Зеҳн

Биткоин пули байналмилалӣ мешавад?

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 15 дақиқа хондан

Инак чандин сол аст, ки дар ҷаҳон арзҳои интернетӣ пайдо гардидаанд ва онҳо аз ягон нафаре ва ё давлате вобастагие надоранд. Арзиши нафт, ҷанги байни давлатҳо ва ҳолати бади иқтисодиёти ҷаҳон ба онҳо таъсир гузошта наметавонад. Ин арзҳоро арзи рамзнигоришуда (криптовалюта) ё арзи рақамӣ меноманд ва вақтҳои охир ҷаҳони молиявӣ аз онҳо бештар ҳарф мезанад.

Арзи рамзнигоришуда (криптовалюта) арзи виртуалӣ буда, дар интернет тавлид мешавад ва муомилоташ низ дар он сурат мегирад. Ҳар як шахсе, ки дастрасӣ ба интернет дорад, метавонад аз арзи рамзнигоришуда истифода намояд. Арзи рамзнигоришуда асосан барои пардохтҳои махфиёна ихтироъ гардид, вале имрӯз дар бисёр давлатҳо вай ҳамчун пул эътироф шуда, фаъолияташ ошкоро гардидааст.

Арзҳои рамзнигоришуда имрӯз қариб ба сад адад баробар шудаанд. То июли соли 2013 ба ғайр аз Биткоин ягон намуди дигари арзи рамзнигоришуда мавҷуд набуд. Баъди соли 2013 шумораи арзҳои рамзнигоришуда зиёд гардиданд. Рӯйхати машҳуртарини онҳоро дар ҷадвал дарҷ менамоем:

Номи арзРамзСоли бароришМуаллифСомонаГардиши арз дар айни замон (тахминан)Хеш
BitcoinBTC2009Satoshi Nakamotobitcoin.org3,7 млрд долл. ИМАSHA-256
LitecoinLTC2011Cobleelitecoin.org68 млн долл. ИМАScrypt
NamecoinNMC2011Vinceddot-bit.org5 млн долл. ИМАSHA-256
RippleXRP2011Ripple Labs Inc.ripple.com342 млн долл. ИМАN/A
PeercoinPPC2012Sunny Kingppcoin.org8 млн долл. ИМАSHA-256
QuarkQRK2013Max Guevaraqrk.cc400 ҳаз. долл. ИМА(blake, Bmw, Grøstl, JH, Keccak, Skein)
NXTNXT2013BCNextnxt.org12 миллион $SHA-256

Биткоин

«Биткоин» калимаи англисӣ буда (bitcoin), bit — бит воҳиди ченак ва coin маънои танга (монета)-ро дорад. Биткоин соли 2008 аз тарафи барномасоз бо номи Сатошӣ Накамото (ва ё гурӯҳи барномасозон) сохта шуда, 3 январи соли 2009 ба фаъолият оғоз намудааст. Касе намедонад, ки Сатошӣ Накамото аз куҷост, аз кадом миллат аст ва оё номи ҳақиқиаш дар ҳақиқат ҳам ҳамин аст ё не. Сатошӣ Накамото дар сомонаи худ чанд сол қабл навишта буд, ки вай 37-сола аст ва дар Ҷопон зиндагӣ мекунад. Аммо Сатошӣ бо англисӣ чун забони модарӣ менависад ва ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳои барномавии Биткоин бо забони англисӣ навишта шудаанд. Аз ин рӯ, мутахассисон ба ҷопонӣ будани Сатошӣ Накамото шубҳа доранд.

Барномаи Биткоин ба сиёсати пулии ягон давлат алоқамандие надорад. Биткоин арзест, ки мардум метавонанд онро озодона тавассути интернет байни ҳамдигар муомила намоянд. Касе системаи онро идора карда наметавонад, вале ҳама метавонанд аз шабакаи Биткоин истифода баранд. Хусусиятҳои хоси ин система имкониятҳои калонеро кушода мегардонад, ки ягон системаи ҳисоббаробаркунӣ то ин дам ба он қодир набуд.

