Зеҳн

Сиёсати молиявӣ ва муаммоҳои имрӯзаи пешбурди он

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Сиёсати молиявӣ ва муаммоҳои имрӯзаи пешбурди он

Шариф Раҳимзода, Раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, профессор

Тавре маълум аст, аксарияти кишварҳо бо ҳам алоқаи зичи иқтисодию тиҷоратӣ доранду вазъи иқтисодии яке аз вазъи иқтисодии мамлакатҳои дигар вобастагии зиёд дорад. Ин алоқаю вобастагиҳо аз якдигар дар раванди ҷаҳонишавӣ ва вориди кишварҳо ба низоми ягонаи хоҷагидории ҷаҳонӣ боз ҳам афзоиш хоҳанд ёфт.

Қонунҳои объективии иқтисодӣ рушди номуназзами иқтисодиётро пешбинӣ кардаанд. Яъне иқтисодиёт доимо боло нарафта, бо гузашти чанд соле ба вазъи ногувор ё буҳронӣ ворид шуда, суръати рушдаш суст мешавад ё поён меравад, вале баъдан бо татбиқи чорабиниҳои муайян иқтисодиёт боз рушд мекунад. Тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, дар баъзе ҳолатҳо мавҷуд будани ин ё он мушкилот дар муносибатҳои сиёсии байнидавлатӣ низ метавонад боиси ногувории вазъи иқтисодии як кишвар ё гурӯҳи кишварҳо гардад. Масалан, мавқеъ ва тасмимгириҳои Федератсияи Россия дар роҳи ҳалли мушкилиҳои байналмилалӣ ва таҳримҳои ҷоришуда нисбати он боиси вазъи ногувори иқтисодии ин кишвар ва кишварҳои шарики тиҷоратиаш, аз ҷумла Тоҷикистони мо гардиданд.

Ба андешаи мо, вазифаи ниҳодҳои давлатӣ дар чунин шароит кам кардани таъсири манфии вазъи ногувор ё буҳронӣ ба иқтисодиёти мамлакат мебошад. Дар ин самт ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ сиёсати муносиби иқтисодиро, ки сиёсати молиявӣ қисми таркибии он аст, пеша мекунанд.

Сиёсати иқтисодӣ – ин маҷмӯи чорабиниҳои давлатӣ бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои қаблан муайяншуда дар соҳаи иқтисодиёт мебошад.

Ҳукумат ҳамасола дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии худро барои соли оянда қабул карда, дар асоси он нақшаи фаъолияти соҳаҳо ва буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллиро омода месозад. Соли оянда бошад, сиёсати иқтисодиро тарзе бояд пеш бурд, ки нишондиҳандаҳои қабулшуда иҷро шаванд, зеро иҷрои онҳо дар навбати худ иҷрои уҳдадориҳои ҳукуматро таъмин менамояд. Тавре маълум аст, ҳукумат дар назди мардум уҳдадориҳои зиёд дорад, ки додани музди меҳнат, нафақа, хароҷоти иҷтимоӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. Иҷро нашудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз қабили рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи таваррум ва ғайра, боиси иҷро нашудани қисми даромади буҷет ва мутаносибан қисми хароҷоти он мегардад.

Аз ин рӯ, пешбурди сиёсати иқтисодии муносиб ба шароити мавҷуда ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳою уҳдадориҳо яке аз вазифаҳои асосӣ мебошад.

Мақсади давлат ва вазифаҳои асосии сиёсати иқтисодии он таъмин ё ба даст овардани мутавозунии пешрафти иқтисодиёт, ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, таъмини сатҳи баланди шуғли аҳолӣ, нигоҳ доштани сатҳи барномавии таваррум, таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ, танзими фаъолияти берунииқтисодӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва самаранокии фаъолияти иқтисодӣ мебошанд.

Барои иҷрои ин вазифаҳо ниҳодҳои дахлдор олотҳои зеринро истифода мекунанд: фискалӣ (танзими даромаду хароҷотҳои буҷет вобаста ба зарурати ҳавасмандгардонии рушди иқтисодиёт ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо), монетарӣ (тағйир додани ҳаҷми пул дар муомилот вобаста ба зарурати таъмини муътадилии нархҳо) ва ҳуқуқӣ (такмили қонунгузорӣ вобаста ба зарурати муҳайё сохтани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иқтисодӣ).

Тавре ки мебинем, яке аз олотҳои пешбурди сиёсати иқтисодӣ сиёсати фискалӣ (андозию буҷетӣ) мебошад, ки пешбурди дурусти он дар якҷоягӣ бо сиёсати пулию қарзӣ, гумрукӣ, иҷтимоӣ ва инвеститсионӣ гарави пешрафти иқтисодиёт ва иҷрои барномаҳои молиявии ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Сиёсати молиявӣ – ин ҷамъи чорабиниҳо оид ба ташаккул ва истифодаи захираҳои молиявӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои давлат мебошад. Агар ба тарзи дигар гӯем, амалҳои ба танзиму тартиб дароварандаи ҳукумат дар самти ташкили муносибатҳои иқтисодӣ оид ба ташаккул, тақсим ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ сиёсати молиявӣ мебошад.

