Зеҳн

Португалия ва Роналду — чемпиони Аврупо

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Мусобиқаи имсолаи футбол барои Ҷоми Аврупо пешгӯинашаванда ва ғайричашмдошт буд ва футбол ҳам маҳз бо ҳамин вижагиаш зебою дилрабост. Ҳамин аст, ки сол аз солу моҳ аз моҳу рӯз аз рӯз таваҷҷуҳи оламиён ба футбол бештар мегардаду сафи дӯстдорон ва маҳбубияти онҳо ба ин намуди варзиш зиёдтар.

Инак, мусобиқаи Аврупо оид ба футбол анҷом ёфта, бо ин рӯйдоди муҳим хотирмон буд, ки бори нахуст дар таърих дастаи мунтахаби Португалия ба ғалабаи бузург ноил гардид. Фаронсавиҳо ва бисёриҳо итминони комил доштанд, ки ин дафъа ҳам Фаронса чемпион мешавад. Зеро тибқи анъана, ҳар 14-18 сол, ки фаронсавиҳо мизбони мусобиқоти Аврупо ё ҷаҳон мешаванд, бояд ҳатман чемпион шаванд, чуноне ки дар соли 1984 ва сипас дар соли 1998 ҳамин тавр буд. Фаронсавиҳо аз соли 1960 инҷониб дар марҳалаҳои ниҳоии чемпионатҳо дар майдони худ ҳамеша ғолиб омадаанд. Охирин маротиба онҳо 56 сол қабл дар Чемпионати Аврупо — 1960 дар марҳалаи нимниҳоӣ аз дастаи Чехословакия мағлуб шуда буданд. Аз ин пас онҳо дар майдони худ бозиро ба касе набохтаанд.

Мусобиқаи соли 2016 низ ба ҳамин минвол ҷараён гирифта, дастаи мунтахаби Фаронса ҳамаи марҳалаҳоро сарбаландона паси сар намуд ва чунин ба назар мерасид, ки ғалабаи фаронсавиҳо ногузир аст. Вале дар охирин марҳала дастаи мунтахаби Португалия садди роҳи онҳо гашта, муқовимати сарсахтона нишон дод ва нагузошт, ки афсонаи некфарҷом ё хушанҷом (ҳэппи энд)-и фаронсавиҳо амалӣ гардад.

Ҳанӯз аз давраҳои аввали ин мусобиқаи пуршукӯҳ, ки ҳамаи ҳаводорони футбол бодиққат ҳар як бозиро пайгирӣ мекарданд, коршиносону мухлисони ашаддӣ дар рӯйхати пешакии худ барои чемпионӣ дастаҳои Олмон, Фаронса, Италия, Англия, Испанияро дохил мекарданд, вале касе гумон намекард, ки дастаҳои Португалия, Полша, Уэлс, Белгия, Исландия ба бозиҳои 1/4 ниҳоӣ роҳ меёбанд. Аз ҷумла, ман ҳам ба ин бовар будам, ки дастаи дӯстдоштаам — Олмон чемпион мешавад, ҳарчанд ҳусни таваҷҷуҳам ба дастаи Хорватия низ зиёд буд ва бисёр мехостам, ки ин дастаи заҳматкашу шоиста ҳам як бор ба мақоми чемпионӣ ноил гардад. Аммо футбол футбол аст ва ҳадсу тахминҳову хостаҳову гуфтаҳо на ҳама вақт ба воқеият рост меоянд.

Дастаи мунтахаби Португалия дар даври аввал бозиро бо дастаи Исландия 1:1, бо Австрия 0:0, бо Венгрия 3:3 карда, бо азоб ба даври навбатӣ роҳхат гирифт ва мухлисонашро навмеду рӯҳафтода намуд. Дар даври 1/8 ниҳоӣ дастаи Португалия бо дастаи Хорватия бозӣ карда, вақти асосӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт, аммо дар вақти иловагӣ ба дастаи Португалия муяссар гардид, ки ҳисобро кушода, ғолибият ба даст орад ва ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳхат бигирад. Дар даври 1/4 ниҳоӣ вақти асосӣ ва иловагии бозии Португалия бо Полша бо ҳисоби 1:1 ба итмом расид. Вале дар қисмати зарбаҳои ёздаҳметрӣ ситораи толеи дастаи Португалия дурахшиду бо ҳисоби 5:3 дастболо шуд ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр футболбозони дастаи Португалия бо дастаи хеле муваффақи ин чемпионат — дастаи Уэлс вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб гардиданд ва ниҳоят ба даври ниҳоӣ (финал) роҳхат гирифтанд, ки ин ҷо онҳоро мизбони чемпионат, дастаи хеле нерӯманд — дастаи Фаронса интизор буд.

