Зеҳн

Бонки миллии Швейтсария (Schweizerische Nationalbank) — асоси пешравии он

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Бонки миллии Швейтсария (Schweizerische Nationalbank) — асоси пешравии он

Бонки миллии Швейтсария яке аз бонкҳои муваффақи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо обрӯю эътибор ва эътимоднокии худ дар тамоми дунё машҳур гаштааст ва барои аксари бонкҳои марказии олам намунаи ибрат дониста мешавад. Захираҳои тиллоию асъории он дар оғози соли 2016 маблағи 649,2 млрд доллари амрикоиро ташкил доданд, ки дар муқоиса ба охири моҳи августи соли 2014 қариб 150 млрд доллари ИМА зиёд аст. Бонки миллии Швейтсария аз ҳисоби даромадҳои худ ба қадри кифоя захираҳои асъорӣ ташкил медиҳад, ки як қисмати онҳо дар шакли тилло нигоҳ дошта мешаванд. Бешубҳа, ин аз комёбиҳои беназири бонк ба ҳисоб меравад. Аслан сирри муваффақияти он дар чист?

Оғози фаъолият — ибтидои асри ХХ

Бонки номбурда, ки дар борааш сухан меравад, бонки миллии мустақил ба шумор рафта, дар асоси қонуни асосии кишвар ва бо ҳадафи пешниҳоди хизматрасонии беҳтарин барои рушд ва манфиати давлат фаъолият мекунад. Бонки миллии Швейтсария 110 сол пеш дар соли 1906 бар асоси қонуни федералии Швейтсария дар бораи Бонки марказӣ таъсис дода шудааст. Ҳанӯз 20 марти соли 1903 мушовири миллӣ Шерер-Фуллер лоиҳаи қонун дар бораи ташкили бонки марказиро пешниҳод намуда буд. Баъди якуним сол, яъне октябри соли 1905 қонуни Федералӣ оид ба Бонки миллии Швейтсария қабул гардид. Ва ниҳоят, 20 июни соли 1907 Бонки миллии Швейтсария фаъолияти худро дар Базел, Берн, Женева, Санкт-Галлен ва Сюрих оғоз намуд. Минбаъд дар дигар шаҳрҳои Швейтсария филиалҳои бонк кушода шуданд. Худи ҳамин сол Бонки миллии Швейтсария ба чопи пулҳои коғазии франки швейтсарӣ шуруъ намуд.

Тибқи қонуни Федералӣ оид ба Бонки миллии Швейтсария бонки зикршуда ҷамъияти саҳомии дорои мақоми махсус ба шумор меравад ва фаъолияти он бо низомномаҳои махсуси қонуни федералӣ танзим карда мешавад. Теъдоди саҳмияҳои он ба 100 ҳазор адад саҳмия баробар аст. Аз ин шумора 55 фоизи саҳмияҳои бонк марбути муассисаҳои давлатӣ буда, 45 фоизи боқимондаи он дар бозори фондӣ хариду фурӯш мешаванд ва моли шахсони воқеӣ мебошанд.

Бонки миллии Швейтсария ба ҳайси ширкати саҳомӣ ба саҳомони худ суд пардохт мекунад, аммо ҳаҷми умумии пардохт ба саҳмдорон набояд аз 6 фоизи фоидаи иёлоти аъзои Конфедератсияи Швейтсария бештар бошад.

Мустақилияти Бонки миллии Швейтсария ҳамчун бахши муҳими давлат дар қонуни асосӣ ва дар эъломияи таъсиси Бонки миллии Швейтсария таъкид шудааст. Қонуни асосии ин кишвар бонки марказиро аз фишорҳои гуногун муҳофизат менамояд ва аз пайравии бонки марказӣ ба давлат, аз ҷумла, аз тобеият ба аъзои Шӯрои федералӣ ҷилавгирӣ мекунад. Қонуни асосии Швейтсария ҳамчунин монеи додани қарз ба давлат аз тарафи Бонки миллии ин кишвар мешавад.

Бонки миллӣ, вале на танзимгар

Назар ба амалияи бисёр мамлакатҳо, ки дар онҳо бонки марказӣ барои низоми миллии бонкӣ мақоми танзимгар ба ҳисоб меравад, Бонки миллии Швейтсария вазифаи танзимгарро анҷом намедиҳад, зеро ин кор ба уҳдаи Комиссияи федералии бонкӣ гузошта шудааст.

Ба хотири ҳифзи аъзои шӯрои бонк, онҳо ба муддати муайян дар Бонки миллии Швейтсария фаъолият хоҳанд кард. Онҳо ба истиснои ҳолатҳои қонуншиканиҳои ҷиддӣ аз вазифаи худ барканор нахоҳанд шуд. Ба ибораи дигар, давлат наметавонад ҳеҷ яке аз ин аъзоро бо сабаби он, ки вай ба дархости давлат амал накардааст, аз вазифаашон барканор кунад.

Аммо ин ҳама иқдомот дар бахши мустақилии бонки марказӣ маънои ҷавобгӯ ё масъул набудани Бонки миллии Швейтсария дар назди давлатро надорад. Бонки миллии Швейтсария вазифадор аст, ки бо интишори гузоришҳои муназзам вазъияти иқтисодии кишварро ба Шӯрои федералӣ шарҳ диҳад. Бонки мазкур гузориши солонаро низ ба Маҷлиси федералӣ пешниҳод мекунад ва дар он дар бораи сиёсати пулӣ ва пешрафт дар иҷрои мақсадҳои иқтисодӣ маълумот медиҳад.

Маъмурияти Бонки миллии Швейтсария аз иҷрои ҳадафҳои иқтисодии давлат, ба мисли назорати нархҳо, таъмини муътадилии онҳо, барориши пул, интиқоли пул байни бонкҳо, таъмини пул, таъмини пардохтпазирии франки швейтсарӣ, мусоидат ва таъмини фаъолияти низоми пардохти ғайринақдӣ, идораи захираҳои асъорӣ, сармоягузории захираҳо, назорати гардиши пул ва пешбурди сиёсати пулии давлат иборат аст. Яке аз вазифаҳои асосии Бонки миллии Швейтсария интишори пулҳои коғазӣ ва сикка задани тангаҳо ба шумор меравад. Воҳиди пули Швейтсария франк аст.

Бонки миллии Швейтсария масъули ҳифзи захираҳои миллӣ ба монанди тилло, асъор ва дигар намудҳои пардохти байналмилалӣ мебошад.

Илова бар маъмурияти хос ва мақсадҳои номбаршуда, бонк масъулияти бисёр муҳим — таъмини суботи низоми молиявии Швейтсарияро низ бар уҳда дорад. Тавре дар эъломияи таъсисии он низ зикр шудааст, Бонки миллии Швейтсария вазифадор аст, бо роҳҳое амал кунад, ки бо муайян намудани нархҳо ба унвони беҳтарин равиши дастёбӣ ба мақсадҳои худ ба беҳтарин шакл дар хидмати манофеи кишвар бошад. Он ба хотири дастёбӣ ба суботи нархҳо бо Комиссияи федералии бонкдории Швейтсария (SFBC) ҳамкорӣ мекунад.

Бонки марказии Швейтсария аз ду саридора, ки яке дар Берн ва дигаре дар Сюрих ҷойгир мебошанд, иборат аст. Идораҳои марбути бонк оид ба тақсимоти пули нақд дар Сюрих ва Женева қарор доранд ва идораҳои маҳаллӣ бошанд, дар шаҳрҳои Базел ва Санкт-Галлен ҷойгир шудаанд.

