Таҳлили моҳият ва хусусиятҳои хоси ифротгароӣ
ТАҲЛИЛИ МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ ИФРОТГАРОӢ
Ғайратова Ф.А., Боронова Р.А.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб
Маъмулан истилоҳи ифротгароӣ, бо дарназардошти тарҷумаи таҳтуллафзии он (аз лотинии extremus – фавқулода, ғайриодӣ), чун «ҷонибдорӣ аз ақидаҳо ва амалҳои фавқулода, қотеъона инкоркунандаи меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷуда» маънидод мешавад.
Новобаста ба аниқ ва ба назар сода будани мундариҷаи мафҳуми ифротгароӣ, дар доираи коршиносон фаҳмиш ё худ шарҳи гуногуни зуҳуроти мазкур вуҷуд дорад. Дар ин замина бояд гуфт, ки набудани мавқеъ ва бардошти ягона аз мафҳуми ифротгароӣ боиси баҳсу мунозираҳои тезутунд дар доираи васеи донишмандон ва коршиносони минтақавӣ ва берун аз он гардидааст.
Таҳлили пайдоиши ифротгароӣ моро ба хулосае меорад, ки асоси зуҳури падидаи мазкурро бархӯрди табиии манфиатҳо ва зиддиятҳои хислати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, қавмӣ ва пинҳонӣ дошта ташкил медиҳад. Дар ин ҳол, тавре ки муҳаққиқи рус В.Е. Петришев ишора мекунад: «Миқёси чунин бархӯрдҳо метавонад гуногун бошад: аз зидгузории ғайритабиии «ман»-и худ ба ҳамаи ҷомеа ё ҳатто инсоният аз ҷониби афроди алоҳида то ба муқовимати шадиди низомҳои давлатӣ, ки зимнан робитаи байни ҷаҳони сотсиалистӣ ва кишварҳои пешрафтаи империалистиро дар айёми ҷанги сард таҷассум мекард» [13, с. 14].
Дар шароити ғайриимкон будани риояи манфиатҳои хеш ба ин ё он иллат яке аз ҷонибҳо қобил аст ба методҳои қотеъонаи ҳалли мушкилоти сиёсӣ, мазҳабӣ, қавмии худ даст занад, чун дар аксари мавридҳо маҳз ноилоҷӣ метавонад ба амалҳои ифротӣ тела диҳад. Тавре коршиноси қирғиз М. Койчукулов ишора мекунад, «ифротгароӣ табиатан хислати эътирозӣ дорад: норозигӣ аз режими сиёсӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, мавқеи табақаҳои муайяни иҷтимоӣ, гурӯҳҳои қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ дар ҷомеа» [5, с. 10].
Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки на ҳамаи бархӯрдҳо хислати зӯроварона, зиддиҳуқуқӣ, зиддиҷамъиятӣ ба худ мегиранд. Танҳо дар ҳолати мавҷуд будани меъёрҳо ё нишонаҳои мушаххас ифротгароёна будани амали мавриди назарро тасдиқ кардан мумкин аст ва ё онро танҳо зуҳуроти ғайриодии андешаҳое дар доираи риояи ҳуқуқҳои ҷамъиятӣ, фардӣ ва манфиатҳо тавсиф намудан мумкин аст. Тавре муҳаққиқи тоҷик А. Имомов тасдиқ менамояд: «Ифротгароӣ ба сари худ ҷиноят нест, балки зуҳури он, паёмадҳои он, ки дар амалӣ гардидани аъмоли хатарноки ҷамъиятии ба шахс, ҷомеа ва давлат таҳдидкунанда таҷассум меёбанд, ҷиноят мебошад» [4, с. 170].
