Нақши сармояи инсонӣ дар рушди иқтисодиёт
Нақши сармояи инсонӣ дар рушди иқтисодиёт
Яке аз омилҳои рушди иқтисодӣ дар замони муосир ин сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи шарҳи васеи назарияи иқтисодӣ, боигарии миллӣ аз се унсур иборат аст: сармояи инсонӣ, захираҳои табиӣ ва сармояи истеҳсолӣ. Бояд қайд намуд, ки қисми зиёди боигарии миллии ҷаҳониро сармояи инсонӣ ташкил медиҳад.
Аммо ҳиссаи ниҳоии сармояи инсонии андӯхташуда дар боигарии миллии баъзе давлатҳо нисбат ба боигарии миллии ҷаҳонӣ камтар мебошад. Дар давлатҳои тараққикарда ба дӯши сармояи табиӣ (захираҳо) 10 фоиз, ба сармояи истеҳсолӣ 20 фоиз ва ба сармояи инсонӣ 70 фоиз боигарии миллӣ рост меояд.
Мафҳуми «сармояи инсонӣ» аввалин маротиба дар осори иқтисодчӣ Теодор Шултс, ки ба масъалаи вазъи душвори давлатҳои камбизоат ё қафомонда мароқ зоҳир менамуд, истифода бурда шудааст. Баъдан давомдиҳандаи кори ӯ Гэри Беккер ин мафҳумро васеътар карда, самаранокӣ ва зарурияти маблағгузорӣ ба сармояи инсониро исбот намуд.
Инсон маълумоти қабулкардаашро истифода бурда, дониши нав ҳосил менамояд, ки он сарчашмаи навовариҳо мегардад. Дар шароити рушди инноватсионӣ дониш сарвати асосии рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Истеҳсолот, мубодила, тақсимот ва истифодабарии дониш асоси рушди моддӣ ва маънавии ҷомеа мегардад. Тағйирёбии шароити иқтисодӣ боиси он гашт, ки бисёр иқтисоддонҳо намуди нави рушди иқтисодиро бо номи «иқтисодиёти донишӣ» ё «иқтисодиёти зеҳнӣ» ҷудо карданд.
Дар иқтисодиёти муосир сармояи инсонӣ бартарияти асосии рақобатпазирии он ба ҳисоб меравад. Чунки маҳз сармояи инсонӣ имкони амалигардонии навовариҳо, мутобиқшавӣ ба шароитҳои ҷаҳонишавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ноилгардӣ ба рақобатпазирии баландро медиҳад.
Мавҷудияти сармояи инсонӣ ва дараҷаи инкишофёбии он омили асосии рушди инноватсионии дилхоҳ давлат ба ҳисоб меравад. Давлатҳое, ки ба нақш ва мақоми сармояи инсонӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, аллакай барои гузариш ба иқтисодиёти баъдииндустриалӣ замина фароҳам овардаанд. Ба ин мисол шуда метавонанд давлатҳои тараққикарда, аз қабили ИМА, Ҷопон, Финландия ва ғайраҳо.
Таҷрибаи ИМА ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври кофӣ дурустии роҳи интихобнамудаашон ва самаранокии механизмҳои мавҷудбударо исбот намуданд.
Дар асоси истифодаи самараноки назарияи сармояи инсонӣ Шветсия иқтисодиёти худро замонавӣ гардонид ва дар аввали солҳои 2000 тавонист мавқеи худро дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ пайдо намояд.
Финландия дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ тавонист гузариш аз иқтисодиёти ба ашёи хом асосёфтаро ба иқтисодиёти инноватсионӣ таъмин намояд. Ин давлат тавонист технологияҳои муосири рақобатпазири худро ихтироъ намояд ва дар баробари ин аз коркарди амиқи сарватҳои бойи табиии худ, яъне ҷангал даст накашад.
Ин имкон дод, ки Финландия дар раддабандии ҷаҳонӣ (рейтинг) аз рӯйи рақобатпазирии иқтисодиёт ҷойи аввалро ишғол намояд. Финландия маҳз аз ҳисоби даромадҳои коркарди ашёи хоми ҷангал ва табдил додани онҳо ба молҳои дорои арзиши изофаи баланд тавонист ихтироъ ва истеҳсоли молҳои инноватсионӣ ва технологии муосири худро ба роҳ монад.
Ин гуфтаҳо пеш аз ҳама гувоҳи онанд, ки имрӯз сармояи инсонӣ омили таъминкунандаи мақоми дилхоҳ давлат дар арсаи байналмилалӣ ва бозори ҷаҳонӣ мебошад.
Дар асоси ин гуфтаҳо метавонем қайд кунем, ки рақобатпазирии сармояи инсонӣ дар доираи давлати муайян бартариятҳои умумии рақобатпазирии ин давлатро дар сатҳи бозори ҷаҳонӣ муайян менамояд.
Ҳангоми фаҳмидани нақш ва мақоми волои сармояи инсонӣ маълум мегардад, ки сабаби асосии натиҷаҳои ғайриқаноатбахши фаъолияти илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ дар кишвар маҳз сатҳи пасти рушди сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз иқтисодиёти мамлакат ва таъмини рушди он ба сармояи инсонӣ эҳтиёҷи аввалиндараҷа дорад. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷудо нестем, балки имрӯз як ҷузъи асосии он мебошем. Дар баробари ин, имрӯз ҳукумати ҷумҳурии мо сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтааст. Аз ин лиҳоз, вазъ ва ҳолати инкишофёбии сармояи инсонӣ танҳо мушкилии дохилӣ набуда, балки то ба дараҷае нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ низ муаррифӣ менамояд.
Мавриди қайд аст, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ имрӯзҳо маҳз ҳиссаи хариду фурӯши дороиҳои хусусияти ғайримоддӣ дошта афзуда истодааст. Аз ин лиҳоз, нақши сармояи инсонӣ низ бештар ва фаъол мегардад.
Агар ба таркиби тиҷорати байналхалқӣ назар афканем, он гоҳ мебинем, ки давлатҳои асосии содиркунанда Олмон, Чин ва ИМА мебошанд, ки бар дӯши онҳо зиёда аз 30 фоизи содироти ҷаҳонӣ рост меояд. Аз ҳаҷми умумии тиҷорати байналхалқӣ қариб 30 фоиз бар дӯши хизматрасониҳо рост меояд. Ҳиссаи асосии тиҷорати хизматрасониҳои ҷаҳонӣ бар зиммаи ИМА, Бритониёи Кабир, Олмон ва Ҷопон рост меояд. Аммо ба сохтори тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, он гоҳ мебинем, ки дар он ҳиссаи асосии содирот бар зиммаи алюминийи аввалиндараҷа, нахи пахта ва меваҳои хушк рост меояд.
Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани нақши сармояи инсонӣ дар пешравии иқтисодиёти давлатҳои тараққикарда ин ҳиссаи баланди сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва илм мебошад. Агар ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи маорифро бо солҳои 1950–1990 муқоиса кунем, он гоҳ мебинем, ки имрