Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Атмосфераи Офтоб
Атмосфераи сайёраҳо қабати газие мебошад, ки онҳоро иҳота кардааст. Аммо ситораҳо куллӣ аз газ таркиб ёфтаанд, барои ҳамин танҳо қабатҳои болоии онҳо атмосфера номида мешавад. Атмосфераи Офтоб аз жарфои 200-300 км-ии сатҳи дидашавандаи Офтоб оғоз шуда, аз се қабат: фотосфера (нурсипеҳр), хромосфера (фомспеҳр) ва тоҷи офтобӣ иборат аст, ки ҳар қабат вобаста ба хосиятҳои худ ҳарорати мухталиф дорад (ба расми боло нигаред).
Ҳастаи Офтоб
Одамони қадим гумон доштанд, ки гармӣ ва равшании Офтоб аз сӯхтани ҳезум ё ангишт аст. Вале илми муосир собит намуд, ки манбаи гармию рӯшноии Офтоб ҳастаи он аст. Ҳаста маркази тавлиди энергияи Офтоб аст. Дар ҳастаи Офтоб равандҳое мегузаранд, ки дар натиҷаи он миқдори бузурги энергия ҳосил мешавад. Яъне, манбаи гармӣ ва рӯшноии Офтоб ҳамин равандҳои дохили ҳастааш мебошанд.
Тоҷи Офтоб
Болотарин қисми Офтоб тоҷ аст, ки миллионҳо километр тӯл кашидааст. Вобаста ба баландии тоҷ зичии моддаҳои он кам шудан мегирад. Тоҷи Офтоб дурахши баланд дошта, нурҳои он шакли кӯтоҳ, дароз ва баъзан қаҷ доранд. Тоҷ охирин қабати атмосфераи Офтоб аст, ки ҳарорати он ба миллионҳо дараҷа мерасад.
Доғҳои Офтоб
Дар рӯи Офтоб торикиҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳоро доғҳои Офтоб мегӯянд. Доғҳо нисбат ба дигар ҷойҳои Офтоб сардтар буда, ҳарорат дар онҳо аз 4200 дараҷа поинтар аст. Бо гузашти вақт шаклу андозаи доғҳо тағйир ёфта, аз ҷисми нуқтамонанд ба торикиҳои бузургандоза табдил меёбанд.
Офтоб
Офтоб ситораи наздиктарин ба Замин ва маркази манзумаи Офтобӣ мебошад. Он аз Замин 300 ҳазор маротиба калон аст. Офтоб монанди Замин сахт нест, зеро он то ҳадде гарм аст, ки ҳама гуна сангу оҳанро ба газ табдил медиҳад. Яъне Офтоб кураи газии тафсон аст. Он манбаи асосии энергия барои инсоният буда, ба равандҳои табиии сайёраи мо бевосита таъсир мерасонад. Ҳарорат дар ҳастаи Офтоб тахминан 15 млн °С ва дар сатҳи он қариб 6000 °С-ро ташкил медиҳад.
Вартаҳои сиёҳ (сиёҳчолаҳо)
Дар кайҳон падидаҳои аз ситораҳои нейтронӣ ҳам аҷибтарро мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳоро бо сабаби торик ва қобили мушоҳида набуданашон вартаҳои сиёҳ меноманд. Аксари вартаҳои сиёҳ марҳилаи ниҳоии мавҷудияти ситораҳои бузург аст, ки ба ситораи навтарин табдил шудаанд. Пас аз таркиши ситораҳои массаашон ниҳоят зиёд ҳастаи онҳо фишурда шуда, майдони ҷозибаи онҳо ба ҳадде пурқувват мешавад, ки ҳатто рӯшноӣ аз он хориҷ шуда наметавонад. Зичӣ ва массаи вартаи сиёҳ чунон бузург аст, ки тамоми ҷирмҳои атроф, ҳатто рӯшноиро дар худ фурӯ мебаранд. Аз ин рӯ, вартаҳои сиёҳро дидан имконнопазир аст.