Ҳадафи асосӣ аз ошкор сохтани меъёрҳои аниқ ва фарогири ифротгароӣ на танҳо тасдиқи зарурияти муқовимат ба ғояҳои харобсозанда, ки дар аъмоли мушаххаси зиддиҷамъиятӣ ва зиддиқонунӣ (аз қабили изҳори нафрат ё оштинопазирии нажодӣ, миллӣ ё динӣ) таҷассум мегарданд, балки ҷудосозии амиқи онҳо аз андешаҳоест, ки ба меъёри мазкур мансуб нестанд. Дар ин ҳол равшан аст, ки дар сурати гуногунии бардоштҳо аз тавсифи ифротгароӣ маҷмуи ягонаи меъёрҳо вуҷуд надорад ва ҳар муҳаққиқ маҷмуи меъёрҳои хешро нисбат ба ифротгароӣ пешниҳод мекунад.
Ба андешаи мо, таърифи нисбатан пурра ва аниқи меъёрҳои ифротгароиро муҳаққиқи рус М. Краснов пешниҳод кардааст: ба ақидаи ӯ, ифротгароӣ ба паҳн намудани андешаҳо, ҷараёнҳо ва ақидаҳо баҳри аъмоли зерин равона шудааст:
- тафриқасозии одамон аз рӯйи нишонаҳои синфӣ, молумулкӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ;
- эътироф накардани ҳаққи инсон ҳамчун арзиши волои конститутсионӣ;
- рафъи худи имконияти гуногунандешии расмӣ, густариш ва табодули озоди андешаҳо;
- заиф намудани андешаи ягонаи давлатӣ [7].
Меъёрҳои зикршуда гарчанде тамоми манзараи андешаву бардоштҳоро нисбат ба арзёбии ифротгароӣ инъикос накунанд ҳам, бо вуҷуди ин, метавонанд василаи босамари мушаххассозии падидаи мазкур гарданд.
Дар ин ҳол асли меҳварӣ бояд меъёри арзёбии амалҳо ва андешаҳо аз нигоҳи таҳдиди онҳо ба таъмини ҳаққу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат бошад. Аз ҷумла, ба андешаи Ш. Акинер, ба ифротгароён метавон онҳоеро мансуб донист, ки на танҳо мехоҳанд фикрҳои хешро дар ҳаёти шахсӣ ба кор баранд, балки мехоҳанд бо ҳама усулҳои дастраси қонуниву ғайриқонунӣ ақидаҳои хешро ба ҷомеа таҳмил кунанд. Ва охиран ин амр метавонад ба терроризм оварда расонад ва ба ҷомеа воқеан таҳдид намояд [2, с. 19].
Таҳлили нуқтаҳои назари баёншуда моро ба ду хулосаи зер меорад. Аввалан, оид ба зоҳиршавии ҳақиқии ифротгароӣ метавон дар ҳолате сухан ронд, ки ҳифзи манфиатҳои тундрави хеш, эътимоди қисмати муайяни ҷомеа, шахсони ҷудогона хатари ҳақиқӣ ё эҳтимолиро ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои боқимондаи ҷомеа, амнияти давлат ва монанди ин пеш меорад. Сониян, танҳо дар сурати мавҷуд будани меъёрҳо метавон ба таҳлил ва арзёбии ифротгароӣ даст зад ва дар ин ҳол мубориза бо ифротгароӣ мубориза бо андешаи ғайр намешавад ва ба усули риояи ақидаҳо, нуқтаи назари чандандешӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва динӣ мухолифат намекунад. Ғайр аз ин, хислати зиддиҷамъиятӣ ва зиддидемократии ифротгароиро ба назар гирифта, метавон тасдиқ кард, ки муборизаи босамар ва саривақтӣ ба муқобили зуҳури ифротгароӣ метавонад кафолати таъмини ҳифзи амнияти ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва давлатро диҳад.
Дар акси ҳол, зоҳир шудани заъфи давлат ва ҷомеа дар муқовимат ба амалҳои ифротгароӣ метавонад ба низоми иҷтимоӣ-сиёсии давлат латма ворид созад.
Ба ақидаи муҳаққиқи тоҷик Н.Д. Маҳмадизода, «ифротгароии динӣ-сиёсӣ комилан хоси Тоҷикистон набуд, зеро тарҳи ихтилофоти байналмилалиро дар худ ниҳон дошт. Қувваҳои байналмилалии ифротию тундрав мухолифини тоҷикро истифода бурда, онҳоро бо маблағҳо ва силоҳҳо таъмин карда, аз рӯйи ҳадафҳои дурбинонаи худ кӯшиш намуданд, ки вазъиятро дар Тоҷикистон ноором созанд» [10, с. 157].
