Рӯйдодҳои муҳимми моҳи апрели соли 2015
7 апрел — Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ Патрисия Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи рафти татбиқи лоиҳаҳои тавассути бонк дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди бахши хусусӣ маблағгузоришуда дар вилояти Суғд ба ин минтақаи Тоҷикистон ташриф овард.
8 апрел — Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (ШХМИ) дар Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи як машғулияти омӯзишӣ ба бонкдорони Тоҷикистон рукнҳо ва меъёрҳои бонкдории исломиро омӯхтанд.
12 апрел — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуд.
15 апрел — ҶСК «Бонки Эсхата» фоизи қарзҳои бо доллари ИМА пешниҳодшавандаро барои ҳама намуди қарзҳо 2 фоиз паст намуд.
17 апрел — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.
29 апрел — Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
29 апрел — Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори «600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ» — шоир, нависанда ва мутафаккири бузурги адабиёти классикии тоҷику форс, «700-солагии Алӣ Ҳамадонӣ» — шоир ва файласуфи форсу тоҷик, «20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», се адад танга ба ифтихори «90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе» бо тасвирҳои «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ», «Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмӯъ шаш намуд тангаҳои хотиравии арзишашон 500 сомониро, ки аз нуқраи холис сохта шудаанд, барои ҳадафҳои нумизматӣ баровард.
30 апрел — Дар Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Томас Йордан, раиси Бонки миллии Швейтсария баргузор шуд.
Таҳияи Ҳ. Туфонова




