Зеҳн

570 ташкилоти молиявӣ барҳам хӯрд

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Таҷриба нишон медиҳад, ки паст будани маърифати молиявӣ ва ё умуман огоҳ набудан аз оддитарин дониши молиявӣ мушкилоти мардумро дар зиндагӣ, бахусус дар лаҳзаҳои душвор боз ҳам сангинтар месозад. Ин ҳолат дар ҷумҳурии мо солҳои охир баръало мушоҳида мешавад. Имрӯз ба касе пӯшида нест ва метавон гуфт, ки қариб тамоми ҷаҳонро буҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ фаро гирифтааст ва соҳаеро наметавон пайдо кард, ки ба мушкилоти истеҳсолӣ, идорӣ ё молиявӣ рӯ ба рӯ нашуда бошад.

Барои мисол, агар дар Тоҷикистон ягон бонк ё ташкилоти қарзии хурд бо сабабҳои гуногун барои як муддати кӯтоҳ каме ба мушкилот мувоҷеҳ шавад, ё ягон фонд ва ташкилоти қарзии хурд ба рақобати бозор тоб оварда натавониста фаъолияти худро қатъ намояд, атрофи ин масъала сару садоҳои зиёд баланд мекунанд, ҳамарӯза кормандони воситаҳои ахбори омма дар нашрияҳо, сомонаҳои интернетии худ ахбору гузориш, мақолаҳои таҳлилӣ бо сарлавҳаҳои воҳиманок ба нашр мерасонанд.

Бисёре аз онҳо шояд фикр намекунанд ё имкони дарки ин фикрро надоранд, ки кӯшишҳои пайдо кардани сенсатсия ё давидан аз паси шуҳрату мақсадҳои дигари ғаразнок чӣ оқибатҳои зарароварро ба мардум хоҳанд овард. Оддитарин чиз ин аст, ки дар паси ҳар як ташкилоти қарзӣ ҳазор ва ҳатто даҳҳо ҳазор шаҳрванд меистад, зеро онҳо бо бонкҳо ҳамарӯза ҳамкорӣ мекунанд, бо мақсади ҳифз намудан ва зам кардани дороиҳои худ амонатҳои худро нигоҳ медоранд. Фақат як тасаввур кардан кофист дарк кунем, ки баъд аз воқиф шудан аз ин гуна ахбори носаҳеҳ ва овозаҳои носанҷида онҳо ба чӣ кор даст мезананд. Яқин ҳама ба бонкҳо меоянд ва маблағҳои худро бозпас талаб мекунанд.

Бо ин кори худ, ба ибораи дигар «хизмати хирсона»-и хеш мо вазъи молиявии бе ин ҳам ба асари буҳрони молиявӣ заифшудаи баъзе ташкилотҳои қарзиро боз ҳам бадтар мекунем ё ба барҳамхӯрӣ водорашон месозем. Ва моро зарур аст, ақалан лаҳзае сари ин мавзуъ андеша кунем ва аз худ бипурсем, ки мардуми кишвари мо ба чунин «хизматҳои хирсона» зарурат дорад? Ман яқин медонам, ки на. Зеро ин маънои теша бар решаи худ заданро дорад.

Акнун дар робита ба ин ва бо мақсади дарки бештари мавзӯъ таваҷҷуҳ мекунем ба низоми молиявӣ ва бонкии Русия, ки бинобар бузург буданаш таҷрибаи бештар дорад.

Тавре таҳлилҳои Оҷонсии миллии рейтингии Русия нишон медиҳанд, танҳо дар се соли охир (аз 25 июни с. 2013 то 25 июни с. 2016) дар маҷмӯъ 568 ташкилотҳои молиявӣ, аз ҷумла 289 бонк ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, 159 ширкатҳои суғуртавӣ, 28 ширкатҳои ғайридавлатии суғурта ва 92 ширкатҳои идоравӣ барҳам дода шудаанд. Дар баробари ин, омори додани иҷозатнома дар назди омори бозхонди иҷозатномаҳо тамоман ночиз аст. Дар се соли гузашта ҳамагӣ 5 иҷозатномаи бонкӣ, 6 иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва 37 иҷозатнома ба ширкатҳои идоравӣ дода шудааст.

Тибқи маълумоти бадастомада, аз моҳи июни соли 2013 сармояи маҷмӯии манфии бонкҳое, ки иҷозатномаҳояшон бозхонд шудаанд, бештар аз 1,1 трлн. рублро ташкил дод. Танҳо дар шаш моҳи соли равон сармояи манфии 31 бонки аз иҷозатнома маҳрумшуда ба 359 млрд. рубл баробар шуд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи «Известия».