Биткоин ва шабакаи он фақат аз одамони истифодабарандаи Биткоин ба вуҷуд меояд. Дар он ҷадвали рамзнигоришудаи пешрафта (криптография) истифода бурда шудааст. Биткоин ғайримарказонида шудааст ва онро ягон нафар ё гурӯҳ идора карда наметавонад.

Дар ин система иштироки бонк вуҷуд надорад. Транзаксия аз одам ба одам сурат мегирад. Комиссия қариб, ки мавҷуд нест. Ҳама тавассути интернет ба вуҷуд меояд ва транзаксия дар давоми як дақиқа амалӣ мешавад.

Барои Биткоин ягон бонк, ҳукумат ва ё сарҳаде мавҷуд нест. Биткоинро метавон ба воситаи паёмак (СМС), почтаи электронӣ ва ё тавассути мактуби одӣ равона намуд. Биткоинро барои он сохтаанд, ки ҳамаи мушкилоти ҳисоббаробаркуниҳои онлайниро аз байн барад.

Се хусусияти асосии Биткоин диққати мардумро ба худ ҷалб намудааст: 1. Ғайримарказонидашуда будани он; 2. Беном анҷом додани транзаксия; 3. Ҳангоми транзаксия нагирифтани ҳаққи хизматрасонӣ.

Барои ба даст овардани Биткоин шуморо зарур аст амалиёти махсуси барномавиро дар шабакаи Биткоин анҷом дода, кадмони рақамии Биткоиниро кушоед ва аввалин тангаҳои Биткоинро қабул намоед. Ин кор тавассути майнинг сурат мегирад, ки поёнтар дар бораи он ҳарф хоҳем зад. Ҳамчунин, шумо метавонед Биткоинро бо қурби имрӯзаи он тавассути биржаҳои интернетӣ харидорӣ намоед.

Дар шабакаи Биткоин маълумотҳо дар бораи транзаксияҳои аз тарафи истифодабарандагони Биткоин гузаронидашуда кушода ва барои ҳама ошкор аст. Дар суроғаи зерин https://blockchain.info/ru/largest-recent-transactions охирин транзаксияҳои калонтарин бо Биткоинро дидан мумкин аст. Яъне тамоми истифодабарандагони шабакаи Биткоин онҳоро дида метавонанд. Аммо аз амалиётҳои иҷрогардида чизе дарёфт кардан ғайриимкон аст. Масалан, кӣ метавонад бифаҳмад, ки нафаре бо номи 19noTg4T9TeFpT4ZTASvQxf7a1LYLSJa38, ки ба шахси дигар бо номи 23noGg7B9TeFpT4ZTASgRxf2a1DYLSJa54 ба маблағи 1500 Биткоин равон намудааст, кист?

Тавре дида мешавад, амалиётҳо танҳо аз як қатор ҳарфу рақамҳо иборат асту халос ва аз ин рамзҳо чизеро дар хусуси соҳиби маблағ ва ё қабулкунандаи он дарёфт намудан ғайриимкон аст. Яъне шумо метавонед ба тамоми кадмонҳо назар намоед, чӣ қадар транзаксия гузаронида шудааст бубинед, вале шумо наметавонед бифаҳмед, ки ин кадмон ба кӣ тааллуқ дорад ва ӯ кист ё аз куҷост, кӣ дар пушти ин транзаксияҳо меистад.

Ин хусусиятҳои Биткоин қурби онро боло намудааст ва имрӯзҳо шавқмандони Биткоин барои ба даст овардани он ҳатто фермаҳои истеҳсоли Биткоинро сохтаанд. Дар ин фермаҳо чандин компютерҳои пурқувват шабонарӯзӣ барои истеҳсоли Биткоин фаъолият мекунанд. Чӣ қадаре, ки компютер боқувваттар бошад, ҳамон қадар истеҳсоли Биткоин ба зудӣ ба даст меояд.

Дар шабакаи Биткоин файлҳои ҳамаи транзаксияҳо дар блокҳои махсусе, ки онҳоро Блокчайн меноманд, нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар 10 дақиқа 25 тангаи Биткоин барориш мешавад. Барои он ки ин Биткоинҳоро соҳиб гардид, бояд бисёр арқомгузориҳои мушкилеро амалӣ намуд, ки ин қариб ба шикастани рамзҳои системаи Биткоин монанд аст.

