Зеҳн

Вазорати молияи Русия камбуди маблағро чӣ гуна ҷуброн мекунад?

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Вазорати молияи Русия камбуди маблағ барои пардохти маош ва нафақаро тасдиқ намуд

Имрӯз агар дар тамоми сатҳу зинаҳои идориву зиндагӣ ба ягон мушкилоти молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шавем, ҳатман буҳрони ҷаҳонии ҷориро ба ёд меорем ва маҳз онро сабабгори асосии пастравии рушди иқтисодиёт ва сатҳи некӯаҳволии мардум медонем. Албатта, дар баробари ин, омилҳои дигар, аз қабили тағйир ёфтани вазъи геосиёсӣ ва ба ҷангу ҷидолҳои дохилии баъзе кишварҳо кашида шудани давлатҳои абадқудрат, ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия, ки шарики тиҷоратии ҷумҳурии мо ба шумор меравад ва поин рафтани арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ низ мисол оварда мешаванд.

Воқеан, дар айни замон кам давлат ё кишвареро дучор омадан мумкин аст, ки тайи солҳои охир бар асари буҳрони иқтисодию молиявӣ ба мушкилоти сиёсӣ, молӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дучор нашуда бошаду барномаҳои қаблан қабулнамудаи худро таҷдиди назар накарда бошад. Буҳрон таъсири худро қариб дар ҳама ҷо гузоштааст ва иқтисодиёти хурди ҷумҳурии мо низ истисно шуда наметавонад.

Дар баробари буҳрони молиявӣ кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишофи олам мувоҷеҳ ба мушкилоти зиёд гаштаанд ва талош барои раҳоӣ ва берун шудан аз онро доранд. Барои мисол, Воситаҳои ахбори оммаи Русия аз он хабар доданд, ки индексатсияи дуюми нафақа дар соли 2016 имкон дорад пеш аз маъракаи интихобот ба пардохти якдафъаина иваз карда шавад. Тасмим аз рӯи ин масъала бояд аз ҷониби президент Владимир Путин ё сарвазир Дмитрий Медведев гирифта шавад.

Нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, ки дар даҳаи якуми августи соли равон Д. Медведев ба вазорати меҳнат супориш дод, ки ҷиҳати пайдо кардани захира барои аз 1 сентябр ба андозаи 8,56 фоиз индексатсия кардани нафақа чораҳо андешад. Барои ин 137 млрд. рубл хароҷоти иловагии буҷет зарур аст. Ба андешаи яке аз мусоҳибони рӯзнома, пардохти якдафъаина назар ба индексатсияи нафақа барои буҷети давлат камхарҷтар буда, он ҳамчун чораи созишӣ баррасӣ мешавад.

Амалӣ гаштани чунин чора дар сурати қабули қарори сиёсӣ имконпазир аст, қайд намудааст манбаъ аз ҳукумат. «Пайдо намудани сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ аз ҷониби вазорати молия бояд амалӣ карда шавад, аммо дар он ҷо дар ҳалли ин масъала саросема нестанд, - изҳор менамоянд, ки пул нест», - иброз дошт ӯ.

Ҳамзамон сарчашмаи дигар таъкид менамояд, ки маҳз баландшавии ҳаҷми нафақа баррасӣ шуда истодааст. Вале сухан танҳо дар бораи тирамоҳи имсола меравад, барои он ки дар буҷети соли 2017 барои ин мақсад пул пешбинӣ нашудааст, зеро ҳангоми индексатсияи сатҳи таваррум дар моҳи феврали соли 2017 маблағҳои калон зарур мешаванд.

Дар баробари ин, Вазорати молияи Русия огоҳ менамояд, ки давлат воқеан ҳам пул надорад. Бе гузаронидани дигаргунсозиҳои сохторӣ вай наметавонад маоши кормандони буҷетиро пардохт намояд – захираҳо кам шуда истодаанд, уҳдадориҳои иҷтимоӣ бошанд, ниҳоят бузург мебошанд. Аммо ислоҳот ногузир ба зиёд шудани сарбории молиявӣ ба мардум оварда мерасонад, аз ин рӯ оид ба тақдири нафақаҳои оянда онҳо бояд худашон фикр кунанд.

Бидуни маош, вале бо мушкилот

«Агар ягон тағйирот дар амал татбиқ нагардад, дар охири соли оянда на захираҳо боқӣ мемонанду на имконияти пардохти маош ва мо бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳем шуд», – огоҳ намуд муовини вазири молияи Русия Татяна Нестеренко. Дар идомаи сухани худ номбурда гуфт: «Иқтисодиёти мо дар чунин миқёсе, ки айни замон арзи ҳастӣ дорад ва бо он уҳдадориҳое, ки мо ҷамъ кардаему вазифадорем иҷро намоем, ҷавобгӯ нест».

