Рушду тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз истиқлоли энергетикӣ
РУШДУ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ АЗ ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Шеравганзода З.Ш., Ғиёсов Б.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани кишварҳои собиқ шуравӣ, робитаҳои иқтисодӣ низ то ҷое қатъ гардиданд. Барои давлатҳое, ки саноату иқтисодиёташ он қадар пешрафта набуд, мушкилоти иқтисодӣ бештар эҳсос мегардид.
Тоҷикистон дар радифи ҷумҳуриҳои дигари собиқ шуравӣ мустақилияти худро ба даст овард, вале он осон ба мо муяссар нагардид. Зеро дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дучор шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси хисороти зиёди ҷонию молӣ гардида, пешрафти соҳаҳои иқтисодиётро ба даҳсолаҳо қафо партофт. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ харобу валангор гардида, молу ашё ва таҷҳизотҳои муассисаву корхонаҳои саноатӣ ғорат шуданд.
Бо вуҷуди душворӣ ва мушкилотҳои ҷойдошта, соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам овард, ки мо ояндаи давлату миллат ва рушду инкишофи минбаъдаи Ватанамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таъмин ва дар баробари ин, захираҳои бою ғании табииро, ки дар Тоҷикистон хеле зиёд аст, барои рушду тараққиёт истифода намоем. Истиқлол ҳамчун рамзи Ватану ватандорӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги оламгир дар назди роҳбарияти давлат, Ҳукумати мамлакат ва бар дӯши мардуми сарбаланду миллати тамаддунофари тоҷик вазифаҳои басо бузургу муҳимро гузошт.
Барои давлати мустақилу ҷавони Тоҷикистон замоне фаро расид, ки мебоист бе дахолати дигарон ва таъсири қувваҳои беруна пойдорию устуворӣ ва бақои давлатро таъмин, ҳувияти асолати миллат ва ормонҳои ҳазорсолаи худро эҳё созад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ зери сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ мақсад гузошт, ки барои рафъи мушкилоти дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию саноатии мамлакат ҷойдошта ҳадафҳои стратегиро амалӣ намояд. Маҳз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, дар мисоли таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардану ба кишвари транзитӣ табдил додан, аҳолии ҷумҳуриро ба ғизои хушсифат таъмин намудан, роҳи наҷоти давлату миллат ва аз буҳрони молиявию иқтисодӣ баромадан ба шумор мерафтанд.
Мушкилот ва душвории асосие, ки дар оғози даврони истиқлол эҳсос мегардид, ин масъалаи ташаккулу таъмини истиқлоли энергетикӣ ба ҳисоб мерафт. Лозим ба ёдоварист, ки рушду тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз истиқлоли энергетикӣ вобастагии зиёд дошт. Соҳаи энергетика, бахусус ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо рӯшноӣ ва гармдиҳӣ, дар ин давра ба мушкилоти асосӣ дучор гардида буд.
Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар бораи манфиатовар будани бунёди неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ — энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар сухан мекарданд.
Пешвои миллат таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро яке аз стратегияҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ карда, барои ҳалли ин масъалаи ҳаётӣ талошу кӯшиши зиёде ба харҷ доданд. Зеро авҷ гирифтани сохтмони корхонаҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои илмию таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангию варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ сол ба сол қувваи барқро бештар талаб менамояд. Бахусус, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ на танҳо дар марказ, балки дар дурдасттарин манотиқи кишвар, бунёди боғу токзорҳо, истеҳсоли нуриҳои маъданӣ, ташкили гармхонаҳо ва обёрӣ кардани ҳазорҳо гектар заминҳо, ки дар онҳо аз неруи барқ фаровон истифода бурда мешавад, дар шароити имрӯза тавассути афзун кардани қувваи барқ рушду инкишоф меёбанд.
Аз ҷониби Сарвари давлат дурнамои Тоҷикистон хеле хуб арзёбӣ мегардад. Зеро захираҳои табиии кишвар, коркарди маъдан ва канданиҳои фоиданок, имкониятҳои зиёди рушди саноату энергетика, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, иқлими мусоид, мардуми заҳматкаш ва бонангу номус кафолати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Тоҷикистон дар минтақа ягона кишварест, ки барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ шароити хуби табиӣ дорад, зеро ба он релефи кӯҳӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ ва захираҳои фаровони оби дарёҳо мусоидат менамояд. Аз ҷиҳати манбаъҳои захираи неруи барқ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи сеюмро мегирад. Чунин имконият дар дигар ҷумҳуриҳо мавҷуд нест. Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат низ ба он равона гардидааст, то мо бештару беҳтар аз имкониятҳои табиӣ истифода бурда, бо истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза иқтисодиёт ва саноати мамлакатро тараққӣ ва инкишоф диҳем.
