Зеҳн

Ахбор: расмӣ, бонкӣ, иқтисодӣ (апрели 2015)

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Ахбор: расмӣ, бонкӣ, иқтисодӣ (апрели 2015)

Расмӣ

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Корея ва роҳбари Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ

12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея бо Президенти ин кишвар хонум Пак Хин Хе мулоқоти расмӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд.

Аз рушди муносибот ва густариши ҳамкории ду кишвар, ба хусус дар солҳои охир изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки давоми 10 сол ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Корея 7 баробар афзудааст. Ҳоло 16 корхонаи муштарак бо сармояи кореягӣ дар Тоҷикистон фаъолияти самарабахш доранд.

Пас аз анҷоми мулоқот 5 санади нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид. (12 апр 15 / БТ)

Иштирок дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об

12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуд.

Форуми мазкур дар маҷмааи биноҳои Экспо Кореяи шаҳри Дэгу бо иштироки қариб 35 ҳазор нафар ва зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин форум ба ҳайси ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт» иштирок кард. Даҳсолаи байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт» аз ҷониби Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005–2015 эълон гардида буд ва инак соли даҳум аст, ки ҳамаи чорабиниҳои ҷаҳонии вобаста ба об дар тамоми гӯшаю канори дунё барои татбиқи амалии нишондодҳои ҳамин ибтикор ҷараён мегиранд. (12 апр 15 / БТ)

Натиҷагирии семоҳаи соли равон дар назди Сарвазир

16 апрел дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар семоҳаи аввали соли равон ҷаласаи корӣ доир гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода оид ба дастоварду пешравиҳо ва мушкилоту норасоиҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар моҳҳои январ–марти соли равон гузориш дод.

Таъкид гардид, ки новобаста аз таъсири манфии ҳолати ноустувори иқтисодиёти кишварҳои шарики Тоҷикистон ва дигар омилҳои берунӣ дар ин давра, ММД-и ҷумҳурӣ ба 8,3 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 5,3 фоиз баробар гардид. Ин афзоиш асосан аз ҳисоби рушди устувори соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва гардиши савдои чакана, ки мутаносибан 16,3 фоиз, 5,3 ва 10,7 фоизро ташкил медиҳад, таъмин гардидааст.

Дар муҳокимаи натиҷаҳои рушди семоҳаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои саноат ва технологияҳои нав, молия, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, роҳбарият ва масъулони Бонки миллии Тоҷикистон, кумитаи андоз, хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. (16 апр 15 / БТ)

Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бори нахуст баъди интихоби ҳайати нави аъзои он баргузор шуд. Тибқи муқаррарот, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷонибдории ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз нав ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Сипас, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нахуст ҳамаи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро ба муносибати интихоб ва таъйин шуданашон ба узвияти ин мақоми олии қонунгузори кишвар ва нафарони ба мансабҳои роҳбарии он интихобшударо табрику таҳният гуфт. (17 апр 15 / БТ)

Бонкӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси Шӯрои мудирони БОР иштирок мекунад

Ҳудуди 3 ҳазор нафар мансабдорони давлатӣ, тоҷирони муваффақ, сармоягузорон, рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеа рӯзҳои 2–5 май дар Маҷлиси 48-уми солонаи Шӯрои мудирони Бонки осиёии рушд (БОР) дар шаҳри Боку ҷамъ меоянд. Дар ин маҷлис иштироки ҳайати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Д. Саидов низ дар назар аст. Мавзӯи маҷлиси соли 2015 — «Шарикӣ барои рушд» аст, ки муҳим будани сафарбарии захираҳо ва тақвияти шарикӣ миёни БОР, кишварҳо ва дигар шарикони бисёрҷонибаву дуҷонибаро таъкид менамояд.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёии рушд пазируфта шуда, то имрӯз БОР барои Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии ҳудуди 1,3 млрд. долл. ИМА ёрӣ намудааст. (6 апр 15 / www.news.tj)

Бонки Ҷаҳонӣ бо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ошно шуд

Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи рафти татбиқи лоиҳаҳои тавассути бонк дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт ва рушди бахши хусусӣ маблағгузоришуда, бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва баҳрабарандагон дар вилояти Суғд ба ин минтақаи Тоҷикистон ташриф овард.

