Зеҳн

Рушди устувори иқтисодӣ: назарияи тараққиёт ва самтҳои амалигардонии он

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 12 дақиқа хондан

Рушди устувори иқтисодӣ: назарияи тараққиёт ва самтҳои амалигардонии он

Муаллиф: Қазоқзода У.Ҳ. (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)

Дар шароити ҳозира модели анъанавии иқтисодии мамлакатҳои тараққикарда аз рӯйи баъзе меъёрҳо ба мақсад мувофиқ набуда, барои дигар кишварҳо ба сифати намуна ҷиҳати истифода бурдан пешниҳод карда намешавад. Ин ҳолат дар бисёре аз ҳуҷҷатҳои СММ ва дигар маърӯзаҳое, ки дар конфронсҳои байналмилалӣ мегузаранд, пайваста баррасӣ карда мешавад. Дар онҳо қайд карда мешавад, ки модели тараққиёти ғарб ба мақсад мувофиқ набуда, ягона роҳи ҳалли муаммоҳои глобалӣ тараққиёти устувор аст. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳаҷми ифлосшавӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар мамлакатҳои тараққикарда нисбат ба давлатҳои рӯ ба инкишоф қариб 50 маротиба зиёд мебошад. Барои ба даст овардани сатҳи тараққиёт ва истеъмоли кишварҳои пешқадам ҳамаи кишварҳои дунёро зарур аст, ки истифодаи захираҳои табиӣ ва миқдори ифлосиҳоро ба миқдори 10 маротиба зиёд намоянд. Ин дар ҳолати маҳдудияти захираҳо ва мураккаб гардидани ҳолати ҳифзи муҳити зист ба миён меояд. Масалан, агар давлатҳои рӯ ба тараққӣ хоҳанд, ки тарзи зиндагии мамлакатҳои тараққикардаро дошта бошанд, он гоҳ зарурият пайдо мешавад, ки истифодаи захираҳои сӯзишвориро 10 маротиба, сатҳи истифодаи захираҳои маъданӣ (минералӣ)-ро тақрибан 200 маротиба зиёд намоянд.

Ҳолати мураккаб гардидани муаммоҳои экологии истифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири манфии он ба муҳити зист бисёре аз роҳбарони кишварҳои иқтисодашон тараққикардаи дунёро ба ташвиш даровардааст. Дар ин бора ноиби президент (вице-президент)-и ИМА А. Гор (дорандаи ҷоизаи нобелӣ дар соҳаи иқтисодиёт) солҳои 1993–2000 дар китоби «Замин дар паллаҳои тарозу. Экология ва рӯҳи одамӣ» (соли 1992) чунин менависад: «…дар шароити ҳозира тараққиёти иқтисодӣ аз бисёр ҷиҳат ба муҳити зист харобиовар аст, ки ин ҷараён рӯз то рӯз ба табиат ва дар ниҳояти кор ба тараққиёти башарӣ таъсири манфии худро расонида истодааст».

Бояд гуфт, ки тарзи зиндагии инсон дорои як қатор мушкилоти экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Бо пешрафти илму техника аҳолӣ ва истеъмолот меафзояд ва ба ҳифзи муҳити зист ва атроф чандон аҳамият дода намешавад. Ин ба афзоиши истеҳсолот, партовгоҳҳои нав ва паст шудани сатҳу сифати зиндагӣ оварда мерасонад. Аз ин ҷост, ки маҳз барои аз байн бурдани чунин хатарҳо СММ дар солҳои 70–80-уми асри гузашта консепсияи рушди устувор бидуни зарар ба наслҳои ояндаро ба тасвиб расонида, пешниҳод намудааст.