Ҳамоне, ки аввалин шуда садҳоро рахна мекунад, дар кадмони виртуалиаш соҳиби тангаи Биткоин мегардад. Дар оғоз гӯё осон аст, вале оҳиста-оҳиста мушкил шудан мегирад. Яъне алгоритм чунон сохта шудааст, ки чӣ қадаре ки талабот ба Биткоин зиёд шудан гирад ва чӣ қадаре ки дар шабакаи Биткоин амалиёти майнинг зиёд гардад, ҳамон қадар эмиссия кам мегардад ва ҳамчунин, чӣ қадаре ки эмиссия кам мегардад, ҳаққи пардохти майнинг кам шудан мегирад.

Майнинг

Майнинг аз калимаи англисии «Mining» гирифта шудааст ва маънояш кор дар канданиҳои фоиданок аст. Ин ҷо калимаи майнинг барои он истифода шудааст, ки Биткоинро низ чун кандании фоиданок кор карда ба даст овардан лозим аст. Фақат онро дар нақбҳо нею, балки дар интернет. Шахсеро, ки Биткоинро кофта ба даст меорад, майнер (miner — ангишткан) меноманд. Биткоин дар рафти майнинг ба вуҷуд меояд.

Се намуди майнинг мавҷуд аст:

Якум намуди майнинг ин тавассути компютери худ аст. Яъне шумо компютери худро фаъол намуда, барномаи заруриро бардошт (скачать) мекунед ва дар ҷустуҷӯи Блокчайн мегардед. Агар Блокчайн дарёфт намудед, система ба шумо 25 Биткоин ҳадя менамояд. Аммо бояд қайд намуд, ки ин кор дар солҳои аввали пайдоиши Биткоин имконпазир буд, яъне замоне, ки ҳам базаи Биткоин хурд буду ҳам пайдоиши Блокчайн осон. Алъон бо компютери одӣ ин корро кардан ғайриимкон аст.

Тарзи дуюми майнинг ба воситаи пул аст. Пул (калимаи англисии Pool — сабади умумӣ) маънои иштирокчиёни якҷояи бозоре аст, ки даромаду хароҷоташон бо ҳам баробар тақсим карда мешавад. Яъне якчанд нафар якҷоя аз чандин компютер ба ҷустуҷӯи Блокчайн машғул мешаванд ва агар дарёфт намоянд, ҳамон 25 Биткоинеро, ки система ҳадя менамояд, байни ҳам тақсим мекунанд. Ин гурӯҳ одамон метавонанд аз ҳар гӯшаву канори дунё ба ин кор машғул шаванд.

Намуди сеюми майнинг ин майнинги абрӣ (облачный майнинг) ба ҳисоб меравад. Майнинги абрӣ ин маънои онро дорад, ки ту намехоҳӣ Биткоинро худ аз система кор карда барорӣ, вале ин корро ба ҷои ту дигарон, яъне гурӯҳи одамон иҷро менамоянд. Аммо ту барои ин кор онҳоро сармоягузорӣ мекунӣ, то онҳо таҷҳизотҳои боқувваттар харидорӣ намоянд. Ё ин ки таҷҳизотҳои боқувваттареро барои онҳо ба иҷора мегирӣ. Вақте ки онҳо Биткоинҳоро коркард намуданд, албатта ту ҳаққи хизмати онҳоро медиҳӣ ва онҳо Биткоинҳоро ба кадмони электронии ту мегузаронанд. Ин гурӯҳ одамон бо таҷҳизотҳояшон метавонанд дар дигар давлатҳо низ бошанд.

Барои амалиёти майнинг видеокартаи бақувват зарур аст ва чӣ қадаре ки таҷҳизотҳои пурқуввати ҳисобкунанда дар шабака зиёд гардад, ҳамон қадар мураккабӣ зиёд мешавад ва ҳамон қадар майнерҳо камтар фоида ба даст меоранду ҳамон қадар ҳифзи шабака мустаҳкамтар мегардад.

