Зеҳн

Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои ҷомеашиносӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои ҷомеашиносӣ

Муаллифон: Эркаев С.А., Исоев С.Қ. (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров — Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб)

«Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаҳои рушди илм дар мактаби олӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои ҷомеашиносӣ — таърихи халқи тоҷик, фалсафа, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ ва ғайраҳо дар ҷараёни таълим дар замони муосир барои гул-гулшукуфонии кишвар аҳамияти ҳалкунанда дорад. То замони истиқлолият дар Ҷумҳрии Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 42 ва шумораи донишҷӯён ба 287 ҳазор нафар расидааст [1, 24], 72 мактаби миёнаи махсус, қариб 4000 мактаби миёна фаъолият мебарад. Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ, қариб 10 ҳазор фарзандони халқи тоҷик дар асоси Квотаи президентӣ дар мамлакат таҳсил мекунанд. Шумораи умумии хонандагону донишҷӯён зиёда аз 2,5 млн нафарро ташкил менамояд ва зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 30-сола ташкил мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ бобати ҷонибдорӣ аз ин иқдомҳои неки Сарвари давлат дар самти дастгирии ҷавонон, бахусус муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии қаламрави вилоят ва истифодаи технологияи инноватсионӣ тамоми тадбирҳои муҳим ва заруриро амалӣ менамояд. Ҳамасола ба зиёда аз 100 нафар ҷавонони фаъол стипендияҳои номии Раиси вилоят дода мешавад, ки аксарияти онҳоро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ташкил медиҳанд. Имсол низ ин иқдом бо баргузории озмун дар миёни донишҷӯён ва аспирантон мавриди амал қарор гирифт, ки донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон ба ин номи пуршарафи гирандаи стипендияи номии Раиси вилоят мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, аз МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров», ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, ДДҲБСТ, ДИС, ДКМТ шумораи калони донишҷӯён ва аспирантон ба гирифтани идрори мазкур лоиқ шуданд ва онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби худи Раиси вилоят қадрдонӣ гаштанд [2, 4].

Дар ҳақиқат, дар ин мулоқот Раиси вилоят иброз доштанд, ки имсол танҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 500 стипендияҳои номӣ таъсис дода шудааст ва онҳо дар ҳавасмандкунию дастгирии мутахассисони ояндаву олимони ҷавон нақши муҳим доранд. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва аз баракати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар қаламрави вилоят шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус афзун гардидааст, ки онҳо баҳри омода намудани мутахассисони бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ хидмат мекунанд. Барои таъмини ҳамаҷонибаи шароитҳои таҳсил ва фароғати донишҷӯёни қаламрави вилоят Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд [3, 6]. Танҳо дар давоми даҳ соли охир шахсан худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 5 маротиба, ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҷомеаи устодону донишҷӯёни қаламрави вилоят мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуданд. Маҳсули ин таваҷҷуҳи Роҳбари давлат буд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр, бинои нави таълимӣ ва бинои истиқоматӣ барои устодони донишгоҳ, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бинои таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд, ба бинои нави таълимии ДДХ асос гузошта шуд, ки дар маросими ифтитоҳи онҳо бевосита худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.

Дар замони ҳозира, бо назардошти шароитҳои иқтисодии Тоҷикистон ва нуфузи кӯҳсор дар ҷуғрофияи кишвари мо нахустин Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилояти мо — шаҳри Бӯстон дар соли 2006 таъсис ёфт, ки айни замон дар он аз тамоми манотиқи Тоҷикистон мутахассисони замонавӣ ва пешбаранда дар иқтисодиёти кӯҳии мамлакати мо омода мешаванд.