Ҷирмҳои пурасрор
Пас аз таркиши ситораҳои хеле бузург дар ҳастаи аз онҳо боқимонда фишуриш ба амал меояд. Агар ин фишуриш тамоми моддаҳои аз ситора боқимондаро дар як кураи чандкилометрӣ ҷойгир кунад ва ба анҷом расад, ситораҳои нейтронӣ ба вуҷуд меоянд. Аммо агар фишурдашавӣ бо пайдоиши ситораи нейтронӣ ҳам қатъ нагардад ва дар як нуқтае қарор гирад, сабаби пайдоиши ҷирмҳои аҷибе бо номи вартаҳои сиёҳ мешавад.
Поёни умри ситораҳо
Анҷоми умри ситораҳо гуногун аст. Ситораҳои начандон бузург хира мешаванд. Ситораҳои монанди Офтоб ҳаҷман васеъ шуда, ба кураи сурхи бузург табдил меёбанд. Ситораҳои бузург дар зинаи ниҳоии таҳаввулоти худ метарканд ва равшаниро то ҳазорҳо маротиба зиёд меафкананд. Ситораҳои бузургтарин ба Ситораи Навтарин табдил ёфта, баъд аз таркиши ситораи навтарин метавонад ситораи нейтронӣ ба вуҷуд ояд. Баъд аз таркиши ситораи нав аз вай паканаи сафед боқӣ мемонад. Дар кайҳон ҷуфти ситораҳое мавҷуданд, ки даври ҳам чарх мезананд. Онҳоро ситораҳои дугона мегӯянд, зеро аз як ситораи бузург ва як ситораи хурд иборатанд. Чархиши ситораҳои дугона дар атрофи ҳамдигар монанди рақси варзишгарон дар рӯи ях аст. Вақте яке аз ситораҳои дугона моддаҳои таркиби ҷуфти худро фурӯ бурдан мегирад, таркиш ва дурахши баланде мушоҳида мешавад, ки онро Ситораи Нав мегӯянд. Ситораи Навтарин (Абарнавахтар) таркиши бузургест, ки дар натиҷаи он моддаҳои таркиби ситора бо суръати 10 ҳазор км/с ба фазо паҳн шуда, муддате дар осмон дурахши баланд ба вуҷуд меоранд. Яъне он ситора не, балки равандест, ки нобуд шудани ситораҳои хеле бузургтар аз Офтобро нишон медиҳад. Аз ҳастаи ситораи нобудшуда ситораҳои нейтронӣ ва Вартаҳои Сиёҳ ба вуҷуд меоянд.
Массаи ситораҳо
Зиёд будани моддаҳо дар таркиби ситора боиси баландтар шудани ҳарорат ва фишори дохилии он мешавад. Таҳаввули минбаъдии ситора маҳз аз массаи он вобастагӣ дорад. Массаи ситораро вобаста ба рӯшноии он тахмин мекунанд, яъне ситорае, ки рӯшноии бештар дорад, массааш бузургтар аст.
Ситораҳо
Ситораҳо кураҳои газие мебошанд, ки аз худ нур афканда, қисми зиёди моддаҳои дар кайҳон мавҷудбударо ташкил медиҳанд. Нурафкании ситораҳо таҳқиқи онҳоро нисбатан осону мушоҳидаи ҷузъиёташонро имконпазир мекунад. Равшании ситораҳои хурдҳаҷм миллионҳо маротиба аз Офтоб камтар ва ситораҳои калонҳаҷм бошад, аз Офтоб миллионҳо маротиба зиёдтар аст. Ситораҳои ҳаҷмашон миёна тақрибан равшанӣ ва массашон ба Офтоб баробар аст.
