Пурсишу посух дар масъалаҳои бонкӣ (апрели 2015)
Гӯшаи «Пурсишу посух» гӯшаест, ки дар асоси талабу дархости хонандагони маҷалла, бахусус бахши иқтисодии мактабҳои олии кишвар таҳия шудааст. Посухҳо дар асоси андешаву афкори олимону мутахассисони дахлдор пешниҳод мегардад.
Пурсиш:
Ман ба фарзандам, ки дар Маскав таҳсил мекунад, қариб ки ҳар моҳ маблағ мефиристам. Фаҳмидан мехостам, ки ҳамон як фоизе, ки бонк барои хизматрасонияш аз ман мегирад, чӣ гуна миёни ду бонк, яъне бонки интиқолдиҳанда ва қабулкунанда тақсим мегардад?
Савол аз ҷониби соҳибкор Ф. Умарова пешниҳод шудааст.
Посух:
Амалиётҳои интиқолӣ тавассути низомҳои интиқолии байналхалқӣ ва минтақавӣ мутобиқи шартномаи ташкилоти қарзӣ бо ҳар як низоми онҳо анҷом дода мешавад. Ҳаққи хизмат ва тақсимоти он бо ҳар яки низомҳо ва ташкилоти қарзӣ дар алоҳидагӣ шарту байн карда мешавад.
Маълумоти мушаххас оид ба ин масъаларо мизоҷ метавонад аз ташкилоти қарзии хизматрасон талаб намояд ва он бояд ҳатман дар ин хусус маълумоти мушаххас пешниҳод намояд.
Департаменти танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон
Пурсиш:
Фаҳмидан мехостам, ки лизинги молиявӣ аз лизинги зудамал чӣ фарқият дорад?
Савол аз ҷониби донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қаюмов Амруллоҳ пешниҳод шудааст.
Посух:
Иҷора (лизинг) як намуди фаъолияти сармоягузорие мебошад, ки дар худ элементи иҷора ва қарздиҳиро дар маҷмӯъ муттаҳид менамояд.
Дар иҷораи молиявӣ се ҷониб иштирок менамоянд: ширкати лизингӣ, иҷорагиранда ва таъминкунандаи амволи иҷоравӣ. Ширкати иҷорадиҳанда (лизингӣ) амволро аз таъминкунандаи амвол харидорӣ намуда, барои истифода ба иҷорагиранда (лизинггир) медиҳад ва пас аз ба анҷом расидани шартномаи иҷораи молиявӣ амвол ба моликияти иҷорагиранда мегузарад. Шартномаи иҷораи молиявӣ бо муҳлати мувофиқ ба муҳлати амортизатсияи пурраи объекти иҷора баста мешавад.
Иҷораи амалиётӣ, баръакс ба муҳлати камтар аз муҳлати давраи амортизатсионии объекти иҷора баста мешавад.
Фарқияти иҷораи амалиётӣ аз молиявӣ дар он аст, ки пас аз ба итмом расидани шартномаи иҷора предмети иҷора ба ширкати иҷорадиҳанда (лизингӣ) бозпас гардонида мешавад.
Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон
Пурсиш:
Амалиёти факторингӣ чӣ гуна амалиёт аст?
Савол аз ҷониби донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азимов Хуршед пешниҳод шудааст.
Посух:
Аслан факторинг ин маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ мебошад.
Принсипи асосии амалиётҳои мазкур ба таври зайл амалӣ мегардад: ширкати факторингӣ талаботи муштарии худро аз шахси сеюм харидорӣ намуда, андозаи аз 70 то 90 фоизи онро дар муддати 2–3 рӯз пешпардохт намуда, боқимонда 10–30 фоизи онро баъд аз иҷро шудани уҳдадорӣ аз ҷониби шахси сеюм (пардохткунанда) пардохт менамояд. Дар ин ҳол, комиссия ва фоиз баъд аз пурра пардохт шудани маблағи талаботи гузашткардашуда гирифта мешавад.
Мафҳуми «факторинг» (factoring) аз калимаи англисӣ factor — комиссионер (даллол), агент, миёнарав (ва ҳоказо — омил, сабаб) реша гирифта, маънояш харидани (талаб кардани) талаботи фурӯшандаи мол (хизматрасонӣ) бо гирифтани уҳдадории рӯёнидани он ва хавфи пардохт накардан аз ҷониби шахси сеюм мебошад.
Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон




