Зеҳн

Бонкдории исломӣ (Islam Banking) ба Тоҷикистон меояд!

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик низоми бонкдории исломӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Бонки миллӣ бо мақсади дар кишвар ба роҳ мондани хизматрасониҳои бонкӣ бар асоси усулҳои бонкдории исломӣ як гурӯҳи кории вижа ташкил намудааст, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба бонкдории исломиро таҳия мекунад ва барои ташкили сохтори низоми бонкдории исломӣ дар кишвар замина мегузорад.

Такяи Тоҷикистон ба стандартҳои исломӣ

Ҳарчанд дар Тоҷикистон заминаи қонунии фаъолияти бонкдории исломӣ ду сол пеш фароҳам шуд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» қабул гардид, вале набудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии лозим нагузоштааст, ки низоми бонкдории исломӣ дар кишвар фаъол шавад. Бар асоси қонун Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ва равзанаҳои бонкии исломӣ иҷозатнома доданро пайдо кард, вале барои ба танзим даровардани фаъолияти онҳо зарурат ба таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мавҷуд буд.

Бинобар ин, БМТ барои таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба бонкдории исломӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод. Ин гурӯҳи корӣ дар назди БМТ барои таҳия намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии назорат ва танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати молия, Кумитаи андоз, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ташкил ёфтааст.

Кибриё Уроқова, роҳбари ин гурӯҳи корӣ мегӯяд, ҳангоми таҳияи санадҳо онҳо ба стандартҳои асосии байналмилалии IFSB ва AAOIFI такя мекунанд. Инҳо стандартҳои байналхалқии ҳисоботҳои молиявӣ ва стандартҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит барои ташкилотҳои қарзии исломӣ мебошанд, ки дар ҷаҳон эътироф шудаанд ва тамоми ташкилотҳои қарзии исломӣ бар асоси онҳо фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин ин гурӯҳи корӣ аз таҷрибаи Қирғизистони ҳамсоя, ки аллакай бонкдории исломиро ҷорӣ намудааст, истифода мекунад. Дар Қирғизистон санадҳои танзимкунандаи ташкилотҳои қарзӣ қабул шуда, бонке бо номи «ЭкоИсламикБанк» бо 12 филиал ва 109 хазинаҳои амонатгузорӣ бо хизматрасониҳои бонкдории исломӣ ба фаъолият даромадааст. Ҳамчунин ҳоло бо дастгирии Бонки Исломии Рушд теъдоди зиёди ташкилотҳои қарзии хурди исломӣ дар ин кишвар фаъолият мекунанд.

Кибриё Уроқова мегӯяд, ба фарқ аз Қирғизистон қонунгузории Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ имкониятҳои бештареро пешбинӣ намудааст. Масалан, қонуни Тоҷикистон имкони табдили ташкилоти қарзии маъмулӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ, таъсиси равзанаҳои исломии бонкӣ дар дохили ҳар гуна бонк ва имкони азнавтаъсисдиҳии ташкилоти қарзии исломиро фароҳам меорад.

Чаро гирифтани фоида мақсади асосии бонки исломӣ нест?

Бонкдории исломӣ низоми молиявиест, ки комилан бар асоси шариати исломӣ фаъолият мекунад ва хусусияти аслии фарқкунандаи он аз низоми маъмулии бонкдорӣ ин аст, ки дар он фоиз вуҷуд надорад. Бонкҳои исломӣ барои ҷудо намудани қарзҳо аз қарзгир фоиз ё баҳра нагирифта, танҳо аз фоидаи қарзгир даромад мегиранд.

Аслан, созишномаи қарзӣ байни се ҷониб — сармоягузор, бонк ва қарзгир баста мешавад. Қарзгир лоиҳаи худро ба бонк пешниҳод мекунад. Бар асоси он шартнома байни се ҷониб баста мешавад ва ҳамин тавр фоида ва ё зарар байни ин се ҷониб тақсим мешавад. Агар дар низоми бонкдории маъмулӣ фақат масъулият ба зиммаи мизоҷ аст, дар низоми бонкдории исломӣ масъулият низ байни ҷонибҳо тақсим мешавад.

Афзалияти бонкдории исломӣ бар он аст, ки нисбат ба шеваҳои бонкдории анъанавӣ изофапулии онҳо камтар аст. Мақсади асосии бонкҳои исломӣ гирифтани фоидаи тиҷоратӣ нест, балки ҳадафи онҳо некӯаҳволии мардум, ташкили ҷои кор, кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ мебошад. Бинобар ин бонкҳои исломӣ лоиҳаҳоеро сармоягузорӣ мекунанд, ки иҷрои онҳо натиҷаи иҷтимоӣ диҳад ва боиси ворид шудани фанновариҳои нав дар истеҳсолот ва ё бахши иҷтимоӣ гардад.

Фарқиятҳои асосии байни бонкдории исломӣ ва бонкдории анъанавӣ

Бонкдории исломӣ (Кор аз рӯи қоидаҳои шариат)Бонкдории анъанавӣ
Набудани фоиз ҳангоми амалиётҳоБонкҳои анъанавӣ меъёри фоизӣ доранд
Худдорӣ аз лоиҳаҳои иқтисодии вобаста ба зӯроварӣМақсадашон ба даст овардани ҳадди аксари фоида аст
Худдорӣ аз лоиҳаҳои иқтисодии вобаста ба муфтхӯрӣЯке аз самтҳои асосии фаъолияти бонки анъанавӣ даромад гирифтан ба воситаи қарзҳо бо системаи гуногунсатҳи фоизҳо мебошад
Шиносоӣ бо қонуни исломии андоз (Закот)Ҷуброн ҳангоми дефолт ба хазинаи бонк меравад
Мамнӯъ будани маҳсулот ва хизматрасониҳои ҳаром маҳсубшавандаДодани қарз танҳо ҳангоми пардохтпазир будани мизоҷ имконпазир аст
Ҷуброн ҳангоми дефолт ба як қатор сохторҳои ғайридавлатӣ дода мешавад
Нишон додани муассирии лоиҳа то маблағгузории ҳамкори он

Bank of America бо бонкдории исломӣ қарз медиҳад

Бонкдории исломӣ бо он, ки дар солҳои 60-уми асри бист ба вуҷуд омадааст, ба тадриҷ рушд ёфта, ҳоло дар беш аз 40 кишвари дунё, аз ҷумла дар бархе давлатҳои ғарбӣ амсоли ИМА ва Британияи Кабир ҷорӣ шудааст. Бонкҳои бузургтарини ҷаҳон, ба мисли Bank of America, Barclays, BNP Paribas, Citibank, JPMorgan Chase ва HSBC дар назди худ равзанаи исломӣ кушода, бо усулҳои бонкдории исломӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Дар байни кишварҳои минтақа бонкдории исломӣ дар Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷорӣ шудааст.

Ба назари коршиносон, дар сурати таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба бонкдории исломӣ имкон дорад, хизматрасониҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон бештар аз Қирғизистон густариш ёбад.

То ин замон бо Қарори Раёсати БМТ Низомнома «Дар бораи тартиби фаъолияти Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ» қабул шудааст. Кибриё Уроқова мегӯяд, ҳоло гурӯҳи корӣ бояд санадҳое барои муайян намудани тартиби табдили бонки анъанавии тиҷоратӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ, тартиби кушодани равзанаи бонкии исломӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, тартиби фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ, тартиби додани иҷозатнома барои хизматрасониҳо бар асоси бонкдории исломӣ ва санадҳои дигар таҳия ва қабул шаванд, ки шароити комил барои фаъолияти бонкдории исломиро дар кишвар фароҳам оваранд. Ин ҳуҷҷатҳо баъд аз таъин шудани мушовири махсус аз ҷониби Бонки Исломии Рушд бозбинӣ мешаванд ва баъд аз он қабул хоҳанд шуд.

Islam banking дар Душанбе сохторҳои нав месозад

Ҳамин гуна бо таҳия ва қабули санадҳои нав низоми бонкдории исломӣ сохторҳои наверо дар фазои бонкдории Тоҷикистон ба вуҷуд хоҳад овард. Бояд дар Тоҷикистон Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ ташкил ёбад, ҳамчунин созмони ҳисобдорӣ ва аудиторӣ барои созмонҳои молиявии исломӣ бунёд шавад ва ҳамаи онҳо бояд дар доираи шариат ва қонунгузории кишвар фаъолият кунанд. Масалан, фаъолияти бонки исломиро бояд танҳо созмони ҳисобдорӣ ва аудитории исломӣ тафтиш кунад, ки ҳайати он бояд мустақил бошад.

