Зеҳн

Бартариятҳо ва мушкилоти рақамикунонии низоми бонкӣ дар шароити иқтисоди бозории муосир

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Бартариятҳо ва мушкилоти рақамикунонии низоми бонкӣ дар шароити иқтисоди бозории муосир

Муаллиф: Асоев Б.Х. (Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб)

Дар шароити муосир рақамикунонии низоми бонкӣ аз равандҳои интегратсионии технологияҳои муосири пешрафта ва платформаҳои рақамӣ вобастагӣ дорад. Рақамикунонии низоми бонкӣ истифодаи каналҳои рақамиро барои муоширати муштариён, хизматрасонии маҷозии бонкӣ, замимаҳои бонкии мобилӣ, системаҳои пардохтҳои электронӣ ва дигар қарорҳои рақамӣ дар бар мегирад. Мақсади рақамикунонии низоми бонкӣ таъмини самаранокӣ ва бехатарии муштариён мебошад.

Рақамикунонии низоми бонкӣ дар солҳои охир ба далели рушди босуръати технология ва афзоиши талабот ба хизматрасонии боз ҳам дастрас ва муассири бонкӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Рақамикунонии низоми бонкӣ яке аз он мавзӯъҳоест, ки то кунун оид ба он таҳқиқоти зиёде ба анҷом расидааст. Вале рақамикунонии низоми бонкӣ дар шароити муосир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо то ҳол ба таври бояду шояд мавриди баррасӣ қарор гирифта нашудааст.

Аз ин рӯ, мо кӯшиш намудем, ки дар асоси маълумотҳо, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», таҳқиқотҳои муҳаққиқони тоҷик ва хориҷи кишвар, мақолаҳои ба табъ расида рақамикунонии низоми бонкӣ дар шароити муосир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳоро нишон диҳем.

Падидаи рақамикунонӣ «ба сабаби рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, микроэлектроника ва коммуникатсия дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд омадааст. Рақамикунонӣ — ин раванди глобалӣ буда, ҳар рӯз сайёраи Замин ва ҳатто фазои берун аз онро ба худ тобеъ мекунад» [7].

Барои ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фикри мо, ду ҳадафи асосӣ вуҷуд дорад:

Ҳадафи якум фароҳам овардани шароит барои рушди муҳити рақамӣ, яъне инфрасохтори рақамӣ мебошад, ки дар оянда бояд истеҳсолоти моддиро ба сатҳи баландтар расонад ва ҳамчунин ба баланд шудани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасониҳо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд.

Ҳадафи дуюм баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад, ки бе шароити хуби зиндагӣ ба сатҳи баланди рушди иқтисодиёти рақамӣ ноил шудан ғайриимкон аст.

Дар шароити имрӯза теъдоди бештари соҳаҳои иқтисодиёт зери таъсири рақамисозӣ қарор мегиранд, бахусус низоми бонкӣ.

Дар таҳқиқоти гузаронидаи олими рус Алленых М.А. оварда шудааст, ки низоми бонкӣ ҳамчун системаи худташкил ва кушода бо тағйироти доимӣ хос аст, аз он ҷумла доимо ба он омилҳои беруна таъсир мерасонанд, ҳамчунин низоми бонкӣ қодир аст, ки иттилоотро аз муҳити беруна ҷамъ кунад, коркард кунад ва ба ин васила дар фаъолияти худ мутобиқат кунад. Сохтори институтсионалии низоми бонкӣ, ки дар шаклҳои гуногун, аз қабили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкилотҳои гуногун, шаклҳои муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ амалӣ карда мешавад, тағйирёбанда мебошад. Аз ин рӯ, низоми бонкӣ яке аз соҳаҳои иқтисодиёт мебошад, ки дар он технологияҳои нав фаъолона истифода мешаванд.

Номбурда қайд мекунад, ки аз як тараф, низоми бонкӣ технологияҳои нави рақамиро татбиқ мекунад, аз тарафи дигар, ташаббускори чунин навовариҳо мебошад [2, с. 30–33].

Муҳаққиқон Аббасов А.М., Мамедов З.Ф., Алиев С.А. дар мақолаи худ бо номи «Рақамикунонии бахши бонкӣ: вазифаҳои нав ва пешгӯикуниҳо» ба масъалаи мазкур дахл намуда, қайд кардаанд, ки рақамикунонӣ метавонад яке аз муҳаррикҳои рушди низоми бонкӣ гардад ва ҳамчунин сатҳи эътимоди байни амонатгузорон ва бонкҳоро афзоиш дода, шаффофиятро дар бахши мазкур таъмин намояд. Аммо монеаи асосӣ дар роҳи гузариши рақамӣ нарасидани мутахассисони салоҳиятдор, инчунин дарк накардани зарурати фаврии тиҷорати рақамӣ дар асоси технологияҳои рақамӣ мебошад [1, с. 81–89].

Ба фикри инҷониб, бартариҳои рақамикунонӣ дар бахши бонкӣ аз инҳо иборатанд, ки дар ҷадвали 1 нишон дода шудаанд.