Хонум Виверс-Картер зимни вохӯрӣ бо раҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳониро дар самти идомаи дастгирии ислоҳот дар бахши хусусӣ бо мақсади ташкили ҷойҳои корӣ, аз он ҷумла таваҷҷуҳ ба беҳсозии хизматрасониҳои коммуналӣ ва иҷтимоӣ бори дигар тасдиқ намуд. Сандуқи фаъоли Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 21 лоиҳаро дар бар мегирад, ки маблағи умумии онҳо 283,4 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад. (7 апр 15 / БТ)

Омӯзиши асосҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (ШХМИ) ва Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи як машғулияти омӯзишӣ ба бонкдорони Тоҷикистон рукнҳо ва меъёрҳои бонкдории исломиро омӯхтанд. Дар ин семинар, ки 4 рӯз давом кард, 70 нафар намояндагони низоми бонкии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар семинар ёрдамчии Дабири кулли ШХМИ доктор Шариф Аюб ва мутахассисони варзидаи Департаменти техникию тадқиқотии созмони мазкур ба иштирокдорони машғулият дарс доданд.

Ҳамчунин, дар семинар меъёрҳо ва рукнҳои асосие, ки барои татбиқи бонкдории исломӣ дар ташкилотҳои дахлдор заруранд, бо мақсади тақвияти фаҳмиши иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорони машғулият имкон пайдо карданд, ки маълумоти мукаммалро дар бораи заминаи маблағгузории исломӣ ва амалиётҳои бонкии исломӣ, рукнҳои асосии идоракунии хавфҳо барои ташкилотҳои дорои хизматрасониҳои молиявии исломӣ, рукнҳои асосии низоми идорасозӣ тибқи усулҳои исломӣ, стандарти кифоя набудани сармояи азнавдидашуда ва ғайраҳо ба даст оранд. (8 апр 15 / БТ)

Фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ боздошта мешавад

Бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 апрели соли равон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.

Тибқи дастури мазкур, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фурӯши доллари ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд. (17 апр 15 / www.nbt.tj)

ҶСК «Бонки Эсхата» фоизи қарзҳо бо асъори хориҷиро паст кард

ҶСК «Бонки Эсхата» аз санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ фоизи қарзҳои бо доллари ИМА пешниҳодшавандаро барои ҳама намуди қарзҳо 2 фоиз паст намуд. Агар қаблан фоизи қарз барои пахтакорӣ ва коркарди он 24–22 фоизи солонаро ташкил мекард, ҳоло бошад фоизи он то 22–20 фоиз паст карда шудааст. Фоизи қарзи ипотекӣ низ паст карда шуда, ҳоло 20 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Қарзи «Манзилӣ», ки барои таъмир ва сохтани хона пешниҳод гаштааст, қаблан 26 фоизи солона буд ва акнун он бо 24 фоизи солона пешниҳод мегардад.

Қарзҳое, ки дар доираи лоиҳаи иҷтимоӣ-экологӣ барои пармакунии чоҳҳо, сохтани гармхонаҳо ва обёрии қатрагӣ дода мешаванд, акнун 18 фоизи солонаро ташкил медиҳанд, ки қаблан 22 фоизро ташкил мекард. Бояд қайд намуд, ки самти қарздиҳӣ сол аз сол яке аз самтҳои афзалиятноки ҶСК «Бонки Эсхата» ба ҳисоб рафта, мунтазам рушди ин соҳаро фароҳам овардааст. (20 апр 15 / БТ)

Пешниҳоди вазорати молия барои афзоиши бурсҳои Фонди зиддибуҳронии БАОР

Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷ. Нуралиев бо ҳайати Фонди зиддибуҳронии Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) гуфтушунид анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати молияи кишвар, зимни мулоқот оид ба масъалаҳои муҳимми рӯз ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахши молия ва дигар соҳаҳо табодули назар сурат гирифта, ҳамчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумати кишвар ва масъалаҳои сиёсати умумӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди бахши энергетика дар Тоҷикистон, шартҳои баррасӣ ва маблағгузории лоиҳаҳо аз ҳисоби воситаҳои Фонди зиддибуҳронии БАОР таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ҷ. Нуралиев ба таъсири манфии буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон таъкид намуда, қайд кард, ки назар ба воситаҳои қарзӣ, афзоиши пешниҳоди воситаҳои бурсӣ ба бахшҳои афзалиятноки кишвар мувофиқи мақсад аст. (27 апр 15 / www.news.tj)

Пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ: коҳиши интиқоли пул дар Осиёи Миёна

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ пешбинӣ кардааст, ки ҳаҷми пулҳои интиқолӣ ба кишварҳои рӯ ба рушди Аврупо ва Осиёи Миёна дар соли ҷорӣ 12,7 фоиз коҳиш хоҳад ёфт. Соли 2014 ҳаҷми пулҳои интиқолӣ ба ин кишварҳо дар муқоиса бо соли 2013 6,3 фоиз коҳиш ёфта буд. Бино ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ба панҷ кишвари Осиёи Миёна дар соли 2014 беш аз 10 фоиз ва ё 11,1 млрд. долл. ИМА коҳиш ёфтааст. Сабаби асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолиро Бонки Ҷаҳонӣ ба рукуди иқтисодӣ дар Россия вобаста донистааст, ки боиси аз даст додани ҷойи кори муҳоҷирон шудааст. (14 апр 15 / Ведомости)

Мақомоти қазоқ: Иттиҳоди АвруОсиё пули ягона намебарорад

Тимур Жаксиликов, муовини вазири иқтисоди миллии Қазоқистон изҳор доштааст, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мақсади сохтани пули ягонаро надорад. Ба қавли ӯ, Қазоқистон дар мавриди имкониятҳои истисноии роҳандозии пули ягонаи миллӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавқеи мушаххас ва устувор дорад ва ин гуна масъалаҳоро баррасӣ намекунад. Ба таъкиди ин мақоми қазоқ, ташкили иттиҳоди пулӣ ва эҷоди асъори ягонаи миллӣ дар ин иттиҳод баррасӣ нашудааст ва чунин корҳо роҳандозӣ намешаванд. Дар ҳамин ҳол, дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё то соли 2025 ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи танзими бозори молиявӣ ба нақша гирифта шудааст. (21 апр 15 / ca-news.org)

Пулҳои нави 20-евроӣ ба муомилот мебароянд

Бонкҳои марказии минтақаи евро 25 ноябри соли 2015 пулҳои нави арзишашон 20-евроиро ба муомилот мебароранд. Пулҳои нави 20-евроӣ идомаи силсилаи пулҳои 10-евроӣ ва 5-евроӣ ҳастанд, ки аллакай ба муомилот бароварда шудаанд ва дорои дараҷаи баланди ҳифозат аз тақаллуб мебошанд. Пули навро ба номи яке аз қаҳрамонони мифологияи Юнон — духтари подшоҳ Агенор, ки Аврупо ном доштааст, гузоштаанд. Дар рӯйи 20-евроиҳои нав акси ин қаҳрамон ҷой дода шудааст, ки аз як гулдони даврони антиқа гирифта шудааст. Бо он ки ин пулҳои нав ба муомилот ворид мешаванд, пулҳои пешинаи 20-евроӣ низ ба сурати номаҳдуд дар муомилот боқӣ мемонанд. (21 апр 15 / Интерфакс)

JCB ва China UnionPay аз ҳамкорӣ бо «СМП Бонк» худдорӣ карданд

Низомҳои пардохти JCB-и Ҷопон ва China UnionPay-и Чин дархости ҳамкории «СМП Бонк»-и Россияро барои истифодаи қартаҳои ин бонк рад карданд. Дар ин бора Елена Дворових, муовини раиси «СМП Бонк»-и Россия хабар дод. Мақомоти Россия яке аз роҳҳои коҳиш додани таъсири таҳримҳои Ғарб ба низоми пардохти худро ҳамкорӣ бо низомҳои пардохти Ҷопону Чин медонистанд. Россия барои таъмини амалиёти муттасили дохилӣ бо қартаҳои пардохтӣ, Низоми миллии қартаҳои пардохтиро таъсис додааст. (21 апр 15 / bankir.ru)

Deutsche Bank дар ду сол 200 филиалашро мебандад

Deutsche Bank, ки яке аз бузургтарин бонкҳои Олмон ба шумор меравад, тасмим гирифтааст, ки дар зарфи ду сол фаъолияти 200 адад филиалҳояшро масдуд созад.