Блокчайн (Blockchain)

Блокчайн ин базаи калони ахборотиест, ки дар он маълумотҳо оиди тамоми транзаксияҳо ва биткоин-кадмонҳое, ки дар сети Биткоин аз замони пайдоиши ин арз фаъолият намудаанд, ҷой дода шудааст. Блокчайн бо дигар блокҳо пайваст аст ва тағйирот даровардан дар Блокчайн ғайриимкон мебошад. Чунки барои тағйирот даровардан дар як Блокчайн бояд тағйирот дар дигар блок дароварда шавад ва барои тағйирот даровардан дар дигар блок зарур аст пештара блокро тағйир диҳем ва ҳамин тавр занҷир идома меёбад. Аз ҳамин сабаб сети Биткоин аз кибер-ҳамлаҳо эмин аст.

Блокҳо кушода ва барои омма ошкор мебошанд. Аз назар гузаронидани ахбори дохили онҳо бе ягон мушкилӣ анҷом дода мешавад.

Дар оғоз, дар соли 2009, вақте ки системаи Биткоин ба кор оғоз намуд, барои ҳар як Блокчайн система 50 Биткоин ҳадя менамуд. Ин кор то соли 2012 давом намуд. Аз соли 2012 то соли 2016 барои ҳар як Блокчайн система 25 Биткоин ҳадя менамуд. Алгоритми эмиссияи Биткоин ҳамин тавр сохта шудааст, ки ҳар чор сол баъд шумораи Биткоинҳое, ки барои Блокчайнҳо ҳадя карда мешаванд, 2 баробар кам мешаванд. Ҳамин тавр, сол то сол коркард намудани Биткоин мушкил шудан мегирад.

Кадмони электронӣ

Барои кушодани кадмони электронӣ шуморо зарур аст, муштарӣ (клиент)-ро аз интернет бардошт ва барқарор намоед, интизор шавед, то ки тамоми транзаксияҳои аз оғози пайдоиши муштарӣ, тамоми базаи ахборотӣ оиди транзаксияҳо аз рӯзи пайдоиши Биткоин барқарор шаванд. Дар айни замон (ба моҳи июни соли 2015) тамоми базаи Биткоин ба 42 ГБ баробар аст. Бардориши он шояд дар давоми яку ним шабонарӯз сурат гирад.

Баъди он ки база ба компютери шумо бардошт шуд, барнома ба таври автоматӣ ба шумо кадмони электронӣ (электронный кошелёк) мекушояд. Файли база ва кадмон дар Windows профайл ҷойгир мешаванд. Шумо бояд рамзи кадмони электронии худро фаромӯш насозед. Чунки дар ҳолати фаромӯш намудани он шумо тамоми биткоинҳоятонро аз даст медиҳед. Баъзе сервисҳое ҳастанд, ки файли кадмонро барои фаромӯш нанамудан чоп мекунанд, то онро маҳфуз нигоҳ доранд.

Пешравиҳои Биткоин

Дар моҳи августи соли 2013 дар Олмон Биткоин ба таври расмӣ ҳамчун пул ҳисобида шуд. 29 октябри ҳамон сол дар Ванкувер (Канада) аввалин банкомате, ки амалиётҳоро бо Биткоин анҷом медиҳад, ба кор даромад. Дар моҳи декабр бошад, аллакай чунин банкоматҳо дар дигар шаҳрҳои Канада ба мисли Торонто, Монреал, Калгари ва Оттава ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар давлатҳои наздик ба Тоҷикистон ба мисли Чин ва Россия то имрӯз дар нисбати Биткоин ба хулосае наомадаанд.

Шумо метавонед бо Биткоин аз интернет-мағозаҳо, сомонаҳо харид намоед ва аз дигар намуд хизматрасониҳо истифода баред. Рӯз ба рӯз шумораи хизматрасониҳо бо Биткоин зиёд шуда истодааст. Имрӯз ширкати Майкрософт ҳамчун пардохт Биткоинро қабул мекунад. Гурӯҳи машҳури репсароёни амрикоӣ бо номи «50 сент» барои пардохти чиптаи консертҳои худ Биткоинро низ қабул мекунанд.

Яке аз калонтарин транзаксияҳое, ки бо Биткоин анҷом дода шудааст ва ин дар яке аз Блокчайн дида мешавад, дар ҳаҷми 6 миллион доллари ИМА аст: як нафар ба 6 нафари дигар дар ҳаҷми 1 млн долларӣ маблағ равона намудааст.