Татяна Нестеренко таъкид намуд, ки муътадилии феълӣ дар кишвар танҳо аз ҳисоби захираҳо таъмин карда мешавад. Ҳамин ки онҳо тамом шуданд (интизорӣ меравад, ки ин ба охири соли 2017 рост меояд), ҳукумат наметавонад пардохти маошро таъмин намояд. Муовини вазири рушди иқтисодӣ Олег Фомичев дар навбати худ иттилоъ дод, ки дар буҷет алъон барои гузаронидани индексатсияи навбатии нафақа пул нест.

Ҳанӯз моҳи августи соли равон таҳлилгарони Мактаби олии иқтисодиёт (МОИ) пешгӯӣ карда буданд, ки бинобар коҳиши нархи нефт буҷет аз ворид шудани 1,8 триллион рубл маҳрум мешавад. Агар кор ба ҳамин тарз ҷараён гирад, худи ҳамин сол Фонди захиравӣ тамом мешавад. Дар ин сурат барои пӯшонидани касри буҷет зарурияти истифодаи Фонди некӯаҳволии миллӣ (ФНМ) ба миён меояд, мегӯянд коршиносон.

Онҳо бар ин назаранд, ки модели иқтисодие, ки дар Русия истифода мешавад, кайҳо кӯҳна шудааст. Ин модел имкон намедиҳад, ки иқтисодиёт бо суръати баланд ва бо сифат рушд намояд. Тағйир додани он то ҳанӯз муяссар нагаштааст. Дар тӯли даҳ сол кишвар аз рӯи одат ва бо шарофати нархҳои баланди ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ пеш мерафт.

Дар радифи мақоли маълуми халқӣ «касе, ки ҷамъ намекунад, вай пош медиҳад», метавон ҳамчунин гуфт, «иқтисодиёте, ки тараққӣ намекунад, яқин мепӯсад», - ишора менамоянд коршиносони МОИ.

Ҳол он ки дар оғози соли равон вазири молия Антон Силуанов гуфта буд, ки агар чораҳои зарурӣ барои мувофиқ кардани буҷет андешида нашаванд, Фонди захиравӣ ва як қисмати маблағҳои ФНМ дар соли 2016 харҷ карда мешаванд.

Аз суханони Нестеренко бармеояд, ки барои наҷот бахшидани захираҳои молиявии давлат андешидани чораҳои таъҷилӣ зарур аст. Роҳи баромад ё раҳоӣ аз вазъияти ба амал омада тибқи нишондоди Вазорати молия «бо ҳама роҳу восита» зиёд намудани синну соли коршоямии аҳолӣ ба шумор меравад, вале барои ин зарур аст, ки сиёсати нафақа дигар карда шавад. Ба назар чунин мерасад, ки дар ин вазорат аз вазъи номусоиди демографӣ ба таври ҷиддӣ нигарон мебошанд, зеро шумораи коркунандагон кам шуда, теъдоди аҳолии дар таъминоти давлат қарордошта ҳамоно зиёд мегардад.

Бе зиёд кардани қарзи давлатӣ ва идома додани хусусигардонӣ дигар имкониятҳои бештаре барои ҳалли проблема вуҷуд надорад. Магар ки бо роҳи зиёд кардани андоз, баланд кардани синну соли нафақа ва ба таври қатъӣ тағйир додани моддаҳои хароҷотии буҷет. «Вале ба ин роҳ кам касоне дар ин вазъият розӣ мешаванд», - мегӯяд директори таҳлилии ширкати инвеститсионии «Golden Hills-КапиталЪ АМ» Михаил Крилов.

Фондҳои мустақили Русияро чӣ интизор аст?

Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, ба ҳолати 1 июли соли равон ҳаҷми Фонди захиравӣ ба 2,46 триллион рубл баробар буд. Ҳамзамон дар Фонди некӯаҳволии миллӣ, ки фонди насли оянда ё болишти амниятии нафақа ба шумор меравад, 4,48 триллион рубл нигоҳ дошта мешуд. Ҳардуи ин фондҳо як қисми захираҳои тиллою асъори давлатро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ ҳаҷми онҳо ба таърихи 22 июли соли ҷорӣ ба зиёда аз 26 триллион рубл баробар буд.

Дарвоқеъ, бо истифодаи шаклу усулҳои дурушт, яъне амали содаи зиёд кардани андоз ё баланд бардоштани синну соли нафақа, имрӯз буҷетро пур карда намешавад. Мақомот якчанд маротиба бо ҳар роҳу воситаҳо фаҳмонида буд, ки чунин қарорҳои ҷиддӣ метавонанд танҳо баъди соли 2018 қабул карда шаванд. Вале, дар баробари ин, давлат аз каме зиёд намудани сарбории молиявии аҳолӣ даст намекашад. Намунаи барҷастаи он низоми нави нафақа ба шумор меравад, ки вазифадор аст дар навбати аввал маблағҳои ҳукуматро сарфа намояд.