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми ифтитоҳи конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз вусъату боло рафтани ҷунбишҳои ифротгароиву террористӣ дар манотиқи гуногуни дунё изҳори нигаронӣ карда, таъкид карда буд, ки хусусияти ҷаҳонии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд [17].
Хулоса, танҳо ҳангоми муқовимати саривақтӣ ба ифротгароӣ давлат на танҳо ба таври пурра фаъолияти муътадили системаи давлатиро таъмин карда, кафолати ҳифзи амнияти ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс ва ҷомеа, балки манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлатро метавонад таъмин намояд. Дар навбати худ, муқовимати босамар ба ифротгароӣ аз ошкор ва пешгирии иллатҳои тавлидгари ин зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ вобаста аст.
Айни замон дар ҷомеа падидаи ифротгароӣ хеле густариш ёфтааст. Ҳомилони асосии тамоюлҳои ифротӣ ҷавонон ҳамчун қисмати нисбатан эҳсосӣ ва осебпазир ба таъсирҳои хориҷӣ баромад менамоянд. Афзоиши майли намояндагони насли ҷавон ба ифротгароӣ дар он ифода меёбад, ки ҳангоми баҳодиҳии вазъи иҷтимоии ҷавонон иртиҷоъ ва зӯроварӣ мушоҳида мегардад. Ҳамаи ин масъалаи ифротгароиро дар муҳити ҷавонон мубрам намуда, зарурати омӯзиши хислат ва вижагиҳои муосири онро тақозо менамояд [11].
Ифротгароӣ ҳамеша хислати манфӣ буда, яке аз шаклҳои бегонашавӣ, пеш аз ҳама бегонашавӣ аз арзишҳои умумифарҳангӣ ва умумиинсонӣ мебошад. Ифротгароӣ аз лиҳози иҷтимоӣ ғайриодӣ мебошад, зеро дар он ду хислати муайянкунандаи моҳияти он ба назар мерасанд: а) зиёдаравӣ аз остонаи имконпазирӣ; б) унсури бадӣ, ки дар мафкура ва амалҳои баъдӣ зоҳир мегардад.
Чунин навъҳои асосии ифротгароӣ маълуманд: қавмӣ, сиёсӣ ва динӣ. Ба ғайр аз ин, ифротгароиро бо назардошти соҳаҳои фаъолияти инсонӣ табақабандӣ менамоянд: муносибатҳои байнишахсӣ (ифротгароии маишӣ), дар алоқаи ҷинсҳо (ҷинсӣ), нисбат ба табиат (экологӣ), дар соҳаи иқтисодӣ, дар соҳаи санъат ва ВАО, ахлоқ ва ҳуқуқ.
Ифротгароӣ инчунин метавонад дар шакли табиӣ (ки хислати тасодуфӣ, эҳсосӣ дошта бошанд), ташкилӣ, ниҳодӣ зоҳир гардад. Ҳамзамон шакли нисбатан хатарноки ифротгароии ҷавонон ниҳодӣ ба шумор меравад, ки инъикоси худро дар фаъолияти созмонҳои ҷавонони хислати ифротгароӣ дошта, пеш аз ҳама миллатгароӣ ва динӣ, меёбад.
Дар ин робита метавон гуфт, ки масъалаи таҳқиқи ифротгароӣ барои аксари кишварҳо новобаста ба сатҳи пешрафти сиёсиву иқтисодии онҳо муҳим мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ифротгароӣ ҳамчун усул ё василаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, экологӣ ва масоили дигар метавонад дар ҳамаи ҷомеа ё давлатҳо, аз он ҷумла дар давлатҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ва аз назари сиёсӣ босубот ҳам зуҳур кунад. Ҳамзамон таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дараҷаи осебпазирии ҷомеа ба ифротгароӣ дар кишварҳои бо ном «дар ҳоли гузариш» баландтар аст. Маҳз дар ҳамин кишварҳо, ки маҷбуранд дар муддати кӯтоҳтарин низоми сиёсиву иқтисодии хешро аз нав созанд, теъдоди зиёди падидаҳои харобиовар, аз қабили ифротгароӣ, ба назар мерасанд.
