Зеҳн

Оё доллари ИМА чун асъори захиравӣ боқӣ мемонад?

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Оё доллари ИМА чун асъори захиравӣ боқӣ мемонад?

Тайи чанд соли охир баҳсу мунозираҳо дар мавриди пулҳои асосии захиравӣ дар ҷаҳон, пешсафии пули миллии ин ё он давлати дунё баробари тараққиёти иқтисодиёти ин ё он кишвар, тағйирёбии мавқеи асъори хориҷӣ зимни рақобатҳо дар бозори асъор идома доранд. Борҳо дар нашрияҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сомонаҳои интернетӣ хонда будем, ки коршиносони соҳа аз даст додани мавқеи доллари ИМА-ро ҳамчун пули захиравӣ пешгӯӣ карда буданд ва ба ҷойи он асъорҳои дигарро ном мебурданд. Ва ҳатто дар ин байн мақолаҳои зиёде дар бораи тамоман аз муомилот бардошта шудани доллари ИМА нашр шуда буданд. Аммо тавре мебинем, вазъ алҳол ба таври куллӣ тағйир наёфтааст ва доллар чун пештара устувории худро нигоҳ медорад.

Алексей Кудрин, собиқ муовини сарвазир ва вазири молияи Русия, бар ин назар аст, ки барои 10-15 соли оянда доллар ҳамчун асъори калидӣ ё асосии захиравӣ боқӣ мемонад. Дар айни замон ҳиссаи асъори амрикоӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон 45-47 фоизро ташкил медиҳад ва ҳатто агар Хитой тақвияти худро идома диҳаду ҳиссаи юан қисмати зиёдро дар ҳисоббаробаркуниҳо ташкил намояд ҳам, доллари амрикоӣ пешсафии худро нигоҳ хоҳад дошт.

Собиқ вазири молия ва алъон муовини раиси Шӯрои иқтисодии назди президенти Русия Алексей Кудрин аз пешгӯӣ барои ояндаи дур худдорӣ намуд, вале ҳамзамон қайд кард, ки агар ИМА барои ҳамчун пули захиравӣ боқӣ мондани асъорашон ҳавасманд бошанд, онҳоро зарур аст, ки касри буҷети худро коҳиш диҳанд. «Хусусан дар ҳоле, ки ин айни замон амалӣ шуда истодааст», — иброз дошт ӯ дар ҷараёни суханронии худ дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Петербург. Ба ғайр аз ин, дар ояндаи дур мавқеи доллар метавонад аз ҷониби блокчейн танг карда шавад, илова намуд А. Кудрин.

Вале бояд дар назар дошт, ки ин кори оянда аст. Дар айни замон бошад, ҳиссаи долларҳо дар ҳисоббаробаркуниҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон тақрибан 60 фоизро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла дар Русия, доллар яке аз асъорҳои ҳисоббаробаркунӣ боқӣ мемонад ва ҳатто дар амалиётҳои дохили кишвар. Ва ин дар ҳолест, ки саҳми ИМА дар савдои ҷаҳонӣ дар даҳсолаҳои охир кам шудааст. Ҳатто ба андозаи аз 50% то 30%, аниқ намуд муовини якуми раиси Бонки марказии Русия Ксения Юдаева.

Ба суол дар бораи дурнамои асъори захиравӣ шудани рубл Алексей Кудрин ҷавоб дод, ки чунин имконият дар сурате ба даст хоҳад омад, агар Русия вобастагии худро аз нефт паси сар намояд. «Асъори захиравӣ наметавонад то ин андоза ба мисли рубл зуд-зуд тағйирёбанда бошад», — шарҳ дод ӯ. Рубл бошад, дар ҷараёни бӯҳрони охир ба андозаи ду маротиба арзиши худро аз даст дод.

«Ин шармандагист барои мақомоти иқтисодӣ», — чунин унвон дод Алексей Кудрин ин беқурбшавии пули миллиро. Вале худи ҳамон лаҳза худро ислоҳ карда гуфт, ки таҳти мафҳуми мақомоти иқтисодӣ вай Бонки марказиро дар назар надорад. Вай тамоми корро баъди дар моҳи ноябри соли 2014 раҳо кардани рубл ба шинокунии озод дуруст анҷом дод. Собиқ вазири молия бар ин бовар аст, ки қурб бояд шинокунанда бошад. «Дар воқеият асъори мо, — мегӯяд ӯ, — сохтори иқтисодиёти Русияро инъикос менамояд ва акнун вазифаи асосии мақомот ин зиёд кардани мустақилияти иқтисодиёт аз нефт ба шумор меравад».

Алексей Кудрин: «Дигаргуниҳо ҷомеаи моро сарфи назар карданд». Дар бораи он ки набояд ба вокуниши ҷомеа ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ дар рафти дигаргунсозиҳо, ки бе амалӣ кардани онҳо Русия наметавонад аз ин мушкилот раҳо ёбад, аҳамият дод, Алексей Кудрин дар Форуми иқтисодии Петербург-2016 муфассал суҳбат намуд.

Ба андешаи ӯ, Русия ба чунин ташкилотҳое ниёз дорад, ки ба дигаргуниҳо дар ҷомеа ва иқтисодиёт мусоидат намоянд. Яқин он аст, ки ҳама гуна ҷомеа дар назди дигаргуниҳо хатар эҳсос мекунад. Вале кореро анҷом дода, осуда нишастан нашояд. «Мо бояд ҳамеша дигар шуда, тағйир ёбем. Дар раванди дигаргуниҳо набояд аз даст додани обрӯй ва ё ҷангӣ шудан бо ягон гурӯҳи иҷтимоӣ тарс дошта бошем», — мегӯяд Алексей Кудрин.

Дар идомаи суханронии худ номбурда иброз дошт, ки моро зарур аст чунин технологияҳоеро кашф ва дар амал татбиқ намоем, то ҷойи даромад аз фурӯши нефтро иваз кунанд. Имрӯз тамоми олам ба озмоишгоҳи фанноварӣ табдил ёфтааст ва дар ин масъала кӯшиш кардан бо мақсади аз тамоми олам пеш гузаштан аллакай дер шудааст. Русия имрӯз ба истеҳсоли нефт машғул аст, вале дар айни замон ба Русия зарур аст, ки 80 фоизи содироташро молҳои ғайрихом ташкил диҳанд.

Ба пиндори Алексей Кудрин, таваррум раванди идорашаванда аст ва аллакай тамоми ҳукуматҳо дар сатҳи 1-2 фоиз нигоҳ доштани онро ёд гирифтанд. Ба Хитой ин муяссар мегардад, зеро дар ин кишвар ворид шудани сармояҳо мушоҳида мешавад. Аммо Русияро зарур аст ёд гирад, ки ҳар як ҷойи нави кории ташкилшаванда аз пештарааш дида бояд самараноктар бошад.

Ва ниҳоят, рубли русӣ ба нишондиҳандаи фундаменталии худ наздик шуд. Вай ҳамон арзишеро дорад, ки аз ҷониби сармоягузорон нархгузорӣ шудааст. Дар воқеъ, ин бартарии рублро дар назди юани дорои қурби муқарраршуда нишон медиҳад. Акнун вазифаи асосие, ки дар назди мақомоти Русия истодааст, гузаронидани ислоҳоти сохторӣ ба шумор меравад. Зимни суханронии хеш дар форуми номбурда Алексей Кудрин иброз дошт, ки ояндаи Русия бояд дар асоси фанноварӣ сохта шавад.

Таҳияи Абдуғаффор Қурбонов, БТҶ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2