Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ
Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ
Аз 7-ум то 9-уми октябри соли 2016 дар Вашингтон Ҷаласаи умумии солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ширкат варзида, кишварамонро намояндагӣ карданд.
Тибқи тартиби муқарраршуда, дар Ҷаласаи умумии солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ раисони бонкҳои марказӣ, вазирони молия, роҳбарони бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва олимони соҳаи иқтисоди дунё ҷамъ омада, масъалаҳои муҳими иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла дурнамои иқтисодиёти олам, масоили устувории молиявии ҷаҳонӣ, рушди иқтисодӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои кориро муҳокима намуданд.
Дурнамои нави Бонки ҷаҳонӣ
Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким ва Директори Хазинаи байналмилалии асъор Кристин Лагард дар назди иштирокдорони ҷаласа перомуни масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби иқтисодиёти ҷаҳон суханронӣ намуданд. Онҳо, аз ҷумла дар бораи дурнамои иқтисодиёти ҷаҳон, раванди паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиёт ва самтҳои босамар истифода бурдани кӯмакҳои молиявӣ андешаҳои худро баён сохта, барои беҳтар намудани вазъи иқтисоди ҷаҳон тавсияҳои худро ироа карданд.
Ҷим Ён Ким, Президенти Бонки ҷаҳонӣ зимни суханронии худ дар ҷаласаи солона, пеш аз ҳама ба зарурати диққати асосиро равона сохтан ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди фарогир таъкид намуд. Номбурда иброз дошт, ки барои ба даст овардани ҳадафҳои назаррас Бонки ҷаҳонӣ стратегияи 15 соли ояндаро таҳия кардааст, ки қабули он фаъолияти чусту чолок ва ҷавобгӯ ба дархосту хоҳишҳои муштариёнро талаб мекунад.
Даъвати хонум Кристин Лагард
Тавре аз гузориши охири Хазинаи байналмилалии асъор дар бораи дурнамои иқтисодӣ бармеояд, рушди иқтисоди ҷаҳон дар соли 2016 3,1% ва дар соли 2017 3,4% пешбинӣ мешавад. Кристин Лагард ин суръати рушди иқтисодиро ғайриқаноатбахш ҳисобида, гуфт: «Рушди иқтисоди дунё муддати дароз аст, ки беҳад суст шудааст».
Бинобар ин, ба таъкиди ӯ, кишварҳои узви Хазинаи байналмилалии асъор барои ноил шудан ба рушди иқтисодӣ бояд фишангҳои фискалиро истифода баранд, ислоҳоти сохториро татбиқ намоянд, илм ва тадқиқотро дастгирӣ кунанд ва лоиҳаҳои инфрасохториро маблағгузорӣ намоянд.
Кристин Лагард зимни суханронии худ гуфт, ки ҳар як кишвари сайёра метавонад ба рушди иқтисоди ҷаҳон мусоидат кунад. Бинобар ин, вай даъват кард, ки вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои марказӣ имкониятҳои кишварҳои худро барои мусоидат намудан ба рушди иқтисоди ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Вай аз ҳамаи давлатҳо даъват кард, ки барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ дар солҳои наздик тадбирҳои ҷиддӣ рӯи даст гиранд: «Мо чунин мешуморем, ки ҳар як кишвар метавонад ягон чизе пешниҳод кунад ва тадбирҳоеро роҳандозӣ кунад, ки ба рушди иқтисодиёти ҷаҳон мусоидат намоянд».
Ҷаҳонишавӣ бояд ба манфиати ҳама кор кунад
Мавриди зикр аст, ки Ҷаласаи умумии солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҳар тирамоҳ дар шаҳри Вашингтон баргузор мешавад ва дар он доираи васеи масъалаҳои марбут ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодии байналмилалӣ ва фаъолияти молиявӣ мавриди баҳс қарор мегиранд.
Ҷаласаи солона ҳамчун майдончаи вохӯрии роҳбарони бонкҳои марказӣ ва вазирони молияи кишварҳо барои ҳамкориҳои байналмилалӣ хизмат мекунад.
Роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор дар ин ҷаласа ҳамчунин ба тарафдории баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ баромад кард. Вай, аз ҷумла гуфт: «Мо чунин мешуморем, ки ҳамкорӣ ва ҷаҳонишавӣ барои ҳама кор мекунанд. Ҳанӯз вақти сухан рондан бар зидди ҷаҳонишавӣ фаро нарасидааст. Алҳол зарур аст, диққатамонро ба он равона кунем, ки донем, кӣ чӣ кор карда истодааст. Ҷаҳонишавӣ бояд ба манфиати ҳама кор кунад».
Хазинаи байналмилалии асъор ҳамчунин эълон кард, ки омодааст ба кишварҳои рушдкунанда барои мубориза бо таконҳои имконпазир кӯмак расонад, то он ки онҳо ба қарзҳои ба қадри кофӣ гарон дар бозори байналмилалӣ ё ба қарзҳои дуҷониба ниёзманд шаванд.
Кристин Лагард таъкид намуд: «Ман бо хушнудӣ эълон мекунам, ки ба қарибӣ Хазинаи байналмилалии асъор меъёри бефоиз (сифр)-ро то соли 2018 барои ҳамаи механизмҳои имтиёзноки хазина тасдиқ намуд». Вай зикр кард, ки шартномаҳои нави маблағгузорӣ, ки дар ояндаи наздик имзо мешаванд, ба сифати омили ҳимоякунандаи иловагӣ аз зарбаҳои эҳтимолии буҳрон хизмат хоҳанд кард.
