Иқтисоди рақамӣ ва муҳимияти татбиқи он дар иқтисодиёти кишвар
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА МУҲИМИЯТИ ТАТБИҚИ ОН ДАР ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР
Ҳасанов М. Б.
Донишгоҳи давлатии Данғара
Бо пешрафти илму техника ҷаҳони иқтисод низ бомаром тағйир меёбад. Аз ин ҷост, ки солҳои охир бо дарназардошти тағйирёбии авзои иқтисодию сиёсии ҷаҳон нақши технологияҳои муосир ва навгониҳои электронию рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ҳар чӣ бештар меафзояд. Технологияҳои навтарин метавонанд самаранокии истеҳсолот ва равандҳои тиҷоратро баланд бардоранд ва равандҳои анъанавӣ ва усулҳои кориро баробари ворид шудани технологияҳои нав ба тамоми соҳаҳо ва соҳаҳои нави фаъолияти инсон тағйир диҳанд.
Дар солҳои охир рушди технологияҳои нав ба пайдоиши бозорҳои бузурги алоқаи мобилӣ, хизматрасониҳои интернет оварда расонидааст ва технологияҳои нав ба баъзе паҳлуҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидории муқарраршуда таъсири тағйирдиҳанда ворид мекунанд, ки асосан аз иваз кардани механизмҳои андоз бо унсурҳои рақамӣ ва инчунин такомули минбаъда иборат аст [4].
Аввалин маротиба истилоҳи «иқтисоди рақамӣ»-ро олим Дон Тапскотт дар китоби худ «Иқтисоди рақамӣ: дурнамо ва хатарҳо дар асри иктишофии шабакавӣ», ки соли 1995 нашр шудааст, истифода намудааст. Олим дар зери ин мафҳум ҳамаи он амалҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро, ки танҳо бо истифодаи технологияи информатсионӣ-коммуникатсионӣ иҷро намудан мумкин аст, дарҷ намудааст [7].
Иқтисоди рақамӣ гуфта, фаъолияти иқтисодӣ дар асоси технологияҳои рақамии марбут ба тиҷорати электронии рақамӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва тақвияти истеҳсолоти рақамиро дар назар дорад. Рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсис додани модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст.
Ба ақидаи олимони рус Стефанова Н.А. ва Почебут В.А., иқтисоди рақамӣ ҳамчун навъи иқтисодӣ имкониятҳои зиёдро доро мебошад, ба монанди:
- ҳолати физикии объект, маҳсулот бо массиви иттилоотӣ иваз карда мешавад;
- хароҷоти захираҳо барои истеҳсоли маҳсулоти электронӣ хеле кам мешавад;
- пешниҳоди гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо, пешниҳоди хизматрасонӣ дар шакли электронӣ;
- нигоҳдории маълумот дар васоити электронӣ дар анборҳои дурдасти маълумот ё дар меъмории абрӣ;
- ташкили сомонаҳои интернетии ҷаҳонӣ;
- фурӯши ҷаҳонии мол тавассути интернет.
Mastercard ва Мактаби ҳуқуқ ва дипломатия ба номи Флетчер дар соли 2017 тадқиқоти якҷоя гузаронданд, ки натиҷаи он рейтинги сатҳи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар дунё мебошад [3].
Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар ҷадвали 1 оварда шудаанд, ки дар он ҳамаи кишварҳо аз рӯи сатҳи рушди иқтисодиёти рақамӣ ба 4 гурӯҳ ҷудо карда шудаанд.
Ҷадвали 1. Гурӯҳи давлатҳо аз рӯи рушди иқтисоди рақамӣ
| Гурӯҳи давлатҳо аз рӯи рушди иқтисоди рақамӣ | Шарҳи гурӯҳҳо | Рӯйхати давлатҳо |
|---|---|---|
| Топ-лидерҳо | Давлатҳои дорои иқтисоди рақамии баланд. | Сингапур, Британияи Кабир, АМА, Зеландияи Нав, Исроил, Ҳонконг. |
| Суструшдшаванда | Давлатҳое, ки муҳлати зиёд натиҷаи муътадил нишон дода, вале вақтҳои охир натиҷаи паст нишон дода истодаанд. | Кореяи Ҷанубӣ, Австралия. |
| Тараққикунанда | Давлатҳое, ки дар қуллаи баланди иқтисоди рақамӣ ҷой дошта, рушди устувор нишон медиҳанд. | Чин, Ҳиндустон, Россия, Малайзия, Мексика, Индонезия, Бразилия, Чилӣ, Кения, Филиппин. |
| Қафомонда | Давлатҳое, ки дараҷаи пасти иқтисоди рақамиро доранд ва суръати рушди онҳо суст мебошад. | ҶАҶ, Перу, Миср, Покистон, Юнон. |
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ногузир будани иқтисоди рақамиро дарк намуда, барои инкишофи он кӯшиш намуда истодаанд. Дар баробари ин, кишварҳои гуногун дар рушди иқтисоди рақамӣ ҳадафҳои гуногун доранд, ки онро дар ҷадвали 2 дидан мумкин аст [6].