Аз ин ҷост, ки назарияи тараққиёти устувор дар шароити ҳозира яке аз идеологияҳои базавии бартариятноки ҳуҷҷатҳои консептуалӣ ва стратегии давлатӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дарк намудани алоқаҳои экологӣ ба соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ҳанӯз дар солҳои 70–80-уми асри гузашта ба ташаккули консепсияи тараққиёти устувор оварда расонд. Ин ҷо метавон семинари байналмилалӣ оид ба муаммоҳои тараққиёт ва ҳифзи муҳити зистро, ки соли 1971 дар ш. Фун (давлати Шветсария) баргузор гардид, мисол овард. Онро ҳамчун қадами аввал барои расидан ба рушди устувори глобалӣ метавон арзёбӣ намуд. Маҳз дар ҳамин ҷо аввалин маротиба дар бораи арзи вуҷуд доштани таҳдиди экологӣ ва муҳимият доштани ин муаммо барои кишварҳои «ҷаҳони сеюм» фикру андешаҳо пешниҳод гардиданд, ки ҳамчун оғози муҳокимаҳои муаммоҳои экологӣ дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Аз ҳама муҳим, ин семинар барои конференсияи байналмилалӣ оид ба муҳити зисти инсоният (Stockholm Conference on the Human Environment), ки соли 1972 дар Стокголм баргузор гардид, заминаи мусоид фароҳам овард.

Бояд қайд намуд, ки ду даҳсолаи охири асри гузашта низ шоҳиди гузаронидани як қатор чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист гаштанд. Аз ин ҷост, ки дар ташаккули консепсияи тараққиёт бо назардошти маҳдудиятҳои экологӣ ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ маърӯзаи Комиссияи байналхалқӣ оид ба муҳити зист ва тараққиёт «Ояндаи умумии мо» (с. 1987), ки бо супориши СММ ва таҳти раисии Х.Г. Брундтланд (сарвазири ҳамонвақтаи давлати Норвегия) гузашт, мақоми муҳимро ишғол намуд. Дар ин маърӯза дар хусуси ташкили муносибатҳои нави иқтисодиёти глобалӣ ва экологӣ сухан мерафт. Коршиносон (экспертҳо)-и роҳбарикунанда аз 21 мамлакати ҷаҳон қайд намуданд, ки дар қатори иқтисодиёт инчунин муносибати байниякдигарии экологии кишварҳои дунё тезу тунд гашта истодааст: «Экология ва иқтисодиёт рӯз аз рӯз дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ ба якдигар алоқаманд гашта, комплекси мураккаби сабабҳо ва оқибатҳоро ба вуҷуд оварда истодаанд». Мақсади асосии ин маърӯза коркарди барномаи глобалии тағйиротҳо дар тараққиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт. Дар маърӯза стратегияи дарозмуддат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки тараққиёти устувори иқтисоди ҷаҳониро ба муҳлатҳои зиёд ояндабинӣ мекард, пешниҳод карда шуд. Хулоса ва пешниҳодҳои комиссияи байналхалқӣ аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ баҳои мусбиро гирифт. Ба ҷумлаи чунин чорабиниҳо Конфронси СММ дар бораи муҳити зист ва тараққиётро дохил кардан мумкин аст, ки он соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейро (бо номи конференсияи Рио-92) баргузор гардид. Ҳуҷҷати муҳиме, ки дар ин конфронс баррасӣ гардид, барномаи «Тартиби рӯз барои асри XXI» буд, ки аз тарафи 179 давлати дунё қабул гардида, он таҷассумгари барномаи глобалии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии башарӣ барои садсолаи оянда буд (расми 1).

Расми 1. Нақшаи ҷараёни таъсири байниякдигарии низоми экологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ:

  • Муҳити табиӣ: Атмосфера, Гидросфера, Биосфера, Литосфера → НТЭ (низоми табиию экологӣ).
  • Таъсири мутақобила: НИ (низоми иқтисодӣ) ↔ Имконият, БМ (боигарии миллӣ), ФМ (фаъолнокии миллӣ) ↔ НИТваЭ (низоми истеҳсолию техникӣ ва энергетикӣ), аз ҷумла Истеҳсоли молу хизматҳо ва Истеҳсоли энергия.
  • Талаботи сотсиум: Аҳолӣ ва демография; Давомнокии зиндагӣ ва саломатӣ; Маориф ва сармояи инсонӣ; Вазъи моддӣ ва сатҳи зиндагӣ.

Тавзеҳот: НТЭ — низоми табиию экологӣ; НИ — низоми иқтисодӣ; НИТваЭ — низоми истеҳсолию техникӣ ва энергетикӣ; БМ — боигарии миллӣ; ФМ — фаъолнокии миллӣ.

