Рушди хоҷагии қишлоқи кишвар ва болоравии иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷикистон
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб
«Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд». — Эмомалӣ Раҳмон.
Дар натиҷаи саршавии саноатикунонии босуръат Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло бо шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти сиёсии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати умумимилливу якпорчагии мардуми шарафманди халқи тоҷик имкон дод, ки халқи кӯҳанбунёди кишвар маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳанд, барномаҳои нави давлатиро қабул намоянд, сохтори давлатдориро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшида, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андохта, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунанд ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвари зебоманзар шароит ва заминаҳои мусоид фароҳам оварда истодааст.
Сабаби асосии ин пешравиҳо дар натиҷаи амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии кишвар бо саъю кӯшиши ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла кишоварзону коргарон, мутахассисону муҳандисон, омӯзгорону зиёиён, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарону масъулони тамоми сохторҳои давлатӣ ба даст омадаанд ва бори дигар аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣ ва ҳисси баланди шаҳрвандони Тоҷикистони муқаддасу маҳбубамон дарак медиҳанд.
Дар асоси сарчашмаҳо ва асарҳои таърихӣ, ки дар давраи истиқлолият аз нав тарҷума карда шуда, нашр шудаанд, дар асоси омӯзиш ва таҳлили илмии онҳо ба ҳамин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳақиқатан ҳам таърих мактаби ҳаёт буда, инсонро тарбия карда, ба ӯ таълим дода, ба дараҷаи инсони комил мерасонад, дар асоси болоравии иқтисодиёти минтақаҳои мамлакат тараққиёти босуботи хоҷагии халқи кишварро таъмин менамояд.
Вазифаи асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити ҳозира дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 чунин қайд карда шудааст: «…мақсади асосии сиёсати рушди босуботи иқтисоди миллии давлати Тоҷикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд» [2, с. 20]. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат (26.12.2018) саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегии чаҳорум эълон карда шуд.
Ҳадафҳои зикршуда, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошанд. Дар асоси таҳқиқи васеъ ва ҳаматарафа давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси ба ҳаёт татбиқ намудани қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихномаи Истиқлолият, иҷлосияи тақдирсоз ва ваҳдати миллиро ба се давра тақсим кардан мумкин аст [3, 8, 231]:
-
9 сентябри соли 1991 — эълон намудани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 16 ноябр – 2 декабри соли 1992 (Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) — воқеаҳои сиёсии дар кишвари мо рухдода, ҷанги шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ дар мамлакат, табаддулоти давлатӣ; ваҳдати миллӣ аз байн рафт, иқтисодиёти кишвар ба буҳрони умумӣ дучор шуд.
-
16 ноябр – 2 декабри соли 1992 (Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) – 27 июни соли 1997 — гирифтани пеши ҷанги хонумонсӯз, барқарор намудани ҳукумати қонунӣ, мубориза барои сулҳу салоҳ, имзо гузоштан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, саршавии барқарор намудани самтҳои асосии иқтисодиёти мамлакат.
-
27 июни соли 1997 — аз имзо шудани Созишномаи Ваҳдати миллӣ то имрӯз — давраи бунёдкорӣ, созандагӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, амалан эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд шудани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ. Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ таъмин шуда, дар мамлакатамон зиёда аз 1068 корхонаи муштарак сохта, ба фаъолият шурӯъ кардаанд; дар арафаи ҷашни истиқлол зиёда аз 2200 корхонаи гуногун (саноатӣ, сохтмон, аграрӣ, маориф, фарҳангӣ, тиб ва ғайра) сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар асоси рушди босуботи иқтисодиёти давлат болоравии иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷикистон таъмин карда шуд.
Бо сабаби амалӣ шудани чаҳор ҳадафи стратегӣ Барномаи давлатии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар ин давраи глобализатсияи (ҷаҳонишавии) масъалаҳои муҳими ҷаҳон мақоми коргар, соҳибкор, деҳқон ва ҳар як шаҳрванди кишвар ниҳоят пурмасъулият мебошад [4, 15].
