Зеҳн

Афзалиятҳои дурнамои рушди бозори молия дар иқтисодиёти Тоҷикистон

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Бозорҳои молиявӣ дар хоҷагии миллӣ ниҳоди зарурӣ ба ҳисоб мераванд ва метавонанд дар ҷалби захираҳои сармоягузорӣ ба ҳамаи бахшҳо ва соҳаҳои иқтисодиёт воситаи муҳим гарданд. Аз ин рӯ, мо дар ин ҷо баъзе самтҳои афзалиятноки рушди бозорҳои молиявиро дар шароити муосири Тоҷикистон ҷудо мекунем.

Аввалан, тавсеаи ҳаматарафа ва диверсификатсияи хизматҳо, ки бозорҳои молиявӣ пешкаш мекунанд. Ин нуқтаи назарро бо чанд далел асоснок мекунем:

  • муносибатҳои пешгӯишавандаи иқтисодӣ байни субъектҳои бозор ба сабаби пурзӯр гардидани рақобат ва заъфпазирии соҳаи соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти миллӣ;
  • афзоиши таваккалҳои молиявӣ, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ алоқаманд мебошанд;
  • дар субъектҳои иқтисодиёт набудани малакаҳои кофӣ дар соҳаи идоракунии молия ва унсурҳои менеҷменти молиявӣ;
  • дар иқтисодиёти миллӣ мавҷуд будани норасоиҳои бозор (таваррум, бекорӣ), ки ба тез-тез такрорёбии «фурӯравии бозор» мусоидат мекунанд ва дар натиҷа зарурати муҳофизати манфиатҳои молиявии субъектҳои иқтисодиёт тақвият меёбад;
  • сатҳи пасти инкишофи муносибатҳои суғуртавӣ ё мутобиқ набудани он ба шароитҳои нави бозории хоҷагидорӣ.

Дувум – аз байн бурдани вобастагии низоми молиявии Тоҷикистон аз хориҷа аст. Ин усул ба баланд бардоштани ҷаззобияти бозори молиявии Тоҷикистон дар назари сармоягузорони хориҷӣ мусоидат мекунад, дар афзоиши ҳаҷми инвеститсияҳо инъикос меёбад.

Тоҷикистон дорои иқтидори азими захираҳои табиӣ мебошад, ки алҳол ба гирдгардиши иқтисодӣ ворид нашудаанд ва барои азхудкунии онҳо ба маблағгузориҳои назаррас эҳтиёҷ дорад. Ҳамчунин вазни қиёсии нисбатан баланди пурбор набудани иқтидорҳои истеҳсолӣ боқӣ мемонад. Ҳалли масъалаҳои мазкур дар сиёсати иқтисодии давлат вазифаи афзалиятнок ба шумор меравад ва барои ин мусоидати бисёртарафаи давлатӣ талаб карда мешавад. Дар ин ҷо арзёбии объективии вазъи бозори молиявӣ талаб карда мешавад, зеро камбудии як соҳа метавонад ба дастовардҳои соҳаи дигар хатти батлон кашад.

Дар асоси додаҳои манбаъҳои расмӣ нишондиҳандаҳои рушди низоми молиявиро ҳисобу китоб мекунем.

Ҷадвали 1. Нишондиҳандаҳои миқдории рушди низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№Нишондиҳандаҳо201320172018Баланд (ММД ба ҳар сари аҳолӣ*)Аз миёна баландАз миёна паст
1Маблағи қарзи дохилӣ бе қарзи байнибонкӣ (млн. сомонӣ)746292679550---
2Капитализатсияи бозори фондӣ (млн. сомонӣ)154928832446---
3Рушди молиявӣ (ба %)22,219,917,489,647,932,4
4Пули нақд (млн. сомонӣ)44851165912196---
5Уҳдадориҳои низоми бонкӣ (млн. сомонӣ)100631520715287---
6Умқи молиявӣ (ба %)35,943,839,967%51%39%
7Қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ (ба %)17,813,312,653%31%20%
8Нақши бонкҳои тиҷоратӣ (ба %)95,887,276,791%73%57%

Манбаъ: Муаллиф дар асоси маълумотҳои зерин ҳисоб кардааст: Бюллетени омори бонкӣ – июл 2018/7 (276). – Душанбе: Бонки миллии Тоҷикистон, 2018. - №7 (276). – саҳ. 10-17, саҳ. 79; 2018. - №12 (281). – саҳ. 17, саҳ. 37, саҳ. 39, саҳ. 75; Global Financial Development Report 2017/2018: Bankers without Borders. – Washington: World Bank, 2018. – P. 133-137.

Нишондиҳандаи рушди молиявӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли охирини баррасишудаи 2018 17,4%-ро ташкил кард. Маблағи қарзи дохилӣ бидуни маблағи қарзи байнибонкӣ ва таҷаммӯи сармояи бозори фондӣ дар ҳаҷми ММД (ба %) муайян карда шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки иқтидори бахши молиявии мамлакат тавсеа ва таъмини дарбаргирии нисбатан васеи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро тақозо мекунад, зеро дар қиёс бо дигар гурӯҳҳои мамлакатҳо, нишондиҳандаи мазкур хеле қафо мондааст.

Нишондиҳандаи дигари миқдорӣ ба ном умқи молиявӣ мебошад, ки ҳамчунин бо қиматҳои паст (39,9%) тавсиф мешавад. Қимати ин нишондиҳанда аз мамлакатҳои дорои сатҳи баланди ММД ба ҳар сари аҳолӣ бештар ба 1,7 баробар қафо мемонад. Вале ба сатҳи мамлакатҳое, ки дар онҳо ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз миёна паст аст, мутобиқат мекунад. Вазъи нишондиҳандаи қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ низ ҳамчунин аст. Он чун ҳиссаи қарзе, ки ба бахши хусусӣ дода шудааст, дар ҳаҷми умумии ММД муайян карда мешавад. Ин нишондиҳанда дар иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2018 – 12,6%-ро ташкил кард, ки аз сатҳи мамлакатҳои дорои даромади баланд 4,2 баробар, аз сатҳи мамлакатҳои дорои сатҳи аз миёна баланд 2,5 баробар ва аз мамлакатҳои дорои сатҳи миёнаи даромад 1,6 баробар камтар аст. Ба ибораи дигар, фаъолнокии иқтисодӣ дар бахши хусусии ҷумҳурӣ алҳол ба қадри кофӣ тараққӣ наёфтааст ё бозори молиявӣ талаботи бахши хусусиро қонеъ гардонида наметавонад ё шароитҳои мусоид ба захираҳои қарзӣ вуҷуд надорад. Ғайр аз ин бори асосии миёнаравии молиявӣ ба дӯши бонкҳо мефарояд, дар ҳоле ки ҷузъҳои дигари бозори молиявӣ дар фаъолгардонии ҷанбаи иқтисодии субъектҳои хоҷагидор нақши назаррас намебозанд.

Заъфи бозорҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки онҳо сармоягузории дарозмуҳлатро таъмин карда наметавонанд. Дар иртибот бо ин нукта, дар марҳилаи ҷории рушд коркарди стратегияҳои дарозмуҳлати рушди бозори молиявӣ бо назардошти хусусиятҳои иқтисодиёти миллӣ ва консепсияҳои назариявие, ки дар илми иқтисодиёт мавҷуданд, мубрамият касб мекунад.

Дар марҳилаи ҷории рушди Тоҷикистон дар соҳаи бозорҳои молиявӣ масъалаҳои зерин масъалаҳои ҳалталаб ба шумор мераванд:

  • нарасидани захираҳои молиявӣ барои сармоягузории калонмиқёс ва дарозмуҳлат;
  • диверсификатсия нашудани хидматҳо ё маҳсулоти бозори молиявӣ;
  • яктарафа будани рушди бозори молиявии Тоҷикистон, яъне ғайр аз бонкҳо, дигар ҷузъҳои таркибии бозори молиявӣ талаботи иқтисодиёти динамикии ҷумҳуриро қонеъ намегардонанд.

