Зеҳн

Самаранокии иқтисодии истифодаи воситаҳои гардони корхонаҳои кишоварзӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Самаранокии иқтисодии истифодаи воситаҳои гардони корхонаҳои кишоварзӣ

Ҳисайнов Н. А.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб

Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ воситаҳои гардон ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти хоҷагӣ таъсири якхела намерасонанд. Мувофиқи дараҷаи таъсирашон ба ҷараёни истеҳсолот ва самаранокии иқтисодии соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ воситаҳои гардони корхонаҳои кишоварзиро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд:

  • воситаҳои гардоне, ки бевосита ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунанд;
  • воситаҳои гардоне, ки ба ҷараёни истеҳсолот ва самаранокии соҳаҳои кишоварзӣ таъсири ғайримустақим доранд.

Ба гурӯҳи якум тухмӣ, маводи кишт, хӯроки чорво, нуриҳо, воситаҳои химиявии муҳофизати растаниҳо, чорвои барои гӯшт парваришшаванда дохил мегарданд. Ба гурӯҳи дуюм воситаҳои гардоне мансубанд, ки амалкарди муътадили воситаҳои асосии истеҳсолотро таъмин намуда, онҳоро дар ҳолати корӣ нигоҳ медоранд. Ба ин гурӯҳ асосан сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири техника ва таҷҳизот дохил мегарданд [1].

Таркиб ва сохтори воситаҳои гардон вобаста аз махсусгардонии корхона тағйир меёбад. Масалан, дар хоҷагиҳои барои истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ махсусгардонидашуда дар сохтори воситаҳои гардон ҳиссаи сӯзишворӣ, тухмӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ бартарӣ дорад. Аммо дар хоҷагиҳои чорводор вазни қиёсии хӯроки чорво ва чорвои барои гӯшт парваришшаванда дар ҳаҷми воситаҳои гардони хоҷагӣ зиёд аст.

Вобаста аз хусусияти мавсимии истеҳсолот таносуби воситаҳои гардони корхонаи конкретӣ дар давоми сол ва давраҳои алоҳидаи он тағйир меёбад. Масалан, барои хоҷагии зироаткор ҳангоми шудгор, кишти зироатҳо, ҷамъоварии ҳосил миқдори зиёди сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ лозим мешавад. Дар давраҳои мобайнии истеҳсолоти хоҷагӣ бошад, талабот ба сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ нисбатан кам мешавад. Дар кишоварзӣ истифодаи даврии воситаҳои гардон дар давоми сол мушоҳида карда мешавад. Ин хусусиятҳои предметҳои меҳнатро ҳангоми ташкил ва захира намудани воситаҳои гардони барои иҷрои корҳои кишоварзӣ зарур ба ҳисоб гирифтан лозим аст. Андозаи захираҳои истеҳсолӣ ва истеҳсолоти нотамом аз хусусияти даври истеҳсолӣ, ҳаҷми корҳои иҷрошаванда ва миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда вобаста мебошад.

Бо мақсади истифодаи самараноки воситаҳои гардон хоҷагиҳоро лозим аст, ки талаботи минималии худро ба фондҳои гардон дар давраи шиддатноки истеҳсолот муайян намоянд. Асоснок намудани андозаи оқилонаи фондҳои гардон аз рӯи меъёри сарфи онҳо ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда муайян карда мешавад. Масалан, меъёри воситаҳои гардон барои тухмӣ ва маводи кишт ба ҳар гектар замини кишт ҳисоб карда мешавад. Андозаи хӯроки чорворо мувофиқи меъёри сарфи моддаҳои ғизоии ба ҳар як сар чорво ё парранда зарур муайян мекунанд. Ва ин меъёр бо назардошти ратсионҳое муайян мегардад, ки зимни истифодаи онҳо талаботи ҳар як чорво ё парранда пурра қонеъ карда мешавад.

Нишондиҳандаҳои истифодаи самараноки воситаҳои гардон [2]

Самаранокии иқтисодии истифодаи воситаҳои гардони истеҳсолоти кишоварзиро низоми нишондиҳандаҳо тавсиф медиҳанд. Дар миёни онҳо нишондиҳандаҳои зерин мақоми махсусро ишғол менамоянд:

  1. Коэффитсиенти гирдгардиши воситаҳои гардон (миқдори гардишҳо дар давоми сол). Ин нишондиҳанда аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

$$\text{К}{\text{г}} = \frac{\text{А}{\text{м}} + \text{С} - \text{М}}{\text{БГ}}$$

дар ин ҷо:

