқиқоти назариявиро шарҳ диҳед.
    Муаммои тадқиқот гуфта чиро мефаҳмед?
    Муаммои илмӣ дар асоси чӣ муайян карда мешавад?
    Доир ба фарқияти муаммои илмӣ аз масъалаҳои илмӣ мисолҳо оред ва шарҳ диҳед.
    Дар мавзуи «Методологияи таҳқиқоти илмию педагогӣ» маъруза омода намоед.
    2.7. Қонуниятҳои умумии инкишоф ва ташаккули шахсият Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Асосҳои илмии омилҳои инкишофи шахсиятро медонанд ва бо ҳаёти воқеӣ алоқамандона шарҳ медиҳанд.
    • Санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилотро медонанд.
    • Тарбияро чун омили пешбарандаи инкишофи шахсият арзёбӣ карда метавонанд.
    Нақша:
    • Тарбия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоию таърихӣ.
    • Инкишоф ҳамчун бавуҷудоии тағйироти миқдорию сифатӣ дар ҷисми одам.
    ТАРБИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ ИҶТИМОИЮ ТАЪРИХӢ
    Дар ҳар давру замон мақсад ва вазифаҳои тарбия на бо хоҳиши ягон шахси роҳбар ва ё синфи идоракунандаи давлатӣ, балки ҳамеша аз инкишофу муносибатҳои ба коргарони чашми кордон эҳтиёҷманд будани ҷомеа ба миён меояд.
    Мушаххас ва возеҳ муайян кардани мақсад ва вазифаҳои тарбия аҳамияти калони назарӣ ва амалӣ дорад. Нисбати ин масъала ду қоидаи муҳимро нишон медиҳем. Аввало, пурра донистани мақсади тарбия ба омӯзгор имконият медиҳад, ки вай бояд чӣ гуна инсонро ташаккул диҳад, дақиқ фаҳмида гирад ва табиист, ки андешамандона ба вай пешаи зарурӣ диҳад. Дигар, ин ки мақсад, ҳамчун қоида, амалиёт ва хусусияти инсонро муайян мекунад. Аз ин нуқтаи назар мақсад ва вазифаҳои тарбия бевосита ба мазмун ва методикаи муайяни кори тарбиявӣ дахолат дорад.
    Зеро методика бо он мақсадҳое, ки дар назди муассисаи таълимӣ гузошта шудааст, алоқаи зич дорад.
    Ҳамеша рӯ ба беҳбудиҳо овардан мақсади қонунии инсоният аст. Бидуни чунин қонуни иҷтимоӣ инкишофи ҷомеа ва фард ғайриимкон аст.
    Таълим ва тарбия бо мурури замон мамониятҳои муҳити табиӣ, таъсири манфии гурӯҳҳои носолими иҷтимоӣ ва ҳамчунин дар тарбияи фарзандон саҳву хатоҳои оилавиро низ рафъ ва ислоҳ мекунад.
    Тарбия ба мақсади гузоштаи инсон итоат мекунад. Мақсаднок ва системанок таъсирбахшии тарбиятгарон қаблан ба ҳосил кардани иртиботи рефлектори шартӣ, ки бо ягон роҳи дигар пайдо намешавад, меоварад. Тарбия — ин пур кардани камбудиҳои барномаи инкишофи инсон. Яке аз вазифаҳои басо муҳими он дуруст ташкил кардани раванди тарбия ин муайян кардани майл ва қобилияти фитрӣ, инкишоф додани одам мувофиқи хусусиятҳои инфиродӣ, қобилият ва имконияташ мебошад.
    Таъсиррасонӣ ба инкишофи одам, худи тарбия аз инкишоф вобаста буда, он мунтазам ба сатҳи ноилшудаи инкишоф такя мекунад. Мураккабии диалектикии муносибатҳои тарафайни инкишоф ва тарбия ҳамчун мақсад ва восита дар ҳамин дида мешавад. Муфидии тарбия ба дараҷаи омодагии одам бо аз худ кардани таъсири тарбия вобаста ба таъсири ирсият ва муҳит муайян карда мешавад.
    Таъсири қувваи тарбиявӣ аз чанд шароит ва вазъият вобаста аст. Педагог ва психолог Л. С. Виготский (1896–1934) қонуниятеро асосонок намуд, ки мувофиқи мақсад ва методҳои тарбия бояд на фақат сатҳи тарбия, ки кӯдак ҳосил намудааст, ҳамчунин «минтақаҳои инкишофи наздикашро» ҳам дар бар кардааст. Вай ду сатҳи инкишофи ақлиро ҷудо мекунад: 1) «сатҳи инкишофи хеле муҳим»; 2) «минтақаи инкишофи наздик». Дар сатҳи аввал кудак супоришҳоро мустақилона иҷро мекунад.
пешина
аз 142
навбатӣ