Саҳмияҳои Google-ро дар Душанбе мехарем?
Дар Тоҷикистон бо бартараф сохтани монеаҳои қонунгузорӣ заминаҳо барои ба фаъолият оғоз кардани бозори такрории коғазҳои қиматнок ба вуҷуд омад. Парламенти Тоҷикистон якбора ба ду қонуни ҷумҳурӣ – Қонуни ҶТ «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ва Кодекси андози ҶТ тағйироту иловаҳо ворид намуд, ки барои ба кор даромадани бозори такрории коғазҳои қиматнок мусоидат мекунанд.
Зарурат барои ислоҳот
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонун барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ҳадаф аз таҳияи онро рушди бозори коғазҳои қиматнок, воридшавии сармояи хориҷӣ ба кишвар, муаррифӣ намудани коғазҳои қиматноки эмитентҳои дохилӣ дар бозори ҷаҳон ва бартараф намудани монеаву мушкилиҳо ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти касбӣ дар бозори саҳҳоми ҷумҳурӣ арзёбӣ кард.
То ин вақт монеаҳои қонунгузорӣ имкон намедоданд, ки дар кишвар бозори такрории коғазҳои қиматноки фаъол ба вуҷуд ояд. Ҳарчанд аввалин қонунҳои танзимкунандаи ин бозор дар оғози солҳои 90-ум ба имзо расида буданд ва дар заминаи онҳо дар кишвар биржаи фондӣ ва биржаи асъорӣ ташкил шуданд, вале бозори такрории коғазҳои қиматнок, ки фурӯши озоди саҳмияҳоро фароҳам мекунад, таъсис наёфта буд.
Ташкили бозори такрории коғазҳои қиматнок барои ҷалби сармояи дохилӣ ба иқтисоди кишвар ниҳоят зарур аст. Биржаи коғазҳои қиматнок имкон медиҳад, ки ба хотири дивиденд гирифтан ва ё фоида гирифтан аз тағйирёбии фарқияти қурбӣ мардум аз саҳмияҳои ширкатҳои саҳҳомӣ харидорӣ кунанд ва дар навбати худ ширкатҳои саҳҳомӣ сармояи ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳоро дар истеҳсолот истифода бурда, манфиат бинанд.
Супориши Президент
Зарурати ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ ва таъсис додани бозори коғазҳои қиматнок дар соли пеш боис ба таъкиди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуд ва ӯ дар ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратӣ оид ба рушди фазои сармоягузорӣ барои ҳарчӣ зудтар фаъол намудани он ба мақомот супориш дод. Президент зикр намуд, ки «Таҷрибаи байналмилалии дар ин самт пешрафта аз мо талаб менамояд, ки мо ба рушди бозори коғазҳои қиматнок чун манбаи муҳими ҷамъоварии маблағҳои муваққатан озод ва маблағгузорӣ аҳамияти зарурӣ диҳем. Дар маҷмӯъ, проблемаҳои мавҷудаи бозори такрории коғазҳои қиматнок, чун сатҳи номукаммали рушди инфрасохтор, мавҷуд набудани иттилоот ва дигар масъалаҳо бояд ҳалли дурусти худро ёбанд» (http://www.president.tj/node/7928).
Навигариҳо дар қонунгузорӣ
Дар ҷаласаи навбатии парламент бо овоздиҳии вакилон тағйиру иловаҳо ба 9 моддаи Қонуни ҶТ «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ворид карда шуданд. Тибқи ин тағйирот дар моддаи 1-уми қонуни мазкур мафҳуми «биржаи фондӣ» аз нав таҳрир гардида, мафҳуми «ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок» илова шуд. Тағйирот барои бартараф намудани монеаҳо ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок ба моддаи 36-уми қонуни мазкур дохил шуд.
Инчунин бо тағйирот ба қонуни мазкур тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок муайян шуд. Бо ин мақсад иловаҳо ба моддаҳои 38 ва 39-уми қонуни мазкур ворид карда шуданд. То ин замон фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ бар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати ҶТ аз 29 декабри соли 2000 амалӣ мешуд. Акнун ин фаъолиятро қонун ба танзим даровард.