Номаълумакак мефушуранд

Тавре болотар қайд карда шуд, дар шароити фушурдашавии иқтисодиёт давлат танҳо як роҳи баромад дорад ва ин ҳам бошад, зиёд кардани вазнинии фискалӣ ба шумор меравад. Вале Президенти Русия дар паёми худ ба Маҷлиси федералӣ ваъдаи баланд накардани шартҳои андозро дода буд. Вазири молия Антон Силуанов низ мардумро бовар кунонида буд, ки ҳукумат сатҳи андозбандиро нигоҳ хоҳад дошт.

Вале, бо вуҷуди ин давлатро зарур аст, ки аз ягон ҷой пул пайдо намояд. Манбаи муҳими пур кардани хазинаи давлат солҳои охир андӯхти нафақавии шаҳрвандон ба шумор меравад. Бино ба ақидаи раиси Шӯрои Ассотсиатсияи фондҳои ғайридавлатии нафақа, собиқ муовини вазири рушди иқтисодӣ Сергей Беляков, бо иллати мунтазам боздошта мондани маблағҳои нафақа иқтисодиёт 1,5 триллион рублро аз даст дод (вале онро буҷет гирифт). Коршинос ҳамчунин қайд намуд, ки нафақаи ояндаи аҳолӣ ба андозаи 10,5 фоиз кам мешавад.

Мақсади асосии якчанд маротиба хобонда мондани андӯхтҳои нафақа маҳз сарфаю сариштаи маблағҳои давлатӣ буд. Дар назар дошта мешуд, ки маблағҳои гирифташуда ба Фонди нафақаи Русия (ФНР) ирсол мегарданд ва ба ин васила буҷет як қисми маблағҳоро ҳамчун трансфертҳои доимӣ дар ФНР нигоҳ медорад. Пулҳои сарфашударо метавон барои дигар мақсадҳо харҷ намуд, аз ҷумла барои пардохти маоши кормандони соҳаи буҷетӣ.

Ва инак, маълум гардид, ки бо як хобонда мондани андӯхтҳо тамоми проблемаҳо ҳал намешаванд, маҳз барои ҳамин Вазорати молия ва Бонки марказӣ формати нави низоми нафақаро пешниҳод намуданд.

Ба ибораи дигар гӯем, 22 фоиз аз маоши аҳолӣ ба фоидаи ФНР равона карда мешавад. Пештар 6 фоизи он ба таври ҳатмӣ ба низоми андӯхт (яъне ба нафақаи шахсии шаҳрванд) равона мегардид, вале солҳои охир он дар амал вуҷуд надорад. Бино бар ин, пешниҳод мешавад, ки он ба таври ихтиёрӣ дигар карда шуда, ба ғайр аз 22 фоиз, ки он бе ин ҳам ба деги умумии нафақа ворид мешавад, аз шаҳрвандон барои ташаккули ба истилоҳ сармояи нафақавӣ ба таври мустақилона барои даврони пиронсолӣ ҷамъоварӣ гардида, боз якчанд фоиз гирифта шавад (то 6 фоиз аз рӯи нақшаи пешакии Вазорати молия ва Бонки марказӣ). Масъулин ваъда медиҳанд, ки ин маблағҳо аз ҳама гуна хавфҳо эмин нигоҳ дошта мешаванд. «Ин маблағҳо гум намешаванд», - махсус таъкид карда буд Силуанов.

Ба низоми нав ҳама, ҳар касе ки андӯхти нафақавӣ ташаккул додааст, ба таври автоматӣ дохил мешавад. Он дар маҷмӯъ зиёда аз 30 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, ки низоми нав солҳои 2017-2018 дар амал татбиқ гардад. Эҳтимол меравад, ки он барои муттаҳид ва мустаҳкам шудани буҷет заминаи воқеӣ муҳайё месозад. Дар якҷоягӣ бо зиёдшавии эҳтимолии синну соли нафақа ислоҳоти бахши андӯхт имконият медиҳад, ки як қисми хароҷоти хазина кам шавад ва маблағҳо барои пардохти маоши кормандони буҷетӣ ва нафақаҳои давлатӣ нигоҳ дошта шаванд.

Боз мошини чопро ба кор медароранд?

Таҳлилгари гурӯҳи ширкати «Финам» Богдан Зварич бар ин назар аст, ки агар вазъи иқтисодӣ ба муҳлати дуру дароз душвор боқӣ бимонад, дар ҳақиқат имконияти он вуҷуд дорад, ки тамоми захираҳо харҷ шаванд ва давлат барои пардохти маоши кормандони соҳаи буҷет ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ маблағи зарурӣ пайдо карда натавонад.