Омӯзиши таърихи хоҷагии қишлоқи ҶТ дар давраи истиқлолият (таҳлили историографӣ) аҳамияти илмию таълимӣ дошта, хусусиятҳои он дар адабиёт, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2000–2020, «История таджикского народа», том 6 (Душанбе, 2011), Хайдаров Г.Х. «История таджикского народа: ХХ век» (Худжанд, 2001), «Ленинабадской области 60 лет» (Москва, 2000), «Поступь независимости на земле Согдийской области» (Худжанд, 2001), Эмомалӣ Раҳмон «Асарҳо» аз 12 ҷилд иборат (Душанбе, 2001, 2018), Эркаев С.А. «Социальный облик таджикского села (1960–1980 гг.)» (Худжанд, 1995), «Маводи конфронси илмию назариявӣ ва амалии устодону олимони ҷавон ба ифтихори 70-солагии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров» (Хуҷанд, 2002), «Статистический ежегодник Согдийской области, 2002 год» (Худжанд, 2002), ҳисоботи солонаи хоҷагиҳо, ташкилотҳои истеҳсолӣ, ноҳияҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ, шуъбаҳои ҳукуматҳо, Эркаев С., Эгамназаров К. «Шаҳристон тарихи» (Хуҷанд, 1995), «Чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ» (Душанбе, 1996), «Тоҷикон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» (Душанбе, 1996), «Тоҷикон дар арсаи асри XXI» (Душанбе, 1996), «Тоҷикон имрӯз ва дирӯз» (Душанбе, 1997), «Ваҳдати миллӣ мароми мост» (Душанбе, 1998), «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён; Аз Сомониён то моён» (Душанбе, 1999, 2000), «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (Душанбе, 2000), «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (Душанбе, 2015), маводҳои матбуоти даврӣ ва ғайраҳо ҳаматарафа мавриди муҳокима гардида, хоҷагии қишлоқи кишвар сарчашмаи асосии болоравии иқтисодиёти минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш нишон дода шудааст.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани об дар 5 моҳи соли 2018 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 661,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 суръати афзоиш 105,6 фоизро ташкил медиҳад. То ин давр дар майдони 166,7 ҳазор гектар заминҳои корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти намудҳои гуногуни зироат гузаронида шуд. Соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 5647 гектар кишти пахта гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 7116,8 гектар зиёд мебошад. Ҳаматарафа таъмин намудани рушди соҳаҳои хоҷагии қишлоқи мамлакат вазифаи асосии ҳукумати кишвар дар оянда ҳам мебошад, қайд карда буданд Асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар вақтҳои охир майдони кишти зироатҳои содиротӣ, ба монанди картошкаю сабзавот аз ҳисоби кам кардани кишти ғалладонагиҳо зиёд гардида, дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ҳамагӣ дар майдони 13815 гектар картошка ва 9530 гектар сабзавот, аз ҷумла 4891 гектар пиёз кишт карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 4575 гектар, 2099 ва 943 гектар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра дар майдони 736,5 гектар боғ ва 57,7 гектар токзори нав бунёд карда шуд.
Дар шароити ҳозира, ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ ва пешгирии болоравии нархи маҳсулотҳои кишоварзӣ дар майдони 23,7 гектар гармхонаҳо маҳсулоти барвақтӣ кишт карда шуда, то имрӯз 660,7 тонна маҳсулоти гуногун, аз қабили помидор, бодринг, лимӯ ва дигар намудҳои сабзавот рӯёнида шуда, ба аҳолии вилоят ва ҷумҳурӣ пешкаш карда шуд. Лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон» ба маблағи беш аз 16 млн доллари ИМА татбиқ мегардад [10, с. 6-7]. Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур то соли 2020 истифодабарии об дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар мегардад.
Дар замони муосир дар як ноҳияи Б. Ғафуров кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт буда, дар ҳаёти иқтисодии ноҳия нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар соҳаи кишоварзӣ қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунад. Аз ин лиҳоз дар асоси дуруст истифода бурдани об дар ин соҳа, рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо характери иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоии зиёд низ дорад, чунки зиёда аз 94% аҳолӣ, аз ҷумла 90% аҳолии қобили меҳнат дар деҳот зиндагӣ доранд. Инчунин, 60–70% ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноати ноҳия ба коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ рост меояд.
Дар ноҳия айни замон 10 хоҷагии кишоварзӣ (агросаноатӣ), 5904 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки инкишофи онҳо бо об вобастагӣ доранд.