Ҷадвали 1. Бартариятҳои рақамикунонӣ дар бахши бонкӣ

№НомгӯйТавсифи бартариятҳо
1Беҳтар намудани таҷрибаи амалии муштариёнКаналҳои рақамӣ ба муштариён имкон медиҳанд, ки ба суратҳисобҳои худ дастрасӣ пайдо кунанд, дар ҳар вақт ва дар ҳама ҷой муомилот анҷом диҳанд, ки ин кори осон ва дастрасро таъмин мекунад. Ҳамаи хусусиятҳо, ба монанди барномаҳои бонкии мобилӣ, чатботҳо ва тавсияҳои фардӣ таҷрибаи амалии муштариёнро беҳтар мекунанд.
2Кам кардани хароҷотБонкдории рақамӣ эҳтиёҷ ба филиалҳои ҷисмонӣ ва равандҳои дастиро коҳиш медиҳад, ки дар натиҷа хароҷоти амалиётӣ барои бонкҳо коҳиш меёбад. Ин имконияти каммасраф метавонад ба муштариён дар шакли пардохтҳои камтар ва меъёри фоизи беҳтар дода шавад.
3Амнияти мукаммал ва пешгирии қаллобӣТадбирҳои амнияти рақамӣ, аз қабили аутентификатсияи дуомилӣ, биометрия ва усулҳои пешрафтаи рамзгузорӣ, маълумот ва муомилоти муштариро аз қаллобон ҳифз мекунанд. Бонкҳо инчунин метавонанд бо истифода аз алгоритмҳои зеҳнӣ ва таҳлили додаҳо фаъолиятҳои шубҳанокро самараноктар назорат ва ошкор кунанд.
4Равандҳои соддагардонидашудаи тиҷоратӣРақамикунонӣ ба бонкҳо имкон медиҳад, ки вазифаҳои гуногуни бэк-офис, аз қабили кушодани суратҳисоб, коркарди қарз ва санҷиши ҳуҷҷатҳоро худкор гардонанд ва ба тартиб дароранд. Ин ба беҳтар гардидани самаранокӣ, коҳиши хатогиҳо ва расонидани хизматҳои босифат мусоидат мекунад.
5Дастрасӣ ба пойгоҳи васеътари муштариёнБо фаро гирифтани платформаҳои рақамӣ бонкҳо метавонанд ба аудиторияи васеътар берун аз макони физикии худ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин ба васеъ гардидани дастрасии бозор ва афзоиши имконият таъсири мусбат мерасонад.

Бо вуҷуди бартариятҳое, ки дар боло қайд гардидаанд, рақамикунонии низоми бонкӣ инчунин мушкилот ва хатарҳоро ба миён меорад, ки бояд ҳалли худро ёбанд ва онҳоро мо дар ҷадвали 2 нишон додем (ниг. ҷадвали 2).

Ҷадвали 2. Мушкилоти рақамикунонии низоми бонкӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо

№Номгӯи мушкилотРоҳҳои ҳалли мушкилот
1Таҳдидҳои киберамниятАзбаски бонкҳо бештар ба зерсохтори технологӣ такя мекунанд, онҳо ба ҳамлаҳои киберӣ осебпазиртар мешаванд. Таъмини чораҳои устувори киберамният, ба фикри мо, гузаронидани аудитҳои мунтазам ва омӯзиши кормандон дар масъалаи коҳиш додани ин хатарҳо мебошад.
2Нобаробарии рақамӣНа ҳама муштариён ба технология дастрасии баробар доранд, ки ин метавонад қишрҳои муайяни аҳолиро, ки бо каналҳои рақамӣ ошно нестанд ё дастрасӣ надоранд, истисно кунад. Бонкҳо бояд ин тафовутро бартараф кунанд ва барои онҳое, ки наметавонанд аз хизматҳои бонкии рақамӣ пурра истифода баранд, имконоти алтернативӣ пешниҳод кунанд.
3Мушкилот оид ба махфияти маълумотҶамъоварӣ ва истифодаи маълумоти муштарӣ бо мақсади фардикунонӣ ва ҳадафҳои маркетинг нигарониҳои марбут ба махфиятро ба вуҷуд меорад. Бонкҳо бояд қоидаҳои қатъии ҳифзи маълумотро риоя кунанд ва шаффофиятро дар амалияи додаҳои худ таъмин кунанд.

Ҳамин тариқ, рақамикунонии низоми бонкӣ дар шароити муосир аз нигоҳи таҷрибаи беҳтари амалии муштариён, кам кардани хароҷот, амният, самаранокии амалиётӣ ва васеъшавии бозор бартариҳои зиёд пешкаш мекунад. Бо вуҷуди ин, рақамикунонии низоми бонкӣ дар шароити муосир инчунин идоракунии дақиқи хатарҳо ва мулоҳизаҳоро барои таъмини фарогирӣ, махфият ва муҳофизат аз таҳдидҳои киберӣ талаб мекунад.

Адабиёт

  1. Аббасов А.М., Мамедов З.Ф., Алиев С.А. Цифровизация банковского сектора: новые вызовы и перспективы // Экономика и управление. – 2019. – № 6. – С. 81–89.
  2. Алленых М.А. Цифровизация банковской системы как новая реальность // Кронос. Научный журнал. – Киев, 2020. – С. 30–33.
  3. Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.11.2003, № 1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии иттилоотӣ-коммуникатсионии технологӣ барои рушди Тоҷикистон».
  4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 460 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025».
  5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, № 643 «Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020».
  6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019, № 642 «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2