Зеҳн

Бедор намудани қобилияти зеҳнӣ ва хотироти хонанда ҳангоми ҳалли масъалаҳои математикӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Бедор намудани қобилияти зеҳнӣ ва хотироти хонанда ҳангоми ҳалли масъалаҳои математикӣ

Ғаримадов Ғ.Н., Шарипов Н.З.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Дар замони ҳозираи пешрафти илму техника талаботи ҷомеа ба ихтисосмандони болаёқати зеҳнию ақлонӣ ниҳоят афзудааст. Вобаста ба ин, бо ҷаҳду талошҳои сарвари муаззами кишварамон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи гӯшаҳои кишвар мактабҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат ва дигар дабистонҳо сохта ва ба истифода дода шуда истодаанд.

Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, доир ба баланд шудани дараҷаи ақлонию зеҳнии ҷомеа, асосан аз рӯи саводнокии математикии ақлии онҳо баҳо медиҳанд, гӯем хато намекунем. Дар ин ҷода имрӯз проблемаи таълими математика дар муассисаҳои таълимӣ мавқеи баланд касб мекунад.

Чуноне ки аз таҷрибаҳои ҳаррӯза ба мо маълум аст, ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо мо — омӯзгорон ба ҷиҳатҳои ақлонию зеҳнии хонандагон он қадар баҳои дуруст намедиҳем. Яъне ҳангоми ҳалли масъалаҳои гуногуни математикӣ мо кӯшиш мекунем, ки фақат ба ҳалли масъалаи мазкур диққати асосии худро равона кунему халос. Аммо ин масъалаи мазкур кадом мантиқро дорост, сухан дар бораи кадом амалиётҳои ҷамъиятию сиёсӣ ё ки табиӣ меравад, аҳамият намедиҳем. Яъне бо ин ман гуфтаниам, ки ман ҳамчун омӯзгор вақте ки машғулиятамро мегузаронам, дар тафаккури хонанда аввал ба ҷиҳатҳои ақлонию зеҳнии онҳо такя намуда, машғулиятамро ҳаллу фасл бояд намоям. Яъне бо ин васила ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо фикру мулоҳизаҳои хонандагонро аз нуқтаи назар дур кардан лозим нест.

Чӣ тавре ки ба мо маълум аст, дар китобҳои дарсӣ аксарияти мисолу масъалаҳо дар шакли матнҳо оварда мешаванд. Ё худ агар ба имтиҳонҳои марказонидашудаи назди Маркази миллии тестӣ назар афканем, чунин намуди масъалаҳо ниҳоят бисёр оварда шудаанд. Ба хонандагони имрӯза лозим меояд, ки ба ҷиҳатҳои мантиқии масъалаи мазкур диққати асосии худро равона созанд. Яъне ман гуфтаниам, ки аксарияти хонандагони имрӯза барои ҳал кардани масъалаҳое, ки бо чунин тарз дода шудаанд, аз иҷрои ҳалли онҳо намебароянд. Барои ин ба омӯзгор лозим меояд, ки хонандагонро водор созад, ки ҳангоми ҳалли масъалаи мазкур сухан дар бораи кадом амалиётҳо меравад. Амалиётҳое, ки иҷро мешаванд, кадом хусусиятҳои ҷамъиятию сиёсӣ ё ки табииро дар бар мегиранд. Вақте ки масъалаи мазкур ҳаллу фасл шуд, натиҷагирӣ аз рӯи ин масъала то кадом дараҷа ба хонанда фаҳмост, он гоҳ омӯзгор аз машғулияти додааш қаноатманд шуда метавонад. Вақте ки масъалаҳои баррасишуда ҳалли худро пайдо мекунанд, ба омӯзгор лозим мешавад, ки дар амал татбиқ шудани масъалаи мазкурро аз хонандагон пурсон шавад. Вақте ки хонанда ба мазмуну мундариҷаи масъалаи додашуда сарфаҳм рафт, бо амалиётҳое, ки дар ҳаллу фасли масъалаи мазкур иҷро мешаванд, шинос шуд, акнун қадами охирине мемонад, ки омӯзгор онро бояд ҳамеша аз мадди назари худ дур насозад. Яъне сухан дар бораи дар амалия татбиқ намудани масъалаи мазкур меравад, ки асоси онро қобилияти фикрронию зеҳнии хонандагон ташкил медиҳад. Яъне ин маънои онро дорад, ки ҳар хонанда фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масъалаи додашуда гуфта тавонад ва онро дар амал татбиқ кунад. Инчунин, масъалаи додашударо такмил дода, аз рӯи он як чизи наверо офарида тавонад.