Ҷадвали 2. Ҳадафҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон
| Кишварҳо | Ҳадафҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ |
|---|---|
| ИМА | Пешвоӣ дар тиҷорати байналмилалии рақамӣ |
| Чин | Мустаҳкам кардани мавқеи пешвои ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияи баланди рақамӣ |
| Британияи Кабир | Сохтани киберфазои рақамӣ |
| Олмон | Гузариши кишвар ба истеҳсоли рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа |
| Сингапур | Раҳбарӣ дар рушди иқтисодиёти рақамӣ ва рушди иқтисоди рақамии худ |
| Япония | Ба вуҷуд овардани ҷамъияти нави ба одамон нигаронидашуда тавассути технологияҳои рақамӣ |
| Россия | Рушди муассири институтҳои иқтисоди рақамӣ |
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии мамлакат заминаҳои бунёдӣ гузошта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад. Барои пурра гузаштани Тоҷикистон ба иқтисодиёти рақамӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё буда, заминаи асосии онро ташаккули ҳукумати электронӣ гузоштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии қишрҳо ва сохторҳои гуногуни ҷомеа, ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии кишвар ва бо мақсади амалисозии стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва тибқи марҳилаҳои муайянгардида то соли 2020 амалӣ мегардад [5].
Рушди иқтисодиёти рақамӣ аз афзоиши бозорҳои мустақим бо технологияҳои рақамӣ ва мобилӣ вобаста буда, тиҷорати онлайн (тиҷорати электронӣ), хизматрасонии молиявӣ (масалан, онлайн-банкинг), хизматрасонии интернети иҷтимоӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷараёнҳои онлайн, бозиҳои онлайнӣ), маориф, тандурустӣ (кортҳои электронии амбулаторӣ, саломатии рақамӣ), инчунин хизматҳои давлатиро дар бар мегирад [4].
«Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 ва мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642 дар бораи «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст.
Барои татбиқи иқтисоди рақамӣ дар Консепсия се марҳила муайян гардидааст, ки марҳилаи якум то соли 2025 идома ёфта, он бо роҳи татбиқи ҳукумати электронӣ дар се давра, гузаштан ба модели идоракунии электронӣ тавассути муросилоти ҳуҷҷатҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, таъсиси модели идоракунии табодули рақамӣ, муайян кардани нишондиҳандаҳои калидии мақсадноки дастовардҳои табодули рақамӣ ва маблағгузорӣ барои ташаккули иқтисоди рақамиро ба нақша гирифтааст.
Марҳилаи дуюм то соли 2030-ро дар бар гирифта, дар ин давра таъмини дастрасии фарохмавҷ, амнияти иттилоотӣ, кибернетикӣ ва технологияҳои абрӣ, таъсиси платформаҳо ва рушди хизматрасонии рақамӣ, таъминоти иттилоотӣ ва оғози лоиҳаҳои пилотиро амалӣ менамояд.
Марҳилаи охирини табодули рақамӣ то соли 2040 таҳкими минбаъдаи асосҳои ғайрирақамӣ ва рақамӣ дар ҷумҳурӣ ва оғози лоиҳаҳои рақамиро дар соҳаҳои иҷтимоӣ мутобиқи афзалиятҳои дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинигардида, ки дар навбати аввал кишоварзӣ, энергетика, телекоммуникатсия, нақлиёт, соҳаи хизматрасонӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, саноат, аз ҷумла истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва савдоро дар бар мегирад, фаро мегирад.
Барои татбиқи босамари иқтисоди рақамӣ ширкати фаъолонаи мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон, зиёиён, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои илмию таълимӣ ва дигар узвҳои фаъоли ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мегардад [2].
Аз ин лиҳоз, масъалаҳои барои рушди иқтисодиёти кишвар басо муҳим, ба монанди таъмини дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурсамар, дар заминаи он таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ниҳоят рақобатпазирии Тоҷикистон дар шароити рақамисозии иқтисодиёт пеш аз ҳама ба ташаккули захираҳои инсонӣ бо истифода аз техника ва технологияҳои муосир хеле марбут аст.
Адабиёт:
- Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004.
- Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 тасдиқ шудааст.
- Королева С.И., Малшков В.И., Горелова Т.П. Нақши иқтисоди рақамӣ дар тиҷорати имрӯза // Бюллетени Академия. – 2017. – № 3. – С. 5–11.
- Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642.
- Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643.
- Положихина М.А. Иқтисоди рақамӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ // Мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Россия. – 2018. – № 1.
- Tsakaev A.Kh., Khadzhiev M.R. Taxation and transformations to the digital economy conditions // Industry 4.0. – 2019. – Т. 4. – № 3. – P. 134–137.