Хулоса, об дар тараққиёти хоҷагии қишлоқ вазифаи асосӣ — пойдевориро мебозад ва обро нодуруст истифода бурдан мумкин нест. Аз он ҷумла, об дар инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, дар инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ аҳамияти калони умумбашарӣ дорад. Барои истеҳсоли 1 тонна пӯлод 150 тонна об, 1 тонна коғаз 250 тонна об, нахи синтезӣ 4000 тонна об сарф мешавад. Об ҳақиқатан ҳам муъҷизаи табиат, пойдевори рушди саноат ва хоҷагии қишлоқ мебошад («Ҳақиқати Суғд», 19.03.2020).
Дар натиҷаи амалӣ шудани чаҳор ҳадафи стратегӣ дар 15 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди босуботи иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 млн сомонӣ то 18 млрд сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб 3 баробар коҳиш ёфта, аз 83% дар охири соли 2000-ум то 31% дар соли 2015 паст карда шуд. Дар ин давра аҳолии мамлакат аз 5,5 млн то 9,5 млн нафар, яъне 1,6 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт. Дар замони Истиқлолият беш аз 2000 км роҳ, 240 пул ва зиёда аз 30 км нақбҳои мошингузар, 190 км роҳи оҳан сохта, мавриди истифода қарор дода шуд, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70% сокинони онро шахсони синни то 30-сола ташкил медиҳанд, 15 санади авф қабул шуд, барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба 1,3 млн оила, яъне ба зиёда аз 7 млн нафар шаҳрвандон 129 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд; соли 1991 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло ба 2100 расидааст; қариб 192 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуд, зиёда аз 600 ҳазор мошинҳои сабукрав ворид шуд ба кишвар; аз с. 1997 то имрӯз маош тақрибан 70 баробар, нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст; 2500 бинои муассисаи таълимӣ бунёд гардид, 161 муассисаи типи нав (85 гимназия, 65 литсей, 9 мактаби президентӣ), 41 мактаби олӣ фаъолият дорад [5, 3-8]. Нишондодҳои мазкур кишвари моро аз мамлакати аграрӣ ба мамлакати аграрӣ-индустриалӣ табдил додан замина месозанд.
Дар натиҷаи болоравии иқтисодиёти минтақаҳои кишвар то имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар аз 190 кишвари олам шинохта, зиёда аз 160 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Зиёда аз 60 давлат сафирони муқим ва ғайримуқими худро ба Тоҷикистон таъйин намуданд. Тоҷикистон узви бештар аз 80 созмони байналхалқиву минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудани резолютсияҳои «Соли 2000 – соли Сулҳ», «Соли 2003 – Соли байналхалқии оби тоза», «Об барои ҳаёт, солҳои 2005–2015», «Соли 2012 – соли байналхалқии дипломатияи об», «2018–2028 – Об барои рушд» [6, 1], ба рӯйхати таърихи ҷаҳонӣ дароварда шудани ёдгории қадимаи Саразм, инчунин бо мукофотҳои байналхалқӣ мукофотонида шудани Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва ғайраҳо далели равшани эътирофи мавқеи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Таърих гувоҳ аст, Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93% ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил мекунанд, аммо дар таги онҳо тамоми 118 элементи системаи химиявии Д. Менделеев ҷойгир шудааст. Тоҷикистони офтобрӯяи мо ҳақиқатан ҳам ҷаннати рӯи замин аст. Дар ҳудуди он 25 227 дарё (дарозии 947-тоаш аз 10 км зиёд), 2000 кӯл, обанборҳо, 14000 пирях, беш аз 93 ҳазор чашма (200 чашмаи табобатӣ), 3 вилоят, 21 шаҳр, 75 шаҳрак, 62 ноҳия, 430 ҷамоати деҳот, 4500 деҳаи зебоманзар, 4000 кони хурду бузург (аз онҳо 400-тоаш кашф шудааст), захираи ангишт 4,6 миллиард тонна, нафт 140 миллион тонна, газ 857 миллиард метри мукааб, конденсат 26 миллион тонна, захираи намаки ошӣ ба беш аз 14 миллиард тонна, 40 мактаби олӣ, 75 омӯзишгоҳи миёнаи махсус ва касбӣ, зиёда аз 2100 корхонаи саноатӣ, Академияи улум (23 муассисаи илмию пажӯҳишӣ), 60 адад муассисаю ташкилоти илмӣ, зиёда аз 450 бемористон, 3884 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (гуногунмоликият), 55 театр, 1420 китобхонаи оммавӣ, 40 осорхона, 120 иншооти туристию истироҳатӣ, зиёда аз 3050 ёдгории таърихию фарҳангӣ ҷойгир шудааст, ки ин файзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар соҳаи иқтисодиёт истиқлолият ва шароити амалӣ шудани чаҳор ҳадафи стратегӣ ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллати тоҷик будааст. Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва талқину таҳкими он дар қалби мардум, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят барои ҳифзи истиқлолияти ватан раҳнамоӣ карда, дар ҳазорҳо мушкили зиндагӣ ба онҳо нерӯву тавон бахшидааст.
