Шарҳи бонкиву иқтисодии ВАО-и ҷаҳон (апрели 2015)
Wall Street Journal (6 апр. 15).
Италия тасмим гирифтааст, то дар ин сол аз коҳишёбии иқтисодиёт кишварро берун кунад. Бино ба андешаи ҳукуматдорони итолиёвӣ, дар солҳои 2016–2017 рушди иқтисодиёт дар ин кишваре, ки чун сеюмин иқтисодиёти пешбар дар ҳавзаи Аврупо эътироф гаштааст, бояд суръати нав ба худ касб кунад.
Бино ба баҳогузории ҳукумат, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) то 0,7 фоиз боло рафта, дар солҳои 2016–2017 рушд аз 1,4 то 1,5 фоизро дар бар хоҳад гирифт.
Рушди иқтисодиёти Италия дар тӯли се сол, оғоз аз соли 2012 коҳиш ёфт ва он тӯлонӣ гашт. Тибқи гуфтаи таҳлилгарон, имрӯз тавассути роҳандозии тадбиру чораҳои самаровари Бонки Марказии Аврупо нишонаҳои барқароршавии иқтисодиёт дар Италия ба чашм мерасад.
Ҳамчунин, ҳукумат он гуфтаро низ таъйид кардааст, ки касри буҷет оид ба натиҷаҳои соли 2015 2,6 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад, яъне Италия қоидаи буҷетии Иттиҳоди Аврупоро вайрон накардааст, ки тибқи он касри буҷет набояд аз 3 фоизи ММД бештар бошад.
Wall Street Journal (8 апр. 15).
Бино ба маълумоти бонкҳои марказии Чили ва Перу, дар назар аст, ки сиёсати васеи монетарии онҳо анҷом ёбад. Бонкҳои марказӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёт меъёрҳои фоизиро коҳиш додаанд, ки интихоби чунин роҳ дар маҳдудгардонии вазъияти таваррумӣ мусоидат хоҳад кард.
Бино ба гуфтаи президенти Бонки марказии Чили Родриго Вергари, фаъолнокии иқтисодии солона дар Чили камтар аз 3 фоизро дар бар мегирад, ки мебояд дар тӯли сол нишондоди мазкур афзоиш ёбад. Вергари бар ин назар аст, ки дар мавриди рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъият дар иқтисодиёт, зарурати баргузор кардани муътадилии монетарӣ дигар нест. Баргашт ба сиёсати муътадилгардонии монетарӣ мумкин аст, дар ибтидои соли 2016 рӯйи кор ояд.
Аз октябри соли 2013 танзимгари бонки Чили меъёри бозтамвилро то 3 фоиз коҳиш дод. Дар ҳамин ҳол, намояи нархҳо дар Чили дар моҳи марти соли ҷорӣ то 4,2 фоиз расид. Бонки марказии Чили кӯшиш дорад, то сатҳи таваррумро дар ҳаҷми 3 фоиз нигоҳ дорад.
Frankfurter Allgemeine (15 апр. 15).
Тибқи навиштаи нашрия, рушди дуюмин иқтисодиёти бузурги ҷаҳонӣ — Чин коҳиш ёфтааст, аммо ба ин нигоҳ накарда, қурби саҳмияҳо дар Шанхай ба худ рекордҳои азим касб мекунанд. Дар пайи як назарсанҷӣ ба суоли он, ки киҳо чунин «харидории аз ақл бегона»-ро роҳандозӣ кардаанд, посух додаанд, ки МАРДУМ.
Таҳқиқот аз ҷониби Университети иқтисоду молияи Чин рӯйи кор гирифта шудааст. Университети мазкур беш аз 4 ҳазор нафар аз соҳибхонаҳоро мавриди пурсиш қарор додааст. Маълум гаштааст, ки қурби саҳмияро наврасон ва ронандагони таксиҳои мусофирбар боло бурдаанд.
Чунончи, аз се ду қисмати саҳомони чиноӣ соҳиби маълумоти миёнаи нопурра мебошанд, ки аксари онҳоро наврасон ташкил дода, дар синни 12-солагӣ тарки мактаб кардаанд.
Wall Street Journal (18 апр. 15).
Дар моҳи феврали соли равон ММД-и Ҷопон то 2,1 фоиз коҳиш ёфтааст. Маълумоти мазкурро Маркази таҳқиқоти иқтисодии Ҷопон фароҳам овардааст. Бино ба маълумоти ин марказ, дар моҳи март иқтисодиёти Ҷопон мебоист то 1,5 фоиз рушд мекард. Аммо бино ба пешбиниҳои Вазорати иқтисодиёту савдо ва саноати Ҷопон, ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар моҳи март коҳиш ёфта, он дар моҳи апрели соли равон барқарор хоҳад шуд.
Агар ММД дар семоҳаи якуми соли равон воқеан ҳам коҳиш ёбад, пас ин амалкард сеюмин пастравӣ тайи чаҳор семоҳаи охир аст.