Мақоми идоракунандаи Бонки миллии Швейтсария аз Шӯрои бонк ва Шӯрои мудирон иборат аст. Шӯрои бонк аз болои фаъолияти Бонки миллии Швейтсария назорат мебарад. Муҳлати ваколати аъзои Шӯро чор солро ташкил медиҳад ва муҳлати пурраи фаъолияти онҳо набояд аз 12 сол зиёдтар бошад. Шӯрои бонкӣ аз 11 аъзо иборат буда, шаш нафари он, аз он ҷумла президент ва ноиби он аз ҷониби Шӯрои федералӣ таъин мешаванд. Панҷ узви дигари он дар ҷаласаи солонаи саҳомон интихоб мешаванд.

Вазифаи Раёсат ва мақоми иҷроияро дар Бонки миллии Швейтсария Шӯрои мудирон иҷро менамояд. Раёсат барои татбиқи сиёсати умумии пулию қарзӣ ва стратегияи идораи дороиҳои бонк масъул мебошад. Аъзои Шӯрои мудирони Бонки миллӣ, ки се нафарро ташкил медиҳанд, тавассути Шӯрои федералӣ ба муддати шаш сол таъин мешаванд ва имкон дорад, ки дар интиҳои муддати хидмати худ дубора давраи хидмати онҳо тамдид карда шавад.

Дар айни замон вазифаи раисии Шӯрои мудирони Бонки миллии Швейтсарияро, ки аз ҷониби Шӯрои федералӣ таъин карда мешавад, ҷаноби Томас Ҷордан иҷро менамояд.

Идораи амалиётии Бонки миллии Швейтсария ба се бахши дигар тақсим мешавад. Бахши якум ва бахши сеюм дар Сюрих ва бахши дуюм дар Берн воқеъ шудаанд ва ҳар яке аз онҳо вазифаҳои худро доранд, аз ҷумла:

  • бахши якум умури байналмилалӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, манобеи инсонӣ ва робитаҳоро ба зимма дорад;
  • бахши дуюм корҳои вобаста ба хазинаи пул ва умури молӣ, назорати суботи молӣ ва амниятро ба уҳда дорад;
  • бахши сеюм вазифаҳои марбут ба бозори пул ва бозори асъор, мудирияти дороӣ, мудирияти хавфҳо, амалиёти молӣ ва фанноварии иттилоотиро ба зимма дорад.

Швейтсария — кишвари бонкҳо

Дар ибтидо бояд бигӯем, ки низоми бонкии Швейтсария дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Воқеан ҳам, ин давлат кишвари бонкҳо ба шумор меравад, зеро ба ҳар якуним ҳазор нафар сокини он 1 бонк рост меояд. Дар қаламрави Швейтсария 140 адад филиалҳои бонкҳои бузурги хориҷӣ фаъолият менамоянд.

Бонкҳои Швейтсария аз рӯи анъана ба се гурӯҳҳои асосӣ тақсим мешаванд:

  1. бузургтарин бонкҳои миллӣ (се адад);
  2. бонкҳои маҳаллӣ ва амонатгузорӣ, тавассути шуъбаҳои худ бо амонатгузорони дохилӣ кор мекунанд;
  3. бонкҳои хусусӣ, ки маблағҳои маҷмӯии инвеститсиониро идора мекунанд.

Илова бар ин, ба низоми қарзӣ ҳамчунин ширкатҳои молиявӣ дохил мешаванд, ки:

  • амонат қабул мекунанд ва фаъолияти онҳо ҷавобгӯи талаботи қонунгузории бонкӣ мебошад;
  • амонат қабул намекунанд, вале дигар амалиётҳои бонкиро иҷро менамоянд. Қонунгузории бонкӣ ба онҳо танҳо қисман дахл дорад.