Ҳар як кишвар вобаста ба сатҳи ташкил ва қобилияти ниҳодҳои дахлдори худ сиёсати молиявиашро пеш мебарад.

Вазифаҳои давлат ва сиёсати молиявии он ташкили шароит барои ташаккули ҳарчи зиёдтари захираҳои молиявӣ, кам кардани вазнинии андоз, батанзимдарории уҳдадориҳои давлатӣ, истифодаи захираҳои молиявӣ барои ҳалли вазифаҳои афзалиятнок, кам кардани вобастагии даромадҳои буҷет аз тағйирёбии қурби пул ва нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ, ташкили низоми самараноки муносибатҳои байнибуҷетӣ ва идораи маблағҳои молиявии давлат ба шумор меравад.

Таъмини саривақтии иҷрои ин вазифаҳо имкон медиҳад, ки ниҳодҳои дахлдор ба мақсадҳои муайянгардида, ки аз ташаккул, тақсим ва истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ, назорати истифодаи самараноки онҳо, дуруст муайян кардани объектҳои андозбандишаванда ва меъёри андозҳо, ташкили фаъолияти самараноки низоми суғуртавӣ ва назорати муассисаҳои он, фаъолияти самараноки низоми аудитории мамлакат иборат мебошанд, ноил гарданд.

Таъмини шароит барои ташаккули ҳарчи зиёдтари захираҳои молиявӣ, ки вазифаи аввалиндараҷаи давлату сиёсати молиявии он мебошад, талаб мекунад, ки низоми дурусти ҳисобдорӣ (баҳисобгирии муҳосибӣ) ташкил ва ба роҳ монда шавад. Танҳо бо ин роҳ метавон ҳамаи манбаъҳои андозбандӣ ва ташаккули буҷетро дуруст ба ҳисоб гирифта, маблағҳои зарурӣ ба буҷет равона карда шаванд.

Мутаассифона, новобаста аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ва омодасозии дастуру санадҳои дигари дахлдор аз ҷониби Вазорати молия то ҳол ҳисобдорӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Он то ҳол барои ҳамаи соҳибкорону шахсони воқеӣ ҳамчун дастур ё талаботи умумӣ ва ҳатмӣ нагардидааст. Ин аст, ки соҳибкорони ҳалолкору поквиҷдон низ наметавонанд ҳисобдориро дар корхонаҳои худ ба таври зарурӣ ташкил намоянд, зеро доштани ҳисобдорӣ бо бақайдгирии ҳамаи амалиётҳо ва аз рӯи он супоридани андозу пардохтҳо арзиши аслии моли онҳоро боло бурда, рақобатнокии молҳояшонро дар бозор суст мекунад. Ин бошад, ба муфлисшавии ин қабил соҳибкорон оварда мерасонад.

Дар асл, ҳамаи соҳибкорон амалиётҳои худро ба қайд гирифта, ҳисобу китоби даромаду хароҷоти худро бо роҳи муайян пеш мебаранд. Танҳо зарур аст, ки ин ҳисобу китоб ба низоми муайян дароварда шуда, ба сохторҳои андоз пешниҳод гардад. Барои ин зарур нест, ки ҳамаи соҳибкорон барои пешбурди фаъолияти худ муҳосиб дошта бошанд. Баробари зиёд шудани талабот ба муҳосибон дар маҳалҳо марказҳои муҳосибӣ ташкил хоҳанд шуд, ки дар онҳо ҳар муҳосиб метавонад ба чандин соҳибкор ё шахсони ҳуқуқӣ хизмат расонад. Баъдан, вобаста ба ин, сохторҳои аудиторӣ пайдо мешаванд, ки мувофиқи қонун бояд ҳамасола дурустии инъикоси амалиётҳо дар тавозуни хоҷагӣ, ширкату корхонаро тасдиқ намоянд.

Бинобар ин, зарур аст, ки соҳибкорон фаъолияти худро дар шакли шахси ҳуқуқӣ ташкил намуда, ҳамаи амалиётҳояшонро ба қайд гиранд, молу мулк, дороиҳо ва уҳдадориҳояшонро ба ҳисоб гирифта, ба сохторҳои дахлдор пайваста ҳисобот пешниҳод намоянд. Ҳамчунин дар бонкҳою ташкилотҳои дигари қарзӣ суратҳисоб кушода, бо воситаи онҳо амалиётҳои молиявиашонро анҷом диҳанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар чунин ҳолат соҳибкор ба рақобати солим ворид шуда, барои истифодаи техникаю технологияи нав ҳавасманд мегардад. Илова бар ин, ӯ андозу пардохтҳоро саривақт месупорад.