Бинобар сабаби нав будани ҳамаи ин сохторҳо коршиносон тайёр намудани мутахассисони соҳавиро аз масъалаҳои асосӣ арзёбӣ мекунанд. Манучеҳр Раҳимов, сардори шуъбаи амонатгузорӣ ва қарздиҳӣ ба тариқи исломии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мегӯяд, бояд дар кишвар барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи бонкдории исломӣ маркази таълимии омӯзишӣ боз шавад, ки дар он мутахассисон барои низоми бонкдории исломӣ тайёр шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин ташкили сафарҳои омӯзишии кормандони бонкҳо ба бонкҳои исломии хориҷӣ имкон медиҳад, ки мутахассисон дар амалия бонкдории исломиро аз худ намоянд ва барои пешрафти ин соҳа дар кишвар мусоидат кунанд.

Ба ғайр аз ин, бояд дар Тоҷикистон низоми андозбандӣ барои рушди бонкҳои исломӣ имтиёзҳоеро қоил шавад. Чун бонкдории исломӣ бештар ба рушди истеҳсолот равона мешавад, хоҳ-нохоҳ ниёз ба коҳиши бархе намудҳои андозҳо пайдо мешавад.

Ниёз ба бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон

Мутахассисон имконияти ҷорӣ намудани бонкдории исломиро дар Тоҷикистон бузург арзёбӣ мекунанд. Манучеҳр Раҳимов мегӯяд, бо назардошти мусулмон будани қисмати бузурги аҳолии Тоҷикистон бонкдории исломӣ дар кишвар имконияти бузурге барои рушд намудан дорад.

Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз мусалмонон аз гузоштани пасандозҳои худ ба бонкҳои маъмулӣ худдорӣ мекунанд ва бонкдории исломӣ ин имконро медиҳад, ки пасандозҳои онҳо дар бонкҳо ҷамъ шуда, ба сармоягузории иқтисод равона шавад.

Зимнан, дар Тоҷикистон бонкдории исломиро ҳанӯз 8 сол пеш таҷриба карда буданд. Дар соли 2008 дар ду бонки хусусии кишвар «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» як низоми нави қарздиҳии таҷрибавӣ бо усули исломӣ ба роҳ монда шуда буд. Барои ин кор Бонки Исломии Рушд беш аз 10 млн доллари ИМА ихтисос дод ва ин маблағ бо истифода аз усулҳои бонкдории исломӣ ба муштариён пешниҳод шуд. Ин таҷриба нишон додааст, ки дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ имконпазир аст.

Бонкҳо: мо бесаброна интизорем!

Зуҳуршо Раҳматуллоев, директори ташкилоти қарзии хурди «Алиф Сармоя» мегӯяд, ин ташкилот ҳанӯз соли 2014, аз лаҳзаи гирифтани иҷозатномаи БМТ барои амалӣ намудани фаъолияти бонкдории исломӣ омода буд: «Ҳамин ки базаи танзим ва андозбандӣ тасдиқ шавад, мо пурра ба низоми маблағгузории исломӣ мегузарем. Мо кӯшиш менамоем, ки ташкилоти мо дар Тоҷикистон аввалин ташкилоти қарзие бошад, ки тибқи принсипҳои бонкдории исломӣ фаъолият намояд. Ба ин васила роҳи алтернативии қарздиҳиро пешниҳод менамоем. Мо бесаброна интизори омода шудани Дастурамал барои фаъолият намудан тибқи бонкдории исломӣ мебошем».

Манучеҳр Раҳимов мегӯяд, «Тоҷиксодиротбонк», ки яке аз аввалинҳо шуда барои омода шудан ба низоми исломии бонкдории исломӣ шуъбаи махсус кушодааст, барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ ва маҳсулотҳои нави бонкӣ комилан омода аст. Зимнан, чандин ташкилоти қарзӣ барои дарёфти иҷозатномаи пешбурди фаъолияти бонкдории исломӣ ба БМТ муроҷиат кардаанд.

Раванди таҳияи санадҳои лозим барои роҳандозии бонкдории исломӣ бовар мекунонад, ки ба зудӣ дар кишварамон сохторҳои низоми бонкдории исломӣ пайдо мешаванд ва ба афзоиши сармоягузорӣ ва рушди иқтисодиёт мусоидат мекунанд.

Аслам Мӯминов, БТҶ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2