Зеҳн

Коркарди элементҳои технологии парвариши ниҳоли олучаи навъи Владимирский дар контейнер

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

КОРКАРДИ ЭЛЕМЕНТҲОИ ТЕХНОЛОГИИ ПАРВАРИШИ НИҲОЛИ ОЛУЧАИ НАВЪИ ВЛАДИМИРСКИЙ ДАР КОНТЕЙНЕР

Шамсиддинова Ш. Б.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар замони муосир пешрафти хоҷагии қишлоқ бе мустаҳкамкунии боғдорӣ ғайриимкон мебошад. Дар навбати худ ниҳолпарварӣ соҳаи базисии боғдорӣ мебошад. Аз кори муваффақи ниҳолҳо қобилияти пайванд гирифтан, сифат, дарозумрӣ ва ҳосилнокии боғҳои оянда вобастагӣ дорад.

Системаи муосири ниҳолпарварӣ на он қадар хуб афзоиш меёбад ва дар парвариши онҳо методҳои асри гузашта истифода бурда мешаванд [3].

Яке аз мушкилоти асосии ниҳолпарварӣ ин беназорат ворид кардани ниҳолҳо мебошад, ки аз рӯйи қоида сертификатсия нашуда, ба касалиҳо ва зараррасонҳо дучор мебошанд, ки дар навбати худ касалиҳои вирусӣ ба пастшавии ҳосилнокӣ то 85% меорад [4].

Дар замони ҳозира дар Тоҷикистон механизатсия дар дараҷаи паст мебошад ва корҳои мушкилро бо даст иҷро кардан лозим аст, ки барои интенсификатсияи соҳаи ниҳолпарварӣ мусоидат намекунад.

Яке аз роҳҳои муосири парвариши ниҳолҳо ин усули контейнерӣ мебошад. Фарқияти парвариши контейнерӣ аз классикӣ (дар замини кушод) дар он мебошад, ки растанӣ дар тамоми ҳаёт дар контейнер мебошад. Аз ин ҷо — ҷиҳатҳои хуби бебаҳси технология, ки имконияти нав барои парвариши боғҳо дар дохили манзилҳо медиҳад (Куликов А.М., Утков Ю.А., Бычков В.В., 2010) [1].

Климати номусоид, хоки беҳосил ва ҳатто умуман набудани он барои ба ҳақиқат овардани ҳамаи фикрҳои далер мамониат намекунад. Технологияи контейнерӣ имконият медиҳад, ки зироатҳои декоративӣ ва мевагӣ дар ҳамаи ҷойҳое, ки парвариш дар замини кушод ғайриимкон мебошад, парвариш карда шаванд. Он имконият медиҳад дар муҳлати кӯтоҳ кабудизоркуниро дар ҷойҳои гуногун: боми манзилҳо ё офис, дар муҳити шаҳр ё наздиҳавлигӣ гузаронад [5].

Мақсади тадқиқот: афзоиш ва нумуи ниҳоли себи Голден Делишесро дар контейнер омӯхта, интихоб кардани андозаи оптималии контейнер ва субстрат дар шароити вилояти Суғд. Ба масъалаи тадқиқот омӯхтани афзоиш ва нумуи ниҳоли себ ва динамикаи ғизо бо элементҳои асосӣ вобаста аз андоза ва субстрати контейнер дохил мешавад [2].

Тадқиқот дар мавсими нашъунамои солҳои 2020–2022 дар Филиали Институти Академияи илмҳои кишоварзӣ, воқеъ дар канори ноҳияи Б. Ғафуров дар вилояти Суғд, ки қисми шимолии Тоҷикистонро ишғол мекунад, гузаронида шудааст.