Ҳисобдорӣ имкон медиҳад, ки мо аз низоми истифодаи патенту шаҳодатнома, ки хоси давраи ҷангӣ мебошанд, даст кашида, ба низоми дурусту қонеъкунандаи андозбандӣ гузарем. Ҳамин тариқ, фарҳанги андозсупорӣ пайдо мешавад, ки барои ҷомеаи пешраванда бисёр муҳим аст.

Аз ҷониби дигар, соҳибкорон аз ин баъд имкон нахоҳанд дод, ки сохторҳои гуногун ба фаъолияти онҳо дахолат кунанд. Дар навбати худ, ин амал боиси кам шудани амалҳои коррупсионӣ мегардад.

Пешбурди сиёсати андоз, дуруст муайян кардани объектҳои андозбандишаванда ва меъёрҳои андозӣ, саривақт тағйир додани меъёрҳои андозӣ вобаста ба зарурати дастгирии соҳаҳои алоҳида, пешгирӣ кардани дахолати беасос ва фишороварии кормандони сохторҳои зиёд ба соҳибкорону истеҳсолкунандагон вазифаи дигари сохтори ваколатдор ва сиёсати молиявӣ мебошад.

Мутаассифона, бо сабабҳои маълум, низоми суғуртавии мамлакат то ҳол дар сатҳи зарурӣ ташкил нашудааст. Муассисаҳои суғуртавии мамлакат хеле заиф буда, имконияти пӯшонидани зарари мизоҷонро надоранд. Гузашта аз ин, онҳо ҳанӯз ба боварии мардум сазовор нашудаанд ва аз ин рӯ, шумораи мизоҷонашон хеле кам аст. Қабули қонун дар бораи фаъолияти суғуртавӣ ба рушди ин соҳа мусоидат хоҳад кард. Дар кишварҳои пешрафта ин соҳа маблағҳои зиёдро дар ихтиёр дорад ва манбаи асосии пулҳои дарозмуҳлат мебошад, ки истифодаи онҳо барои рушди иқтисодиёт бисёр зарур аст.

Ҳисобдорӣ ташкил ва рушди соҳаи аудитории мамлакатро талаб мекунад, зеро мувофиқи қонун ҳар як шахси ҳуқуқӣ ҳамасола бояд ҳисоботи молиявии худро аз санҷиши аудиторӣ гузаронад ва хулосаи ширкати аудиториро дошта бошад. Аудиторон на танҳо санҷишгар, балки ёрдамчии соҳибкорон дар ташкили ҳисобдории дуруст мебошанд.

Пешбурди сиёсати самараноки молиявӣ ҳамоҳангӣ бо сиёсати пулию қарзиро тақозо менамояд. Устувор нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва қобилияти харидории пули миллӣ вазифаи умумии сохторҳои иқтисодии мамлакат мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки сохторҳои фискалию пулӣ бо ҳам ҳамкории зич дошта бошанд.

Хулоса, вобаста ба зарурати таъмини пешрафти иқтисодиёт, ҳимояи манфиатҳои кишвар дар раванди ҷаҳонишавӣ, ташаккул ва истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупории мардум татбиқи пешниҳодҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

  • ҳатмӣ намудани ҳисобдорӣ (баҳисобгирии муҳосибӣ) барои шахсони ҳуқуқӣ ва пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои молиявӣ ба сохторҳои андоз;
  • табдил додани хоҷагию корхонаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба шахсони ҳуқуқӣ;
  • кушодани суратҳисобҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо воситаи онҳо;
  • истифодаи васеи воситаҳои электронӣ барои пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ;
  • истифодаи мошинаҳои кассавӣ дар ҳамаи нуқтаҳои савдо, корхонаю ташкилотҳо – фурӯшандагони маҳсулоти худ, бақайдгирии амалиётҳо ва дар асоси нишондиҳандаҳои тавозуни шахси ҳуқуқӣ супоридани андозу пардохтҳо;
  • баҳисобгирии дурусти молу маҳсулоти содироту воридотшаванда;
  • омодагӣ барои ташкили марказҳои муҳосибӣ дар маҳалҳо;
  • сода кардани низоми андозбандӣ ва додани сабукиҳо ба андозсупорандагони поквиҷдон;
  • фаъол кунонидани низоми аудиторӣ ва ҳатмӣ намудани аудити ҳарсолаи тавозуни шахсони ҳуқуқӣ;
  • ҷоннок кардани фаъолияти суғуртавӣ дар кишвар ва бо ин роҳ ташаккул додани захираҳои молиявии дарозмуҳлат;
  • таъмини ҳамоҳангӣ дар пешбурди сиёсати молиявӣ ва пулию қарзӣ, ҳамкории зич байни сохторҳои фискалӣ ва монетарӣ.

Татбиқи ин пешниҳодҳо, бовар дорам, ба самаранокии сиёсати молиявӣ ва натиҷабахшии он таъсири мусбат хоҳад расонид.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2