Зеҳн

Рӯйдодҳои муҳимтарини низоми бонкӣ (октябр–декабри 2016)

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Рӯйдодҳои муҳимтарини низоми бонкӣ (октябр–декабри 2016)

Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт» қабул гардид

26 октябри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт»-ро баъди баррасиву муҳокима қабул намуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низомҳои пардохт, ба танзим даровардани хизматрасониҳои пардохтӣ, мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ ва ҷиҳати иҷрои Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2025 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ буда, дар баробари татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетӣ тавассути гузаронидани пардохтҳо, барои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Қариб ҳар як амалиёти молиявӣ бо иҷро гардидани пардохтҳо ва истифода шудани низомҳои пардохт анҷом меёбад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки баробари рушди бозорҳои молиявӣ, зиёдшавии ҳаҷми пардохтҳо, амалиёт дар бозори асъор ва хариду фурӯши коғазҳои қиматнок аҳамиятнокии низомҳои пардохт ва назорати хавфҳои бо онҳо вобастабуда, рӯз аз рӯз меафзояд.

Дар шароити муосир пайдоиш ва татбиқи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ зарурати аз нав дида баромадани тартиби танзимро дар низоми пардохт ба вуҷуд овардааст.

Рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ зарурати афзоиши самаранокии гардиши маблағҳо ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ талаб намуда, мавҷудияти заминаи ҳуқуқӣ кафолати фаъолияти мунтазам ва боэътимоди низоми пардохт мебошад.

Барои рушди низоми пардохт таъмини заминаи ҳуқуқии навовариҳо, ки пайдоиши онҳо ба рушди технологӣ алоқаманд аст (маблағҳои электронӣ, интернет-пардохтҳо, пардохтҳои мобилӣ), инчунин, шартҳои умумии истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва коркарди электронии иттилооти пардохт аҳамияти ниҳоят калон дорад. Бинобар ин, ба ҳисоб гирифтани хусусияти технологӣ ва зикри он дар санадҳои қонунгузории соҳаи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт аз ҳар ҷиҳат муҳим ва зарур мебошад.

Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт» фаъолияти ташкилотҳо — таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла ташкилотҳои интиқолдиҳандаи маблағҳои электронӣ, агентҳо ва субагентҳои бонкии пардохт, танзимгарони низомҳои пардохт, танзимгарони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохт, муайян намудани талабот барои ташкил ва фаъолияти низомҳои пардохт ва тартиби назорати низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, барои мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохт, беҳтар намудани фаъолияти низоми пардохт ва сифати хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Тавзеҳоти БМТ ба мақолаи «Таджикистан по рекомендации ФАТФ усилит меры контроля на рынке ценных бумаг»

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи сомонаи «Азия-Плюс» аз 10 октябри соли равон дар хусуси аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба амалиёти шубҳанок дар бозори коғазҳои қиматнок, маблағҳои нақдӣ ва ғайринақдии зиёда аз 500 000 сомонӣ қайд менамояд, ки ин маълумот ба воқеият мутобиқат намекунад.

Сараввал қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар асоси Қатъномаи СММ №1617 иҷрои талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ)-ро ба зимма гирифтааст.

Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тавсияҳои зикршуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» (Қонуни МҚД/МТ)-ро қабул намудааст.

Бинобар ин, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» маҳз бо мақсади мутобиқ намудани талаботи он ба талаботи Қонуни МҚД/МТ ва тавсияҳои ФАТФ равона карда шудааст.

Ба якдигар мутобиқ намоии қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ҷараёни муқаррарӣ буда, бо мақсади бартараф кардани бархӯрди манфиатҳо, ҷой надоштани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми дар амал татбиқ намудани он, дуруст ба роҳ мондани низоми танзим ва назорат, муайян намудани уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ва ғайра амалӣ карда мешавад.

Қабул ва иҷрои талаботи Қонуни МҚД/МТ пеш аз ҳама ба ҳадафҳои таъмини бехатарии амнияти миллӣ ва устувории низоми молиявӣ равона гардида, ҷиҳати пешгирии таҳдидҳои истифодабарии низоми молиявӣ бо мақсади маблағгузории терроризм ва расмикунонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти он ки бозори коғазҳои қиматноки ҷумҳурӣ дар марҳилаи инкишофёбӣ қарор дорад, таваҷҷуҳи хонандаро ба чунин маълумоти беасос, ки аз сарчашмаҳои номуътамад ба нашр мерасанд ва пеш аз ҳама оқибатҳои манфиро ба пешравии бозори коғазҳои қиматнок эҷод менамоянд, ғайримақсаднок арзёбӣ менамоем.

Бонки миллии Тоҷикистон аз васоити ахбори омма хоҳиш мекунад, ки пеш аз нашри ҳар гуна маълумот онро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба муътамадии сарчашмаҳои он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.

Департаменти мониторинги молиявии БМТ

Фаъолияти ҶСП «Мададгори Мастчоҳ» қатъ гардид

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2016 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо сабабҳои муфлисшавӣ фаъолияти ҶСП ТҚХ «Мададгори Мастчоҳ» қатъ карда шуд.

Мутобиқи қарори зикршуда иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 4 феврали соли 2013 таҳти №9 барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти мазкур дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида ба суд пешниҳод карда мешавад.

Тамдиди маъмурияти муваққатӣ

Бо мақсади солимгардонӣ ва барқарорсозии пурраи фаъолияти ҶСП «БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо қарори навбатии худ аз 3 ноябри соли равон муҳлати ваколати маъмурияти муваққатиро дар бонки мазкур то 3 майи соли 2017 тамдид намуд.

Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи солимгардонии тасдиқшудаи бонкро таъмин намояд.

БМТ — барандаи ҷойи аввал ва ҷоми мусобиқа

Дастаи футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи футболи хурди силсилаи «А», ки дар ду давр — аз моҳи март то моҳи ноябри соли равон миёни дастаҳои нимакасбӣ баргузор гардид, иштирок намуда, барандаи ҷойи аввал ва сазовори ҷоми мусобиқа гашт.

Қобили қайд аст, ки даври ниҳоии мусобиқа, ки дар майдони варзишии Кумитаи андоз баргузор гардид, хеле тезутунд ва шавқовар гузашт. Футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон барои сазовор шудан ба ҷойи аввали мусобиқа бо дастаи «Сохтмони кишвар» муқовимат намуда, маҳорати хуб нишон доданд ва бо ҳисоби бузург 6–3 пирӯз шуда, дар байни 9 даста ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Дар робита ба дастовардҳои дастаи мазкур хотиррасон менамоем, ки варзишгарони Бонки миллии Тоҷикистон бори сеюм аст, ки маҳорати хуби бозии футболро нишон дода, барандаи ҷойи аввал ва соҳиби ҷоми мусобиқа мешаванд. Ду дафъаи пешин футболбозони БМТ солҳои 2013 ва 2014 низ бо нишон додани бозии хуби футбол барандаи ин ҷом гашта буданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2