Сабабҳои зуҳури ифротгароӣ вобаста ба як қатор шароити субъективӣ ва объективӣ метавонанд дар ҷомеаву давлатҳои мушаххас гуногун бошанд. Бо вуҷуди ин, баъзе шароити таҳкурсии зуҳур ва тавсеаи ифротгароиро барои ҷамъиятҳо ва давлатҳо ҷудо кардан мумкин аст. Аз ҷумла, муҳаққиқи рус Д. Олшанский чунин омилҳои асосии зуҳур ва густариши ифротгароиро дар даврони муосир ҷудо кардааст: буҳронҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, босуръат поин рафтани сатҳи зиндагии қисмати зиёди аҳолӣ, тағйирёбии шаклии ниҳодҳои сиёсӣ ва сохторҳои ҳокимият, қодир набудани онҳо ба ҳалли мушкилоти пешомадаи рушди ҷомеа, хислати тоталитарӣ ва худкомагӣ доштани низомҳои сиёсӣ, пахш кардани мухолифони ҳокимият, таъқиби ғайрандешӣ, истисмори миллӣ, кӯшиши гурӯҳҳои алоҳида ҷиҳати тезонидани вазифаҳои худ, баландпарвозиҳои сиёсии пешвоён ва амсоли инҳо [12, с. 225].
Бо дарназардошти омилҳои зикршуда метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки ифротгароӣ дар давраи бесуботии сиёсӣ, заъфи ниҳодҳои давлатӣ ва инчунин буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ хеле фаъол мегардад. Ба иловаи омилҳои умда, баъзе муҳаққиқон аз гурӯҳи омилҳое ёдовар мешаванд, ки ғайримустақим метавонанд ба зуҳур ва густариши ифротгароӣ мусоидат кунанд. Аз қабили бесамарии низоми байналхалқӣ ё дохилидавлатии мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ, фарҳанги пасти сиёсиву ҳуқуқии мардум, бахусус гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо, сардшавии робитаҳои байнидавлатӣ, болоравии ташаннуҷи иҷтимоӣ ва монанди инҳо [1, с. 40–41].
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки ифротгароӣ ҳамчун зуҳурот дар он ҷомеае аз байн меравад, ки дар он баробарии умумии иҷтимоӣ устувор аст, воситаҳои тақсимоти одилонаи сарватҳои ҷамъиятӣ эҷод шудаанд, яъне манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳо ва фардҳо дар ҷомеа риоя мешаванд. Ғояи мазкур то андозае хаёлӣ метобад, аз ин рӯ метавон тасдиқ кард, ки ифротгароӣ бемории тамоми башарият гардидааст, ки табобати он дар ҷаҳони имрӯза ба коҳиш ёфтани дараҷаи нуфузи ин зуҳурот оварда мерасонад. Аммо ин вазифа ҳам хеле душвор мебошад, зеро пешбурди сиёсати рафъи фаъолонаи сабабҳои тавлидкунандаи ифротгароиро тақозо дорад.
