Зеҳн

Ҷамшед Нурмаҳмадзода: Ҳар як корманди низоми бонкӣ бояд ба қадри истиқлолият расад

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Ҷамшед Нурмаҳмадзода: Ҳар як корманди низоми бонкӣ бояд ба қадри истиқлолият расад

Бахшида ба фарорасии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи ин рӯзи таърихӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар назди ҳозирин бо паёми табрикӣ суханронӣ намуда, кулли кормандони БМТ ва низоми бонкиро бо ҷашни истиқлолият табрик кард.

Ӯ дар ҷараёни суханронии табрикотии худ ба муносибати ин ҷашни бошукӯҳи миллӣ иброз дошт, ки истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои миллат ба ҳисоб меравад. Маҳз шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Давлати миллӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони милали муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ ҳастем.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳангоми суханронии худ аз дастовардҳои низоми бонкии мамлакат дар давоми солҳои истиқлолият, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки: «Ҳар як шаҳрванди кишвар бо дарки эҳсоси ватандорӣ ва худшиносӣ бояд аз рӯзи истиқлолияти давлатӣ ифтихор намуда, барои нигаҳдории сулҳу ваҳдат ва рушди кишвари азизамон саҳмдор бошад».

Зикр гардид, ки ҳоло низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли истиқлолият дар қатори дигар низомҳои пешбарандаи ҷамъиятӣ қарор гирифта, 112 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк, 38 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 22 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурдро фаро мегирад.

Бояд гуфт, ки 9-уми сентябр дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи муқаддас ва хотирмон абадан сабт шудааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон новобаста аз мушкилоти зиёди сиёсиву иҷтимоии оғози солҳои соҳибихтиёрӣ, имкон пайдо карданд, ки давлати миллии худро бунёд намоянд.

Дар ҷаласаи тантанавӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон чун ҳамасола дар арафаи ҷашни истиқлолият аз кормандони фаъоли худ қадрдонӣ кард. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва фармони Раиси бонк Ҷамшед Нурмаҳмадзода бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор кормандони фаъоли Бонки миллӣ бо нишони сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар фазои идона бо нишони сарисинагии «Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон» сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Султонов М.Б., сардори шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ Сафарова Р.С. ва сардори шуъбаи назорати бонкии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа Усмонов М.Ш. барои собиқаи бардавоми корӣ ва саҳми арзанда дар рушду нумӯи низоми бонкӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласаи тантанавӣ хизматчиёни дигари Бонки миллӣ Лафизов Н., Раҷабов Ҳ., Мирзоев У., Рамихудоева З., Ёқубов М. ва Салимова Т. барои фаъолияти пурсамар дар низоми бонкӣ бо Ифтихорномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ тамоми иштирокдорони ҷаласаро ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар табрик гуфта, таъкид намуд, ки маҳз истиқлолият имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад ва кишвари мо дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Аз ҷумла, сохтмони роҳҳои оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа ва Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хум – Қулма, бунёди нақбҳои мошингарди «Истиқлол»-у «Шаҳристон», бунёди нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», оғози сохтмони НОБ-и «Роғун» ва бунёди чандин корхонаҳои саноативу муассисаҳои маданӣ-маишӣ аз ҷумлаи дастовардҳои замони истиқлолият ба шумор мераванд.

Бо қаноатмандӣ ҳоло метавон гуфт, ки дар солҳои истиқлолият муносибатҳои нави иқтисодӣ, аз ҷумла, низоми бонкӣ ташаккул ёфта, татбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон мусоидат намудааст, ки ҳамаи ин аз баракати истиқлолият мебошад.

Бинобар ин, ба таъкиди роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон бояд ҳар як корманди низоми бонкӣ ба қадри истиқлолият — ин неъмати бебаҳо расида, талош кунад, то ки дар оянда низ бо меҳнати софдилонаву содиқона дар рушду равнақи кишвари азизамон саҳмгузор бошад.

Хабарнигори БТҶ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2