Ҳалли масоили мазкур диққати ҳамаи субъектҳои иқтисодиётро ба бозори молиявии ватанӣ ҷалб мекунад, ки туфайли ин ба инкишоф ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ба самтҳои афзалиятноки рушди бозори молиявӣ мансубанд:

  • бештар тавассути бозори коғазҳои қиматнок амалӣ гардонидани ҷалб ва бозтақсими захираҳои инвеститсионӣ;
  • ҳавасманд гардонидани ҷойгиронии сармоягузориҳои воқеӣ ба бахши истеҳсолии мамлакат;
  • муайян кардани таносуби оптималии байни сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ ва ниҳодҳои бозори молиявӣ;
  • мониторинги бозори молиявӣ оид ба арзёбии талаботи иқтисодиёти миллӣ ба сармоягузорӣ дар ҳар марҳилаи алоҳидаи рушд;
  • маҳдуд сохтани донорҳои берунӣ дар он соҳаҳои иқтисодиёт, ки даромади баланд медиҳанд ё дар рушди мамлакат аҳамияти стратегӣ доранд;
  • таъмин кардани диверсификатсияи хизматҳои молиявӣ, ки ба инкишофи бахшҳои баландтехнологии инноватсионӣ равона карда шудаанд ва вуруди захираҳои молиявӣ ва зеҳниро таъмин мекунанд;
  • ҳавасманд гардонидани рушди инфрасохтори бозори молиявӣ, аз ҷумла биржаҳои асъорӣ, молӣ, фондӣ.

Мо чунин мепиндорем, ки татбиқ ва амалигардонии самтҳои мазкур дар оянда ба баланд бардоштани самаранокии рушди бозори молиявии Тоҷикистон ва ба туфайли он тезонидани суръати рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии мамлакат имконият фароҳам меорад.

Адабиёт:

  1. Султонов З.С. Вопросы взаимодействия финансовых рынков с реальной экономикой // Проблемы развития банковской системы в Таджикистане и Польше. Материалы международной научно-практической конференции (19 декабря 2015 г., г. Душанбе, ТГУК). С. 21-24.
  2. Шарипов Б.М. Теоретические аспекты формирования финансового рынка в условиях перехода экономики Таджикистана к новой модели развития // Экономика: вчера, сегодня, завтра. 2017. Том 7. № 10А. С. 16-30.
  3. Курбонова Ф.А. Перспективные сферы развития финансового рынка на текущем этапе развития Таджикистана // Вестник «Известия И. К. Форума БАЦА». - Чолпон-Ата, Киргизская Республика, 2019. – №2 (25). - С. 102-105.
  4. Курбонова Ф.А. Особенности формирования финансового рынка в переходной экономике. Перспективы и факторы обеспечения устойчивого развития экономики // Материалы II-ой международной научной конференции (13-14 марта 2015 г.). – Худжанд: «Меҳвари дониш» ППИТТУ, 2015. - С. 326-333.

Аннотатсия. Дар ин мақола дар марҳалаи ҷории рушди Тоҷикистон масъалаҳои ҳалталаби бозорҳои молиявӣ муайян гардидаанд. Тадбирҳои афзалиятнок оид ба такмили механизмҳои рушди бозори молиявӣ тавсия гардидааст, ки ба афзоиши иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд. Ҳамчунин ташкили фонди махсусгардонидаи молиявӣ-инвеститсионӣ, ки афзоиши сармоягузориҳоро таъмин мекунад, ташкили бозори коғазҳои қиматнок дар бахши саноати истихроҷ (металлҳои қиматбаҳо, сангҳо, растаниҳои шифобахш) ва оптимизатсияи фаъолияти онҳо, ҷойгиронии даромади муҳоҷирати меҳнатӣ ба бозори молиявии ватанӣ, аз ҷумла дар бозори қарз, суғурта ва асъор пешниҳод гардидаанд. Тавсеаи ҳаматарафа ва диверсификатсияи хизматҳои бозорҳои молиявӣ пешкашкунанда далелан асоснок гардидаанд.

Калидвожаҳо: бозор, бозори молиявӣ, бозори қарз, суғурта, асъор, сармоягузорӣ, фонди махсус, рушди иқтисодӣ.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2