Дар робита бо дарназардошти он ки таърифи ягонаи ифротгароӣ вуҷуд надорад, чунин таърифро пешниҳод кардан мумкин аст: ифротгароӣ – зуҳуроти ифротии ғояҳо, амалҳо, ақидаҳоест, ки ба тағйири қотеъонаи асосҳои мавҷуда ва эътирофшудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, ғоявии давлат ва ҷомеа равона шуда, бо ин рафторашон ба таъмини ҳуқуқ, манфиатҳо ва амнияти шахс, ҷомеа ва давлат хатари воқеӣ мерасонанд. Тибқи моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» аз 3 декабри соли 2003, «ифротгароӣ – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад» [9]. Ифротгароӣ мафкураест, ки зарурияти истифодаи чораҳои ниҳоӣ ва фавқулодаро барои ба даст овардани натиҷаҳои мақсаднок таҳаққуқ бахшиданӣ мешавад. Мутобиқи моддаи 1 Эъломияи Шанхай оид ба терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ аз 15 июни соли 2001, ки аз ҷониби Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ба имзо расидааст, ифротгароӣ дилхоҳ амале мебошад, ки ба ғасби таҷовузкоронаи ҳокимият, дигаргун сохтани сохтори конститутсионии давлат, инчунин суйиқасд ба амнияти ҷамъиятӣ, ташкил намудани созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳона бо мақсадҳои фавқуззикр ё иштирок дар онҳо ва ғайра равона гардидааст ва тибқи қонунгузории миллии ҷонибҳо муайян шудааст [18].
Ҳамзамон омӯзиши пурраи чаҳорчӯбаи мафҳумии ифротгароӣ танҳо бо назардошти дарёфт ва мушаххассозии мафҳуми ифротгароӣ кофӣ нест. Муҳаққиқи рус Л.В. Баева ифротгароии ҷавононро ин тавр тавсиф намудааст: «Ифротгароии наврасону ҷавонон – андешаҳо ва намунаи рафтори одамони ҷавон аст, ки ба парастиши усули зӯрӣ ва таҷовуз нисбати мардуми гирду атроф то ба зӯроварӣ ва куштор асос меёбад. Вай оштинопазирӣ ба дигарандешӣ (бахусус намояндагони ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин кӯшиши эҷоди ҷомеаи тоталитариро, ки ба тобеият асос меёбад, талқин мекунад» [3, с. 16].
Ифротгароии ҷавонон дар Тоҷикистон имрӯз ҳамчун паёмади коста шудани сатҳи таҳсилот ва фарҳанг, шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, қатъи меросияти арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии наслҳои гуногун, косташавии тафаккур дар шароити буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ ва бесуботии сиёсӣ ба назар мерасад, ки ба шаклгирии арзишҳои насли ҷавон таъсири ҷиддӣ расондааст. Ҳамзамон масъалаи ифротгароии ҷавонон падидаи танҳо ба замони муосир хосбуда нест. Таърих нишон медиҳад, ки ифротгароӣ тайи садсолаҳои зиёд ҷомеаи инсониро ҳамроҳӣ мекардааст. Агар ифротгароӣ ҳамчун шакли ниҳоии таҳаммулнопазирӣ фаҳмида шавад, ки бо таҷовуз ва зӯроварӣ ҳамчун усулҳои ифодаи оштинопазирӣ ба дигарон пайваст шудааст, пас намунаи ин гуна рафторҳоро дар таърих бисёр дидан мумкин аст. Напазируфтани андешаи ғайр ва кӯшиши рафъи он хислати одамони сатҳи поини фарҳанг, маълумот, маҳорати эҷодӣ дошта будааст. Кӯшиши ҷуброн кардани нокомиҳои шахсӣ ҳамчун ангезаи возеҳи майлҳои тахрибкоронаи шахс, майл ба зӯроварӣ, таҷовуз ва соҳиби мақоми хос дар ҷомеа гаштан баромад мекунад.
Таҳқиқи моҳияти ифротгароии ҷавонон ба таври объективӣ дар назди мо вазифаи муайян кардани субъектҳо ва навъҳои ифротгароии муосирро пеш мегузорад. Ба сифати субъектҳои ифротгароӣ давлатҳо, хадамоти махсуси давлатҳо, марказҳо ва ташкилотҳои ифротгароии миллӣ ва байналхалқӣ, ҷараёнҳо ва ҳизбҳои сиёсии майлони ифротӣ дошта, гурӯҳҳои шаҳрвандон ва ҳатто ашхоси алоҳида, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ талош доранд, метавонанд баромад кунанд. Ба ҳайси навъҳои ифротгароӣ метавон самтҳои бештар маъмули сиёсӣ, ғоявӣ, динӣ, қавмӣ, экологӣ ва амсоли инҳоро ҷудо кард. Тавре аз таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бармеояд, амалан ягон навъи зикршудаи ифротгароӣ наметавонад дар намуди сирф ягона баромад кунад, балки дар алоқамандӣ ва вобастагии зичи ҳамдигарӣ баромад мекунанд. Ин амр бахусус дар мавриди амали чунин намудҳои фаъолияти ифротгароӣ, ба монанди сиёсӣ, мафкуравӣ, динӣ, қавмӣ, татбиқ мегардад. Алоқамандии навъҳои гуногуни ифротгароӣ тасодуфӣ набуда, дараҷаи баланди умумияти ҳадафҳои эълонкардаи субъектҳои фаъолияти ифротӣ дошта, ки маъмулан хислати сиёсӣ доранд, ба назар гирифта мешаванд.