Як нуқтаро метавон қайд намуд, ки зимни ба даст овардани дилхоҳ натиҷаи иқтисодӣ (яъне истеҳсолот) бояд принсипи самараи комплексии натиҷаи истеҳсолот, яъне самараи экологию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба назар гирифта шавад. Аз ин хотир, дар расми 1 нақшаи принсипиалии ҷараёни таъсири байниякдигарии низоми экологӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷамъияти муосир бо чунин тарз оварда шудааст.

Аз расм бармеояд, ки экосистема дар худ маҳдудияти пурра (возеҳ) бо вақт ва ҳудуди ягона дорад, ки на танҳо ҳамаи организмҳои маскундошта, хусусияти физикии иқлим ва хок, инчунин ҳамаи таъсири мутақобилаи организмҳои гуногун ва байни ин организмҳо ва шароити физикии онҳоро дар бар мегирад. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои тавсифи вазъ ва маълум намудани таҳаввулоти ин низом зарурияти мураккаб будан ва гуногунии миқёси ҳаҷми иттилоот бо дарназардошти сатҳи мавҷудбудаи техника ва технология, ки коркарди онҳо ғайриимкон аст, дар гузашта нишон дода мешуд. Аз ин хотир, зарурияти ҷустуҷӯи таҳқиқотҳо дар бораи усулҳои дигари ҳалли ин масъала ба миён меояд, ки он на танҳо ба истифодаи мустақим, балки инчунин ғайримустақими арзёбии ҷараёнҳои ба якдигар таъсиркунандаи низоми табиӣ ва ҷамъиятӣ асос меёбад.

Дар сарчашмаҳо самтҳои муҳимтари рушди устуворро бо тарзу усулҳои гуногун овардаанд, ки миёни онҳо ҳолатҳои зеринро метавон ҷудо намуд:

  1. Истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ (замин, об, ҳаво, олами ҳайвоноту наботот ва ғ.).

  2. Экологикунонии фаъолияти хоҷагидорӣ, ки ҳамчун илми муосир ва қисмати ҷудонашавандаи муаммоҳои тараққиёти устувор фаҳмида мешавад. Экологикунонии фаъолияти хоҷагидорӣ пешниҳод мекунад, ки зарурияти ба назар гирифтани риояи қонунҳои истифодаи захираҳои табиӣ дар чунин ҳолатҳо ба амал бароварда шавад:

  • қонуни маҳдудият (тамомшавӣ)-и захираҳои табиӣ (аз сабаби он ки дунё як ҷузъи табиию органикиро мемонад, дар он наметавонанд қисматҳои беохир арзи вуҷуд дошта бошанд);
  • қонуни паст намудани самараи энергетикии истифодабарии сарватҳои табиӣ (дар асри гузашта миқдори энергия ба як воҳиди маҳсулоти сарфшуда дар мамлакатҳои тараққикарда ба 8–12 маротиба баланд гардид);
  • қонуни паст намудани дастрасии иқтидор (нерӯ)-и табиию захиравӣ;
  • қонуни баланд гардидани хароҷоти меҳнат ва энергия барои аз худ кардан ва кашонидани захираҳо.
  1. Ба даст овардани мутаносибии дохили соҳаҳо, қисматҳо, таркиб ва унсурҳои иқтисодиёт ҳамчун низоми ягонаи иқтисодӣ яке аз самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Вақте ки иқтисодиёт тараққӣ мекунад, муътадилӣ нигоҳ дошта мешавад ва ин маънои онро дорад, ки он оҳиста-оҳиста номутаносибиро нобуд менамояд. Агар болои ин боз афзоиши даромади миллӣ таъмин карда шавад, он гоҳ гуфтан мумкин аст, ки дар он рушди мутаносиби иқтисодиёт таъмин карда шудааст. Рушди мутаносиб маънои тағйирёбии ба эътидол даровардашудаи қисматҳои таркибии онро дорад, ки дар он тараққиёти хоҷагии миллӣ ҳамчун низоми ягона амал менамояд. Маҳз рушди мутаносиби иқтисодиёт барои рушди устувор ҳамчун заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

