Зеҳн

«Вақф» — сарчашмаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ислом

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

«Вақф» — сарчашмаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ислом

«Вақф» — амволе, ки ҳуқуқи моликият ба он бо изҳори ризоияти муассиси вақф (воқиф) бо истифодаи пурра ва ё қисми даромад ва ё маҳсулот маҳдуд карда шудааст. Амволе, ки ба вақф (мавқуф) пешниҳод мегардад, дигар моликияти туҳфакунанда нест ва ҳамчунин моликияти оне, ки ба ӯ туҳфа шудааст, намебошад.

Амали ҳуқуқи моликият дар ин ҷо амалан қатъ мешавад. Ба вақф ҳама гуна ашёи мушаххас табдил дода мешавад, ки онро дар натиҷаи истифода бурдан нобуд кардан имконнопазир аст ва он арзиши худро бо мурури замон аз даст дода наметавонад. Чунин ашё моликияти таркибии (мулк) Аллоҳ ба ҳисоб меравад, ҳол он ки шахс ва ё муассисае, ки ба фоидаи он вақф карда шудааст, ҳуқуқ дорад, ки аз он истифода барад ва фоида ба даст орад.

Вақфро дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ пайдо намудан мумкин аст. Масалан, ба ихтиёрдории мусулмонон додани масҷидҳо, мадрасаҳо, китобхонаҳо, бошгоҳҳо, бозорҳо, мағозаҳо ва объектҳои тиббӣ (касалхонаҳо, муолиҷахонаҳо ва ғайра).

Намудҳои (шаклҳои) асосии вақф

Вақфи бемуҳлат. Ин маънои онро дорад, ки моликият, яъне амволи ғайриманқуле, ки ба ихтиёрдории вақф дода шудааст, абадан ба вақф мемонад. Барҳамдиҳии ин намуди моликият кори мушкил ва ҷараёни дурудароз мебошад. Ин моликиятро бо қарори суд ба дигар моликияти мутаносиб иваз намудан мумкин аст. Баъди ба анҷом расидани ин амалиёт, амволи ғайриманқул ба вақф мубаддал мегардад ва барои бенефитсиарҳо ҳамон мулки пешина ҳисобида мешавад.

Тағйирнопазирӣ дар шартномаи вақф. Бо сабаби он ки вақф амали хайрия мебошад, вай бояд ба шартҳои асосгузор амалӣ кунонида шавад, ба шарте ки ба меъёрҳои шариат мутобиқ бошад. Ин чунин маъно дорад: даромад аз ҳисоби вақф танҳо барои мақсадҳое, ки асосгузори вақф пешбинӣ намудааст, истифода бурда мешавад ва то замоне, ки ба шариат мутобиқ аст, амал менамояд, новобаста аз қарори суд ё ягон мақомоти дигари идоракунанда.

Тарафҳои шартномаи вақф

Дар шартномаи вақф се тараф амал мекунад:

  1. Муассиси вақф (воқиф);
  2. Идоракунандаи вақф (мутаваллӣ);
  3. Бенефитсиар (истифодабарандаи мулк).

Муассис андозаи моддаҳои гуногуни хароҷотро ба воҳидҳои мутлақ нишон медиҳад ва ё даромадро ба ҳиссаҳо ҷудо намуда, мутаваллиро таъйин менамояд. Зарурияти идора намудани моликияти гуногун ва алоҳида-алоҳида ба он бурда расонд, ки вақф ба муассисаи ҳуқуқӣ мубаддал гардид.

Мутаваллӣ дар шартномаи вақф шахсе мебошад, ки нақши асосиро иҷро менамояд. Тақдири моликияти ба вақф гузошташуда аз мутаваллӣ вобастагӣ дорад, яъне то чӣ андоза мутаваллӣ уҳдадориҳои худро босубот иҷро менамояд. Ба уҳдадориҳои мутаваллӣ дохил мешаванд: идоракунии вақф, дарёфт намудани иҷорагирандагони моликияти вақф, ки ба манфиати бенефитсиар мутобиқ мебошад. Дар ҳуҷҷати таъсисии вақф, аз рӯйи қоида андозаи мукофотпулии мутаваллӣ нишон дода мешавад. Одатан мутаваллӣ аз даромади вақф 10 фоиз мукофотпулӣ мегирифт.

Бенефитсиар бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошад: дар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад, нишонаҳои маълум дошта бошад. Бенефитсиарҳои асосии шартномаи вақф асосан масҷид ва ё рӯҳониёни он баромад мекарданд. Баъдтар муассисаҳои таълимӣ ва мардуми камбизоат низ дохил гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки вақф ин моликияте мебошад, ки барои мақсадҳои алоҳидаи хайрия равона карда шудааст. Вақф на барои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои алоҳида, балки барои ҷамъияти мусулмонон амалӣ кунонида мешавад (масалан, чоҳҳо, кӯлҳо ва ғайра). Ин шакли вақфро ҷамъиятӣ (оммавӣ) меноманд. Шакли дигараш вақфи муштарак, ки ҳам барои манфиати шахсони алоҳида ва ҳам барои ҷамъияти алоҳида нигаронида шудааст.