Таърих гувоҳ аст, Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93% ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил мекунанд, аммо дар таги онҳо тамоми 118 элементи системаи химиявии Д. Менделеев ҷойгир шудааст. Тоҷикистони офтобрӯи мо ҳақиқатан ҳам ҷаннати рӯи замин аст. Дар ҳудуди он 25 000 дарё (дарозии 947-тоаш аз 10 км зиёд), 2000 кӯл, обанборҳо, 14 000 пирях, 93 ҳазор чашма (беш аз 200 чашмаи табобатӣ), 3 вилоят, 22 шаҳр, 75 шаҳрак, 62 ноҳия, 430 ҷамоати деҳотӣ, 4500 деҳаи зебоманзар, 4000 кони хурду бузург (аз онҳо 400-тоаш кашф шудааст), захираи ангишт 4,6 миллиард тонна, нафт 140 миллион тонна, газ 857 миллиард метри мукааб, конденсат 26 миллион тонна, захираи намаки ошӣ беш аз 14 миллиард тонна, 41 мактаби олӣ, 79 омӯзишгоҳи миёнаи махсус, 68 омӯзишгоҳи ибтидоии касбӣ, зиёда аз 2300 корхонаи саноатӣ, Академияи илмҳо (23 муассисаи илмию пажӯҳишӣ), 60 адад муассисаю ташкилоти илмӣ, зиёда аз 450 бемористон, 3935 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (гуногунмоликият), 55 театр, 1420 китобхонаи оммавӣ, 40 осорхона, 120 иншооти туристию истироҳатӣ, зиёда аз 3400 ёдгории таърихию фарҳангӣ ҷойгир шудааст, ки ин файзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар корхонаю муассисаҳои таълимии кишвар барои омӯзиши фанҳои ҷомеашиносӣ эътибори махсус дода, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми худро мегузоранд [4, 52]. Дар ин раванд мавқеи ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ва ДКМТ бешубҳа калон аст.

Дар ҳақиқат, истиқлолият марҳилаи махсус дар масъалаҳои рушди илм дар мактаби олӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои ҷомеашиносӣ — забонҳо, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ ва ғайраҳо дар ҷараёни таълим дар замони муосир маҳсуб мешавад. Муддати ин марҳила дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Таҷрибаи корӣ дар системаи мактаби олӣ ҳаминро тақозо мекунад, ки барои баланд бардоштани сифати дарс дар ҷараёни таълим ҳангоми таълими фанҳо, аз он ҷумла ба таълими фанҳои гуманитарӣ-ҷомеашиносӣ доимо эътибори махсус додан лозим мебошад. Масалан, дар омӯзиши фанҳои дақиқ, аз он ҷумла фанҳои гуманитарӣ — забонҳо, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, педагогика, психология, асосҳои иқтисодӣ, сиёсатшиносӣ, таърихнигории таърихи фанҳои техникӣ ва фанҳои дигари гуманитарии замони муосир метод-усулҳои инноватсионӣ ҳатто ҳар рӯз талаб карда мешавад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар марҳилаи ҳозираи ислоҳоти таълим якчанд намуди усули инноватсионии таълим, амсоли усули татбиқи Низомномаи бакалавр, магистратура, доктор PhD, таҳсилоти кредитӣ дар таълим, татбиқи босамари технологияи компютерӣ, таълими фосилавӣ, нақши Интернет ва ғайраҳоро дар баланд бардоштани сифати таълим ва дигар роҳҳову усулҳо истифода бурдан лозим мебошад. Роҳ ва методҳо, усулҳои дар боло қайдкардашударо агар омӯзгор таҷрибаи бойи кори таълимӣ дошта бошад, дар омӯзиши фанҳои ҷомеашиносӣ васеъ истифода бурдан мумкин аст. Фалсафа, таърихи халқи тоҷик, таърихнигории фанҳои ҷомеашиносӣ, таърихи илми ҷомеашиносӣ маҷмӯи асарҳои тадқиқотиест, ки ба ягон мавзӯи муайян ё давраи таърихӣ бахшида шудаанд ё маҷмӯи асарҳои таърихие мебошад, ки аз ҷиҳати иҷтимоию синфӣ ё миллӣ муттаҳиданд [5, 1-5].

Таърихнигорӣ як соҳаи илмро номанд, ки таърихи илми ҳамаи фанҳоро меомӯзад. Ин фан барои пурратар ва чуқуртар омӯхтани ҳамаи илмҳои ҷаҳон зарур ва шарт аст. Ҳар як фан таърих ва таърихнигории (историография) худро дорад.

Дар замони муосир омӯзиши илмҳои ҷомеашиносӣ дар рафти тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси касбӣ мавқеи ҳалкунандаро ишғол мекунад. Дар омӯзиши амиқу ҳаматарафаи рафти ташаккулёбии фанҳои ҷомеашиносӣ — илми таърихшиносӣ, таърих, қонуниятҳои асосии инкишофи давраҳои таърихи ҷамъият, баланд шудани савияи назариявию методологии тадқиқотчиён таъмин мегардад ва он ба кадрҳои касбии оянда имконият медиҳад, ки таҷриба ва малакаҳои илмӣ, тадқиқотӣ, эҷодкорӣ пайдо карда, ба тадқиқотҳои мукаммали илмӣ ва омӯзиш машғул шаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки усули «дарс — лексия» аз панҷ қисмат (пурсиши вазифаи хонагӣ ва дарсҳои гузашта; баёни мавзӯи нав; равиши дарс — лексия ҳангоми баёни мавзӯи нав; мустаҳкам гардонидани дарс — лексия ва ҷамъбасти дарс — лексия) иборат мебошад. Имрӯзҳо бисёртар ба мустақилона дарс тайёр кардани донишҷӯён эътибори махсус дода, дар асоси барномаи таълимии кредитӣ (лексия, амалӣ, КМРО, КМД ва ғайра), аз он ҷумла тартиб додани силлабус, маводи комплекси таълимӣ, презентатсия (муаррифии фан бо нақшу нигор, расмҳо, схема, диаграммаҳо ва ғ.) ташкил карда истодаанд. Албатта, ин намуди дарсгузорӣ як намунаи таҷрибаи пешқадамтарини ҷаҳон буда, ҳаматарафа мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дорад.