  • $\text{К}_{\text{г}}$ — коэффитсиенти гирдгардиши воситаҳои гардон;
  • $\text{А}_{\text{м}}$ — арзиши маҳсулоти фурӯхташудаи кишоварзӣ, сомонӣ;
  • $\text{С}$ — арзиши ҷавонаҳо, ки ба подаи асосӣ гузаронида шудаанд, сомонӣ;
  • $\text{М}$ — маблағ аз фурӯши чорво аз подаи асосӣ, сомонӣ;
  • $\text{БГ}$ — бақияи миёнасолонаи воситаҳои гардон, сомонӣ.
  1. Коэффитсиенти гирдгардишро муайян намуда, бо ёрии он давомнокии миёнаи як гардиши воситаҳои гардонро дар давоми сол муайян кардан мумкин аст:

$$\text{Д}{\text{г}} = \frac{365}{\text{К}{\text{г}}}$$

дар ин ҷо: $\text{Д}_{\text{г}}$ — давомнокии як гардиши воситаҳои гардон дар давоми сол, моҳ, рӯз.

  1. Нишондиҳандаи ниҳоят муҳими самаранокии истифодаи воситаҳои гардон боздеҳии масолеҳот ба ҳисоб меравад, ки тавассути тақсим намудани маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ ба арзиши воситаҳои гардон муайян карда мешавад:

$$\text{МБ} = \frac{\text{МУ}}{\text{АВГ}}$$

дар ин ҷо:

  • $\text{МБ}$ — боздеҳии масолеҳот, сомонӣ;
  • $\text{МУ}$ — маҳсулоти умумии истеҳсолкардаи корхонаи кишоварзӣ, сомонӣ;
  • $\text{АВГ}$ — арзиши воситаҳои гардони корхонаи кишоварзӣ, сомонӣ.
  1. Нишондиҳандаи баръакси боздеҳии масолеҳот масолеҳғунҷоиш номида мешавад. Ин нишондиҳанда мефаҳмонад, ки чӣ қадар воситаҳои гардон дар ифодаи арзишӣ дар ҷараёни истеҳсоли воҳиди маҳсулот сарф шудааст:

$$\text{МҒ} = \frac{\text{АВГ}}{\text{МУ}}$$

дар ин ҷо: $\text{МҒ}$ — масолеҳғунҷоиш, сомонӣ.

Пастшавии харҷи воситаҳои гардон барои истеҳсоли воҳиди маҳсулоти кишоварзӣ сарфаи захираҳо ва умуман рушди самараноки истеҳсолотро инъикос мекунад.

Дар баробари нишондиҳандаҳои номбаршуда барои тавсифи самаранокии истифодаи воситаҳои гардон нишондиҳандаҳои зерин низ ба кор бурда мешаванд:
а) маблағи воситаҳои гардон ба ҳар як сомонии гардиш;
б) арзиши маҳсулоти фурӯхташуда ба 1 сомонӣ бақияи миёнасолонаи воситаҳои гардон.

Ба сифати нишондиҳандаи умумии самаранокии истифодаи маҷмӯи воситаҳои истеҳсолот фоиданокии онҳо ё меъёри фоида баромад мекунад:

$$\text{М}_{\text{ф}} = \frac{\text{Ф}}{\text{АФА} + \text{АВГ}} \cdot 100%$$

Нишондиҳандаи мазкур мефаҳмонад, ки корхона ба ҳар як сомонии арзиши фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон чӣ қадар фоида мегирад. Ба мазмун ва мундариҷаи иқтисодии нишондиҳандаҳои боло шинос шуда, ба чунин хулоса меоем, ки самаранокии иқтисодии истеҳсолоти кишоварзиро зимни истифодаи оқилонаи воситаҳои гардон ва паст кардани масолеҳғунҷоиши маҳсулот ба даст овардан мумкин аст.

Роҳҳои баландбардории самаранокии иқтисодии истифодаи воситаҳои гардони корхонаҳои кишоварзӣ

Яке аз муҳимтарин омилҳои баландбардории суръати тараққиёти кишоварзӣ, паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ин беҳтаргардонии истифодаи воситаҳои гардон ба шумор меравад.

Шарти муҳими амалкарди самараноки корхонаи кишоварзӣ мунтазам (доимо) пасткунии арзиши аслии истеҳсолӣ ва пурра (тиҷоратӣ)-и маҳсулоти он ба ҳисоб меравад. Роҳҳои асосии паст намудани арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ инҳоянд (ниг. расми 1):

Расми 1. Роҳҳои паст кардани арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ [3] (расм дар асоси таҳқиқот аз ҷониби муаллиф тартиб дода шудааст):

  • Ҷорӣ намудани механизатсияи комплексӣ ва автоматикунонии ҷараёнҳои истеҳсолӣ, истифодаи мошинаҳо ва таҷҳизоти нав;
  • Паст кардани фондғунҷоиши маҳсулот (истифодаи самараноки фондҳои асосии истеҳсолӣ, биноҳо ва иншоот);
  • Паст кардани масолеҳғунҷоиши маҳсулот (истифодаи самараноки захираҳои моддӣ-техникӣ);
  • Кам кардани хароҷоти ташкил ва идораи истеҳсолот;
  • Ҷорӣ намудани техника ва технологияи бепартов, сарфакунандаи захираҳо ва энергия;
  • Такмили ташкил ва ҳавасмандии моддии меҳнат;
  • Тараққӣ додани махсусгардонӣ ва консентратсияи истеҳсолот;
  • Баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво;
  • Беҳтаргардонии сифати маҳсулот ва кам кардани талафоти он зимни нигоҳдорӣ ва кашонидан.

