Зеҳн

Лаҳзаи фароғат: Латифа ва муаммо

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Латифа

Марде бо занаш сари кадом як масъалаи зиндагӣ ҷанҷолу хархаша мекунанд. Зан ба ғазаб омада, ба шавҳараш мегӯяд:
— Мебахшед, рафиқ мардак, ман ғуломи ҳалқабаргӯши шумо нестам, ки ин қадар азобу шиканҷаам диҳед.

Мард ҳам зуд посух мегардонад:
— Ҳамсари азиз, узри бисёру лекин ман ҳам барои Шумо банкомати ҳамешафаъол нестам.

Муаммои №18

Як нафар муштарии бонк бинобар хатокории хазинадор тариқи баргаи пешниҳодгашта ҳаҷми нодурусти маблағро дастрас мекунад. Хазинадори бонк ба ҷойи сомониҳо ҳамин миқдор маблағи дирам ва ба ҷойи дирамҳо ҳамон миқдор маблағи сомонӣ медиҳад. Муштарӣ пулҳоро ҳисоб накарда, онҳоро ба ҷайб мегузорад. Дар роҳ ӯ 5 дирамро гум мекунад. Дар хона ӯ дармеёбад, ки пули ӯ ду маротиба аз баргаи нишондодашуда бештар аст. Дар баргаи муштарӣ чӣ миқдор пул нишон дода шуда буд?

Посух ба муаммои №15, 16, 17, ки дар гӯшаи «Лаҳзаи фароғат» дар шумораи февралии соли 2015, №3 (68) ба нашр расид:

Муаммои №15
Ҷавоб: Олмонӣ

Рақами хона12345
МиллатНорвежӣДаниягӣАнглисОлмонӣШвед
Ранги хонаЗардКабудСурхСабзСафед
СигорҳоДанҳиллРотмансПелл МеллМалбороФилипп Моррис
ҲайвонҳоГурбаҳоАспҳоПарандаҳоМоҳиҳоСагҳо
НӯшокӣОбЧойШирҚаҳваОби ҷав

Муаммои №16
Дар маҷмӯъ тоҷир 11 маротиба равуо кард, ки аз ин 7 сафарашро интиқоли қуттиҳои бузург (7×8=56) ташкил медиҳад. Дар равуои чордафъаина бошад, қуттиҳои хурдро интиқол намудааст (4×10=40). Дар маҷмӯъ: 40+56=96.

Муаммои №17
Ин бухорӣ, оташ ва дуд аст.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2