Дар замони ҳозираи прогресси илму техника ва талаботи ҷомеа ба ихтисосмандони хуби донандаи касби худ, махсусан касбҳои рақобатпазир ниҳоят афзудааст. Омӯзиши фанни математика бошад, барои инкишофи зеҳнию ақлонии хонандагон заминаи боэътимод мегузорад. Барои ба ин мақсад ноил шудан ба омӯзгор лозим меояд, ки шаклу усулҳои фаъолгардонии шавқи омӯзиши онро дар таҷриба амалан татбиқ намояд. Махсусан, барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда аҳамияти омӯзишу ҳалли масъалаҳои шавқовари аз ҳаёт гирифташуда дар амалӣ намудани ин мақсад ниҳоят бузург аст.

Ҳар як фан ба омӯзиши бо шавқу завқ аз тарафи хонанда қарор мегирад, агар шавқу рағбати ӯ ба омӯзиш пайгирона беҳтар карда шавад. Яке аз ин усулҳо ба онҳо дар машғулиятҳои иловагӣ нишон додани истифодаи фанни математика дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ ба ҳисоб меравад.

Барои ташаккул додани қобилияти зеҳнии хонандагон масъалаҳои проблемавӣ нақши якумдараҷаро мебозанд. Барои ин ба муаллим лозим меояд, ки қобилияти фикрронии хонандаро дучанд намояд, масъалаҳоеро пешкаши хонанда гардонад, ки проблемаҳои ҳозираи давру замонро ҳал карда тавонад. Барои ҳамин, ҳангоми гузаронидани машғулиятам дар синфи 9-ум масъалаи зеринро пешниҳод менамоям, ки ба масъалаҳои зеҳнӣ дохил мешавад.

Мисоли 1. Ҳангоми истифодаи қувваи барқ дар хонаи истиқоматии сеҳуҷрадор дар моҳи июл аз лампаҳои тафсон истифода бурдаанд, ки ҳар лампаи тафсон тавоноии 100 Вт-ро дар бар мегирифт; дар моҳи август бошад, аз лампаҳои каммасраф истифода намуданд, ки ҳар як лампаи каммасраф 9 Вт-ро дар бар мегирифт. Акнун ҳисоб намоед, ки дар ин ду моҳ чӣ қадар қувваи ҷараёни барқ сарф шудааст? Фарқи байни энергияҳои электрикии сарфшударо ёбед. Маблағи сарфшудаи ҳар моҳ, инчунин фарқи байни маблағҳои сарфшударо дар ин ду моҳ муайян кунед.

Ҳал:

а) Барои моҳи июл (лампаҳои тафсон):

  • $3\text{ лампа} \times 100\text{ Вт} = 300\text{ Вт}$ дар як соат;
  • $300\text{ Вт} \times 24\text{ соат} = 7200\text{ Вт}$ дар як шабонарӯз;
  • $7200\text{ Вт} \times 30\text{ рӯз} = 216000\text{ Вт}$ дар як моҳ.

Акнун $216000\text{ Вт}$-ро ба кВт мегардонем, он гоҳ $216000\text{ Вт} = 216\text{ кВт}$ мешавад. Он гоҳ нархи энергияи сарфшударо пайдо мекунем:

$$216\text{ кВт} \times 22{,}5\text{ дир.} = 4860\text{ дирам} = 48{,}60\text{ сомонӣ}.$$

Яъне, дар моҳи июл дар ин хонадон барои истифодаи энергияи электрикӣ 48 сомонию 60 дирам сарф шудааст.

б) Барои моҳи август (лампаҳои каммасраф):

  • $3\text{ лампа} \times 9\text{ Вт} = 27\text{ Вт}$ дар як соат;
  • $27\text{ Вт} \times 24\text{ соат} = 648\text{ Вт}$ дар як шабонарӯз;
  • $648\text{ Вт} \times 30\text{ рӯз} = 19440\text{ Вт}$ дар як моҳ.

Акнун $19440\text{ Вт}$-ро ба кВт мегардонем, он гоҳ $19440\text{ Вт} = 19{,}44\text{ кВт}$ мешавад. Он гоҳ нархи энергияи сарфшударо пайдо мекунем:

$$19{,}44\text{ кВт} \times 22{,}5\text{ дир.} = 437{,}4\text{ дирам}.$$

Агар ин рақамро ба сомонӣ гардонем, он гоҳ он ба 4 сомонию 37 дирам баробар мешавад.

