Масъалаҳои саноаткунонии босуръат дар шароити иқтисодиёти рақамӣ
МАСЪАЛАҲОИ САНОАТКУНОНИИ БОСУРЪАТ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ
Орифҷанова В.Р., Исломова Г.С., Набиева М.Ш., Сулаймонов А.Э., Миришабов Ф.М.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Саноатикунонӣ – раванди гузариши босуръати иҷтимоию иқтисодӣ аз марҳилаи анъанавии рушд ба марҳилаи саноатӣ бо бартарии ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар иқтисодиёт мебошад. Ин раванд бо инкишофи техникаи нав, махсусан дар чунин соҳаҳои саноат, монанди энергетика, металлургия ва мошинсозӣ алоқаманд аст. Саноатикунонӣ — ин ба вуҷуд овардани саноати калони аз ҷиҳати техникӣ мукаммал, зиёд кардани ҳиссаи саноат дар иқтисодиёт мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумони кишвар соли 2018 қайд намуданд, ки «Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Бо дарназардошти ин, зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 22 фоиз афзоиш ёбад». Баъди эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаю стратегияҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи саноат бо Қарори Ҳукумати ҶТ тасдиқ карда шуданд. Аз ҷумла, Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022; Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025; Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025.
Қайд кардан зарур аст, ки таҳияи СМР-2030 ба се шарт (принсип)-и муҳими рушди оянда асос ёфтааст:
-
пешгирӣ ё пешгӯӣ кардани осебпазирии рушди оянда;
-
саноаткунонӣ ё баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ ва
-
навоварӣ (инноватсия).
Истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ ва табиӣ, инчунин таҳкими иқтидори рушди институтсионалӣ дар самти баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ хусусияти саноатии рушди ояндаро муайян намуда, гузаришро аз сохтори агросаноатӣ ба иқтисодиёти индустриалӣ-аграрӣ таъмин менамояд.
Мақсади олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон дар заминаи рушди устувори иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар мебошад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд масъалаҳои зерин муайян карда шудаанд:
-
таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ;
-
роҳи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдили кишвар ба кишвари транзитӣ;
-
таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат;
-
вусъат додани шуғли пурмаҳсул то соли 2030.
Мутахассисон қайд намуданд, ки дар кишвар се мушкилоти асосӣ истодаанд:
-
ноил шудан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки бо кишварҳои дорои сатҳи даромади миёна муқоиса карда шавад;
-
таъмини рушди устувор тавассути диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;
-
васеъ ва мустаҳкам намудани табақаи миёна.
Аз ин рӯ, чорабиниҳои асосиро дар доираи ҳалли вазифаҳои мазкур муқаррар намуданд: якум, зиёда аз 2 маротиба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, решакан кардани камбизоатии шадид ва дар сатҳи 7–8 фоиз нигоҳ доштани суръати устувори рушди иқтисодӣ; дуввум, таъмини суръати баланди рушди саноат ва афзоиши ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар; ва сеюм, зарур аст, ки то соли 2030 афзоиши ҳиссаи табақаи миёна то 50% таъмин карда шавад.
Агар рафти амалисозии стратегияи саноатикунонии кишварро ба назар гирем, бояд гуфт, ки он давра ба давра сурат мегирад. Аввал саноати ҳунармандӣ ба вуҷуд оварда мешавад, баъд соҳаҳои меҳнатталаб (саноати сабук ва хӯрокворӣ), баъд соҳаҳои асосӣ (энергетика, металлургия ва мошинсозӣ), баъд равандҳои электриконӣ ва механиконии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба амал меоянд ва ниҳоят, автоматикунонии истеҳсолот. Пас аз автоматикунонии истеҳсолот марҳилаи ҷомеаи постиндустриалӣ (иқтисоди инноватсионӣ) оғоз мешавад, ки баъдан он ба иқтисоди маърифатӣ, ки ба тафаккури инсон асос ёфтааст, мубаддал мегардад. Аз паи ин занҷир дар саноати ҷумҳурӣ ду марҳалаи индустрикунонии мамлакатро дар муддати кӯтоҳ тай кардан лозим аст: ташаккули соҳаҳои асосии саноат ва ба амал баровардани равандҳои электриконӣ ва механиконии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, иқтисодиёт. Дар вақти ба вуҷуд овардани соҳаҳои асосии саноат бояд онро дарк намоем, ки дар ҷумҳурӣ ҳанӯз бисёр навъҳои ҳаётан муҳимми металлургияи сиёҳ ва ранга, мошинсозӣ, саноати химия ва нефту химия (истеҳсоли нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ва дигар) ва ғайра мавҷуд нестанд.
Маълум аст, ки шароити табиию иқлимии Тоҷикистон барои тараққӣ додани бисёр соҳаҳои истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ хеле мусоид аст. Аммо хусусияти географии ҷумҳурӣ, ки 93 фоизи қаламравро кӯҳҳо ишғол намуда, танҳо 7 фоизи он барои истифодабарии хоҷагӣ, шаҳрсозӣ ва дигар мақсадҳо мувофиқ аст, доираи маҳдуди тараққиёти кишоварзии мамлакатро пешакӣ муайян мекунад. Ғайр аз ин, агар иқтисодиёти Тоҷикистон бо роҳи агросаноатӣ тараққӣ кунад, дар он сурат ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба душвориҳои калон дучор мешавад, зеро дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат мисли пештара паст хоҳад буд, зеро захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҷалб карда намешаванд. Ин асло маънои онро надорад, ки нақш ва аҳамияти бахши кишоварзии (аграрии) иқтисодиёт дар тараққиёти пай дар паи хоҷагии халқи Тоҷикистон ба назари эътибор нагирифта шавад.
Аз ин рӯ, интихоби модели ташаккули иқтисоди индустриалӣ-аграрӣ бо омилҳои объективӣ вобаста карда мешавад, аз ин лиҳоз, дар сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд самти афзалиятнок бошад.
Мутахассисон қайд менамоянд, ки азхуд кардани заминҳои нав, инчунин барқарор намудани заминҳои ботлоқ ва шӯр, таҷҳизонидани техникӣ ва технологии истеҳсолоти кишоварзӣ, истифода бурдани технологияи нави парвариши зироат, технологияи нав дар чорводорӣ, системаҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки зироаткорӣ ва чорводорӣ, нуриҳои нави минералӣ, воситаҳои муҳофизати растаниҳо ва ҳайвонот ва ғайра зарур мебошанд. Корҳои селексионию генетикиро барои инкишоф додани навъҳо ва дурагаҳои нави растаниҳои кишоварзӣ, зотҳои нави ҳайвонот такмил додан лозим аст. Сохторҳои истеҳсолоти кишоварзиро аз нав дида баромада, чӣ ба зиёд кардани истеҳсоли зироатҳои хӯрокворӣ ва чӣ зироатҳои техникӣ, ки на танҳо аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ хеле самарабахштар, балки меҳнатталаб ва арзиши калони изофа медиҳанд, диққати ҷиддӣ додан ба мақсад мувофиқ аст.
Дастовардҳо ва пешравиҳои назаррас дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии кишвар ба маводи ғизоии босифат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, васеъ намудани шуғли пурмаҳсул барои босуръат саноатикунонии мамлакат заминаи зарурӣ ба вуҷуд оварда, ҳамчун омили муҳим ба шумор мераванд.
Мақсади асосии саноатикунонии босуръати мамлакат барпо намудани саноати миллии тараққикарда, рақобатпазир ва дар заминаи он ба дараҷаи сифатан баланд бардоштани иқтисодиёт ва некӯаҳволии аҳолии мамлакат мебошад.
Саноаткунонии босуръат дар муҳлати кӯтоҳ то 30 фоиз ба даст овардани ҳиссаи маҳсулоти саноатро дар ММД-и мамлакат пешбинӣ менамояд, дар баробари ин, дар умум беҳтар намудани сохторҳои саноат ва саноати коркардро такмил додан ба мақсад мувофиқ аст.
Модели нави афзоиш нисбат ба модели қаблӣ як қатор афзалиятҳо дорад. Он рушди босуръати саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявӣ, дастрасӣ ба бозорҳои нави содиротро таъмин намуда, афзоиши воридоти истеъмолиро маҳдуд менамояд ва вобастагии кишварро аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ коҳиш медиҳад. Чунин рушд боиси ба таври оммавӣ таъсис додани ҷойҳои нави сермаҳсул ва афзоиши босуръати шуғли аҳолӣ дар иқтисодиёт мегардад, ки ҳиссаи андозҳои дохилиро дар даромади буҷет зиёд мекунад. Ин пойдории низоми андози Тоҷикистонро афзоиш дода, вобастагии онро аз зарбаҳои иқтисодии берунӣ камтар мекунад.
Дар таҳияи низоми саноатикунонии мамлакат бо модели нави рушди иқтисодӣ, нақш ва аҳамияти бахши кишоварзии (аграрии) иқтисодиётро дар тараққиёти пай дар паи хоҷагии халқи Тоҷикистон ба назари эътибор гирифтан лозим аст. Аз ин рӯ, интихоби модели ташаккули иқтисоди индустриалӣ-аграрӣ бо омилҳои объективӣ вобаста карда мешавад:
-
Дар асоси иқтидори бойи гидроэнергетикӣ (527 млрд кВт/соат) сиёсати рушди гидроэнергетикии кишварро идома додан. Саноатро бо қувваи барқ таъмин накарда, дар бораи тараққиёти он сухан рондан мумкин нест. Аз ин рӯ, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ ҳадафи аввалиндараҷаи стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои ба кор андохтани иқтидорҳои нави тавлидӣ (пеш аз ҳама НБО Роғун) ва таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда имкон медиҳад, ки дар соли 2040 тавлиди нерӯи барқ то ба 45–50 миллиард кВт/соат расонида шавад.
-
Дар асоси қувваи арзони барқ пеш аз ҳама соҳаҳои энергияталабро тараққӣ додан лозим аст, ки дар натиҷа ин захира дар рақобатпазирӣ афзалиятнок мегардад. Дар ҷумҳурӣ саноати аз ҳама бештар энергияталаб металлургияи ранга мебошад.
-
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар гуна саноатикунонӣ аз саноати сабук оғоз мешавад. Дар ин ҷо камтарин маблағгузорӣ талаб карда мешавад ва дар муҳлатҳои кӯтоҳ баргардонидани он мушоҳида мешавад. Ғайр аз ин, дигар ҷабҳаи аҳамияти иҷтимоӣ дар он аст, ки ин соҳаи меҳнатталаб буда, шумораи зиёди занонро дар бар мегирад. Дар ҳолати то ба 600 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли пахта (ашёи хом) имконият медиҳад, ки қариб 200 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда шавад. Тоҷикистон метавонад аз ҷиҳати истеҳсоли ришта ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол намояд.
-
Захираи афзоиши ҳаҷми маҳсулот дар саноати хӯрокворӣ аён аст.
-
Оид ба тараққиёти саноати химия чораҳои зарурӣ андешидан ба мақсад мувофиқ аст, аз ҷумла анҷом додани таъмиру таҷдиди КМ «Нуриҳои Тоҷик» (Тоҷиказот), ки афзоиши ҳосили зироатҳоро таъмин мекунад (истеҳсоли нуриҳои маъданӣ). Ғайр аз ин, дар саноат корхонаҳои наве, ки ба заводҳои истеҳсоли криолит, кислотаи сулфат ва ғайра монанданд (заводҳои истеҳсоли риштаҳои синтетикӣ), ки воридотивазкунӣ ва содиротро таъмин менамоянд, сохтан лозим аст.
-
Афзоиши миқдори корхонаҳои саноатӣ хеле зиёд шудани миқдори масолеҳи бинокориро дар назар дорад. Дар ин ҷо бояд саноати масолеҳи бинокории ҷумҳурӣ нақши калон бозад. Зеро он манбаъҳои асосии ашёи хомро доро буда, бояд индустрияи бинокориро асосан бо тамоми масолеҳи зарурии бинокорӣ таъмин намояд.
-
Мошинсозӣ. Соҳаи мошинсозӣ асоси аз нав таҷҳизонидани тамоми комплекси хоҷагии халқ мебошад. Бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ самтҳои зерини асосии тараққиёти саноатро ҷудо кардан мумкин аст:
- мошинсозӣ барои хоҷагии қишлоқ;
- барои саноати маъдан ва коркард;
- муҳандисии нақлиёт, сохтмон ва энергетика;
- истеҳсоли асбобҳои рӯзғор ва ғайра.
Корхонаҳои нави муштараки истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ, мошинҳои махсус ва дигар таҷҳизот ташкил карда шуданд. Дар марҳалаи якум «азхудкунӣ»-и навовариро истифода бурдан ва баъд ба марҳалаи «пуррагардонӣ» гузаштан лозим аст.
Дар саноатикунонии босуръати Тоҷикистон нақши нақлиёти механиконида ва электриконидашуда, ва дар навбати аввал хатти роҳи оҳан, бағоят калон аст, ки эҷоди онҳо аҳамияти иқтисодӣ, стратегӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Ин самт дар суханронии Пешвои миллат бори дигар собит гардид: «Минбаъд конҳои канданиҳои фоиданок бидуни риояи шартҳои коркарди маъданҳо то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод карда намешаванд. Дар давоми ду-се соли наздик коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахта, пилла, чарм ва маъдан бояд пурра иҷро карда шавад».
Вазифаҳо оид ба ҳалли масъалаҳои ба миён гузошташуда ва ноил шудан ба мақсадҳо:
- такмил додани заминаи институтсионалии рушди устувор ва босуръати соҳаҳои саноат;
- баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ;
- афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ва қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ ба маҳсулоти тайёр;
- оқилона тақсим кардан ва азхуд кардани иқтидорҳои истеҳсолии мамлакат;
- афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти саноатӣ дар асоси рушди кластерҳои саноатӣ.
Суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос меорем, ки қайд карданд: «Дар шароити Тоҷикистон бидуни бунёди саноати хеле тараққикарда, гузаштан аз модели аграрию индустриалии тараққиёт ба индустриалию аграрӣ, таъмини сатҳи зиндагии аҳолӣ, ташаккули соҳаҳои нави сермаҳсул барои гузаштан ба иқтисоди инноватсионӣ, таъмини мустақилияти иқтисодӣ ва таъминоти иҷтимоӣ имконнопазир аст. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳа дар рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, «Солҳои тараққиёти саноат» эълон карда шавад».
Вобаста ба талаботи истеҳсолот ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим, такмил додани барномаҳои таълим дар мактабҳои олии касбии мамлакат ва тайёр кардани мутахассисон аз рӯи касбҳои нав эътибори ҷиддӣ додан лозим аст.