Чӣ омил сабаби коҳиш гаштааст? Бино ба андешаи иқтисоддони Маркази таҳқиқоти иқтисодии Ҷопон Тетсуаки Такано, ин ҳамаро сабаб хароҷоти пасти истеъмолӣ аст. Соҳибхонаҳо дар моҳи декабр ва январу феврал дар муқоиса бо дигар моҳҳо пули камтар харҷ кардаанд.
Таҳлилгарон хулоса мекунанд, ки истеҳсолкунандагони ҷопонӣ ба муътадил гардидани вазъи иқтисодӣ бовар надоранд.
Wall Street Journal (20 апр. 15).
Бино ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, коҳиш ёфтани нархи нафт ва рушди сусти суръати иқтисодиёт дар кишварҳои мутараққӣ, сабаби нишондоди пастро соҳиб гаштани суръати рушди иқтисодиёти кишварҳои Африқо дар соли 2015 гаштааст.
Тибқи ҷамъбасти сол, вазъи иқтисодӣ дар кишварҳои мазкур то 4 фоиз рушд кардааст, ки бино ба маълумоти БҶ пасттарин нишондод ба ҳисоб меравад.
Дар баъзе аз кишварҳои африқоӣ, вазъи иқтисодӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад. Чунончи, дар Ангола ва Ҷумҳурии Конго, ки аз содироти нафт вобастагии бештар доранд, имкони пайдонамоии сарчашмаи кофӣ ҷиҳати рушди истеҳсолот дар ихтиёр надоранд.
New York Times (25 апр. 15).
Бонкҳои амрикоӣ оид ба семоҳаи аввали соли 2015 ҳисоботи худро ба нашр расонидаанд. Бино ба натиҷаҳои Wells Fargo ва JPMorgan Chase, қарздиҳии истеъмолӣ суръати сустро ба худ касб кардааст. Wells Fargo, ки намунаи рушди соҳаи бонкӣ ба ҳисоб мерафт, аз коҳиш ёфтани даромади худ дар моҳҳои январ–марти соли равон маълумот додааст. Даромади семоҳаи бонки мазкур аввалин маротиба аст, ки тайи ҳафт сол коҳиш меёбад. JPMorgan Chase баръакс семоҳаи аввали соли ҷориро хуб натиҷагирӣ кардааст. Фоидаи JPMorgan Chase то 12 фоиз рушд карда, даромади софи Wells Fargo 5,8 млрд. долл. ИМА-ро ташкил додааст.
Reuters (28 апр. 15).
Бузургтарин бонки Олмон — Deutsche Bank, ҷиҳати пардохти 2,5 млрд. долл. ИМА ба фоидаи Амрико ризоият додааст. Бахши бритониёии бонки мазкур бошад, ҷавобгариро ба иттиҳоми қаллобӣ пазируфтааст. Бино ба гуфтаи коршиносон, ин аллакай ҳаштумин гурӯҳи молист, ки ба иттиҳоми қаллобӣ гунаҳгор дониста мешавад. Ҳаҷми ҷарима ниҳоят ҳам бузург маънидод мешавад.
Ба танзимдарорандагони амрикоӣ аз Deutsche Bank 2,175 млрд. долл. ИМА, Бритониё бошад 227 млн. фунт стерлинг ҷарима меситонанд. Бино ба иттилои Раёсат оид ба танзими молӣ ва назорати Бритониё (Financial Conduct Authority, FCA), дар қаллобӣ беш аз 29 нафар аз ходимони Deutsche Bank, бештар дар Лондон, Франкфурт, Токио ва Ню-Йорк ширкат кардаанд.
Тибқи навиштаи расонаҳо, нафаре ҳам аз аъзои раёсати Deutsche Bank аз қаллобӣ хабар надошта, дар ин кор даст ҳам надоранд.
Бар асари чунин иттиҳомот теъдоде аз ходимони Deutsche Bank тарки кор карда, ҳафт нафари дигар дар рӯзҳои наздик аз кор ронда мешаванд.
Financial Times (30 апр. 15).
Ҷопон аввалин маротиб аст, ки баъд аз буҳрони иқтисодӣ-молии солҳои 2008–2009, бори дигар чун дорандаи бузурги вомбаргҳои амрикоӣ эътироф гашта, дар ин мақом аз Чин пеш гузаштааст. Пекин аз сабаби коҳиш ёфтани иқтисодиёти худ портфели вомбаргҳои амрикоиро иваз намекунад.
Сармоягузорони хусусӣ ва институтҳои давлатии Ҷопон дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ 1,2244 трлн. долл. ИМА вомбаргҳои амрикоиро дар ихтиёр доштанд, Чин бошад дар ҳаҷми 1,2237 трлн. долл. ИМА. Тайи солҳои охир портфели вомбаргҳои Ҷопон то 13,6 млрд. долл. ИМА рушд кард, аммо аз Чин бошад то 49,2 млрд. долл. ИМА коҳиш ёфт.