Галактикаҳои дугоник
Баъзан ду галактикаро дар кайҳон мушоҳида кардан мумкин аст, ки бо газу чанги байнигалактикӣ иҳота шудаанд, ё тавассути газҳо ва ё ситораҳо ба ҳам пайвандӣ доранд. Ин падидаҳо натиҷаи таъсири мутақобила доштани галактикаҳо ба ҳамдигар мебошад. Ба андешаи олимон галактикаҳои дугоник тасодуфан бо ҳам вонахӯрда, балки аз лиҳози пайдоиш ба ҳам наздикӣ доранд. Дар давоми ҳаракати худ онҳо гоҳ ба ҳам наздик ва гоҳ дур мешаванд, ки дар натиҷа шакл ва баъзан ҳаҷми онҳо тағйир ёфта, дар миёни галактикаҳо бандҳо пайдо мешаванд. Вақте ки галактикаҳо аз ҳам дур мешаванд, аз як ё ҳардуи онҳо думҳои дарози иборат аз газ ва ситораҳо ба фазо ихроҷ мешаванд. Ба қавли ахтаршиносон галактикаҳое, ки тасодуфан вонахӯрда, балки низомеро ташкил медиҳанд ва ба ҳам таъсири мутақобила доранд, дер ё зуд (дар миллиардҳо сол) ба ҳам омехта, як низомро ба вуҷуд меоранд.
Галактикаҳои ҳастаашон фаъол
Ҳастаи аксари галактикаҳо дар худ равшанӣ дорад, аммо равшании ҳастаи баъзеи онҳо хеле баланд аст, ки онҳоро галактикаҳои ҳастаашон фаъол ном мебаранд. Олимон дар бораи чунин галактикаҳо андешаҳои гуногун доранд. Як гурӯҳ бар ин назаранд, ки сабаби фаъолнокии ҳастаи ин гуна галактикаҳо таркиши мунтазами ситораҳои навтарин мебошад. Гурӯҳи дигар мегӯянд, дар ҳастаи чунин галактикаҳо ҷирми ситорамонанди бузург мавҷуд аст, ки сабаби фаъолнокии ҳаста мешавад. Гурӯҳи сеюм мегӯянд, дар ҳастаи ин навъ галактикаҳо Вартаи Сиёҳи бузург мавҷуд аст ва вақте, ки он моддаҳоро фурӯ мебарад, афканишот ва хориҷшавии ҳаҷми бузурги энергия мушоҳида мешавад, ки сабаби фаъолнокии ҳаста мегардад.
Бозуҳои спиралӣ
Яке аз падидаҳои хуб намоён дар қурси галактикӣ бозуҳои спиралӣ мебошанд, ки аз ин ҷо чунин галактикаҳо спиралӣ ном гирифтаанд. Дар ин бозуҳо асосан ҷавонтарин ситораҳо, аксари тарокумҳои пароканда ва силсилаи абрҳои зичи байниситоравӣ ҷойгиранд, ки дар онҳо раванди тавлиди ситораҳо идома дорад. Дар бозуҳои спиралӣ шумораи зиёди ситораҳои тағйирёбанда мавҷуд буда, табодули моддаҳо миёни фазои байниситоравӣ бо ситораҳо ва баръакс, мунтазам ба амал меояд. Майдони магнитии галактикӣ низ асосан дар ин бозуҳо тамаркуз дорад.
Ҳастаи Галактика
Маркази Галактика, ки онро маъмулан ҳаста меноманд, ҳангоми мушоҳида аз Замин дар самти бурҷи Қавс дида мешавад. Рӯшноии ҳастаи Галактика тавассути чандин қабат моддаҳо пӯшонида шуда, ситораҳо ва газу чангҳои дар он ҷо вуҷуддошта хеле ба ҳам наздик ҷойгир шудаанд. Олимон тахмин кардаанд, ки дар маркази Галактикаи мо беш аз 40 вартаи сиёҳи бузург мавҷуд аст.
Роҳи Каҳкашон
Галактикае, ки Офтоб ва манзумаи Офтобӣ дар он қарор доранд, Роҳи Каҳкашон ном дорад. Ин галактика шакли спиралӣ дошта, қутри он ба 100 ҳазор соли рӯшноӣ мерасад. Офтоб аз маркази ин галактика тақрибан дар масофаи 23–28 ҳазор соли рӯшноӣ қарор дошта, ҳамроҳ бо ситораҳои ҳамсояаш бо суръати 200–220 км/с дар атрофи галактика чарх мезанад, ки як даври пурраи чархиши он 200 млн солро дар бар мегирад. Маълум мешавад, ки Замин дар тамоми давраи мавҷудияташ тахминан 30 маротиба дар атрофи маркази Галактика давр задааст.