Омӯзгор аз саршавии дарс — лексия то охири он бо саволу ҷавобҳо донишҷӯёнро ба дарс ҷалб карда, бисёртар шавқи онҳоро ба ин фан бедор карда метавонад. Дар ин шароит сифат ва самаранокии дарс беҳтар мешавад. Илмҳои ҷомеашиносӣ нисбат ба дигар фанҳои таърих хеле мураккабтар мебошанд, чунки дар он таърихи илми ҷомеашиносӣ дар асоси таҳлили илмии назария ва хулосаҳои гуногуни илмӣ, натиҷаҳои илми ҷомеашиносӣ, муқоисаҳои равандҳои гуногуни илми таърихшиносӣ, маводҳои матбуот, асарҳои гуногуни таърихӣ ва ғайраҳо омӯхта мешавад.

Дар асоси таҷрибаи корӣ ҳаминро пешниҳод кардан мумкин аст, ки истифодаи технологияи инноватсионӣ сифат ва сатҳи баланди таълимро таъмин менамояд. Ба шароити гуногуни объективию субъективӣ нигоҳ накарда, омӯзгор бо донишҷӯён системанок ва бисёртар кор ташкил намояд. Масалан, саволу ҷавоб дар давоми дарс — лексия (3–4 дақиқа), кори хаттӣ дар нимсола 2–3 маротиба, ё ки дар вақти дарс (5 дақиқа), гузаронидани усули тест, интихобан пурсиши мавзӯъҳои таърихи халқи тоҷик аз донишҷӯён дар асоси маводҳои матбуотӣ, асарҳои нави таърихӣ, маълумот дар бораи таърихшиносони варзида, даврабандии таърихи Ватан ва ғайраҳо. Барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии омӯзиши фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ, таърихнигории таърихи фанҳои дақиқ аз роҳ ва метод-усулҳои бисёри кори мустақили донишҷӯён — кори хаттӣ (назоратӣ), коллоквиум, саволу ҷавоб, баҳс, мулоқот, навиштани реферат, кори индивидуалӣ — инфиродӣ, муаррифии асарҳои нави таърихнигорӣ (историографӣ), тайёр кардани маърӯзаи илмӣ дар конфронси илмӣ, таъмини иштироки донишҷӯён дар озмунҳо (олимпиада, озмуни корҳои илмӣ ва ғайраҳо), кори мустақили хонагӣ ва дигар методҳо устокорона истифода бурдан лозим мебошад.

Дар асоси истифодаи технологияҳои инноватсионӣ барои баланд бардоштани сатҳи таълими омӯзиши таърихнигории таърихи фанҳои дақиқ ба масъалаи ҳавасмандкунии донишҷӯён (баҳо додан, аз санҷиш ва имтиҳонҳои мавсимӣ озод намудан, барои кори илмӣ (реферат), маърӯзаи илмӣ тайёр намудан тавсия додан), таъриф кардан ва ғайраҳо эътибори махсус диҳем. Ва баъд аз он барои баланд бардоштани сатҳи таълими фан истифодаи технологияи инноватсионӣ-компютерӣ ва нақши интернетро босамар дар раванди таълим васеъ истифода бурдан лозим аст, ё ин ки дар асоси талаботи замони ҳозира давра ба давра донишҷӯёнро ба ин роҳ ва метод-усулҳои инноватсионии таълим ба дарси шавқовар ҷалб кардан зарур аст.