Таърих гувоҳ аст, барои гирифтани пеши ин фоҷиа қадами нахустини бузург ва таърихӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри қадимаи халқи тоҷик — дар шаҳри бостонии Хуҷанд (16.XI – 2.XII.1992) гузошта шуд, ки дар асл оғози наҷоти истиқлоли Ватан буд. Хатари ба қисмҳо ҷудо шуда, аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гаштани миллати тоҷик ва дар айни замон волояти истиқлоли Ватан аз ҷониби мардуми кишвар, мухолифини собиқ ва аксари нерӯҳои сиёсӣ дарк гардид ва роҳ ба сӯи ризоияти сиёсӣ ва ваҳдати умумимиллӣ боз шуд. Дар ҳамин иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик ҳокимияти қонунӣ барқарор карда шуд, сарвари нави давлати Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Эмомалӣ Раҳмонро халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ (референдум) 6 ноябри соли 1994 ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд. Таърих нигоҳ карда меистад, ки шахсиятҳо ва сиёсатмадорон чӣ хел пайдо мешаванд. Истиқлолият ҳам як давраи таърихи халқи тоҷик буда, маҳз дар давраи истиқлолият, аниқтараш дар Иҷлосияи таърихии XVI ҳамчун сарвари нави Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадор, ташкилкунандаи сулҳи устувори тоҷикон, эҳёгари истиқлолияти Тоҷикистон таваллуд шуд.
Дар таърих рафти воқеаҳои сиёсӣ ва ҳаёт ҳақ будани ин роҳро исбот кард. Аз баракати сулҳу субот халқи тоҷик тавонист, ки мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз марказ то маҳалҳо барқарор кунад, дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз як миллион нафар гурезаҳоро ба ҷойи зисти доимиашон баргардонад, ки таърих чунин корро кам дар ёд дорад, ва ба обод кардани харобаҳои ҷанг оғоз намуд. Тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Русия дуввум шуда Конститутсияи мамлакати соҳибистиқлолро қабул кардем (1994) ва се маротиба дар асоси талаботҳои давраи истиқлолият ва байналхалқӣ ба он тағйиротҳо ва иловаҳо даровардем (1999, 2003, 2016), Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллиро қабул ва парламенти нав (касбӣ)-ро интихоб намудем, тартиб ва фаъолияти онро такмил додем, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро ба роҳ монда, Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил кардем, Шӯрои ҷамъиятӣ (1996) ташкил кардем, шартномаи умумимиллии сулҳ имзо шуд (27 июни соли 1997), ба роҳи калон — шоҳроҳи бунёдкории созандагӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию мадании мамлакат баромада, вазифаҳои таърихии истиқлолиятро, ки неъмати бебаҳои таърих аст, ба ҳаёт татбиқ карда истодаем [7, 2186].
Қайд кардан зарур аст, ки озодиву истиқлолият ва рушди иқтисодиёти минтақаҳои кишвар бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем. Дар Барномаи давлатӣ қайд карда шудааст, ки мақсад дорем то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем [9, 15]. Пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар шуда, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5 баробар меафзояд.
Дар натиҷаи рушди ҳаматарафаи хоҷагии қишлоқ дар 15 соли оянда бояд саҳми соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад. Тибқи таҳлилҳо танҳо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм 11 ҳазор ҷойҳои холии корӣ мавҷуданд [10, 23].
Дар Барномаи давлатӣ қайд карда шудааст, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст. Ташаккули қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, омӯзиши ҳатмии Конститутсия, қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондан, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ, кирдорҳои коррупсионӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ ва таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани мудофиаи мамлакат, ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода», эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ва ғайраҳо ҳам барои мустаҳкам кардани ваҳдати миллӣ саҳм мегузаранд.