Даври ниҳоии чемпионати Аврупо таърихи 10 июли соли 2016 дар майдони «Стад де Франс»-и шаҳраки Сен-Дени, на дуртар аз шаҳри Париж баргузор гашт. Аз дақиқаҳои аввал дастаи Фаронса бозии суръатнокро тарҷеҳ дода, бо ҳамлаҳои тезутунд бозиро шурӯъ намуд ва якчанд имкониятҳо низ пайдо кард. Дар дақиқаи 8-уми бозӣ капитан ва нишонзани беҳтарини дастаи мунтахаби Португалия, футболбози маҳбуби ҳазорҳо мухлисон — Криштиану Роналду ҳангоми бархӯрд бо ҳамлагари фаронсавӣ Димитри Пайет ҷароҳати ҷиддӣ бардошт. Сарфи назар аз ин, Роналду кӯшиш ба харҷ дод, ки бозиро идома диҳад, зеро намехост ин имконияти нодири ба чемпионӣ муваффақ намудани дастаи миллии худро аз даст диҳад. Вале ҳангоми давидан ба ҷониби дарвозаи дастаи Фаронса дарди тоқатфарсо дигар имкон надод, ки ӯ бозиро идома диҳад. Мухлисону ҳаводорони футбол хуб медонанд, ки Роналду мисли як наврас дили нозуку ҳассос дорад ва ноомаду нокомиро хеле сахт қабул мекунад. Дар ин лаҳзаҳо низ дарду алам дар ниҳоди ӯ боло гирифт ва Криштиану ба замин нишаста, ашк мерехт. Ин ашки ҳасрат буд, ин ашки надомат буд. Ашки Роналду аз он буд, ки бо ҳама он нерӯмандӣ ва бо ҳама тавоноии худ қудрати кумак кардан ба дастаи худро надорад.

Ҳамин тариқ, дар дақиқаи 25-ум Криштиану Роналдуро Рикардо Куарежма иваз намуд. Ҷароҳат гирифтани Роналду мухлисони португалиро ноумеду рӯҳафтода намуд ва онҳо бо изтиробу нигаронӣ бозиро тамошо мекарданд. Вале футболбози дигари пурмаҳорат Пепе нақл мекунад, ки баъди ҷароҳат бардоштани Роналду «мо бо ҳамдастаҳоямон қавл додем, ки ба хотири Роналду бо қуввату нерӯи дучанд бозӣ мекунем».

Дар қисми дуюми бозӣ мураббии дастаи Португалия Фернанду Сантуш ду футболбози дигарро иваз намуда, ба майдон Жуан Моутиню ва Эдер ворид шуданд. Дар ин қисми бозӣ низ ҳисоб кушода нашуд ва сипас вақти иловагӣ дода шуд. Ниҳоят, дар вақти иловагӣ шеваи бозии дастаи Португалия тағйир ёфта, ҳамлаҳои он зиёдтар мешуданд. Роналду бо пойи маҷрӯҳ дар як ҷой нишаста натавониста, бесаброна, бидуни ихтиёр дар назди хатти майдон ин сӯю он сӯ ҳаракат мекард ва бо овози баланд ба ҳамдастаҳояш дастуру маслиҳатҳо медод. Дар ин лаҳзаҳо ӯ гӯё нақши мураббиро бозӣ мекард ва Роналдуи иззатманду соҳибэҳтиромро на доварону на мураббиён ва на нозирон чизе намегуфтанду эрод намегирифтанд, ки ин аз нуфузу эътибори хеле баланди ӯ шаҳодат медод.