Истифодаи оқилонаи воситаҳои гардон ва дар ин асос паст намудани масолеҳғунҷоиши истеҳсолот ба пастшавии арзиши маҳсулот ва дар ниҳояти кор ба рушди фоиданокии корхона оварда мерасонад. Нақши муҳимро дар баландбардории самаранокии истифодаи воситаҳои гардон рушди ҳосилхезии зироатҳои кишоварзӣ, маҳсулнокии чорво, беҳтаршавии сифати маҳсулот, истифодаи сарфакоронаи нуриҳои минералӣ, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, тухмӣ, хӯроки чорво ва тезонидани гардиши предметҳои меҳнат дар давоми сол мебозанд. Самтҳои муҳими баландбардории самаранокии истифодаи воситаҳои гардонро дар кишоварзӣ чунин тавсиф намудан мумкин аст (ниг. расми 2).

Сифати баланд ва арзиши аслии нисбатан пасти предметҳои меҳнати кишоварзӣ имкон медиҳанд, ки дар ҷараёни истеҳсолот миқдори нисбатан камтари воситаҳои гардон сарф шаванд. Чунин амал дар навбати худ талаботро ба захираҳои пулӣ-моддӣ ва меҳнатӣ, ки барои ташкил ва бунёди воситаҳои гардон заруранд, кам мекунад. Қайд кардан зарур аст, ки як қисмати муайяни воситаҳои гардони кишоварзӣ бевосита дар худи истеҳсолоти кишоварзӣ бунёд меёбанд. Аз ин ҷост, ки саҳми кормандони кишоварзӣ ва аз он ҷумла мутахассисони он дар бунёд ва ташкили воситаҳои гардон хеле бузург аст.

Расми 2. Роҳҳои баландбардории самаранокии истифодаи воситаҳои гардон [3] (расм дар асоси таҳқиқот аз ҷониби муаллиф тартиб дода шудааст):

  • Баландбардории сифат ва паст намудани арзиши аслии предметҳои меҳнати истеҳсолоти кишоварзӣ;
  • Нигаҳдорӣ ва истифодаи сарфакоронаи воситаҳои гардон;
  • Такмилдиҳии технологияи истеҳсолот;
  • Таъмини сохтори оқилонаи воситаҳои гардон;
  • Такмилдиҳии бамеъёргирии воситаҳои гардон;
  • Махсусгардонии амиқ ва тараққиёти консентратсияи истеҳсолот;
  • Кам кардани давомнокии гардиши воситаҳои гардон;
  • Ҷорӣ намудани дастовардҳои прогресси илмӣ-техникӣ дар кишоварзӣ;
  • Такмилдиҳии ташкил ва ҳавасмандии моддии меҳнат.

Шарти хеле муҳими истифодаи оқилонаи воситаҳои гардон ин такмилдиҳии бамеъёрдарории предметҳои меҳнат мебошад. Ҳар як корхонаи кишоварзӣ бояд бо миқдори зарурӣ аз тухмӣ, хӯроки чорво, сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмин бошад. Норасоии ин гуна воситаҳои гардон ба суръати тараққиёти истеҳсолот монеъ шуда, ба пурра ва сари вақт иҷро нашудани корҳои саҳроӣ сабаб мегардад ва дар ниҳояти кор ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар навбати худ аз меъёрҳои мавҷуда зиёд захира намудани предметҳои меҳнат низ ба самаранокии истифодаи оқилонаи воситаҳои гардон таъсири манфӣ расонида, боиси баландшавии арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии такмилдиҳии меъёрҳои истифодаи воситаҳои гардон ин тасдиқ ва интихоби меъёрҳое мебошад, ки бо ёрии онҳо корхона бо захираҳои минималии воситаҳои гардон амалкарди муътадили истеҳсолоти худро таъмин намуда ва ҳамчунон барои мунтазам пурракунии онҳо имконият пайдо менамояд.