Мувофиқи Барномаи рушди босуботи иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ба инкишофи соҳаҳои зерини кишоварзӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, боғдорию сабзавоткорӣ, растанипарварӣ ва асалпарварӣ бештар диққат дода шуда буд. Дар солҳои аввали истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои объективию субъективӣ истеҳсоли пахта кам шуд. Аммо дар шароити ҳозир ин сиёсат нодуруст буданаш тасдиқ карда шуда, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки сол аз сол истеҳсоли пахтаро бештар намояд.
Барои татбиқи нақшаҳои кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мушаххас дида истодааст. Аз он ҷумла, хоҷагиҳо соҳиби техника ва технологияи пешқадами зироаткорӣ гардида, талаботи онҳо рӯз аз рӯз бо нуриҳои минералӣ, дорувориҳо ва кадрҳои баландихтисос таъмин шуда истодааст. Солҳои охир баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ диққати махсус дода мешавад. Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишоф додани чорводорӣ хеле мувофиқ мебошад. Вобаста ба шароити кӯҳистон навъҳои хоси чорво тараққӣ дода мешаванд. Масалан, барои Бадахшони Кӯҳӣ, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ қӯтоспарварӣ қулай аст.
Хушбахтона, ҳоло дар ҷумҳурӣ гӯсфанди ҳисорӣ ва дигар навъҳои чорвои пурсамари гӯшту пашмдиҳанда эҳё ва инкишоф ёфта истодаанд. Маълум аст, ки фисади бештари аҳолии ҷумҳурӣ, аз ҷумла насли наврас, дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва аз тарбияи меҳнатии онҳо иҷроиши барномаи стратегии соҳаи кишоварзӣ вобаста мебошад.
Барои пешрафти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ рӯз аз рӯз тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Бо туфайли пеш гирифтани сиёсати хирадмандона Ҳукумати Тоҷикистон тавонист инвеститсияҳои мамлакатҳои хориҷии дуру наздикро ба эҳё ва инкишофи кишоварзӣ ҷалб намояд. Дар ин бора инкишофи фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳуриямон шаҳодат медиҳад. Масалан, Агроаксияи Германия кишоварзии водии Зарафшонро ба шефӣ гирифта, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ истеҳсоли картошка ва ғаллаи серҳосилро ҷорӣ намудааст. Агроаксия мунтазам ба деҳқонон олоти истеҳсолӣ ва тухмии растаниҳои сифаташон баландро бепул тақсим карда медиҳад. Ин тадбирҳо дар ҷумҳурӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат карда истодаанд.
Вазифаи муҳимтарини ҳар як фарзанди фарзонаи кишвар, кулли мардуми мамлакат, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман, хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ватани азизамон сафарбар созем ва рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва хоҷагии халқи кишварро таъмин намоем.
Мо, мардуми кишвар, вазифадорем, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳем. Рушди хоҷагии қишлоқи мамлакат сарчашмаи асосии болоравии иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷикистон мебошад.
Аннотатсия. Дар мақолаи мазкур масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва об дар тараққиёти хоҷагии халқ вазифаи асосии пойдевориро бозидани онҳо ва истифодаи дурусти он, аз он ҷумла аҳамияти калони умумбашарӣ доштани хоҷагии қишлоқ дар инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, дар болоравии иқтисодиёти кишвар ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ мавриди муҳокима гардидааст.
Калидвожаҳо: хоҷагии қишлоқ, минтақаҳо, об, соҳаҳо, иқтисодиёт, Тоҷикистон, ҳадафҳо, хоҷагии деҳқонӣ, замин, ҳукумат.
Адабиёт:
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019. – Душанбе: Шарқи озод, 2019. – 48 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010. – Душанбе: Шарқи озод, 2010.
- Иҷлосияи наҷотбахш. – Хуҷанд, 2012. Адолатпаноҳ. – Хуҷанд, 2012.
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2015.
- «Омӯзгор» № 6 (12231), 06.02.2020. – С. 5-10. «Тирози ҷаҳон», 10 майи соли 2017.
- Иҷлосияи наҷотбахш. – Хуҷанд, 2012. Эркаев С. А. Резаҳои ҳикмат. – Хуҷанд: Ношир, 2018. – 140 с.
- Хайдаров Г.Х. История таджикского народа: ХХ век. – Хуҷанд, 2001; «Народная газета», 10 ноября 2017 г.
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2015.
- Барои рушди устувор. – Душанбе, 2016. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021. – Душанбе: Шарқи озод, 2021. – 48 саҳ.




