Зеҳн

Самтҳои асосии механизми танзими давлатии ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Самтҳои асосии механизми танзими давлатии ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллифон: Пиризода Ҷ.С., Абдурашидова У.Ҷ., Ҷангов С.А. (Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб)

Танзими давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ — ин таъсири иқтисодии давлат дар истеҳсолот, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва ғизо, инчунин хизматрасониҳои истеҳсолӣ, техникӣ ва дастгирии моддию техникии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Татбиқи он муътадилии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ноил гардиданро ба амнияти озуқавории кишвар таъмин намуда, заминаҳои мусоидро барои баромадани комплекси агросаноатӣ аз буҳрон ва баробаршавии даромадҳои коргарони соҳаи кишоварзӣ бо дигар соҳаҳои иқтисодиёт бунёд месозад.

Бояд қайд кард, ки танзими давлатии фаъолияти сармоягузории корхона ҳамчун фаъолияти мақсадноки давлат ҷиҳати таъмини шароитҳои мусоид барои сармоягузорӣ, истифодаи самараноки иқтидори сармоягузории корхона бо мақсади баланд бардоштани иқтисодиёт ва ҳалли вазифаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ фаҳмида мешавад.

Аз ҷиҳати илмию назариявӣ, ба фикри мо, танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ — маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ, техникӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки ба фароҳам овардани муҳити сармоягузорӣ, нигоҳ доштани сармоя, ноил шудан ба ҳадафҳои сармоягузорӣ, фаъолияти пурсамари объекти сармоягузорӣ ва баргардонидани сармоя, ҳифзи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои сармоягузорон, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани фоида (даромад) аз сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Дар мақола қайд шудааст, ки дар шароити Тоҷикистон бояд механизмҳои танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ коркард карда шаванд, ки ба ташкили заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти сармоягузорӣ дар бозори сармоя, ташаккули ҳадаф ва тактикаи афзалиятҳои стратегӣ, арзишҳои иҷтимоӣ ва самти сармоягузорӣ ба баробарнамоии ҷамъи талабот ва таклифот, тақсимоти ҷудогонаи даромади соҳаҳо ва истеҳсолот, танзими сармоягузориҳои хориҷӣ ва бозори асъор равона мегарданд.

Қобили зикр аст, ки танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва иҷтимоӣ амалӣ мегардад. Танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ аз идоракунии сармоягузориҳои давлатӣ, инчунин танзими шароитҳои фаъолияти сармоягузорӣ ва назорати иҷрои он аз тарафи ҳамаи сармоягузорон ва субъектҳои фаъолияти сармоягузорӣ иборат мебошад.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки ҳолати муосири сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хусусан соҳаи кишоварзӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт муаммоҳои зиёде ҷой доранд. Ба ин муаммоҳо дохил мешаванд: сатҳи пасти маърифати молиявӣ, дар сатҳи зарурӣ набудани инфрасохтори рушди дастрасии сарчашмаҳои маблағгузории молиявӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ, набудани дастгирии давлатии истеҳсолоти кишоварзӣ, ҳол он ки дар аксари давлатҳои ҷаҳон соҳаи кишоварзӣ соҳаи дотатсионӣ аст.

Бояд гуфт, ки то кунун дар ҷумҳурӣ оид ба танзими давлатии истифодаи иқтидорҳои сармоягузорӣ, ки метавонад ба самаранокии рушди иқтисодиёти кишоварзӣ таъсир расонад, таҳқиқоти маҷмӯӣ гузаронида нашудааст. Зарур аст, ки самтҳои танзими давлатӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз нуқтаи назари тамоми шохаҳои кишоварзӣ муайян карда шаванд. Вазъи ҷойдоштаи масъалаҳое, ки дар боло зикр шуданд, ба таври нокифоя назарияи коркардашудаи тадқиқи муаммои мазкурро дар соҳаи иқтисодиёти миллӣ инъикос менамояд.

Оид ба танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ олими Федератсияи Россия Л. И. Абалкин қайд намудааст, ки давлат бояд барномаҳои бузургтарини марбут ба фаъолияти сармоягузориро дар соҳаи экология, рушди соҳаҳои нав ва ғ. аз буҷети давлатӣ амалӣ намояд [1]. Инчунин, С. С. Шаталин танзими давлатии фаъолияти сармоягузориро ҳамчун ҳалли мушкилоти иқтисодии пешрафта дида баромада, на танҳо аз ҷиҳати тактикӣ, балки масъалаҳои стратегии рушди минтақаро низ баррасӣ мекунад [2]. Мутобиқи Шаталин, механизмҳои муассири танзими давлатии нархҳо, қарзҳо, субсидияҳо ва андозҳо заруранд. Ин соҳаи табиии истифодаи захираҳои ҷамъиятӣ, дахолати давлат ба иқтисодиёти бозорӣ мебошад. Инчунин, А. Г. Аганбегян қайд менамояд, ки вазифаҳои танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ, ки дар кишварҳои пешрафта ҳалли худро ёфтаанд, пайваста бо баъзе равандҳои манфии марбут, ки бо муносибатҳои бозаргонӣ ҳамроҳанд, равона мегарданд [3]. Дар робита тавассути танзими махсус метавон таваррумро коҳиш дода, чораҳои самарабахш баҳри маҳдуд сохтани сатҳи бекорӣ, аз ҷумла соддагардонии он барои шахсоне, ки аз ҷойи кор маҳрум гаштаанд, ба роҳ монда шаванд.