Ифротгароӣ байни ҷавонон падидаи оммавӣ гашта, ба бемории иҷтимое табдил ёфтааст, ки мазмуни муносибат дар ҷомеаро ифода менамояд. Махсусияти ифротгароии ҷавонон хислати возеҳи гурӯҳӣ, махсусияти гурӯҳии рафтори ифротӣ ба шумор меравад. Ҳамин тавр, «ифротгароӣ ҳамчун шакли махсуси мафкураи гурӯҳӣ», «асосноккунии зӯроварии баъзе гурӯҳҳо» тавсиф мегардад. Он «айнияти махсуси гурӯҳҳои муайяни одамонро ифода менамояд, ки дар ҳолати норозигии ошкоро бо меъёр ва арзишҳои фарҳанги ҳукмрон қарор доранд» [8, с. 12]. Ин падидаи гурӯҳӣ инчунин услуби ҳаётии баъзе гурӯҳҳо ба шумор меравад.
Вижагии махсуси гурӯҳҳои ифротӣ муқовимат бо тағйироте ба шумор меравад, ки метавонанд дар худ хатари мавҷудияти гурӯҳ ё таъсири онро дошта бошанд. Дар натиҷаи муқовимати шадид (дар раванди фаъолияти муштарак) аксари гурӯҳҳо метавонанд ба сатҳи баланди ҳамбастагӣ ва муташаккилӣ даст ёбанд, ки шарти асосии амали ҳамаи гурӯҳ ба шумор меравад. Аксаран аъзои гурӯҳҳо на ба ҳаводиси воқеии таҳдидкунанда, балки ба шакли зеҳнии онҳо вокуниш нишон медиҳанд [6, с. 86].
Аз ин ҷост, ки дар марҳалаи ҳозира дар ҷомеаи коршиносон баҳс оид ба нозукии тақсими ифротгароӣ ба шаклҳои гуногун бо назардошти муҳтавои сиёсӣ ва мақсаднок будани ҷудо кардани ифротгароии сиёсӣ ҳамчун яке аз шаклҳои ифротгароӣ пеш омадааст. Ба андешаи мо, бо дарназардошти мулоҳизаҳои амалӣ тақсими ифротгароӣ ба навъҳои асосӣ ба мақсад мувофиқ мебуд. Ҳамин тавр, ифротгароӣ дар ҷомеаи муосир мушкилоти ҷиддӣ буда, ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунад ва усулҳои конститутсионии амали давлатро халалдор мекунад. Дар мафкураи ифротгароӣ, ки дар робита бо рушди илмиву техникӣ зуҳур кардааст, ҷомеа дар рӯ ба рӯйи таҳдидҳо бедифоъ мемонад. Вале ҷомеа барои рушди ин падида ҳамчун сарчашмаи ғизо мегардад ва на танҳо объекти таъсири ифротгароён мешавад. Қисмати зиёди шаклҳои муосири тарғиботи ифротгароӣ дар шароити ғайриимкон будани таҳрикҳо дар муҳити ҷомеа комилан бефоида мебуд. Муҳаққиқон амалан ду сабаби мавҷудияти ифротгароиро ҷудо мекунанд: шароити иҷтимоӣ ва сатҳи рушди ҷомеа, ки ба зуҳур ва мавҷудияти ин падида мусоидат мекунанд.