  2. Яке аз самтҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ ин истифодаи самараноки сармояи инсонӣ мебошад. Сармояи инсониро ҳамчун ҷамъи чор унсури таркибӣ маънидод намудан мумкин аст. Сармояи модарзодӣ ё биологӣ «захираи устуворӣ»-и одам ҳамчун субъекти биологӣ, яъне хусусияти саломатии ҷисмонии одам мебошад. Сармояи бадастоварда боигарии инсонро (ба ифодаи арзишӣ) муайян мекунад, ки дар давоми зиндагӣ ба даст омадааст. Сармояи зеҳнӣ (интеллектуалӣ)-и инсон аз «сотсиум», яъне дар ҷараёни тарбия, омӯзиш, маҳорати касбӣ ва ғ. ба даст меояд. Сармояи ботинӣ (маънавӣ) ба инсон дар бисёр ҳолатҳо аз ҳисоби меҳнати худи кас, яъне дар болои худ кор кардан ба даст оварда мешавад.

Агар аз нуқтаи назари индекси рушди захираҳои инсонӣ баҳогузорӣ намоем, он аз рӯйи се нишондиҳанда арзёбӣ карда мешавад: а) дарозумрӣ, ки дар асоси давомнокии интизоршаванда зимни таваллуд ҳисоб карда мешавад; б) ба даст овардани дониш, ки аз рӯйи бузургии саводнокии аҳолӣ баҳогузорӣ карда мешавад; в) сатҳи зиндагӣ, ки дар базаи ММД-и воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ бо дарназардошти баробарии қобилияти харидорӣ чен карда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки дар адабиётҳои муосир индекси рушди захираҳои инсонӣ аз рӯйи чор нишондиҳанда низ баҳогузорӣ карда мешавад.

Албатта, дар пешрафти захираҳои инсонӣ ҳар се нишондиҳанда нақши муҳимро мебозад, вале айни ҳол ин ҷо сухан сари захираҳои зеҳнӣ (интеллектуалӣ)-и инсон меравад, ки маҳз ба он такя намуда, имрӯзҳо инсоният ҷаҳишҳои бузурги иқтисодиро ба даст овардааст. Дар охир, вақте ки табиат ҳамчун арзиши асосӣ барои инсон ба ҳисоб меравад, ӯ аз рӯзҳои аввал ҳаракат мекунад, ки хона (экос)-и табиии худро барои пешбурди зиндагӣ тоза ва дилкаш нигоҳ дорад. Ҳангоме ки инсон олами дохилии худро мукаммал намуд, фаза (дараҷа)-и тараққиёти иқтисодӣ оғоз ёфта, дар ин ҷо «инсони эҷодкор» ба вуҷуд меояд.

  1. Гузариш ба намуди инноватсионӣ, аз он ҷумла рушди «Иқтисоди сабз», бахусус дар замони муосир (яъне асри XXI), яке аз самтҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Дар айни замон ҷомеа ба таври мухтасар ифодаи «Иқтисоди сабз»-ро дарк менамоянд. Баъзе иқтисодчӣ-экологҳо боварӣ доранд, ки ин бахшҳои нави иқтисодиёт табиати кишварро беҳтар ва хубтар мегардонанд. Дигарон ин ифодаро ҳамчун технологияҳои навин ва муосир, як намуди экосистемаҳо, ки барои расонидани кумак ба табиат офарида шудааст, мефаҳмонанд. Ҳамзамон баъзе муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки ин гузариш ба марҳилаи нави рушди устувори иқтисодӣ аст, ки мақсади он фароҳам овардани шароити экологӣ мебошад. Имрӯз 40% инноватсияҳои ҷаҳонӣ аз ҳисоби «Иқтисоди сабз» буда, 20%-и онро нерӯи барқ ва самаранокии энергия, ки омили асосии иқтисоди сабз аст, ташкил медиҳад. Нерӯи энергетикӣ на танҳо барои рақобатпазирӣ ва бехатарӣ, балки ҳамчун гармӣ ва рӯшноӣ истифода мешавад ва 50%-и партовҳои ифлоскунанда ва 70%-и газҳои гармидиҳандаро паст менамояд. Яъне, сатҳи шиддатнокии энергетикӣ бо таркиби муҳити иқлими зист ва иқтисодиёти миллӣ муайян карда мешавад. Ҳамзамон, пешрафти иқтисоди анъанавӣ захираҳои мавҷударо ба хароҷоти зиёд оварда мерасонад ва самаранокии маҳсулотро коҳиш дода, сабаби зиёд шудани хавфҳои экологӣ, норасоии экологӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ гардида, буҳронҳои давомдори иқтисодиву молиявиро ба миён меоварад. Ва дар ниҳояти кор андешаи модели нави «Иқтисоди сабз», ки дар он беҳбудии моддӣ аз таъмини рушди устувори иқтисоди ҷомеа иборат мебошад, ташаккул меёбад.

Ҳамин тавр, иқтисоди сабз — иқтисодиётест, ки барои нигоҳ доштани некӯаҳволии ҷомеа тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин таъмини баргардонидани маҳсулоти ниҳоӣ ба давраи истеҳсолот равона шудааст. Пеш аз ҳама «Иқтисоди сабз» ба истифодаи сарфакоронаи он захираҳое, ки ҳоло ба талаф мераванд (маъданӣ — нафту газ ва ангишт), дахл дорад ва ба истифодаи оқилонаи захираҳои барқароршаванда равона мегардад. Дар маркази иқтисоди сабз технологияи тоза ё сабз ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои коршиносону олимон, рушди «Иқтисоди сабз» ба кишварҳои ҷаҳон имкон медиҳад, ки буҳрони экологиеро, ки аллакай бисёре аз кишварҳои оламро фаро гирифтааст, то андозае паст намоянд. Иқтисоди сабз ба мавзӯи асосии мубоҳиса барои конференсия, форумҳо ва дигар нишастҳои муҳими байналхалқии сатҳи баланд дар ояндаи наздик мешавад. Ҳамин тариқ, масъалаҳои рушди «сабз» ҳамчун стратегияи рушди устувор на танҳо дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи уқёнуси Ором, махсусан истифодаи оқилонаи захираҳо, коҳиши карбон ва рушди устувори шаҳрҳо самтҳои калидӣ ба шумор мераванд.

Ҳамин тавр, ба ғайр аз самтҳои зикршуда, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ инчунин ҳалли чорабиниҳои зерин дар мадди аввал меистанд, ки миёни онҳо ҳолатҳои зеринро метавон ҷудо намуд: баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти ҷумҳурӣ; гузаштан аз иқтисодиёти ба ашёи хом нигаронидашуда ба истеҳсолоти ватании ба дастовардҳои илмию техникӣ ва дониш асосёфта; ташаккули муҳити рақобатнок; гузаштан ба технологияи сарфакунандаи энергия ва ҳифзкунандаи захираҳо ба хотири паст намудани арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшуда; муҳофизати муҳити зист ба хотири истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ (захираҳои об, замин, ҳавои атмосферӣ, олами ҳайвоноту наботот) ва ғ. Ҳамин тариқ, дар ҳолати амалӣ сохтани чорабиниҳои зикршуда тараққиёти устувори иқтисодӣ метавонад таъмин гардад.

Адабиёт

  1. Дьяченко О.В. Глобализация и продовольственная безопасность России // Глобализация и аграрная экономика России: тенденции, возможные стратегии и риски. - М.: ВИАПИ им. А.А. Никонова: «Энциклопедия российских деревень», 2011. - С. 13-14.
  2. Пуляркина В.А. Глобальная продовольственная проблема как географический феномен // Изв. РАН. Сер. геогр. - 2000. - №2. - С. 20-27.
  3. Решетникова Е.Г. Совершенствование оптовой торговли продовольственной продукцией как фактор обеспечения экономической доступности продовольствия // Международный сельскохозяйственный журнал. - 2021. - №1 (379). - С. 69-73.
  4. Саидмуродова М.А. Теоретические проблемы обеспечения продовольственной безопасности в условиях рыночных отношений // Трансформация экономики Таджикистана: состояние, проблемы и перспективы (Материалы научно-практической конференции, 2 декабря 2011 года, г. Душанбе). - Душанбе: «Ирфон», 2011. - С. 185-190.
  5. Сергеева Н.М., Соловьева Т.Н., Святова О.В., Зюкин Д.А., Федулов М.А. Влияние специализации на экономическое развитие регионов // Международный сельскохозяйственный журнал. - М., 2022. - №1. - С. 28-32.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2