Камбудиҳои Биткоин

Яке аз камбудиҳои системаи Биткоин ин мавҷуд набудани механизми ислоҳнамоии ҳисоббаробаркуниҳо аст. Яъне интиқоли маблағ агар бо хатогӣ равона карда шавад, онро бозпас гардонида ва ислоҳ намудан ғайриимкон мебошад. Ҷавобгарӣ барои диққат додан зимни интиқоли маблағ ва ҳамчунин ҷавобгарӣ барои бехатарии Биткоинҳои шумо ба уҳдаи худи шумост.

Ҳамчунин, камбудии дигари Биткоин ин аст, ки тавассути сети Биткоин иқтисоди соягӣ рушд менамояд. Акнун барои шустани маблағҳо аз як минтақа ба дигар минтақа заҳмати зиёд лозим нест. Тавассути системаи Биткоин чӣ қадар маблағе, ки зарур бошад, интиқол дода мешавад. Барои ин на ҳаққи хизматрасонӣ мавҷуд аст, на касе оид ба ин масъала шуморо бозпурсӣ менамояд.

Ғайр аз ин, имкониятҳои системаи Биткоин боиси он мегардад, ки тавассути он барои яроқу аслиҳа, қочоқи маводи мухаддир ва ё куштори шахсони алоҳида маблағ интиқол дода шавад. Касе пеши роҳи онро гирифта наметавонад ва касе ин корро назорат карда наметавонад.

Қурби Биткоин

Дар оғози фаъолият қурби Биткоин хеле паст буд. Охири соли 2009 бо як доллари ИМА аз 700 то 1500 Биткоин харидорӣ карда мешуд. Моҳи ноябри соли 2013 қурби як Биткоин ба 1200 доллари ИМА баробар шуд. Айни замон (05.03.2016) як Биткоин ба 420 доллари ИМА баробар аст.

Қурби Биткоин асосан аз таваҷҷуҳи мардум ба ин арз ва муносибати давлатҳо ба он вобастагӣ дорад. Масалан, агар якбора мардум истифодабарӣ ва таваҷҷуҳашонро ба Биткоин қатъ созанд, қурби он дар як рӯз ба сифр баробар мешавад. Аммо кайҳо шавқмандони ин арзи рақамӣ дарк намудаанд, ки оянда Биткоин яке аз арзҳои асосӣ дар ҷаҳон мегардад. Бинобар ин, талабгорони ин арзи рақамӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Ҳатто баъзе расонаҳо пешгӯӣ кардаанд, ки баъд аз 10 сол қурби як Биткоин ба 10 ё 50 ҳазор доллари ИМА баробар мегардад.

Эмиссия

Ҷадвали эмиссияи Биткоин барномавӣ ва аз аввал маълум аст. Алгоритми он тавре сохта шудааст, ки дар система зиёдтар аз 21 миллион адад Биткоин мавҷуд буда наметавонад. Дар оғози пайдоиши Биткоин ҳар 10 дақиқа 50 Биткоин тавлид мегардид. Аммо ҳар чор сол баъд ин шумора ду маротиба камтар мешавад. Дар айни замон тахминан 13 миллион Биткоин аллакай барориш шудааст. Боқимонда Биткоинҳо дар давоми 125 соли оянда барориш мегарданд. Охирин Биткоин соли 2140-ум барориш мешавад.

Бархеҳо бар он ақидаанд, ки шумораи ками Биткоин ба ҳисоббаробаркуниҳо мушкилӣ эҷод менамояд. Чунки иқтисодиёти рӯзафзунро маблағҳои ҳангуфт мебояд ва 21 миллион Биткоин шояд дар оянда натавонад транзаксияҳои калонро анҷом диҳад. Агар 1 доллари ИМА ба 100 сент ва ё як сомонӣ ба 100 дирам баробар бошад, як Биткоин ба 100 000 000 қисмҳо тақсим мегардад ва ин қисматҳоро ба муносибати муаллифи барнома сатошӣ мегӯянд. Вақте ки қурби Биткоин боло рафт, 1 ё 100 сатошӣ шояд ба сент баробар гардад ва ин ҷиҳат мушкилии номбаршударо аз байн мебарад. Гоҳо барои қисматҳои Биткоин калимаҳои «миллибиткойн» (mBTC, як аз ҳазор) ва «микробиткойн» (uBTC, як аз миллион) истифода бурда мешавад.