Бо назардошти авомили зикршуда метавон ба хулосае омад, ки:
- ифротгароӣ қобилияти афзудани таҷовузро дорад, ки метавон бо болоравии норозигӣ аз рӯйи шиддатёбии геометрӣ алоқаманд кард. Ифротгароён ихтилофоти дар ҷомеа бударо ба назар гирифта, таваҷҷуҳи афроди алоҳидаро маҳз ба ҳамон беадолатиҳое равон мекунанд, ки метавонанд ба асосҳои ҷомеа таҳдид намоянд. Дар шароите ки ҷомеа заиф ва осебпазир бошад, андешае ҳоким мешавад, ки кадом неруе аз берун метавонад мушкилоти иҷтимоиро рафъ намояд ва бе дарки паёмадҳо ба кумаки ҷониби сеюм розӣ мешавад. Сабаби аслии он, ба андешаи мо, сатҳи пасти маърифати умумӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад;
- густариши мафкураи ифротгароӣ дар байни мардум, бахусус ҷавонон, мушкилоти на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа мебошад. Беамалӣ ва ғайрифаъол будани ҷомеа маънои сатҳи ғайрикофии ҷавобгарӣ барои мушкилоти мавҷуда ва майли ба уҳдаи давлат вогузор кардани онро дорад;
- давлат бояд ба ҷомеа андозаи кофии ваколатҳои мустақилонаро диҳад, то ки раванди шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро ба ҳам наздик орад. Ҳарчанд ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор гардидани мафкураи муайянро ба сифати ғояи давлатӣ ва ҳоким манъ кардааст, бо вуҷуди ин вазифаи мафкуравӣ дар фаъолияти ҳуқуқии давлат яке аз муайянкунандаҳои аслии рушди давлат мебошад. Ҳадафи татбиқи вазифаи мазкур ташаккули тафаккури ҷамъиятӣ ва ҳуқуқии ҷомеа буда, дар оянда пойгоҳи аслии муқовимати иҷтимоӣ ба ифротгароӣ хоҳад гардид.
Мебояд вижагиҳои калидии пешгирии гурӯҳҳои ифротгароии ҷавононро аз ҷониби давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷудо намуд:
- якум, хислати пешгирии амал;
- дуюм, ҷалби фаъоли ҷомеаҳои маҳаллӣ;
- сеюм, ҷалби фаъоли донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар пешгирии тарғиботи ифротгароӣ байни ҷавонон ва донишҷӯён;
- чорум, кори муташаккили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии густариши ифротгароӣ дар Интернет [15].
Муҳити ҷавонон бинобар хусусиятҳои иҷтимоӣ ва дарки босуръати вазъи атроф он қисмати ҷомеа ба шумор меравад, ки дар он ҷамъшавӣ ва татбиқи иқтидори манфӣ зудтар сурат мегирад. Вижагиҳои асосии ифротгароиро бояд дар муҳити ҷавонон ҷудо намуд:
Якум, ифротгароӣ асосан дар муҳити бегонашуда ташаккул меёбад. Он доимо аз ҳисоби номуайянии мақоми ҷавон ва ақидаҳои ташаккулнаёфтаи ӯ ба ҳодисаҳои атроф тақвият меёбад.
Дуюм, ифротгароӣ бештар дар низом ва ҳолатҳое возеҳ мегардад, ки бо набудани меъёрҳои амалкунандаи волоияти қонун ва созиш бо ниҳодҳои давлатӣ тавсиф мешаванд.
Сеюм, ифротгароӣ бештар дар ҷомеа ва гурӯҳҳое ифода меёбад, ки сатҳи пасти эҳтироми фитрӣ роиҷ аст ё шароити махсус ба сарфи назар кардани ҳуқуқи шахсият мусоидат менамоянд.
Чорум, ин падида барои ҷомеаҳои дорои «сатҳи пасти фарҳанг», ё фарҳанги пароканда хос мебошад.