Оқибат кӯшишу заҳматҳо ва дастуру нишондодҳои Роналду ва Фернанду Сантуш самар доданду дар дақиқаи 109-ум Эдер бо як зарбаи хеле зебо тӯбро ба кунҷи рости дарвозаи Уго Лорис ворид сохт ва ҳисоби бозиро тағйир дод. Мураббии дастаи Фаронса Диде Дешам дар 10 дақиқаи охир ҳамлагар Антони Марсялро ба майдон ворид намуда, хост рафти бозиро ба нафъи дастаи худ тағйир диҳад, аммо ин кӯшишҳо натиҷа надоданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Вақте ки ҳуштоки довари майдон аз анҷоми бозӣ огаҳӣ медод, тамоми мураббиёну футболбозони эҳтиётиву кормандони хизматрасони дастаи Португалия бо шӯру шавқи зиёд ва садоҳои пурнишоту фараҳафзо ба дохили майдон давида, аз фарти масаррату хурсандӣ ҳамдигарро ба оғӯш мегирифтанду шодбош мегуфтанд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳангез Криштиану Роналду эҳсосоти худро идора карда натавониста, боз ҳам ашк мерехт. Вале ин ашки шодӣ буд, ашки масаррат буд, ашки саодат буд. Охир, ниҳоят орзуи деринтизори ӯ ҷомаи амал пӯшид. Португалия бори нахуст дар таърих чемпиони Аврупо шуд. Роналдуе, ки дар ҳайати дастаҳои футбол ба ҳамаи дастовардҳо сарфароз гашта буд, орзуи онро дошт, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Меҳани азизаш чемпион шавад. Оқибат чемпион шуд, магар ин дастоварди бузург нест? Аҳсант, Роналду ва ҳумоюн бод ин зафари беназир!

Бархе бар он андешаанд, ки дастаи Португалия шоистаи чемпионӣ нест, зеро аксари бозиҳоро мусовӣ кардааст. Ҳатто дар марҳалаи аввал соҳиби се хол шуда буду танҳо бо шарофати қоидаҳои нав аз ҷойи сеюм ба даври навбатӣ роҳхат гирифт. Мусаллам аст, ки фаронсавиҳо ҳам на камтар аз португалиҳо сазовори ғалаба буданд. Диде Дешам дастаи хеле хубу тавоноро ташкил дода, футболбозони беҳтарини даста — Антуан Гризманн, Оливе Жиру ва Димитри Пайе тасбит намуданд, ки бозигарони беҳтарин ва дараҷаи олӣ мебошанд.

Аммо, вале, лекин бо ман розӣ шавед, дӯстон, ки дастаи Португалия тӯли солҳои зиёд барои ба даст овардани унвони чемпионӣ заҳмати зиёд кашида, лоиқтару шоистатар буд. Ин қабл аз ҳама самараи рӯҳияи шикастнопазири меъмори нахустин нусрати бузурги португалиҳо — Фернанду Сантуш мебошад, ки гуфтааст: «Ман ба аҳли хонаводаам ваъда додам, ки 11 июл, баъди финал бармегардам ва ба ваъдаам вафо кардам. Ман ба аҳли даста гуфтам, ки мо бояд дар финал дар Сен-Дени бошем, ин хеле душвор аст, вале мо метавонем! Онҳо даъвати маро пазируфтанд, ба ин бовар карданд ва мо ғалаба кардем».

Албатта, бидуни истодагариву матонати Пепе, Нани, Эдер ва футболбози умедбахш Ренату Санчеш, ки ҳамагӣ 18 сол дораду футболбози ҷавонтарини бозиҳои ниҳоии Аврупо гардид, ва инчунин футболбозони дигари даста, аз ҷумла Руй Патрисиу, Седрик, Жозе Фонте, Рафаэл Геррейро, Вилям Карвалю, Адриен Силва, Жоау Мариу, Рикарду Куарежма, Жоау Моутиню ва ғайраҳо ғалабаи португалиҳо имконнопазир буд. Месазад, ки ин ғалабаи таърихиро ба қаҳрамонони португалӣ самимона табрик бигӯем. Офарин, чемпионҳо!

Бо ин ҳама диловарию фидокории аҳли даста, бе ягон шакку райб, саҳми ситораи тобони футболи ҷаҳонӣ — Криштиану Роналду дар ин музаффарияти Португалия хеле бузург аст. Ҳарчанд ки ӯ дар финал бозӣ карда натавонист, аммо роҳи пурмашаққат ба сӯйи финалро бидуни Криштиану Роналду тасаввур кардан имкон надорад. Оқибат меҳнату заҳматҳои пайвастаи ӯ самараи нек доданд ва бархилофи ситораи дигари ҷаҳонӣ, футболбози дӯстдоштаи мухлисони сершумор — Лионел Месси, ки дар финали бозиҳои Ҷоми Амрико-2016 дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина бозиро бохту ба нокомӣ дучор гардид, ин дафъа бахт ба рӯйи Роналду хандид ва ӯ чемпиони Аврупо шуд.