Bitcoin Story: Чӣ тавр як донишҷӯи одӣ миллионер гардид

Таърих нишон медиҳад, ки ин ё он амали хурдакаке бе заҳмат ба инсонҳо боигарӣ ва сарвату шуҳрати зиёде овардааст. Нафаре, ки дар борааш ин ҷо нақл мекунем, як донишҷӯи одӣ буд, вале як амали хурдакаке, ки ӯ анҷом дод, боиси он гардид, ки номи вай дар расонаҳо вирди забонҳо гардад ва худи ӯ соҳиби маблағи калоне шавад.

Донишҷӯи норвегӣ бо номи Кристофер Кох соли 2009 дар мавзӯи рамзгузорӣ реферат навиштанӣ мешавад. Барои он ки назарияи кори илмӣ бо амалия тавъам гардад, Кристофер бо 150 крон (тахминан 27$) дар интернет аз як арзи рақамӣ, ки тавассути рамзҳо истифода бурда мешавад, ба миқдори 5000 адад харидорӣ мекунад. Барои ин кораш дӯстдухтараш ӯро танқид менамояд, ки ӯ беҳуда 27 долларро дар арзи виртуалӣ сарф намудааст.

Аз байн чор сол мегузарад, Кристофер аз арзи дар интернет харидааш фаромӯш мекунад. Нохост дар моҳи апрели соли 2013 Кристофер дар яке аз воситаҳои ахбори умум хабареро мехонад, ки дар он аз бесобиқа боло рафтани арзи рақамии Биткоин сухан мерафт.

Вай дарҳол кадмони электронии худро кушоданӣ мешавад. Аммо рамз фаромӯш шудааст. Кристофер чанд соат фикр карда рамзи (парол) чор сол пеш гузоштаашро ба хотир меорад ва кадмони электрониашро кушода мегардонад. Шодии Кристофер ҳадду канор надошт, вақте мебинад, ки арзиши 5000 Биткоини дар соли 2009 харидаи ӯ ба 886 000 доллари ИМА баробар шудааст. Давлату боигарӣ ба сари донишҷӯи норвегӣ гӯё нохост аз осмон мерезад.

Кристофер аз панҷҳазор Биткоине, ки дошт, 1000 Биткоинро ба доллар гардонида, дар маркази шаҳри Осло — пойтахти Норвегия як хонаи 3-ҳуҷрадорро харидорӣ менамояд ва боқимонда Биткоинро нигоҳ медорад. Ҳазор Биткоине, ки Кристофер бо он хона мехарад, дар оғоз, яъне дар соли 2009 баробар ба 5 доллари ИМА буд.

Агарчӣ Кристофер бо 5000 Биткоини дар соли 2009 харидааш имрӯз миллионер шуда бошад, вале дар моҳи майи соли 2010 Ласло Ханечи амрикоӣ бо 10 000 Биткоин 2 питса харида буд. Имрӯз бо гузашти ҳамагӣ шаш сол 10 000 Биткоин зиёда аз 4,2 млн доллари ИМА арзиш дорад. Аммо дар моҳи ноябри соли 2013 10 000 Биткоин ба 12 млн доллари ИМА баробар шуда буд.

Аҷоиб, имрӯз Ласло Ханеч питсаро нағз медида бошад? Ба фикрам, ин ду питсае, ки ӯ бо 10 000 Биткоин хӯрда буд, қиматтарин хӯроки наҳорӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.


Он чизе мо ин ҷо дар бораи Биткоин навиштем, қатрае аз баҳр аст. Дар бораи Биткоин он қадар гуфтаниҳо зиёданд, ки дар як мақолаи кӯтоҳ ҷо намудани тамоми онҳо ғайриимкон мебошад. Фақат ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки Биткоин бешак дар оянда яке аз арзҳои №1 дар ҷаҳон хоҳад гардид.

Олимҷон Сафолов,
иқтисодчии БДА ҶТ «Амонатбонк»

Манбаъҳои истифодашуда:

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2