Тағйирот ба қонун ҳамчунин тартиби таъсис додан ва фаъолияти маҳфуздорандаи марказиро пешбинӣ менамояд, ки ба ин хотир ба моддаи 43-юми ин қонун ислоҳоти зарурӣ ворид шуд. Бо мақсади мушаххас намудани фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок тағйирот ба моддаи 44-ум дохил шуд. Ҳамчунин ба ин моддаи қонун иловаҳо ворид шуданд, ки онҳо санади танзимкунандаи биржаи фондӣ ва вазъи ҳуқуқии ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнокро муқаррар менамоянд.
Ислоҳот дар қонун ҳатто масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва муаррифӣ намудани коғазҳои қиматноки эмитентҳои дохилӣ дар бозори коғазҳои қиматноки ҷаҳонро пешбинӣ мекунад. Бо ин ҳадаф ба моддаҳои 4-ум ва 5-уми қонуни мазкур иловаҳо дохил шуданд. Вакилони парламент барои аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ сархати чоруми моддаи 45-уми қонунро тамоман «хат заданд», ки имкони зуҳури фасодро ба иддаои онҳо дар бозори коғазҳои қиматнок фароҳам мекард.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони ҶТ оид ба иқтисод ва молия гуфт, бо ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ таъсиси биржаҳои фондӣ осон мешавад ва мушкилиҳо ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматноки ҷумҳурӣ аз байн мераванд. Вай афзуд, ворид намудани ин тағйиру иловаҳо ба қонун санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Тоҷикистонро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мекунад.
Дарҳои бози Биржаи фондӣ барои сармоягузорон
Алишер Шерназаров, директори генералии ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» мегӯяд, пештар дар қонунгузорӣ бандҳое буданд, ки ташкили биржаи коғазҳои қиматнокро аз имкон берун менамуданд ва ҳоло бо ислоҳи ин бандҳо фаъолияти биржаи коғазҳои қиматнок имконпазир шудааст.
Ӯ ба сурати мисол гуфт, аз рӯи қонунгузории пешина қабл аз ҳама барои ташкил намудани бозори коғазҳои қиматнок бояд ҷамъияти саҳҳомии кушода таъсис дода мешуд, ки дар он ҷо танҳо иштирокчиёни касбӣ метавонистанд биржаи фондиро таъсис диҳанд. Дар навбати худ иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бояд дорандаи иҷозатномаи фаъолият ҳамчун брокер, дилер, маҳфуздорандаи феҳрист ё барандаи феҳрист, ё ташкилоти клирингӣ мебуданд, ё ин ки ягон мақоми дигаре медоштанд, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст.
Ҳамчунин дар қонунгузории пешина шарти дигар барои таъсиси биржаи фондӣ ин буд, ки ҳар як иштирокчии касбӣ саҳмаш дар биржаи фондӣ набояд аз 5 фоиз бештар бошад. Акнун фикр кунед, барои 100 фоиз шудани саҳмияҳо ҷиҳати ташкил намудани биржаи фондӣ мо бояд камаш 20 иштирокчии касбӣ медоштем. Аз рӯи маълумотҳои Вазорати молия дар айни ҳол дар Тоҷикистон 6 барандаи феҳрист ва 5 ташкилоти брокерӣ-дилерӣ ҳастанд, ки аксарашон бонкҳо мебошанд, дар маҷмӯъ, шумораи ҳамаи онҳо 11 адад ташкилоте мешаванд, ки мақоми иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнокро пайдо кунанд. Ҳамин тавр, дар кишвар шумораи иштирокчиёни касбӣ барои таъсиси биржаи фондӣ намерасид.
Ба гуфтаи Алишер Шерназаров, ба ин далелҳо кушодани биржаи фондӣ дар кишвар аз рӯи қонунгузории пешина ғайриимкон буд. Ҳоло ин монеаҳо дар қонунгузорӣ аз миён бардошта шуда, ҳар ҷамъияти саҳҳомии кушода метавонад ҳамчун иштирокчии касбӣ дар таъсиси биржаи фондӣ иштирок кунад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 325 ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Имтиёзи 5-сола: озодӣ аз андоз
Ба назари коршиносон ҳамчунин як мушкили аслӣ дар роҳи фаъол шудани бозори такрории коғазҳои қиматнок ин ба системаи андозбандӣ вобаста буд. Зеро аксари ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба хотири пардохти иловагии андозҳо барои ба хариду фурӯши биржавӣ баровардани саҳмияҳои худ ҳавасманд набуданд. Ин мушкил низ ҳоло ҳалли худро пайдо кард. Парламенти Тоҷикистон бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози ҶТ (КА) иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнокро ба муддати 5 сол аз пардохти андоз озод кард. Ба КА боби нави 47-ум бо номи «Хусусияти андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок» ва моддаи 313 илова шуд, ки аз рӯи он иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок аз андоз аз фоида ва АИИ, эмитентҳои коғазҳои қиматнок аз андоз аз фоида ва аз андози низоми содакардашуда ва сармоягузорон аз андози даромад аз афзоиши арзиши коғазҳои қиматнок ва андоз аз суди саҳмияҳо давоми панҷ сол озод карда шуданд.
Комил Салимзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони ҶТ оид ба иқтисод ва молия дар шарҳи ворид намудани ин иловаҳо ба Кодекс гуфт, ин имтиёзҳои андозӣ ба хотири рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд. Ба таъкиди ӯ, чунин тағйирот сармоягузоронро барои иштирок дар бозори коғазҳои қиматнок ҳавасманд месозад.
Ба ҳисоби мақомот ворид намудани ислоҳот ба КА ба коҳиши ҳаҷми даромадҳои буҷети Тоҷикистон боис намешавад, баръакс он дар оянда бо ҷалб шудани сармоя иқтидори истеҳсолии субъектҳои иқтисодиётро афзуда, ба зиёд шудани маблағҳои андоз дар буҷет сабаб мешавад.
Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи ҶТ ҳисоб намудааст, ки додани имтиёзҳои андозӣ барои субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок ба рушд ва ташаккули ин бозор кумаки бузург хоҳад намуд. Бино ба маълумоти ин ниҳод, додани имтиёзҳои андозӣ ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок метавонад дар биржаи фондӣ сармоякунонии ҷамъиятҳои саҳҳомиро пас аз оғози фаъолияти биржа дар муддати се сол то 625 миллион сомонӣ ва дар давоми ҳафт сол то 990 миллион сомонӣ расонад.
Алишер Шерназаров мегӯяд, аз андоз озод намудани эмитентҳои дохилию хориҷӣ тағйироти ҷиддие мебошад, ки онҳоро барои иштирок дар бозори коғазҳои қиматнок ҳавасманд месозад ва имкон медиҳад, ки сармоядорони хориҷӣ ба бозори мо ворид шаванд.
Саҳмияҳои «Сбербанк»-у «Барклайс» дар Душанбе
Метавон гуфт, ки бо тағйирот дар қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ҳамакнун заминаи комили ба фаъолият шуруъ кардани бозори такрории коғазҳои қиматнок ба вуҷуд омад. Ба қарибӣ дар ш. Душанбе Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ (www.case.com.tj) ба фаъолият оғоз кард, ки ҳоло ширкатҳои маъруфи ватаниву хориҷӣ барои номнавис шудан дар он машғуланд. Баъд аз анҷом ёфтани ин раванд дар ояндаи наздик саҳмияҳои ширкатҳои ватанӣ ва ширкатҳои хориҷӣ дар он ба хариду фурӯш гузошта хоҳанд шуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун имкон пайдо мекунанд, ки ба воситаи ин биржа саҳмияҳои брендҳои ҷаҳонии «Гугл», «Газпром», «Сбербанк», «Катарпилар» ва «Барклайс» ва саҳмияҳои ширкатҳои ватание, амсоли «Роғун» ва ширкатҳои дигарро, ки дар ин биржа номнавис мешаванд, харидорӣ намуда, бо гирифтани дивиденд вазъи молиявии худро беҳтар кунанд. Ширкатҳо дар навбати худ бо барориши коғазҳои қиматнок ва ҷалби сармояи аз фурӯши коғазҳои қиматнок бадастовардаашон бахшҳои нави истеҳсолии худро сармоягузорӣ намуда, рушд ёбанд.




