Усули муосири омода намудани мутахассисони рақобатпазир барои бозори меҳнат
УСУЛИ МУОСИРИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ РАҚОБАТПАЗИР БАРОИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
Ғиёсов Б.Р.
Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб
Маҳз бо назардошти муҳимияти масъала лозим ба ёдоварист, ки инсоният бояд барои таъмини зиндагии арзанда ба роҳандозӣ намудани мутахассисони рақобатпазир, барои таъмини рушди иқтисодиёт, барои амалӣ гардидани омилҳои рушди иқтисодиёт, инкишофи воситаҳои меҳнат, барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таъмини ҳамзистии осоишта байни давлатҳо ва миллатҳо таваҷҷуҳ намояд. Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон бо маҳорати хеле баланд таваҷҷуҳи худро барои манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байналмилалӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то барои таҳким бахшидани фаъолияти коммуникатсионӣ дар сатҳҳои гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳои гуногун рушди устувор таъмин гардад. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳодот амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, барои қонеъ гардонидани талаботи мардум мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва умуман дар раванди созандагии Ватан саҳмгузор будан аст [1, с. 23–24].
Қайд кардан зарур аст, ки прогресси илмӣ-техникӣ барои пешравии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба чаҳор ҳадаф бо мақсади беҳтар гардонидани сифати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир имкониятҳои заруриро мавриди омӯзиш ба таври бояду шояд қарор дод. Дар заминаи ҳамаҷонибаи таҳияи модули инноватсионӣ дар асоси иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амсиласозӣ дар соҳаи иқтисодиёт доир ба ҳадафи рушди соҳаҳои афзалиятнок дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дар ин раванд роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои пешрафт ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ новобаста ба ҳамаи мушкилоти ҷойдошта фазои мусоид фароҳам оварда шавад [2, с. 22–23]. Таъмини рушди устувор дар соҳаҳои технологияи нави муосир ва баланд бардоштани соҳаи иқтисодиёт, махсусан дар соҳаи саноатикунонӣ, ба баланд бардоштани обрӯ, эътибор ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Тоҷикистон, ки аҳамияти он дар шароити имрӯзаи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ рӯз то рӯз меафзояд, барои тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир, соҳибкасб, лаёқатманд ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар рушди саноатикунонии кишвар вобастагии бевосита дорад. Дар доираи масъалаи муҳими рушди иқтисодиёти мамлакатамон, фаҳмиши мафҳуми рушди устувор ва инноватсия аз таҳсил то ба истеҳсолот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон аз 22 декабри соли 2016 масъалаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ва тайёр кардани кадрҳои болаёқатро аз вазифаҳои муҳимтарин ва стратегияи муҳими назди давлат барои омода кардани кадрҳои рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат муайян намуданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020 «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» қабул гардид [3, с. 4–7]. Роҳҳои баромадан аз мушкилот ва татбиқи чаҳор ҳадафи асосӣ дар соҳаи иқтисодиёт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар кишварамон ба шумор меравад. Рушди соҳаи нақлиёт барои ҷумҳурӣ басо муҳим арзёбӣ гардида, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бешубҳа, яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон маҳсуб мешавад. Дар шароити имрӯза бунёди инфрасохтори нақлиёт дар ҷумҳурӣ бо мақсади рушди воқеии соҳаи нақлиёт аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, ҳадафи муҳим дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад [4].
Дар даврони истиқлолият дар соҳаи энергетика Ҳукумати мамлакат чораҳои муфид дар самти баланд бардоштани иқтисодиёт андешида истодааст, ки барои муваффақ гардидан ба рушди соҳаи сердаромад ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ ҷавобгӯ будан, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва «Энергияи сабз» бо мақсади рушди устувор нигаронида шудааст. Дар доираи ин барнома тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли ин масъалаи зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешид ва ин ҳадаф амалӣ гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Барои амалӣ гаштани ин соҳаи сердаромад дар ҷумҳурӣ як қатор иншооти бузурги аср, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун рафта истодааст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин тадбирҳои муҳими дар пеш истода амалӣ мешаванд. Ногуфта намонад, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба проблемаҳои ҷойдошта дар соҳаи энергетикӣ, аз 1-уми январи соли 2018 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маҳдудияти барқ бардошта шуд. Ин самимияту ғамхории Пешвои муаззами миллатро тоҷикистониён ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд. Мавриди зикр аст, ки дар даврони истиқлолият рушди устувор дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон ба ҳисоб меравад. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, маҳз пешрафти соҳаи мазкур ва таъмини маҳсулоти дохилӣ мунтазам ба устувории истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд. Барои баланд бардоштани таъмини амнияти озуқаворӣ ба роҳ мондани ҳифзи захираҳои табиӣ зарур аст, ки барои такрористеҳсолкунӣ хеле ҳам мусоидат менамояд. Боз як стратегияи муҳим барои баланд бардоштани соҳаи иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ — яке аз ҳадафи чаҳорум дар кишвари мо ба ҳисоб меравад, ки ин барои беҳдошти зиндагии мардуми Тоҷикистон шароитҳои арзанда фароҳам хоҳад овард [5].
Консепсияи рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007–2030 барои ноил гаштан ба ин ҳадаф бо роҳи ҳамгироӣ нигаронида шудааст.
Ноил гардидан ба рушди устувор яке аз проблемаҳои сиёсии дорои аҳамияти умумибашарӣ буда, ба саъю талошҳои ҳар як давлат вобастагӣ дорад. Яке аз асосҳои консептуалии рушди устувор ин пеш аз ҳама аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳалли буҳрони экологӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ бо дигар кишварҳои ҳамсоя мебошад, ки ин ҳадафҳо барои расидан ба рушди устувор мусоидат мекунанд [6].
Ҳамин тавр, воситаҳои дигаре ҳастанд, ки барои рушди иқтисодиёт тавассути дигар фишангҳои иқтисодӣ методологияи инноватсиониро барои тайёр кардани мутахассис дар муассисаҳои олии касбӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Дар ин марҳила барои ояндаи кишварамон ҳар яки мо содиқона хизмат намоем. Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем ва дар арсаи байналмилалӣ барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон омода бошем.
Адабиёт:
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон». – Саҳ. 23–24.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014. – Саҳ. 22–23.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016. – Саҳ. 4–7.
- Сомонаи интернетӣ: http://www.president.tj/taxonomy/term/5/155 (санаи муроҷиат: 20.04.2018).
- Сомонаи интернетӣ: http://www.president.tj/taxonomy/term/5/155 (санаи муроҷиат: 20.04.2018).