Иқдоми бузургу таърихие, ки аз ҷониби Сарвари давлат мавриди амал қарор гирифт, ин идома додан ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» буд. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», асосан, соли 2008 оғоз гардиданд. Дар ҳоле ки дар доираи коршиносони байналмилалӣ, бахусус минтақа, баҳсу мунозираҳо дар атрофи зарару зиён ва хатари он ба минтақа сухан мерафт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекарданд, ки сохтмони ин иншоот барои миллати тоҷик ногузир аст.
Аз ҷумла, бархе аз намояндагони воломақом ва коршиносони соҳаи энергетика аз кишварҳои хориҷ сохтмони НБО «Роғун»-ро ғайриимкон ва амалинашаванда арзёбӣ мекарданд. Қисме онро хатарноку ба муҳити зист зараровар ва гурӯҳе боиси норасоии об ба кишварҳои поёноб медонистанд. Дар умум, аксарият ошкоро изҳор менамуданд, ки Тоҷикистон қудрати сохтмони чунин иншоотро надорад ва талошҳои роҳбарияти давлат барабас мераванд.
Вале Сарвари давлат дар ҳамоишу симпозиум ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ бо эътимоду бовар таъкид менамуданд, ки бунёди НБО «Роғун» баръакс, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои минтақа манфиатовар аст. Сарвари давлат бо асосу далелҳои қотеъ ва боварибахш воқеият надоштани овозаҳоро оид ба хатари неругоҳ изҳор намуданд. Ҳамзамон, таъкид намуданд: «Тоҷикистон метавонад кишварҳои минтақаро на танҳо бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намояд, балки шароити дастрасӣ ба обро беҳтар кунад, зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиш ёфтани партови газҳо ба атмосфера мусоидат мекунад».
Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем.
Яке аз лоиҳаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус бо кишварҳои ҳамсояи худро ҳамеша дар мадди аввал гузошта, чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда мешуморад, дар ин росто сохтмони пули энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (лоиҳаи «КАСА — 1000»), ки ба афзоиши содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба системаи ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд, мақоми махсус касб мекунад. Шубҳае нест, ки татбиқи ин лоиҳа чун муҳаррики рушди тиҷорат хизмат карда, тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва таъмини амнияти энергетикиро дар ҳарду минтақа иҷро хоҳад кард.
Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати хориҷии худ ҳамеша омодагии худро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба ба мардуми афғон, ки солҳои зиёд бар асари ҷангу муноқишаҳои дохилӣ ранҷ мекашанд, изҳор менамуд. Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири иқтисоди ин кишвар 17 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлати тоҷикон изҳор намуданд: «Дар чанд соли охир роҳу усулҳои равобити Тоҷикистону Афғонистон ба куллӣ такмил ёфта, соҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд тавсеаи бештар пайдо карданд ва мо умедвор аз онем, ки ҳар ду ҷониб дар оянда низ барои рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ талоши бештаре менамоянд».
Дурнамои сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, донишу фарҳанги баланд, таҷрибаи ҳаёт ва маҳорату малакаи баланди касбӣ, талошҳои зиёду пайвастаи Пешвои миллат манфиатовар будани сохтмони ин неругоҳро аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ ба ҷаҳониён собит намуд ва бо гузаронидани ташхиси байналмилалӣ устувор будани сохтмони он ниҳоят тасдиқи худро ёфт.
Бо саҳмгузорӣ ва талошҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат ҳамарӯза корҳои зиёде ҷиҳати ҳарчи тезтар ба истифода додани агрегатҳо анҷом дода мешуданд. Хушбахтона, дар ин ҷода бахусус бо татбиқи сиёсати берунаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик шароит фароҳам омад, ки дар солҳои охир бо ҷалби сармоя ва ёрии мутахассисони хориҷӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи энергетика, ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Воқеан, ин дастоварди таърихӣ иқтидори тавоноии кишвари моро собит намуда, ба ҷомеаи ҷаҳон нишон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар қатори давлатҳои пешрафтаву мутараққӣ қарор гирад.
Таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ бе сабаб аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор нагирифтааст. Зеро бе истеҳсоли неруи барқ наметавон рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро таъмин намуд. Фаъолияти муназзами корхонаҳои истеҳсолӣ ба неруи барқи доимӣ вобастагии зиёд дорад.
Имрӯз дар ҳар минтақаву мавзеъ ва макону ҷой бо дастовардҳои даврони истиқлол, ки маҳз бо азму талош ва хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд, рӯ ба рӯ мешавем. Аз ин моро ҳисси ифтихору шодмонӣ фаро мегирад ва шукургузорӣ мекунем, ки Офаридгор чунин фарзанди фарзона, шахсиятеро ба миллати тоҷик ато намуд, ки қалбу вуҷудаш саршор аз муҳаббату самимият, хайру сафо, лутфу каромат ва эътимоду эътиқод ба фардои дурахшон мебошад.
Боварию эътимоди Сарвари давлат, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардид, ки новобаста аз мушкилоту вазниниҳои солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ, фалаҷ гардидани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, бесарусомониҳо дар рӯзгори мардум, ки аксарият дар андешаи зинда мондану пайдо кардани ризқу рӯзӣ буданд, роҳбари ҷавону умедбахш қарору қонунҳоеро қабул намуд, ки барои пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, таҳкими суботу оромӣ, волоияти қонун ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мусоидат карданд.
Сокинони Тоҷикистон аз хурд то калон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндасози давлату миллат, эҳёгари таъриху тамаддун, бунёдкору созанда, хайрхоҳу ғамхори корафтодагон ва маҳбуби ҳар хонадонро мебинанд. Маҳз чунин рисолату фазилатҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳар кору иқдоме, ки пеш мегиранд, бо хости Худо ва азму талоши мардуми бонангу номус хеле содаву равон, зебо ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса амалӣ мегарданд.
Воқеан, боварии Пешвои муаззами миллат ба созандагии мардуми тоҷик ва пайравии шаҳрвандон аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат буд, ки Шоҳкори аср — Кохи нур, алорағми ҳама монеагузориҳову мушкилэҷодкуниҳо, бунёд ёфт ва имрӯз аз файзи нури он ҳама баҳравар гашта истодаанд.
Адабиёт:
- Раҳмон Эмомалӣ. Уфуқҳои истиқлол. — Душанбе: «Ганҷ-Нашриёт», 2018. — С. 31-67. (436 с.).
- Давлатзода М. Дар ш. Норак фабрикаи «Бофандаи Норак» фаъолияташро оғоз намуд // Энергетика ва Саноат. — 2010. — №10. — С. 13.
- Давлатзода М. Рушди саноат // Энергетика ва саноат. — 2012. — №5-6. — С. 5.
- Истеҳсоли саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Сарчашма: https://sanoat.tj. Муроҷиати охирин: 15.05.21.
- Натиҷаи воридоти технологияҳои муосир ва татбиқи он дар истеҳсолоти ватанӣ. Сарчашма: https://sanoat.tj. Муроҷиати охирин: 20.02.21.
Аннотатсия. Мушкилоти асосӣ дар он зоҳир гашт, ки ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ дар алоҳидагӣ наметавонистанд иқтисодиёт, саноат ва соҳаи кишоварзиро инкишоф диҳанд. Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавре роҳандозӣ гардида буд, ки кишварҳо эҳтиёҷоти корхонаҳои хурдро аз ҳисоби ашёи хоми дигар давлатҳо таъмин мекарданд. Дар баробари соҳибистиқлол гардидани кишварҳои собиқ шуравӣ, робитаҳои иқтисодӣ низ то ҷое қатъ гардиданд. Барои давлати мустақилу ҷавони Тоҷикистон замоне фаро расид, ки мебоист давлатро таъмин, ҳувияти асолати миллат ва ормонҳои ҳазорсолаи худро эҳё созад. Бо ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ тавонист дар рушду тараққиёти иқтисодиёт, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди саноат дастболо шавад.
Калидвожаҳо: рушд, соҳибистиқлолият.