Барои таъсиси вақф шартҳои зерин лозим аст:

  1. Моликият бояд амволи ғайриманқул ё ашёе бошад, ки арзиш дошта бошад. Дар ҷамъияти мусулмонон ба вақф замин, бино, уштур, модагов, гӯсфанд, ҷавоҳирот, шамшер ва дигар намуди таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ дохил мешуданд.
  2. Моликият бояд барои истифодабарии доимӣ дода шавад. Баъзе аз ҳуқуқшиносон тасдиқ менамоянд, ки вақфи муваққатӣ фақат барои оилаи алоҳида иҷозат дода шудааст.
  3. Асосгузори вақф аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ бояд дар ҳолате бошад, ки аз уҳдаи иҷрои амалиёт барояд, яъне кӯдак, девона ва шахсе, ки соҳибмулк нест, вақфро таъсис дода наметавонанд.
  4. Мақсади асосии вақф, аз нуқтаи назари шариат ва муассисон бояд амали хайрия бошад. Бинобар ин, ба фоидаи шахсони сарватманд вақф равона карда намешавад.
  5. Дар охир, бенефитсиарҳои вақф бояд зинда ва қонунӣ таваллудёфта бошанд.

Вақф дар мавзеи ибодатгоҳ ҳам ташкил карда мешавад, ки мардуми ин минтақа дар ҷамоати динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ ба сар мебаранд, яъне дар ин минтақа сарчашмаҳои сармояи иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Ба ин ҷо маблағҳо аз сармоягузорон, аъзои ҷомеа, шахсони алоҳида, сохторҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, аз ҷумла иттифоқи қарзгирон дохил мешаванд.

Амалиётҳои қарзие, ки тавассути иттифоқи қарзгирон амалӣ мешаванд:

  1. Қарз-ул-ҳасан (қарзи нек) ба мизоҷ пешниҳоди маблағи муайянро аз ҷониби иттифоқи қарзгирон таъмин месозад ва мизоҷ уҳдадор мешавад, ки ин маблағро бо ба охиррасии муҳлати муайян ба иттифоқи қарзгирон баргардонад. Мизоҷ бо баргардонидани қарзи асосӣ ба ташкилот, аз рӯйи хоҳиши худ маблағи муайянро дар шакли мукофотпулиҳои ихтиёрӣ ба ташкилот пардохт менамояд (ҳиба). Худи иттифоқи қарзгирон ҳеҷ вақт мукофотпулӣ талаб наменамояд. Ин хусусияти муносибатҳои мутақобилаи ташкилотҳои исломӣ бо мизоҷони худ мебошад, ки бо дӯстӣ ва боварӣ асос ёфтааст.
    Дар асл бошад, ин навъи маблағгузорӣ — ёрии бозгардони моддӣ ба шахсони эҳтиёҷманд, ҷамъиятҳо, минтақаҳо ва ё қарзи бефоиз ба фаъолияти муайяни хоҷагидории корхонаҳои хурд ва миёна аст, ки бисёр вақт ҳамшарики ташкилоти қарзии хурд мебошад.

  2. Байъӣ (бо нархи аҷил) (араб. — фурӯш бо нархи батаъхиргузошта) — шартномаи хариду фурӯш аз рӯйи пардохти батаъхиргузошта. Мутобиқи шартномаи мазкур, як ҷониб (фурӯшанда) молро харидорӣ менамояд ва онро ба ҷониби дигар (харидор) бо нархи мувофиқашуда мефурӯшад ва он хароҷоте, ки фурӯшанда кардааст, ба нархи мол илова карда мешавад. Маблағ барои мол дар оянда пурра ва ё қисман пардохт карда мешавад. Дар иттифоқи қарзгирон ин шартнома додугирифти байни ташкилот ва харидор мебошад, ки дар он ташкилот молро ба даст меорад ва онро ба харидор бо нархи баландтар мефурӯшад ва ин мол дар муҳлате, ки байни ду ҷониб мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад. Шартномаи мазкур дар қонунгузории исломӣ иҷозат дода шудааст, зеро аз рӯйи табиати худ он на шартномаи қарзӣ, балки яке аз навъҳои шартномаи хариду фурӯш мебошад. Ҳамин тариқ, амалиёте, ки аз рӯйи чунин шартнома амалӣ карда мешавад, ин амалиёти молиявӣ набуда, ба амалиёти тиҷоратӣ маҳсуб мегардад.

  3. Қарзи ипотекӣ. Дар ҷамоаи мусулмонон тавассути иттифоқи қарзгирон дигар роҳҳои паст намудани сатҳи камбизоатиро низ истифода мебаранд. Масалан, иттифоқи қарзгирон ба мизоҷон ягон намуди таҷҳизот, бино, иншоотро ба иҷора медиҳанд. Мутобиқи шартҳои шартномаи байни ташкилот ва мизоҷ басташаванда, иттифоқи қарзгирон бо талаби мизоҷ таҷҳизот ва ғайра харидорӣ менамояд ва ба ӯ ба иҷора медиҳад. Давомнокии иҷора ва андозаи пардохти маблағи иҷора пешакӣ муайян мегардад.

Хулоса, тавассути истифодабарии вақф ба бахши хусусӣ ёрии молиявӣ расонида мешавад, ки аз буҷети давлат ягон маблағ сарф намешавад ва хароҷоти давлат камтар мешаванд. Ин амали нек касри буҷетро низ паст менамояд ва қарзи давлатӣ низ камтар мешавад. Дар ин раванд, маблағгузорие, ки давлат барои бахши хусусӣ равон менамояд, камтар мешавад ва ин амал сармоягузоронро ҳавасманд мегардонад.

Р. Сайисмонов,
муовини аввали раиси раёсати Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон, номзади илми иқтисод, дотсент

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2