Зеҳн

Ҳалли алгебравии баъзе масъалаҳои геометрӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Ҳалли алгебравии баъзе масъалаҳои геометрӣ

Алимов А.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Бисёр масъалаҳои геометрӣ ҳангоми ҳал намудани онҳо ба ифода, муодила ва нобаробариҳои алгебравӣ оварда мешаванд. Масъалаҳои геометрӣ метавонанд ба якчанд гурӯҳ ҷудо шаванд, монанди масъалаҳо оид ба исбот, масъалаҳои геометрӣ оид ба ҳисоб намудани ягон бузургии шакли геометрӣ, масъалаҳо оид ба созишҳои шаклҳои геометрӣ ва ғайра. Дар ин мақола мо якчанд масъалаҳои планиметрияро дида мебароем, ки ҳангоми ҳал намудани онҳо ба муодила, системаи муодилаҳо ва ифодаҳои алгебравӣ оварда мешаванд.

Мисоли 1. Дар чоркунҷаи ихтиёрӣ дарозии тарафҳояш пайдарпайии ададҳои натуралиро ташкил намуда, периметри он ба 26 см баробар мебошад. Тарафҳои чоркунҷа ёфта шаванд.

Ҳал: Яке аз тарафҳои чоркунҷаро бо тағйирёбандаи $x$ ишора мекунем, он гоҳ тарафҳои боқимондаи он ба $x + 1$, $x + 2$, $x + 3$ баробар мебошанд. Мувофиқи таърифи периметри чоркунҷа ҳосил мекунем:

$$x + (x + 1) + (x + 2) + (x + 3) = 26$$

Мувофиқи шарти масъала муодилаи алгебравии тартиби якумро ҳосил намудем; ин намуди муодилаҳо дар синфҳои 4–5 омӯзонида мешаванд. Агар ин муодиларо табдилдиҳӣ намоем, муодилаи зеринро ҳосил менамоем:

$$4x + 6 = 26, \quad 4x = 20, \quad x = 5.$$

Тарафҳои чоркунҷа ба $5\text{ см}$, $6\text{ см}$, $7\text{ см}$, $8\text{ см}$ баробар мешудааст.

Аз ин масъала чунин хулоса мебарорем, ки барои ҳал намудани баъзе масъалаҳои геометрӣ методи алгебравӣ истифода бурда мешавад. Барои пурратар шудани ин тасдиқот боз масъалаи дигари зеринро дида мебароем.

Мисоли 2. Дар секунҷаи росткунҷа гипотенузаи он $c$ ва периметри он $p$ дода шудааст. Катетҳои он ёфта шаванд.

Ҳал: Барои он ки масъалаи геометрӣ ҳал карда шавад, пеш аз ҳама нақшаи онро сохтан лозим мебошад (расми 1).

а) Дар асоси шарти масъала ва теоремаи Пифагор чунин ҳосил мекунем:

$$\begin{cases} x^2 + y^2 = c^2 \ x + y + c = p \end{cases} \Rightarrow \begin{cases} x = \sqrt{c^2 - y^2} \ x + y + c = p \end{cases} \quad (1)$$

Дар ин ҷо $c$ ва $p$ ададҳои маълум ва $x, y$ бузургиҳои номаълум мебошанд. Аз муодилаи дуюми системаи (1) қимати номаълуми $x$-ро дар муодилаи якум гузошта, ҳосил мекунем:

$$\sqrt{c^2 - y^2} + y + c = p \Rightarrow \sqrt{c^2 - y^2} = p - c - y.$$

Мо дар натиҷа муодилаи ирратсионалӣ, яъне муодилаи алгебравиро ҳосил кардем. Ҳар ду тарафи муодиларо ба квадрат бардошта, ҳосил мекунем:

$$(\sqrt{c^2 - y^2})^2 = (p - c - y)^2$$
$$c^2 - y^2 = (p - c)^2 - 2(p - c)y + y^2$$
$$2y^2 - 2(p - c)y + (p - c)^2 - c^2 = 0$$

Аз баробарии охирин муодилаи квадратии нисбат ба номаълуми $y$-ро ҳосил намудем:

$$2y^2 - 2(p - c)y + p(p - 2c) = 0 \quad (3)$$

Агар ин муодиларо нисбат ба тағйирёбандаи $y$ ҳал намоем, катетҳои секунҷаи росткунҷаро меёбем. Аз ин бармеояд, ки барои ёфтани катетҳои секунҷаи росткунҷа, агар гипотенуза ва периметри он маълум бошад, катетҳои он бо ёрии муодилаи (3) ёфта мешаванд. Мо муодилаи квадратии бо номаълуми $y$-ро ҳосил намудем, ки аз ин ҷо бармеояд, ки барои ёфтани ду тарафи боқимондаи секунҷа бояд муодилаи квадратиро ҳал намоем.

Масъалаи 3. Дар секунҷаи росткунҷа гипотенузаи он ба $c$ баробар буда, радиуси давраи дарункашидашудаи он ба $r$ баробар мебошад. Катетҳои секунҷа ёфта шаванд. Дар кадом ҳолат масъала ҳал дорад?

Ҳал: Катетҳои секунҷаи росткунҷаро бо ҳарфҳои $a, b$ ишора мекунем ва дар асоси формулаи радиуси давраи дарункашидашуда ва теоремаи Пифагор ҳосил мекунем:

$$\begin{cases} r = \dfrac{a + b - c}{2} \ a^2 + b^2 = c^2 \end{cases} \Rightarrow \begin{cases} a + b = 2r + c \ a^2 + b^2 = c^2 \end{cases} \Rightarrow \begin{cases} b = 2r + c - a \ a^2 + (2r + c - a)^2 = c^2 \end{cases}$$

Дар натиҷа мо системаи дуномаълума ва аз ду муодила иборатро ҳосил намудем. Аз муодилаи якум яке аз номаълумҳоро ёфта, дар муодилаи дуюм гузошта, муодилаи квадратии зеринро ҳосил мекунем:

$$2a^2 - 2(2r + c)a + (2r + c)^2 - c^2 = 0 \Rightarrow a^2 - (2r + c)a + 2r(r + c) = 0.$$

Муодилаи квадратии $a^2 - (2r + c)a + 2r(r + c) = 0$-ро ҳал мекунем:

$$D = (2r + c)^2 - 8r(r + c) = c^2 - 4rc - 4r^2.$$

$$a_{1,2} = \frac{2r + c \pm \sqrt{c^2 - 4rc - 4r^2}}{2}.$$

$$\begin{cases} c^2 - 4rc - 4r^2 \ge 0 \ c > 0, ; r > 0 \end{cases}$$

Аз нобаробарии охирини система муносибати байни гипотенузаи $c$ ва радиуси $r$-ро муайян мекунем:

$$c \ge 2r(\sqrt{2} + 1).$$

Дар ҳолати охирин масъала метавонад ҳал дошта бошад.

Ҷавоб: $a, b = \dfrac{2r + c \pm \sqrt{c^2 - 4rc - 4r^2}}{2}$, ҳангоми $c \ge 2r(\sqrt{2} + 1)$.

Масъалаҳои геометрӣ на ин ки танҳо ба муодилаи алгебравӣ оварда мешаванд, балки ба муодилаи тригонометрӣ овардан низ мумкин мебошад. Барои тасдиқи ин масъалаи зеринро дида мебароем.

Масъалаи 4. Кунҷи тези секунҷаи росткунҷаро муайян кунед, агар нисбати радиуси давраи берункашидашуда ба дарункашидашуда ба $\sqrt{3} + 1$ баробар бошад.

Ҳал: Бигузор катетҳои секунҷаи росткунҷа ба $a, b$, гипотенуза ба $c$ ва радиуси давраи берункашидашуда $R$, дарункашидашуда $r$ бошанд. Дар асоси формулаҳои давраҳои берункашидашуда ва дарункашидашуда мувофиқан ҳосил мекунем:

$$R = \frac{c}{2}, \qquad r = \frac{a + b - c}{2}.$$

Нисбати радиуси давраи берункашидашударо ба дарункашидашуда меёбем:

$$\frac{R}{r} = \frac{c/2}{(a + b - c)/2} = \frac{c}{a + b - c} = \sqrt{3} + 1,$$

$$\frac{1}{\sin\alpha + \cos\alpha - 1} = \sqrt{3} + 1.$$

Дар ин ҷо $\alpha$ кунҷи тези секунҷаи росткунҷа мебошад. Ифодаи мазкур дар асоси таърифи функсияҳои тригонометрӣ ҳосил карда шуд, яъне $\sin\alpha = \frac{a}{c}$ ва $\cos\alpha = \frac{b}{c}$ мебошанд. Муодилаи зеринро ҳал мекунем:

$$\sin\alpha + \cos\alpha - 1 = \frac{1}{\sqrt{3} + 1} = \frac{\sqrt{3} - 1}{2}$$
$$\sin\alpha + \cos\alpha = \frac{\sqrt{3} + 1}{2}$$
$$\frac{\sqrt{2}}{2}\sin\alpha + \frac{\sqrt{2}}{2}\cos\alpha = \frac{\sqrt{6} + \sqrt{2}}{4}$$
$$\sin(\alpha + 45^\circ) = \sin 75^\circ \quad \text{ё} \quad \sin(\alpha + 45^\circ) = \sin 105^\circ.$$

Аз ин ҷо $\alpha_1 = 30^\circ$, $\alpha_2 = 60^\circ$.

Ҷавоб: $30^\circ$, $60^\circ$.

Аннотатсия

Дар ин мақола ҳал намудани масъалаҳои геометрӣ бо истифода бурдани методҳои алгебравӣ нишон дода шудааст. Бо истифода бурдани муодилаи хаттӣ, муодилаи квадратӣ, системаи муодилаҳои ғайрихаттӣ ва муодилаи тригонометрӣ барои ёфтани баъзе элементҳои номаълуми шаклҳои геометрӣ ҳал карда шудааст. Хулоса, ҳар гуна масъалаи геометрӣ ба ҳалли муодилаи алгебравӣ оварда шудааст.

Калидвожаҳо: масъалаҳои геометрӣ, муодилаи алгебравӣ, муодилаи тригонометрӣ, нобаробарӣ, системаи муодилаҳо.

Адабиёт

  1. Нестеренко Ю.В., Олехник С.Н., Потапов М.К. Задачи вступительных экзаменов по математике. — М.: Наука, 1996.
  2. Потапов М.К., Александров В.В., Пасиченко П.И. Алгебра и анализ элементарных функций. — М.: Наука, 1980.
  3. Вавилов В.В., Мельников И.И., Олехник С.Н., Пасиченко П.И. Задачи по математике. — М.: Наука, 1987.
  4. Сканави М.И. Сборник задач по математике для поступающих в ВТУЗы. — М.: Наука, 1996.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2