Вай боз якчанд усулҳои пур кардани хазинаи давлатро пешниҳод мекунад:

Якум – секвестри оддии буҷет (Вазорати молия аз зарурияти кам кардани хароҷот ба андозаи 500 млрд. рубл сухан меронад, дар МОИ бар ин боваранд, ки ин кам аст).

Дуюм – афзун кардани қарзи давлатӣ. «Сатҳи пасти онро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки Русия имкониятҳои хуби гирифтани қарзро дорад. Ба ҳар ҳол, дар марҳилаи аввал даромаднокии коғазҳои қиматнок қобили қабул хоҳад буд. Ҳарду усулро метавон якҷоя истифода бурд ва ин имконият хоҳад дод, то ки қарз бо суръати начандон баланд зиёд шавад ва хароҷоти буҷет дар сатҳи маъқул нигоҳ дошта шавад», - мегӯяд таҳлилгар.

Сеюм ва аз ҳама усули душвор – ба кор даровардани мошини чопи пул, эмиссияи пул ба фоидаи онҳое, ки аз буҷет пул мегиранд. Ин ба зудӣ баланд шудани нархҳо ва ба миён омадани андози таваррумӣ оварда мерасонад. Аҳолӣ барои хариди мол ва хизматрасонӣ маблағҳои калон пардохт хоҳанд кард ва аз ин ҳисоб буҷет ғанӣ хоҳад гашт.

Тавре мебинем, Вазорати молия дар шаш моҳи охир некбинтар нашуд ва ҳатто ба изҳороти некбинонаи баъзе ташкилоту идораҳо нигоҳ накарда, ҳамоно мегӯяд, ки пул нест. Вазири рушди иқтисодӣ Алексей Улюкаев, барои мисол, бовар мекунонад, ки иқтисодиёти Русия вақтҳои наздик ба сатҳи мусбат ворид мешавад. Вазири меҳнат Максим Топилин изҳор намуд, ки буҳрони пардохти музди маош сипарӣ шуд. Дар ҳоле ки вазоратҳои гуногун фикрҳои мухталифро ифода менамоянд, сарвари ҳукумат Дмитрий Медведев ваъда дод, ки давлат тамоми уҳдадориҳои иҷтимоии худро иҷро мекунад.

Вале то ҳанӯз ҳукумат ягон нақшаи мушаххаси амали самараноки зиёд намудани даромад ва кам кардани хароҷотро пешниҳод накардааст. Дар айни замон бошад, ҳама мавқеи худро ё дар шакли рӯҳафтодагии ниҳоӣ (Вазорати молия) ё некбинонаи номаълуму аҷиб (Вазорати меҳнат) баён менамоянд. Муборизаи афкори мухталиф идома дорад. Ҳол он ки арзиши манбаи асосии даромади хазинаи давлат – нефти навъи Urals дар бозори ҷаҳонӣ пасту баланд мешавад ва эътимод ба он намондааст. Дар буҷети давлатӣ бошад, нархи ҳар баррели он 50 доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷониби дигар, яқин аён аст, ки мақомот барои ба таври қатъӣ кашидани таноби фишангҳои иқтисодӣ омода нестанд. Ба кор даровардани дастгоҳи чопи пул, танзими нарх аз ҳама чораҳои охирин ва бесамар ба ҳисоб мераванд. Ба ғайр аз ин, барои истифодаи онҳо дар Русия шароити зарурӣ ба миён наомадааст.

Сариқтисодчии гурӯҳи молиявии «Брокеркредитсервис» Владимир Тихомиров ба ин бовар аст, ки давлат ба эмиссияи пул ва ҷорӣ намудани назорат аз болои нархҳо ҷуръат нахоҳад кард.

«Ягон иқтисодчии ҷиддӣ ва намояндагони мақомот ин иқдомро дастгирӣ намекунанд. Ва фикр намекунам, ки ин ба воқеият табдил ёбад, зеро хотираҳо оид ба модели иқтисодии шӯравӣ ҳанӯз тозаанд ва зудуда нашудаанд, махсусан солҳои охири мавҷудияти он», – иброз намуд ӯ зимни суҳбат бо «Лента.ру».

Дар баробари ин, Владимир Тихомиров бо он ҳамфикр аст, ки аз лиҳози рушди иқтисодӣ даҳсолаи охир барои Русия вақти бесамар сарфшуда ҳисобида мешавад. Номбурда ба он даъват менамояд, ки вазъро дар иқтисодиёти глобалӣ, ки то ҳанӯз дар буҳрон қарор дорад, ба назар гиранд, зеро агар иқтисодиёти Русия то соли 2018 ба сатҳи то давраи буҳронӣ барояд, ин натиҷаи бад нахоҳад буд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2