Зеҳн

Асосҳои илмии рушди равандҳои интегратсионӣ дар бозори нерӯи барқи давлатҳои Осиёи Марказӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Асосҳои илмии рушди равандҳои интегратсионӣ дар бозори нерӯи барқи давлатҳои Осиёи Марказӣ

Муаллиф: Асоев Б.Х. (Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб)

Амалигардонии ҳамкориҳо дар раванди интегратсияи бозори нерӯи барқи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди устувори давлатҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати рушди иқтисодӣ ва аз байн бурдани таҳдидҳои фаромиллӣ мусоидат хоҳад кард. Афзалияти равандҳои интегратсионӣ аз зарурати барқарор ва рушди муносибатҳои судманд байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бозори нерӯи барқ вобаста аст, ки мақсади асосии он ғанӣ гардонидани бозори дохилии ҳар як давлат бо намудҳои арзони захираҳои энергетикӣ, қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба онҳо ва афзоиши имкониятҳои содироти захираҳои энергетикӣ ба давлатҳои ҳамсоя, аз қабили Афғонистон ва Покистон ба шумор меравад.

Оид ба масъалаи равандҳои интегратсионии бозори нерӯи барқ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва рушди он аз ҷониби муҳаққиқони соҳаи иқтисодиёти ватанӣ ва хориҷи дуру наздик пешниҳоду ақидаҳои мушаххас оварда шудааст, ки дар ҷадвали зер нишон медиҳем (ниг. ҷадвали 1).

Ҷадвали 1. Ақидаҳо оид ба рушди равандҳои интегратсионии бозори нерӯи барқ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ*

МуҳаққиқонАқидаҳо
Абдувалиева Н.А.Ҳадафҳои афзалиятноки (стратегӣ) рушди иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ, амиқгардонӣ ва рушди равандҳои интегратсионӣ дар соҳаи энергетика аз ташаккули минбаъдаи бозори умумии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ асос меёбад. Ин ба воситаи пурра қонеъ кардани талаботи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст меояд [1, с. 113].
Касымова М.В.Асоси ҳамкориҳоро дар рушди истифодаи устувори нерӯи барқ дар минтақа низоми ягонаи энергетикӣ ва газӣ ташкил медиҳанд. Ҳамгироии самарабахши низоми таъминоти барқро дар минтақа тавассути ташаккули бозорҳои дохилии рақобатпазир ва иштироки фаъолона дар бозорҳои энергетикии беруна таъмин кардан мумкин аст. Низоми мазкур бояд ба монанди монополияҳои табиӣ ба таври дастаҷамъона идора ва танзим карда шавад. Идоракунии дастаҷамъӣ тавассути саҳмдорон (саҳмдорон — давлатҳои Осиёи Марказӣ) ҳамчун модели маъмулии идоракунӣ бояд ба ташкили дастгирии сиёсӣ барои ислоҳоти комплекси энергетикии минтақа кумак карда тавонад [6, с. 55–56].
Аминҷонов Ф.С.Механизми истифодаи муштараки захираҳо, ки низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказиро ба қадри кофӣ ва боэътимод бо захираҳои энергетикӣ таъмин карда тавонад, дар миёнаҳои солҳои 2000 аз байн рафт. Сиёсати нави энергетикӣ, ки ба самти ташкили низоми мустақил, вале дарвоқеъ аз ҳамсояҳо вобастабуда, яъне низомҳои миллӣ нигаронида шуда, на танҳо ба амнияти энергетикии кишварҳои минтақа таҳдид мекунад, балки ба дараҷаҳои мухталиф ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ халал мерасонад. Бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии низомҳои мустақили энергетикӣ, Бонки Осиёии Рушд барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказиро дастгирӣ намуд, ки он ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъмини дастрасии боэътимод ба захираҳои энергетикӣ ба шумор меравад. Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ ба ҳалли тақсимоти нобаробар ва тағйирёбии мавсимии истеҳсоли нерӯи барқ дар минтақа равона шудааст, ки ин дар навбати худ бояд ба баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва рушди иқтисодӣ оварда расонад. Афзалияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар бозори нерӯи барқ ба самти ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст [3, с. 53–64].
Петров Г.Н.Омилҳое ҳастанд, ки барои ҳамаи давлатҳои минтақа маъмуланд ва бартарии равандҳои интегратсиониро дар бозори нерӯи барқи давлатҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳанд. Ҳамин тавр, муттаҳидкунии низомҳои энергетикӣ, ҳатто ба маънои сирф техникӣ, ҷанбаҳои мусбат дорад:1. Муттаҳидкунии низоми энергетикӣ, ки фарогирии ҳудуди он дар минтақаҳои гуногун ва дар вақти муайян имкон медиҳад, ҷадвали истеъмоли нерӯи барқро, бахусус дар давоми рӯз коҳиш дода, истифодаи оқилонаи онро таъмин кунад. Ҳамчунин, вай имкон медиҳад, ки давомнокии истифодаи агрегатҳои барқӣ зиёд карда шуда, иқтидори муқарраршудаи нерӯгоҳҳои барқӣ ҳангоми истеҳсоли нерӯи барқ коҳиш ёбад.2. Дар муттаҳидкунии низоми энергетикӣ захираҳои фавқулода дар нерӯгоҳҳои барқии алоҳида низ метавонанд аксар вақт ба таври назаррас кам карда шаванд.3. Дар муттаҳидкунии низоми энергетикӣ сохтори низоми мазкур аз ҳисоби истифодаи оқилонаи намудҳои гуногуни нерӯгоҳҳои барқӣ беҳтар карда мешавад. Ин махсусан барои Осиёи Марказӣ хос аст, ки дар он низоми энергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон асосан бо нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва низоми энергетикии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон бошад, бо нерӯгоҳҳои барқи аловӣ фаъолият мекунанд.4. Муттаҳидкунии низоми энергетикӣ эътимоднокӣ ва бехатарии таъминоти барқро ба истеъмолкунандагон зиёд карда, қобилияти низомиро афзун намуда, идоракунии онҳоро содда ва такмил медиҳад [7, с. 117–131].
Алиева Р.Р.Манфиати умумии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ дар заминаи захираҳои мавҷудаи сӯзишворӣ-энергетикӣ ва обӣ барои ташаккули бозори ягонаи минтақавӣ шароит фароҳам оварда, махсусгардонӣ ва ҳамоҳангсозии истеҳсоли нерӯи барқро васеъ карда, барои фурӯши нерӯи барқ рақобатпазирии бештарро фароҳам меорад, ки ин боиси тақвият ва рушди иқтисоди миллӣ ва минтақавӣ мегардад [2, с. 187–198].
Зияева З.Ж.Равандҳои интегратсионӣ бо сатҳу сифати баландтар имкон медиҳанд, ки ҳалли комплексии мушкилоти муҳимтарини иқтисодӣ, энергетикӣ, обӣ ва экологии минтақа дар асоси нишондиҳандаҳои зерин ба даст оварда шавад:- татбиқи барномаҳои бузурги миллӣ, байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, экологӣ ва обёрӣ;- рушди интегратсионии байнидавлатии иқтисодиёт, ташаккули бозори минтақавӣ бо захираҳои назарраси молӣ ва инфрасохтори бозор;- барқарор намудани муносибатҳои бозории мутақобилан судманди байнидавлатӣ дар байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони захираҳои энергетикӣ ва обӣ;- барқарор ва нигоҳдории баробарии экологӣ дар минтақа, ҳифзи муҳити зист ва меросии байни давлатҳо;- муайян намудани афзалиятҳои миллии азнавсозии иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии онҳо ва муайян кардани афзалиятҳои минтақавӣ дар рушди соҳаҳои энергетика бо мақсади таъмини пешгирии муноқишаҳои байни давлатҳо;- ташаккули низоми дастгирии байнидавлатии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика;- дар амалияи муносибатҳои байнидавлатӣ ҷорӣ намудани механизмҳои бозории таъминоти нерӯи барқ [5, с. 85–89].
Ақидаи муаллифИнтегратсияи энергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз омилҳои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавии муосир мебошад. Ояндаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз фаъол шудани хоҳиши умумии онҳо барои рушди равандҳои интегратсионӣ дар бозори нерӯи барқ вобастагии амиқ дорад.