Дигар проблемаи ниҳоят муҳим дар истифодаи самараноки воситаҳои гардон ин масъалаи бунёди шароитҳои хуби нигоҳдории тухмӣ, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, хӯроки чорво, нуриҳои минералӣ, маводи сохтмонӣ ва воситаҳои химиявии муҳофизати растаниҳо ба ҳисоб меравад. Камшавии талафоти ин намуди воситаҳои гардон ҳангоми интиқол, нигоҳдорӣ ва истифода ба камшавии харҷи онҳо барои истеҳсоли воҳиди маҳсулот мусоидат намуда, ба пастшавии арзиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ оварда мерасонад.

Тезонидани суръати гардиши воситаҳои гардон имкон медиҳад, ки як қисми захираҳои пулии корхона озод гардида, барои ташкили истеҳсолоти нав ва васеъкунии истеҳсолоти мавҷуда истифода бурда шаванд. Ин амал тавассути кам кардани вақти дар доираи истеҳсолот будани воситаҳои гардон ба даст оварда мешавад. Бо ин мақсад корхонаҳои кишоварзиро лозим аст, ки навъҳои гибридшуда ва тезпази зироатҳои кишоварзӣ, зотҳои пурмаҳсули чорворо парвариш намуда, усулҳои прогрессивии парвариш ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзиро дар истеҳсолоти худ ҷорӣ намоянд.

Яке аз роҳҳои истифодаи самараноки фондҳои истеҳсолӣ ин ташкили таносуби оқилонаи фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон ба шумор меравад. Норасоии воситаҳои гардон ба истифодаи самараноки фондҳои асосӣ ва дар ин асос ба тамоми натиҷаи фаъолияти истеҳсолии корхона таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, норасоии сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ имкон намедиҳад, ки тракторҳо, комбайнҳо ва автомобилҳои боркаш самаранок истифода шаванд. Чунин ҳолат ба сари вақт иҷро нагардидани корҳои саҳроӣ сабаб мешавад, ки таъсираш ба натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолот мерасад. Дар чорводорӣ нарасидани хӯроки чорво ва сифати пасти он боиси ғайрисамаранок истифодабарии чорвои маҳсулдеҳ ва биноҳои истеҳсолии нигаҳдории чорво мегардад [4].

Ҳамин тариқ, аз таҳлили мақолаи мазкур бармеояд, ки унсури муҳим ва шартии истеҳсолоти кишоварзӣ дар баробари фондҳои асосӣ воситаҳои гардон ба шумор мераванд. Онҳо амалкарди мунтазами ҷараёнҳои истеҳсолот ва фурӯши маҳсулотро таъмин менамоянд. Миқдори зарурии воситаҳои гардон дар асоси меъёрҳои технологӣ муайян карда мешаванд. Истифодаи оқилонаи воситаҳои гардон ва дар ин асос паст намудани масолеҳғунҷоиши истеҳсолот ба пастшавии арзиши маҳсулот ва дар ниҳояти кор ба рушди фоиданокии корхона оварда мерасонад. Самтҳои муҳими баландбардории самаранокии истифодаи воситаҳои гардонро дар кишоварзӣ чунин тавсиф намудан мумкин аст:

  • сифати баланд ва арзиши аслии нисбатан пасти предметҳои меҳнати кишоварзӣ имкон медиҳанд, ки дар ҷараёни истеҳсолот миқдори нисбатан камтари воситаҳои гардон сарф шаванд;
  • такмилдиҳии бамеъёрдарории предметҳои меҳнат: ҳар як корхонаи кишоварзӣ бояд бо миқдори зарурӣ аз тухмӣ, хӯроки чорво, сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмин бошад. Дар навбати худ аз меъёрҳои мавҷуда зиёд захира намудани предметҳои меҳнат низ ба самаранокии истифодаи оқилонаи воситаҳои гардон таъсири манфӣ расонида, боиси баландшавии арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда мегардад;
  • бунёди шароитҳои хуби нигоҳдории тухмӣ, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, хӯроки чорво, нуриҳои минералӣ, маводи сохтмонӣ ва воситаҳои химиявии муҳофизати растаниҳо;
  • тезонидани суръати гардиши воситаҳои гардон имкон медиҳад, ки як қисми захираҳои пулии корхона озод гардида, барои ташкили истеҳсолоти нав ва васеъкунии истеҳсолоти мавҷуда истифода бурда шаванд;
  • ташкили таносуби оқилонаи фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон.

Адабиёт

  1. Орипов А. А., Арипов О. Х. Материально-техническая база аграрного сектора Республики Таджикистан в условиях рыночной экономики: состояние и проблемы / Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук — Хуҷанд — 2015. — № 4. — С. 55–62.
  2. Пириев Ҷ. С. Иқтисоди кишоварзӣ (Воситаи таълимӣ). — Душанбе: «Ирфон», 2005. — С. 33.
  3. Развитие материально-технической базы агропромышленного комплекса в регионе. Сборник научных трудов. — Уфа: БФАН СССР, 1983. — С. 31.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2