Ниҳолҳо барои муайян кардани контейнери оптималӣ дар контейнерҳои 3, 6, 9, 12 л шинонида шуданд. Ниҳолҳоро барои муайян кардани таъсири субстратҳои гуногун ба маҷмӯи афзоиш дар контейнерҳои 12-литра бо вариантҳои гуногуни таркиби субстрат шинонидем: торф + қум, торф + агроперлит, торф + қум + хоки пӯсида, торф + қум + биогумус. Ба сифати маводи назоратӣ ниҳолҳои дар хоки кушод сабзонидашуда хизмат намуданд. Дар ин ҳолат хоки регӣ бо кислотанокии pH = 6,9, бо таркиби басанда нарм афзалият дошт. Торфи болоӣ ранги ҷигарӣ, таркиби басанда нарм дорад, кислотанокии аввалиндараҷа ба 3,5 pH бо дараҷаи назарнораси таҳшиншавӣ баробар аст. Биогумус ранги сиёҳи баланд дошт, таркибаш нарм, бо кислотанокии нейтралии (pH = 7,2) буд. Хоки пӯсида ранги ҷигарӣ дошт, таркибаш низ нарм буд, дараҷаи кислотанокиаш ба нейтралӣ наздик буд (pH = 6,9). Торфи болоӣ пешакӣ 5 рӯз пеш аз шинонидани ниҳол бо оҳаки шукуфонидашуда нейтралӣ шуда буд. Ҳамаи субстратҳо аз рӯйи таркиби элементҳои таъминот бо ёрии нуриҳои минералии барои ҳар як вариант дар алоҳидагӣ ҳисобкардашуда баробар карда шуда буданд. Такроршавии таҷриба 2-карата чун дар контейнерҳо, ҳамчунин дар назорат буд. Масоҳати қитъаи замини таҷрибавӣ 10 метри квадратиро ташкил дод.

Динамикаи афзоиши навдачаҳои ниҳолҳо, афзоиши охирон, таркиби элементҳои асосии таъминоти баргҳоро омӯхтем. Муайянкунии азот дар баргҳо бо усули Кьелдал, фосфор бо усули Мерфи–Райли, калий бо усули фотометрияи оташӣ гузаронида шуд. Коркарди маълумотҳоро бо усули Зайцев гузаронидем, ки барои кишти боғҳои Филиали Институти Академияи илмҳои кишоварзӣ мутобиқ карда шудааст.

Натиҷаҳои тадқиқот. Ҳангоми баҳодиҳии таъсири омилҳо ба сифати ниҳолҳо нишондиҳандаи муҳим афзоиши навдаҳо (шохчаҳо) мебошад. Тадқиқотҳои мо нишон доданд, ки ба афзоиш, сабзиш ва таъминоти ниҳолҳои олуча ҳамаи омилҳои омӯхташаванда таъсир расониданд: тарзи парвариш, ҳаҷми контейнер ва таркиби субстрат. Ҳангоми баҳодиҳии ҳиссаи таъсири омил муқаррар карда шудааст, ки 49,5%-ро таъсири андозаи контейнер ташкил дод, таъсири омилҳои эҳтимолӣ бошад — 50,5% (Диаграммаи 1).

Диаграммаи 1 — Таъсири омилҳо ба афзоиши ниҳолҳои олучаи навъи Владимирский вобаста аз андозаи контейнер (таъсири ҳаҷми контейнер — 50%, таъсири ҳолатҳои омилҳо — 50%).

Ҳангоми баҳодиҳии маълумотҳои миёна аз рӯйи бузургии афзоиш муқаррар карда шудааст, ки сабзиши навдачаҳои растаниҳо дар ҳамаи вариантҳо бо истифодаи контейнерҳо дар муқоиса бо назорат баланд буданд, ғайр аз ин тамоюл қайд карда шуд — бо калон шудани ҳаҷми контейнер бузургии афзоиши навдачаҳо баланд мегардад.

Ин баландшавӣ дар варианти истифода бурдани контейнери ҳаҷмаш 3 литра — 15%, 6 литра — 76%, 9 литра — 61%, 12 литра — 103%-ро ташкил дод. Пештар саршавии равандҳои фаъоли сабзиш дар вариантҳои таҷрибавӣ ба калон шудани дарозии афзоиши навдачаҳо вобаста буд. Саҳеҳ калон шудани бузургии навдачаҳо дар вариантҳои контейнерҳои ҳаҷмашон 6, 9 ва 12 литра (Диаграммаи 2) муқаррар карда шудааст.

Дар вақти баҳодиҳӣ байни вариантҳои таҷрибавӣ бо ҳаҷми контейнерҳои гуногун муқаррар карда шудааст, ки кӯтоҳии навдачаҳо дар варианти контейнери ҳаҷмаш 3 литра мушоҳида карда мешавад. Байни вариантҳои ҳаҷми контейнераш 6, 9 ва 12 литра аз рӯйи сабзиши навдачаҳо фарқиятҳои назаррас нест.

Дар ниҳоли санҷидашавандаи варианти таркиби субстраташ гуногун ба ҳисоби миёна дар нимсолаи тадқиқот дар варианти тарзи сабзонишаш контейнерӣ дар муқоиса бо назорат баланд шудани сабзиши навдачаҳо дар охири вегетатсия 73–119%-ро ташкил дод. Ҳангоми муқоисаи вариантҳои алоҳидаи таҷрибавӣ байни худ муқаррар карда шудааст, ки дар нимсолаи гузаронидани тадқиқот варианти истифодаи торфи болоӣ ва агроперлити дар мутаносибии 3 бар 1 гирифташуда натиҷаҳои беҳтаринро аз рӯйи сабзиши навдачаҳо нишон дод, ки дар он калон шудани дарозии навдачаҳо дар охири вегетатсия дар муқоиса бо назорат 119%-ро ташкил дод. Аз рӯйи андозаи афзоиш варианти торфи болоӣ + қум (3:1), баъд торфи болоӣ + қум + хоки пӯсида (3:0,7:0,3) меистанд.

Расми 2 — Вобастагии афзоиши миёнаи солонаи ниҳоли олучаи навъи Владимирский аз андозаи контейнер (НСР0,5 = 17,6).

Ҳангоми сабзонидани ниҳолҳо дар контейнерҳои таркиби субстраташон гуногун хусусиятҳои таъмини растаниҳои ҷавон манфиат доранд, ки вобастагӣ аз таркиби субстрат бармеоянд. Шиддатнокии таъминот бо элементҳои алоҳидаи он аз таркиби субстрат вобаста аст, ки таркиб ва дастрасии онҳоро муайян мекунад. Барои баҳодиҳии ин нишондиҳанда аз тарафи мо тадқиқоти таркиби элементҳои асосии таъминоти барги ниҳолҳо дар вариантҳои гуногуни таркиби субстрат дар муқоиса бо варианти назоратӣ гузаронида шуда буд.

Дар ҳолати баҳодиҳии таъсири омили омӯхташаванда — таркиби субстрат ҳангоми сабзонидани ниҳолҳои олуча муқаррар карда шудааст, ки ҳиссаи таъсири ин омил ба таркиби азот дар баргҳо 17,4%-ро ташкил медиҳад, ҳиссаи омилҳои эҳтимолӣ бошад — 82,6%, ки дар диаграммаи 3 нишон дода шудааст.

Муқаррар карда шудааст, ки ба таркиби элементҳои асосии таъминоти баргҳои ниҳолҳои олуча тарзи сабзониш на он қадар таъсир мерасонад. Таъсиррасонӣ ба нишондиҳандаи тадқиқшавандаи таркиби субстрат ҳангоми сабзониши контейнерӣ дар диаграммаи 4 бештар муқаррар шудааст.

Сатҳи аз ҳама баланди таркиби азот дар баргҳои растаниҳои олучае мушоҳида гардидааст, ки бо истифода намудан ба сифати субстрати торфи болоӣ бо иловаи агроперлит ва қум сабзонида мешаванд. Назаррас паст шудани таркиби азот дар баргҳо дар варианти илова намудани биогумус дар муқоиса бо варианти назоратӣ ва бо дигар вариантҳои оптималӣ муқаррар карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки таркиби азот дар баргҳои ниҳолҳои олуча ба оптималӣ — 2,0–2,4% наздик буд.

Диаграммаи 3 — Таъсири омилҳо (таркиби субстрат — 17,4% ва омилҳои эҳтимолӣ — 82,6%) ба таркиби азоти баргҳои ниҳолҳои олучаи навъи Владимирский.

Диаграммаи 4 — Таркиби миёнаи азот дар баргҳои ниҳолҳои олучаи навъи Владимирский вобаста аз таркиби субстрат, % (НСР05 = 0,53).

Таҳлили натиҷаҳои муайян кардани фосфор дар барги растаниҳои олуча нишон дод, ки ҳиссаи таъсири омили омӯхташаванда — таркиби субстрат ба ин нишондиҳанда аз рӯйи ифодаи худ ба ҳиссаи азот наздик аст ва 18,8%-ро ташкил медиҳад, омилҳои эҳтимолӣ бошад — 81,2%. Нисбатан таркиби баланди Р2О5 дар вариантҳо бо иловаи компонентҳои органикӣ — биогумус ва хоки пӯсида, нисбатан пасттар дар вариантҳои бо иловаи қум ва перлит қайд карда шудааст. Варианти назоратӣ ҳолати миёнаро гирифт. Дар вақти муқоисаи маълумотҳои ҳосилшуда бо маълумотҳои миёна аз рӯйи таркиби оптималии ин элементи таъминот дар баргҳои олуча (0,51–0,69%) муқаррар карда шудааст, ки умуман маълумотҳои ҳосилшуда ба фосилаи таркиби оптималӣ мувофиқат мекунад.