Дар ҳақиқат, таҳсилоти кредитӣ дар таълим аз ҷиҳати мазмун ва моҳият ба мазмуни дарс — лексия наздик мебошад. Аммо онро ҳаматарафа омӯхта, тайёрии пухта дида, сонӣ истифода барем. Омӯзиши мазмун ва моҳияти таҳсилоти кредитӣ давом дорад. Дар тартиби таҳсилоти кредитӣ дар давоми ҳар як нимсолаи таълим ду бор санҷиши фосилавӣ ва имтиҳони ниҳоӣ дар асоси тестӣ (тести оддӣ, тести мувофиқоварӣ, тести якчанд ҷавобдошта, тести «ҳа ё не»), саволҳои хаттӣ мутобиқи нақшаи раванди таълим ба роҳ монда мешавад. Тартиби гузаронидани имтиҳони ниҳоӣ аз тарафи раёсати донишгоҳ муқаррар мегардад [6, 297].

Дар соҳаи таълим дар давраи истиқлолият якчанд бор ислоҳот гузаронида шуда, дар натиҷаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ба стандарти ҷаҳонӣ наздик шуда истодааст. Мо онро дар барномаҳои таълимии бакалавр, магистратура, доктор PhD, фосилавӣ ва ғайраҳо дидан мумкин аст. Сиёсати давлатии илм дар замони муосир аҳамияти муҳим дошта, ба масъалаҳои омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, самтҳои афзалиятноки илм, ихтироъкориву навоварӣ, банақшагирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иҷроиши он, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар зинаҳои магистратура, докторантура, равиши вижаи унвонҷӯӣ, дастрасӣ ба иттилоот, дастрасӣ ба лаборатория ва корҳои ташхиси маводҳо, табъу нашри маводҳои илмӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, ҳалли мушкилоти самтҳои афзалиятноки илмӣ, иштирок ва дарёфти грант ва лоиҳаҳои фаромиллӣ, баргузории чорабиниҳои илмӣ, семинарҳо, конференсия, симпозиум, масъалаи рейтинги олимон ва муҳаққиқони кишвар ва ба дигар масъалаҳо эътибори махсус дода, сифат ва самаранокии таълиму тарбияро баланд бардошта, кадр-мутахассиси касбӣ тайёр карданро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд [7].

Вазифаи асосӣ дар идоракунии мактабҳои олии кишвар — идоракунӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эҳёгари соҳибистиқлолияти Тоҷикистон — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз доштанд: «Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё кунем. Бори дигар таъкид менамоям, ки неруи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард».

Дар замони муосир масъалаҳои рушди илм дар мактаби олӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои ҷомеашиносӣ барои гул-гулшукуфонии кишвар аҳамияти ҳалкунанда доранд [8, 4]. Таърих гувоҳ аст, ки Истиқлолият марҳилаи махсус дар масъалаҳои рушди илм дар мактаби олӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар омӯзиши фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ, таърихнигории (историографияи) таърихи ҳамаи фанҳо дар ҷараёни таълим дар замони муосир маҳсуб мешавад. Сарвари давлат ҳамчунон ишора мекунанд: «Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад» [9, 6]. Дар шароити муосир фаъолиятҳои кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ дар касбомӯзӣ ва омодагии кадрҳо сифатҳои воқеии ходими мактаби олии кишвар мебошанд, ки онҳоро дар омӯзиши фанҳои ҷомеашиносӣ ёд мегиранд.

Адабиёт

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ш. Душанбе, 26 январи соли 2021. — Душанбе: Шарқи озод, 2021.
  2. Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат. — Душанбе, 2017.
  3. «Ҷавонони Тоҷикистон», № 18 (9704), 06.05.2021.
  4. Эркаев С.А. Таърих — ҳикмати асрҳои гузашта. — Хуҷанд, 2020. — С. 52. Ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020. — Душанбе, 2021.
  5. «Нури маърифат», № 13-14 (2255-56), 18 сентябри соли 2019.
  6. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами илму маориф дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (ш. Кӯлоб, 26-уми декабри соли 2020). — Душанбе: ҶДММ «Нушбод», 2020. — 416 с.
  7. Маводҳои матбуот.
  8. «Ҷавонони Тоҷикистон», № 38 (9620), 19.09.2019.
  9. «Ҷавонони Тоҷикистон», № 18 (9704), 06.05.2021.

Аннотатсия. Дар ин мақола ҳадафҳои асосии истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои ҷомеашиносӣ: таҳсилоти кредитӣ дар таълим, татбиқи босамари технологияи компютерӣ, таълими фосилавӣ, нақши Интернет ва дигар роҳҳову усулҳои истифодашуда дар баланд бардоштани сифати таълим мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.

Калидвожаҳо: мактабҳои олӣ, технология, инноватсия, Тоҷикистон, илмҳои ҷомеашиносӣ, фанҳои гуманитарӣ, таҳсилоти кредитӣ.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2