Директори департаменти рейтингҳои молиявии Оҷонсии миллии рейтингии Русия Карина Артемова иброз медорад, ки низоми бонкии Русия дар айни замон аз рӯи коэффитсиенти монополизатсия аз гурӯҳи бозорҳои якҷояшавии паст ба гурӯҳи бозорҳои якҷояшавии муътадил шомил шуд. Дороиҳои муштараки 25 бузургтарин бонкҳои русӣ аз 60 трлн. рубл зиёд мебошанд, ки ин 81 фоизи дороиҳои тамоми низоми бонкиро ташкил медиҳад. Ба ҳамин монанд равандҳои муттаҳидшавӣ ва зиёдшавии якҷояшавӣ дар тамоми бахшҳои калидии бозори молиявӣ идома доранд.

Назар ба пешгӯиҳои оҷонсӣ, то анҷом ёфтани поккорӣ дар бахши бонкдорӣ паст шудани рақобат ва шумораи иштирокчиён дар он идома меёбад, ҳол он ки зарарҳои бузург дар назар нест ва таъсири Бонки марказӣ ба бозор то охири соли 2017, то он замоне, ки бонки танзимгар нақша дошт поккории бахшро анҷом диҳад, маҳдуд мегардад.

Вале раиси Бонки амонатгузории Русия Герман Греф бар ин андеша аст, ки паст шудани суръати бозхонди иҷозатномаҳоро аз ҷониби Бонки марказӣ интизор шудан нашояд, зеро ин танҳо аз хоҳиши бонки танзимгар вобаста нест ва дар ин раванд бисёр ташкилотҳо ба чорчӯбаи меъёрҳои нав шомил шуда наметавонанд, аз ҷумла дар самти пешбурди идораи хавфҳо. Ба ибораи дигар, поккориро худпоксозии низоми молиявӣ ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Огоҳӣ аз имкон доштани барҳамхӯрии то 90% бонкҳои боқимондаи Русия

Юрий Исаев бар ин назар аст, ки ба бонкдорон бо хубӣ тарки вазифа кардан ғайриимкон аст.

Директори генералии Оҷонсии суғуртаи амонатҳои Русия (ОСА) Юрий Исаев ҳангоми суханронии худ дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург-2016 ба ҳукуматдорон пешниҳод намуд, то ба раванди муттаҳидшавии бахши бонкӣ мудохила намоянд. Ба андешаи ӯ, ин амал барои пешгирӣ намудани барҳамхӯрии то 90 фоизи бонкҳои дар бозор боқимонда зарур аст.

«Муттаҳидшавӣ ва хориҷ шудани бонкҳо аз бозор ногузир аст. Муҳим он аст, ки оё мо ба бонкдорон имконияти бо хубӣ рафтанро медиҳем ё ҳамаи онҳо аз ғалбери барҳамхӯрии маҷбурӣ ва муфлисшавӣ мегузаранд», — таъкид намуд Ю. Исаев. — «Ба бонкдорон дар айни замон бо роҳи хубӣ тарки шуғл кардан ғайриимкон аст, зеро онҳо наметавонанд ташкилоти худро дар бозор фурӯшанд».

«Агар мо роҳу василае пайдо карда, ба онҳо то он лаҳзае, ки вазъият бад мешавад, имконияти аз шуғли худ берун рафтанро диҳем, дар ин маврид фурсати гузаронидани раванди муттаҳидшавии нисбатан орому сулҳомез вуҷуд хоҳад дошт», — ҷамъбаст намуд роҳбари ОСА.

Бонки марказӣ аз эҳтимолияти дефолти оммавӣ огоҳӣ дод

Ба пиндори директори департаменти тадқиқотӣ ва пешгӯии Бонки Русия Александр Морозов, суръати баланди фаъолнокии қарзӣ на ба рушди иқтисодиёти Русия, балки метавонад ба дефолти оммавӣ оварда расонад.

Дар изҳороти А. Морозов, ки аз ҷониби оҷонсии ТАСС пешниҳод гардидааст, чунин омадааст: «Мутаассифона, дар иқтисодиёти мо сатҳи қарздорӣ аллакай хеле баланд аст. Ҳам ширкатҳо ва ҳам аҳолӣ қарзҳои ниҳоят зиёд гирифтанд. Бинобар ин, дар ин шароит суръати ниҳоят баланди фаъолнокии қарзӣ на ба рушди иқтисодиёт, балки ба дефолтҳои оммавӣ оварда мерасонад».

Зимни суханронии худ дар шабакаи Бонки марказии Русия дар YouTube сардори департаменти зикршуда иброз дошт, ки Бонки марказӣ барои рушди иқтисодиёт кумак мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, бо паст кардани сатҳи таваррум, Бонки марказӣ дар болоравии иқтисодиёт саҳм мегузорад. Ӯ илова намуд, ки вақте таваррум паст аст, вай пешгӯишаванда мебошад ва ин ба паст шудани меъёрҳои фоизӣ оварда мерасонад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2