Зимнан, перомуни Роналду ва Месси баҳсҳои тӯлониву беохири мухлисон пайваста идома доранд. Ҳар гоҳ ки номи Роналдуро ба забон меоранд, ҳатман номи Месси низ ба хотир оварда мешавад ё баръакс ва баъд сар мешаванд муқоисаву мубоҳисаҳои бепоёни мухлисони ашаддӣ дар хусуси он ки кӣ беҳтару кӣ зӯртар. Ин баҳсҳо дар суҳбатҳову нишастҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ чандин рӯз давом мекунанду ҳатто маншаи дашному таҳқири тарафҳо мешаванд ва ҳар яке кӯшиш мекунад бартарии футболбози маҳбуби худро собит намояд.

Вале воқеият ин аст, ки ин ду футболбози маъруфу машҳур ҳақиқатан ҳам ситораҳои муҷаллои футболанд, шахсиятҳои беназиру нотакроранд ва варзишгарони дараҷаи олии сатҳи ҷаҳонианд, ки барои дастаҳои худ ва барои миллати худ хидмати хеле бузург кардаанд. Аз ин хотир месазад, ки ба ин ду футболбози беҳтарини ҷаҳон арҷ гузорему эҳтироми фаровон қоил бошем ва аз онҳо омӯзему ба онҳо пайравӣ намоем.

Қобили қайд аст, ки Криштиану Роналду дар баробари футболбози нотакрор буданаш, инчунин инсони хайрхоҳу хайрандеш ва сахию ҳимматбаланд аст. Баъди чемпионат дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ пахш шуд, ки футболбози беҳтарини дастаи мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ҷоизаи ғалабаи худро, ки 275000 евроро ташкил медод, ба суратҳисоби Хазинаи мубориза бо бемориҳои кӯдаконаи саратон интиқол додааст. Роналду қаблан низ мукофотпулии ғалаба дар Лигаи чемпионҳо — 2015/16-ро низ ба Хазинаи табобати кӯдакон аз саратон эҳдо намуда буд. Соли 2014 волидайне, ки фарзанди 10-моҳаашон — Эрик Ортиз-Руис бемори вазнин буд, ба Роналду муроҷиат карда, аз ӯ хоҳиш намуданд, ки бутсиҳои худро ба онҳо туҳфа намояд, то онро дар музояда фурӯхта, пули ҷарроҳии писарашонро супоранд. Роналдуи раҳмдилу инсонпарвар фавран ҳам маблағи ҷарроҳӣ ва ҳам маблағи табобати он тифлро, ки тақрибан 78 ҳазор евроро ташкил медод, ба онҳо пардохт намуд.

Дар маҷмӯъ, Криштиану Роналду бештар аз 10 миллион евро хайр кардааст ва аз рӯйи ин нишондиҳанда дар байни варзишгарон мақоми якумро ишғол менамояд. Хайру саховатро Роналду шеваи зиндагии худ ихтиёр кардааст. Вай аксар вақт бо кӯдакони бемор мулоқот мекунад ва дар иқдомҳои хайриявӣ пайваста ширкат меварзад. Дар бораи амалҳои хайрхоҳонаю инсондӯстонаи Роналду дар рӯзномаю маҷаллаҳо маълумотҳои хеле зиёд нашр шудаанд ва ин ҷо зикри ҳар яки онҳоро зарур намешуморем.

Боре дар як матлабам навишта будам, ки дар рӯзгори кунунии мо футбол маъмултарину машҳуртарин навъи варзиш буда, имрӯз футбол болотар аз футбол аст, болотар аз бозист, имрӯз футбол ҷузъи иҷтимоъ, ҷузъи иқтисод, ҷузъи тиҷорат, ҷузъи сиёсат ва ниҳоят ҷузъи зиндагист.

Хушбахтона, солҳои охир бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дар тамоми гӯшаву канори кишвар чандин толору майдонҳои варзишӣ бунёд гардидаанд ва барои гузаронидани мусобиқаҳою омода кардани варзишгарони касбиву ҳирфаӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд аз сатҳи оила шурӯъ намуда, баҳри тарғибу ташвиқ ва рушду равнақи варзиш, бахусус футболи миллӣ ва оммавияту маҳбубияти бештар пайдо кардани он миёни кӯдакону наврасону ҷавонон ба қадри имконияту тавоноии хеш кӯшиш ба харҷ диҳад ва саҳми шоистаи худро гузорад.

Умеду орзуи ҳамешагии мо ин аст, ки як замоне Мессиҳову Роналдуҳои тоҷик парвариш ёбанду ба камол расанд ва боиси иртиқои сатҳи футболи тоҷику ифтихори Тоҷикистони азиз гарданд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2