в) Акнун фарқи масрафҳоеро, ки ин хонадон дар давоми ду моҳ кардааст, муайян мекунем:

$$48{,}60\text{ сомонӣ} - 4{,}37\text{ сомонӣ} = 44{,}23\text{ сомонӣ}.$$

Яъне ин маънои онро дорад, ки ин хонадон дар давоми моҳи август барои оилааш 44 сомонию 23 дирам фоидаи калони иқтисодиро ба даст даровардааст.

Ба воситаи чунин намуди масъалаҳо мо хонандагонро водор месозем, ки қобилияти зеҳнӣ, ақлонӣ ва фикрронии худро тақвият дода, дар пешрафти ҳаёти сиёсию иқтисодии кишварамон қадамҳои некеро анҷом диҳанд.

Мисоли 2. Футболбоз дар 45 дақиқаи қисми аввали бозӣ $\frac{1}{2}$ ҳиссаи роҳ ва $1{,}5\text{ км}$ масофа, дар қисми дуюми бозӣ бошад, $\frac{1}{4}$ роҳ ва $2{,}5\text{ км}$ масофаро тай намуд. Акнун муайян намоед, ки футболбоз дар ду қисми бозӣ чӣ қадар масофаро тай намудааст?

Барои ҳал кардани масъалаи мазкур хонанда чунин фикр мекунад, ки вай дар майдон футболбозӣ карда истодааст. Дар мадди аввал хонанда ба изтироб меафтад, ки нисфи масофа ва чоряки масофаи тайкардашудаи футболбоз чӣ қадар бошад. Барои ҳалли ин муаммо хонанда дар ҳолати ногувор мемонад. Ба омӯзгор лозим меояд, ки мантиқи масъаларо ба хонандагон гаштаю баргашта таҳлил намояд, то ин ки худи хонанда мақсади масъаларо фаҳмида гирад:

  • $\frac{1}{2}x + 1{,}5\text{ км}$ — қисми аввали бозӣ;
  • $\frac{1}{4}x + 2{,}5\text{ км}$ — қисми дуюми бозӣ.

Он гоҳ:

$$\frac{1}{2}x + 1{,}5 + \frac{1}{4}x + 2{,}5 = x \quad (1)$$
$$\frac{3}{4}x + 4 = x$$
$$x - \frac{3}{4}x = 4 \Rightarrow \frac{1}{4}x = 4 \Rightarrow x = 16\text{ км}.$$

Маълум шуд, ки футболбоз дар ду қисми бозӣ $16\text{ км}$ масофаро тай намудааст.

Акнун хонанда чунин фикр мекунад, ки оё ҳалли масъалаи мазкур дуруст аст? Барои он ки дар дили хонанда ягон шубҳа намонад, қимати ҳосилшударо дар муодилаи (1) гузошта, ба дурустии ҳалли он боварӣ ҳосил менамоем.

Аннотатсия

Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи қобилияти зеҳнии хонандагони таҳсилоти миёнаи умумӣ меравад. Дар дили хонанда шавқу рағбатро афзун кардан нисбати фанни математика, бедор кардани қобилияти зеҳнии хонандагон, проблемагузорӣ ҳангоми иҷроиши масъалаҳои ҷиҳати иқтисодӣ дошта ва дар амалия истифода бурдани масъалаҳое, ки дар машғулиятҳои ҳаррӯза баррасӣ мешаванд, мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Калидвожаҳо: пешрафти илму техника, проблемагузорӣ дар ҳалли масъалаҳо, ҷорӣ кардани усулҳои фаъоли таълим, озодона суханронӣ намудани хонанда, ба назар гирифтани фикру мулоҳизаҳои хонандагон.

Адабиёт

  1. Нестеренко Ю.В., Олехник С.Н., Потапов М.К. Задачи вступительных экзаменов по математике. — М.: Наука, 1996.
  2. Потапов М.К., Александров В.В., Пасиченко П.И. Алгебра и анализ элементарных функций. — М.: Наука, 1980.
  3. Вавилов В.В., Мельников И.И., Олехник С.Н., Пасиченко П.И. Задачи по математике. — М.: Наука, 1987.
  4. Сканави М.И. Сборник задач по математике для поступающих в ВТУЗы. — М.: Наука, 1996.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2