Шаклҳои галактикаҳо
Галактикаҳо шакли зоҳирӣ, сохтор, масса ва андозаи гуногун доранд, ки вобаста ба он ба гурӯҳҳои муайян ҷудо карда шудаанд. Айни замон чор шакли галактикаҳо: спиралӣ, линзашакл, байзавӣ (эллиптикӣ) ва номуназзам ба мо маълуманд. Аз ҳама бештар галактикаҳо дар шакли спиралӣ ва байзавӣ вомехӯранд.
Ба вуҷуд омадани манзумаи Офтобӣ
Олимон тахмин кардаанд, ки манзумаи Офтобӣ тақрибан 4,6 млрд сол пеш аз чанг ва абрҳои газӣ ба вуҷуд омадааст. Яъне, бо таъсири ҷозиба зичии газу чанг афзуда, он ба чархидан шурӯъ кардааст. Дар натиҷа қисми зиёди моддаҳо дар марказ ҷазб шуда, барои пайдоиши Офтоб замина муҳайё кардаанд. Газу чангҳои атрофи марказ, ки зичии камтар доштанд, ба абрҳои тосайёравӣ табдил шуда, барои пайдоиши сайёраҳо ва радифони табиии онҳо замина шудаанд. Аз анбӯҳи зичи газу чанг ба вуҷуд омадани ҷирмҳои нав ҳоло низ дар коинот мушоҳида мешавад.
Пайдо шудани галактикаҳо
Дар замоне, ки коинот давраи «торикӣ»-ро сипарӣ мекард, тӯдаҳои моддаи торик шакл гирифтанд. Ин моддаҳо газҳои атрофро ҷамъ карданд ва шароити мусоид барои шаклгирии галактикаҳо ба вуҷуд оварданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки галактикаҳо аз дарҳам омехтани абрҳои газӣ ба вуҷуд меоянд. Тибқи яке аз назарияҳо агар абрҳои газӣ дар ҳоли чархиш бошанд, галактикаи шаклаш морпечи чархон бо миқдоре газ ҳосил мешавад. Агар абрҳои газӣ чархиш накунанд, ҳамаи газ ба ситора табдил мешавад ва ё галактикаи шаклаш байзавӣ ба вуҷуд меояд.
Ситораҳо ва галактикаҳои нахустин
Аввалин ситораҳо комилан аз газҳои нахустин - ҳидроген ва гелий таркиб ёфта буданд. Дар ҷойҳое, ки газҳо зичтар ҷойгир буданд, бо таъсири ҷозиба абрҳои газӣ бо ҳам бархӯрд карда, ситораҳо ба вуҷуд омаданд. Ин ситораҳо дар тӯли мавҷудияти худ моддаҳои дигар, аз ҷумла, оксиген ва карбонро ҳосил намуда, тавассути инфиҷорҳо ба фазо мефиристоданд, то ситораҳо ва сайёраҳои минбаъда аз онҳо шакл бигиранд. Ба ғайр аз ҳидроген, гелий ва миқдори ками литий унсурҳои дигарро, ки дар олами мо вуҷуд доранд, маҳз ситораҳо тавлид кардаанд.
Давраи «торикӣ» дар кайҳон
Тақрибан 400 ҳазор сол пас аз Таркиши Бузург коинот муддати тахминан 100 млн сол давраи торикиро аз сар гузарондааст. Ин даврае буд, ки коинот баътадриҷ васеъ ва нисбатан сард шуда, ба ғайр аз дурахшҳои тираи аз Таркиши Бузург боқимонда, дигар рӯшноӣ надошт. Зичиҳои чандтаркиба бо таъсири қувваи ҷозиба тадриҷан шакл гирифта, минбаъд ба пайдоиши ситораҳо ва галактикаҳои нахустин замина фароҳам карданд. Рӯшноии ҷирмҳои нахустин тадриҷан давраи торикии коинотро аз байн бурданд.