Ӯ гуфт: «Агар мо ба зарбаҳои нави ҷаҳонӣ дучор шавем, дар дасти мо асбобҳои дастраси зиёд барои амал кардан намемонанд. Дар он ҳолат рушди иқтисодӣ, албатта, яке аз ин асбобҳо хоҳад шуд».
Мулоқотҳои судманди ҳайати Тоҷикистон
Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор чандин брифингҳои минтақавӣ, нишастҳои матбуотӣ ва вохӯриҳои роҳбарони бонкҳои марказӣ ва вазирони молияи кишварҳои олам бо ҳамдигар баргузор шуд, ки бино ба гузоришҳои расмӣ ҳамаи онҳо фарогири масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷаҳон, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва низоми ҷаҳонии молиявӣ буданд.
Дар рафти ин ҷаласаҳо ҳайати намояндагии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор семинару машваратҳои минтақавӣ, нишастҳои матбуотӣ оид ба вазъи иқтисодиёти ҷаҳон, рушди байналмилалӣ, бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ ва хизматрасониҳои молиявии исломӣ ширкат варзиданд.
Метавон гуфт, ки ҳамаи ин вохӯриҳо барои Тоҷикистон манфиатовар буданд. Аз он ҷумла, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Президенти Бонки ҷаҳонӣ Сирил Мюллер, Директори Департаменти кишварҳои Шарқ ва Осиёи Марказии ХБА, мудирони иҷроия ва мудирони алтернативии ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи масъалаҳои марбут ба сиёсати монетарию фискалӣ ва ислоҳоти сохторӣ, инчунин оид ба татбиқи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Барномаи нави ХБА мулоқотҳо анҷом дод.
Лозим ба ёдоварист, ки Мудирони иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Даниел Ҳеллер ва Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден вобаста ба итмом расидани муҳлати ваколатҳояшон, салоҳияти худро ба мудири нави иҷроияи ХБА Мирослав Панек ва мудири нави иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Варнер Грубер супурданд.
Мудирони нави иҷроияи ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқот бо ҳайати Тоҷикистон ваъда доданд, ки ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон ҷоннок намуда, кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, то ки муносибатҳои хуби миёни Тоҷикистону ташкилотҳои молиявии бонуфузи ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият ёбанд.
Вохӯрӣ бо раисони бонкҳои марказӣ
Ҳамчунин раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва вазири молияи кишвар дар чорабиниҳои раисони бонкҳои марказӣ ва вазирони молияи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз оид ба дастгирии рушди устувор тариқи барқарорсозии бахши молиявӣ ва устувории фискалӣ низ иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Директори ХБА Кристин Лагард барои мудирони ХБА ва Кумитаи ХБА вохӯрии ҷамъбастӣ баргузор гардид, ки дар он маърӯзаҳои мудирони ХБА дар давлатҳои минтақаи Амрикои Лотинӣ, ИМА, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Фаронса оид ба таъсири хавфҳои беруна ба иқтисодиёти кишварҳояшон ва натиҷаҳои бадастомадаи онҳо мутобиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронии онҳо пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин ҳайати намояндагии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи молиявии ҷории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сума Чакрабарти, Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ба хотири андешидани чораҳои таъҷилӣ оид ба дастгирии низоми бонкии кишвар мулоқот баргузор намуд.
Таъсиси Шӯрои тиҷоратии ИМА — Тоҷикистон
Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 7 октябри соли 2016 ҷаласаи нахустини Шӯрои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Абдусалом Қурбониён — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Латифов — ҷонишини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Салим — сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА ва Илҳом Раҷабов — намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуданд.
Аз тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин вохӯрӣ Директори бахши робита бо ҷомеа ва рушди тиҷорати байналхалқии ширкати AGCO, Роҳбари Шӯро Филлип Де Леон, ёвари намояндаи тиҷоратии ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ Майкл Делани, мудири калони тиҷорати байналхалқӣ ва сармоягузории ширкати «Ҷенерал Электрикс», ноиби Президенти Шӯро Орит Френкел ва инчунин намояндагони Департаменти давлатии ИМА, Вазорати савдо, Департаменти кишоварзӣ ва ширкатҳои тиҷоратии ИМА ширкат варзиданд.
Дар ин ҷаласа ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони доираҳои тиҷоратии ИМА оид ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳайё сохтани шароити мусоиди сармоягузорӣ, кафолат ва имтиёзҳо ба сармоягузорони хориҷӣ ва бахшҳои муҳиму афзалиятноки иқтисодиёти кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳарду ҷониб дар ин ҷаласа аз таъсиси Шӯрои тиҷоратии ИМА — Тоҷикистон, ки ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ равона шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, барои густариши фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ дар оянда омодагии худро баён намуданд.
Натиҷаҳо босамар хоҳанд буд
Бешубҳа, иштироки фаъолонаи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои тақвияти ҳамкориҳои молиявию бонкии кишварамон бо созмонҳои муҳими байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ доданд, ки бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар вохӯриҳову мулоқотҳо самаранок анҷом дода шаванд. Дар навбати худ ташкилотҳою ширкатҳои номбурда аз омодагии хеш нисбати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуданд.
Таҳияи Аслам Мӯминов, «БТҶ»