Низоми бонкии Швейтсария бо назорати қатъии фаъолияти бонкҳо ва ширкатҳои инвеститсионӣ фарқ мекунад. Маҳз натиҷаи ҳамин тарзи кор аст, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон дар Швейтсария ягон ҳодисаи муфлисшавии бонкҳо ба қайд гирифта нашудааст. Назорат дар ин ҷо бо сохтори сезинагӣ: Комиссияи федералии бонкӣ — Бонки миллӣ — Ассотсиатсияи бонкии Швейтсария фарқ мекунад. Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ танҳо ҳамон вақте дода мешавад, ки бонк ба тамоми талаботи қонун ҷавобгӯ бошад, дар сурати вайрон кардани талаботи он эҳтимолияти ба таври фаврӣ бозхонд кардани иҷозатнома вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки рейтинги баланди бонкҳои ин кишвар ҳамчунин бо ҳифз шудани сирри амонатҳо аз тариқи муқаррароти қонунҳои ҳуқуқи гражданӣ ва ҳуқуқи ҷиноятӣ муайян карда мешавад. Агар бонке маълумотҳои махфии муштариёни худро эмин нигоҳ намедорад, метавонад аз иҷозатнома маҳрум гардад. Дар баробари ин, кормандоне, ки ин маълумотҳоро ифшо кардаанд, имкон дорад ба муҳлати то ним сол ба зиндон фиристода шаванд ё ба андозаи 50 ҳазор франки швейтсарӣ ҷарима баста шаванд. Маълумот дар бораи ҳисобҳои муштариён аз ҷониби мақомоти ҳукуматӣ танҳо дар ҳолате ифшо карда мешаванд, ки нисбати ин ё он муштарӣ далелҳои аниқ оид ба шарик будани он дар амалҳои ҷиноятӣ мавҷуданд. Вале тибқи қонунгузории Швейтсария саркашӣ аз пардохти андоз ё вайрон кардани талаботи танзими асъори дигар давлатҳо ба ин гуна ҷиноятҳо дохил намешавад.

Дар Швейтсария як мақоми мустақиле бо номи Кумитаи бонкӣ амал менамояд, ки на ба ҳукумат ва на ба Бонки миллӣ итоат намекунад. Кумитаи мазкур аз болои риоякунии талаботи Қонун дар бораи фаъолияти бонкӣ ва қоидаву меъёрҳои ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо назорат мебарад. Дар ин замина, вазифаи асосии он ҳимояи манфиатҳои саҳомон ба шумор меравад. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ кумита ба хулосаҳои аудиторони мустақиле, ки берун аз бонк қарор доранд ва ба аудиторони дохилии бонкҳо такя мекунад. Муҳимтар аз ҳама, ҳини таъин ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонкӣ пешниҳодоти кумита ба инобат гирифта мешаванд ва қарорҳои Кумитаи бонкӣ барои иҷро ҳатмӣ мебошанд.

Фоидаи зиёда аз 20 млрд франки БМШ

Вазифаи асосии фаъолияти бонки марказӣ ин амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад. Бонки миллии Швейтсария ҳамчун бонки мустақил ин вазифаи муҳим ва барои ҷомеаву давлат зарурро дар сатҳи ҷавобгӯи талаботи замон иҷро менамояд.

Маҳз натиҷаи дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кор аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Бонки миллии Швейтсария ба андозаи зиёда аз 20 млрд франки швейтсарӣ фоида ба даст овард. Қисмати зиёди фоида — 13 млрд франк дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои бобарори трансаксионӣ бо асъори хориҷӣ ва 7,6 млрд франк аз ҳисоби баланд шудани нархи тилло ба даст оварда шуданд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда, дар охири моҳи июни соли ҷорӣ арзиши як килограмм тилло ба 41408 франки швейтсарӣ баробар шуда буд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки нишондиҳандаи мазкурро метавон бидуни истиҳола назар ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузаштаи бонк комёбии назаррас унвон кард.

Фаъолияти муназзами Бонки миллии Швейтсария ва дастёбӣ ба ҳадафҳояш ин бонкро ба яке аз бонкҳои муътабари ҷаҳон табдил додааст. Ин аст, ки франки швейтсарӣ ба ҳайси яке аз пулҳои устувори бозори байналмилалӣ эътироф шудааст.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2