Панҷум, ифротгароӣ ба ҷомеа ва гурӯҳҳое мутобиқ аст, ки ғояи зӯровариро қабул карда, барои дастёбӣ ба ҳадаф аз арзишҳои ахлоқӣ сарфи назар менамоянд [14, с. 43].
Ҳамин тариқ, моҳият ва хусусиятҳои хоси ифротгароии ҷавононро таҳлил намуда, метавон чунин натиҷагирӣ кард:
- масъалаи ифротгароӣ, мавқеъгирии қотеъона ва оштинопазир дар ҳифзи манфиатҳо ва ақидаҳои хеш, аз ҷумла бо истифода аз зӯроварӣ, ба ҷомеаи инсонӣ аз даврони пеш шинос буд;
- ифротгароӣ моҳиятан хислати ботинии тамаддуни башарист. Дар чаҳорчӯбаи таҳқиқоти зуҳури ифротгароӣ метавон гуфт, ки барои ҳар як ҷомеа ва кишвари мушаххас сабабҳои бавуҷудоии ифротгароӣ метавонанд вобаста ба як қатор шароити субъективӣ ва объективӣ гуногун бошанд;
- ҳамзамон шароити бунёдии зуҳур ва густариши ифротгароӣ вуҷуд доранд, ки амалан барои ҳамаи ҷомеаҳо хосанд. Аз ҷумла, метавон чунин омилҳои аслии зуҳур ва густариши ифротгароиро дар шароити муосир ҷудо кард: буҳронҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, босуръат коҳиш ёфтани сатҳи зиндагии қисмати бештари аҳолӣ, тағйири шакли ниҳодҳои сиёсӣ ва сохтори ҳокимият, ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа қодир набудани онҳо, хислати низомии сиёсӣ, пахш кардани мухолифин, таъқибу фишори ғайрандешӣ, зулми миллӣ ва қавмӣ, кӯшиши гурӯҳҳои алоҳида ҷиҳати тезонидани ҳалли вазифаҳои худ, даъвоҳо ва баландпарвозиҳои пешвоён ва ғайра;
- бо назардошти миқёс ва фарогир будани падидаи мазкур метавон чунин навъҳои ифротгароиро ном бурд: сиёсӣ, ғоявӣ, диниву мазҳабӣ, қавмӣ, экологӣ ва ғайра.
Адабиёт:
- Авдеев, Ю.И. Терроризм как социально-политическое явление. Современный терроризм: состояние и перспективы [Текст] / Ю.И. Авдеев // Под ред. Е.И. Степанова. – Москва, 2000. – С. 40–41.
- Акинер, Ш. Экстремизм: глобальный феномен [Текст] / Ш. Акинер // Религиозный экстремизм в Центральной Азии: Материалы международной научно-практической конференции. – Душанбе, 2002. – С. 19.
- Баева, Л.В. Молодёжный экстремизм в современной России [Текст] / Л.В. Баева // Обзор. НЦПТИ. – 2015. – № 5. – С. 16–22.
- Имомов, А. Непрерывный диалог – важнейший способ решения проблемы экстремизма [Текст] / А. Имомов // Религиозный экстремизм в Центральной Азии: Материалы международной научно-практической конференции. – Душанбе, 2002. – С. 170.
- Койчукулов, М. Факторы религиозного экстремизма [Текст] / М. Койчукулов // Казахстан-Спектр. – 2002. – № 4(22). – С. 10.
- Козлов, А.А. Терроризм в молодежном сознании: угроза и вопросы безопасности [Текст] / А.А. Козлов, Э.П. Теплов. – СПб.: Элексис Принт, 2007. – С. 86.
- Краснов, М.А. Политический экстремизм и права человека [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.memo.ru/hr/radio/rnd-tbl.html/ (санаи муроҷиат: 16.02.2018).
- Красиков, В.И. Экстрим: Междисциплинарное философское исследование причин, форм и паттернов экстремистского сознания [Текст] / В.И. Красиков. – Москва, 2006. – С. 12.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» [Манбаи электронӣ]. URL: http://majmilli.tj/ (санаи муроҷиат: 17.09.2017).