Бояд қайд кард, ки олимони ватанӣ С. А. Мирсаидов ва Б. С. Музаффаров чунин мешуморанд, ки: «Дар шароити ташаккулёбӣ ва рушди иқтисодиёти омехта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати сармоягузории хурд ва бузург дар шакли муштарак дар хоҷагии қишлоқ ба вуҷуд меояд» [4].

Ба ақидаи мо, сармоягузориҳои калонҳаҷм бояд баҳри барқарор намудани низоми вайроншудаи озуқавории мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ нигаронида шаванд. Танзими давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ ин таъсири иқтисодии давлат дар истеҳсолот, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва ғизо, инчунин хизматрасониҳои истеҳсолӣ, техникӣ ва дастгирии моддию техникии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Татбиқи он муътадилии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ба амнияти озуқавории кишвар ноил гардиданро таъмин намуда, заминаҳои мусоид барои аз буҳрон баромадани комплекси агросаноатӣ ва баробаршавии даромадҳои кормандони соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиётро ба вуҷуд меоварад.

Ба ақидаи иқтисодчии ватанӣ Р. Б. Бозоров: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои танзими ҳуқуқии сармоягузорӣ ба оғози солҳои соҳибистиқлолӣ рост меояд. Зеро 10 марти соли 1992 Қонун «Дар бораи сармоягузории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда буд» [5]. Мо чунин ақидаро дастгирӣ менамоем, барои он ки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа имкониятҳои сармоягузориро дар иқтисодиёт нишон дода, маҷмӯи муносибатҳоро оид ба фаъолияти сармоягузорӣ дар сатҳи иқтисод ва минтақаҳои он танзим менамоянд ва бинобар ин, бояд вобаста ба инкишофи иқтисодиёт мунтазам тағйир ёбанд.

Ҳадафи асосии танзими давлатии соҳаи сармоягузорӣ фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ ва истифодаи самарабахши сармоягузорӣ мебошад [6].

Бинобар ин, ҷорӣ намудани механизмҳои танзими фаъолияти сармоягузорӣ талаботи вақт аст, ки дар расми 1 оварда шудааст.

Расми 1. Механизми танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ:
Давлат → (Танзими меъёрӣ-ҳуқуқӣ; Танзими андозӣ; Танзими молиявӣ-қарзӣ; Танзими истеҳлокӣ; Танзими техникӣ) → Фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

Татбиқи ин механизмҳо ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди босуботи соҳа мусоидат менамояд. Фишанги муҳими таъсиррасонӣ ба фаъолияти сармоягузории корхонаҳо танзими давлатӣ маҳсуб ёфта, яке аз қисмҳои таркибии сиёсати иқтисодии давлат мебошад. Ба воситаи танзими фаъолияти сармоягузорӣ давлат мустақиман ба суръат ва ҳаҷми истеҳсолот, вусъат додани пешрафти илму техника ва ғайра таъсир мерасонад [7].

Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки танзими давлатии фаъолияти сармоягузории корхона ҳамчун фаъолияти мақсадноки давлат ҷиҳати таъмини шароитҳои мусоид барои сармоягузорӣ, истифодаи самараноки иқтидори сармоягузории корхона бо мақсади баланд бардоштани иқтисодиёт ва ҳалли вазифаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ фаҳмида мешавад. Дар шароити гузаронидани ислоҳот ва мавҷудияти буҳрон нақши танзимнамоии давлат баланд гардида, дар шароити рушди босубот ва барқарорсозии иқтисодиёт бошад, камтар мегардад.

Хулоса

Ҳамин тавр, рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун бахши воқеии иқтисодиёт ва соҳаи асосии минтақаҳо барои сармоягузорӣ маҳсуб ёфта, ба ғайр аз ин, сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ масъалаи калидӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун яке аз сарчашмаҳои захиравии рушди индустриалии иқтисодиёти кишвар баромад мекунад. Тадбирҳои танзими давлатӣ, ки солҳои охир дар доираи механизми татбиқшаванда қабул карда шудаанд, ба афзоиши иқтидори молиявии минтақаҳои ҷумҳурӣ равона карда шудаанд. Вале мутаассифона, самаранокии таъсири онҳо ба сатҳи истеҳсолоти кишоварзӣ нокифоя аст. Ҳадафи асосии танзими давлатии соҳаи сармоягузорӣ фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ ва истифодаи самарабахши сармоягузорӣ мебошад. Татбиқи ин механизмҳо ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди босуботи соҳа мусоидат менамояд.

Адабиёт

  1. Абалкин Л.И. Роль государства в становлении и регулировании рыночной экономики / Л.И. Абалкин // Вопросы экономики, 1997. - №6. - С. 13-14.
  2. Шаталин С.С. Принципы и проблемы оптимального планирования народного хозяйства. — М., 1971.
  3. Аганбегян А.Г. Возрастающий корпоративный долг перед иностранными инвесторами – «петля на шее» национальной экономики / А.Г. Аганбегян // Деньги и кредит, 2013. - №3. – С. 3-8.
  4. Мирсаидов С.А., Музаффаров Б.С. Роль частных мелких инвестиций в развитии продовольственной системы Республики Таджикистан // Известия Оренбургского государственного аграрного университета. - Оренбург, 2014. - № 4(48). - С. 239-242.
  5. Бозоров Р.Б. Совершенствование понятия инвестиции по законодательству Республики Таджикистан / Р.Б. Бозоров // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. - Душанбе, 2016. - № 2/3 (201). - С. 195-199.
  6. Давлатов К.К. Социально-экономическая сущность и особенности инвестиционной привлекательности региона / К.К. Давлатов, М.М. Сатторов // Вестник Таджикского национального университета. - Душанбе: «СИНО», 2014. - № 2/1(127). - С. 41.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2