Ҳангоми баҳодиҳии таъсири омилҳои гуногун ба таркиби калий (К2О) дар баргҳои себи навъи Орлик муқаррар карда шудааст, ки ҳиссаи таъсири омилҳои эҳтимолӣ 71,6%, ҳиссаи таъсири омилҳои вариантҳои гуногуни таркиби субстрат — 28,4% мебошад.

Дар ҳолати муқоиса намудан аз рӯйи таркиби оптималии калий дар баргҳо (1,32–2,04%) муқаррар карда шудааст, ки натиҷаҳои ҳосилшуда умуман ба маълумотҳои адабиёт мувофиқат мекунанд. Фарқиятҳои назаррас байни вариантҳои таркиби субстраташон гуногун аз рӯйи таркиби ин элементи таъминот дар муқоиса бо азот ва фосфор муқаррар карда шудааст.

Назаррас калон шудани таркиби калий дар баргҳо дар муқоиса бо назорат дар вариантҳо бо иловаи биогумус ва хоки пӯсида қайд карда шудааст. Дар вариантҳои бо истифодаи компонентҳои таркиби ғайриорганикӣ К2О дар сатҳи назоратӣ ё ки на он қадар баланд буд.

Хулоса. Муқаррар карда шудааст, ки нашъунамои беҳтарини ниҳолҳо ҳангоми истифода бурдани субстрат дар таркиби торфи баландкӯҳ + агроперлит дар таносуби 3:1 мушоҳида мешавад. Дар баробари ин дар вариантҳои илова кардани нуриҳои органикӣ талафи камтарини моддаҳои ғизоӣ мушоҳида карда мешавад. Тадқиқотҳои мо нишон доданд, ки ба афзоиш, сабзиш ва таъминоти ниҳолҳои олуча ҳамаи омилҳои омӯхташаванда таъсир расониданд: тарзи парвариш, ҳаҷми контейнер ва таркиби субстрат. Ҳангоми сабзонидани ниҳолҳо дар контейнерҳои таркиби субстраташон гуногун хусусиятҳои таъмини растаниҳои ҷавон манфиат доранд, ки вобастагӣ аз таркиби субстрат бармеоянд. Муқаррар карда шудааст, ки ба таркиби элементҳои асосии таъминоти баргҳои ниҳолҳои олуча тарзи сабзониш на он қадар таъсир мерасонад.

Адабиёт:

  1. Национальный доклад «О ходе и результатах реализации в 2016 году Государственной программы развития сельского хозяйства и регулирования рынков сельскохозяйственной продукции, сырья и продовольствия на 2013-2020 гг.». — М., 2017. — 22 с.
  2. Мисриева Б.У., Раджабов А.К., Шарипов Ш.И., Дорожкина Л.А. Практическое руководство для питомниководов. — М.: ООО «Полиграф Плюс», 2015. — 188 с.
  3. Головин С.Е. Основные виды почвенных грибов, связанные с гнилью зеленых черенков плодовых и ягодных культур, и методы их диагностики // Плодоводство и ягодоводство России. — М., 1994. — Т. 1. — С. 118-123. ОСТ 10012-94 «Саженцы плодовых культур с закрытой корневой системой». Технические условия.
  4. Раджабов А.К., Леонов П.П., Айба Л.Я. Влияние субстрата и регулятора роста для укореняемости черенков цитрусовых культур // Вестник РАСХН, 2010. — № 2. — С. 46-47.
  5. Трунов Ю.В., Самощенков Е.Г. Плодоводство. — М.: Колос, 2012. — 415 с.

Аннотатсия. Дар мақола маълумот оид ба интихоби ҳаҷми контейнер ва таркиби субстрат барои афзоиши ниҳолҳо ва хусусияти ғизодиҳӣ бо элементҳои асосӣ оварда шудааст. Намудҳои гуногуни ҳаҷми контейнер, таркиби субстрат дар контейнер санҷида шуда буданд. Таъсири махсуси ҳаҷми контейнер ва таркиби субстрат барои афзоиши ниҳолҳо ва ғизодиҳӣ бо нитроген, фосфор, калий муайян карда шудааст.

Калидвожаҳо: олуча, ниҳол, парвариш дар контейнер, таркиби субстрат, нитроген, фосфор, калий.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2