Коҳиш ёфтани шумораи филиалҳои Deutsche Bank мутобиқи барномаи кам кардани хароҷот ва таҳкими бонки мазкур сурат мегирад. Ин иқдом бояд то соли 2017 ба иҷро расад. Айни замон шумораи кормандони ихтисоршавандаи намояндагиҳои ин ташкилотҳои молиявӣ маълум нест. (27 апр 15 / pronedra.ru)

Фаронса ба Бонки миллии Украина кумак мекунад

Бонки марказии Фаронса ба Бонки миллии Украина кумак хоҳад кард. Дар ин замина президентҳои Украина ва Фаронса ба тавофуқ расиданд. Бо ин мақсад байни Бонки марказии Фаронса ва Бонки миллии Украина ҳамкориҳо ба роҳ монда хоҳанд шуд. Фаронса омодааст, таҷрибаи бонкдории худ, ба вижа назорати бонкдориро ба бонкдорони украинӣ омӯзад. (27 апр 15 / www.ukrinform.ua)

Иқтисодӣ

Тавозуни савдо манфӣ ҷамъбаст гардид

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ–марти соли равон 966 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз кам аст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 13,7 фоиз ва бо кишварҳои хориҷаи дур 9,8 фоиз коҳиш ёфт. Коҳиши мазкур бо назардошти номуътадилии сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пулӣ ва ба ин васила паст гардидани сатҳи талабот дар бозор алоқамандӣ дошт. (15 апр 15 / АМИТ «Ховар»)

Вазорати молия натиҷаҳои фаъолияти молиявиро ҷамъбаст кард

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати раёсат аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи якуми соли 2015 баргузор гардид.

Назар ба иттилои АМИТ «Ховар», муовини вазири молия Меҳринамо Ҷонмамадова аз натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ва вазифаҳо оид ба рушд ва истифодаи судманди маблағҳои давлатӣ дар семоҳаи дуюми соли 2015 гузориш дод.

Вазири молия Абдусалом Қурбониён дар навбати худ, ба кормандони масъули вазорат ҷиҳати сари вақт ва хушсифат иҷро шудани Буҷети давлатӣ дар семоҳаи дуюм ва дар маҷмуъ соли 2015 супоришҳои мушаххас дод. (21 апр 15 / БТ)

Россия ба Қирғизистон 200 млн. долл. ИМА медиҳад

Россия барои кумак ба узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 200 млн. долл. ИМА медиҳад. Дар ин бора Сергей Сторчак, муовини вазири молияи Россия хабар дод. Россия ва Қирғизистон дар ин бора аллакай созишнома ба имзо расонидаанд. Ба қавли масъулин, ин маблағ ба Қирғизистон дар навсозии чор гумруки марзӣ кумак мекунад. Бо шомил шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё марзҳои Қирғизистон ба марзи ин иттиҳод табдил хоҳанд ёфт. (2 апр 15 / РИА Новости)

46 млрд. долл. ИМА сармоягузории Чин дар Покистон

Сӣ Ҷинпин, президенти Чин ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон лоиҳаҳои бисёрмиллиардаи иқтисодии Чин барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Покистонро баррасӣ карданд.

Хабаргузориҳои Покистон навиштанд, ки Чин барои тарҳҳои муштараки иқтисодии кишвараш бо Покистон дар ҳаҷми 46 млрд. долл. ИМА сармоя ҷудо кардааст. Мақомоти ин кишварҳо умедворанд, ки Долони Иқтисодии Покистон ва Чинро боз мекунанд. Тавассути ин долон Чин ба бандари ҷанубии Гвадари Покистон ва ҳамин тавр ба бандарҳои Халиҷи Форс роҳ меёбад. (20 апр 15 / REGNUM)

Россия аз таҳримҳои Ғарб 26,7 млрд. долл. ИМА зарар дид

Иқтисоди Россия дар натиҷаи таҳримҳои Ғарб тақрибан 26,7 млрд. долл. ИМА аз даст додааст ва натиҷаҳои таҳримҳои Ғарб соли ҷорӣ ба маротиб бештар хоҳад буд. Дар ин бора Дмитрий Медведев, нахуствазири Россия зимни суханронии худ дар парламент изҳор дошт ва гуфт, ММД-и ин кишвар дар семоҳаи аввали соли 2015 2 фоиз кам шудааст. Медведев гуфт, зарари Россия аз таҳримҳои Ғарб «эҳсосшаванда аст ва мо онро пинҳон дошта наметавонем». Россия барои тобеъ кардани Қрим ва барои кумак ба ҷудоихоҳони ҷонибдори худ, ба таҳримҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Ғарб дучор шуд. (21 апр 15 / РИА Новости)

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2