*Сарчашма: муаллиф таҳия намудааст.

Барои рушду тараққиёти интегратсия дар бозори нерӯи барқи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ба ақидаи мо, зарурати татбиқи тадбирҳои зерин дар ҳар як давлат лозим аст:

  • таҳия, татбиқ ва мониторинги барномаҳои миллии энергетикӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои минтақавӣ дар онҳо;
  • кӯшиши ҳадди аксар барои ташаккул ва рушди бозори минтақавии захираҳои энергетикӣ;
  • истифодаи максималӣ аз энергияи алтернативӣ — бод, офтоб ва геотермалӣ;
  • рушди босуръати гидроэнергетикаи хурд;
  • таҳия ва татбиқи сиёсати дурусти сарфаи энергия ва об;
  • таҳия ва татбиқи механизми таъмини талаботи экологӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони нерӯи барқ;
  • асосноккунии тарифҳо ва нархҳои миллӣ ва байнидавлатии нерӯи барқ.

Дар ҷамъбаст аз гуфтаҳои боло бояд қайд кард, ки муваффақияти ҳамгироии энергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мувофиқати механизми ташкилию иқтисодии он, аз ҷумла некӯаҳволӣ, усулҳои иқтисодӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ муайян карда мешавад.

Адабиёт

  1. Абдувалиева Н.А. Перспективы и механизмы формирования энергетического кластера Центрально-азиатского региона / Диссертация на соискание ученой степени кандидата экономических наук. – Душанбе, 2019 г. – С. 113.
  2. Алиева Р.Р. Интеграция – фактор устойчивого развития и стабильности государств Центральной Азии / Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук. – Худжанд, 2015. – №1 (1). – С. 187-198.
  3. Аминжонов Ф.С. Программа Центрально-азиатского регионального экономического сотрудничества как драйвер региональных энергетических проектов для укрепления энергетической безопасности в постсоветской Центральной Азии / Проблемы постсоветского пространства. – Москва, 2019. – Том 6, №2. – С. 53-64.
  4. Зиядуллаев Н.С., Зиядуллаев У.С. О стратегии развития государств Центральной Азии в условиях глобализации и регионализации мировой экономики // Общество и экономика. – М., 2019. – № 4. – С. 87–100.
  5. Зияева З.Ж. Роль интеграционных процессов стран ЕврАзЭС и ШОС в освоении энергетических ресурсов Таджикистана / Проблемы современной экономики. – Москва, 2009. – № 2 (30). – С. 85-89.
  6. Касымова В.М. Проблемы межгосударственного взаимодействия в области ТЭК стран Центральной Азии / В.М. Касымова // Евразийская экономическая интеграция, №1 (6), февраль 2010 г. – С. 55-56.
  7. Петров Г.Н. «Гидроэнергетика и ее роль в региональной интеграции стран Центральной Азии» / Евразийская экономическая интеграция. – Москва, 2009. – №3 (4). – С. 117-131.
  8. Ричард У. Региональная интеграция как стратегия энергетической безопасности: опыт Европы по обеспечению безопасности посредством регулятивной интеграции для Центральной Азии / У. Ричард // Ежегодный сборник аналитических статей. – Бишкек: 2020. – С. 162-177.
  9. Центрально-азиатская программа развития энергетических и водных ресурсов. Годовой отчет за 2017 г. [электронный ресурс]. URL: http://documents1.worldbank.org/ (дата обращения: 15.09.2020 г.).

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2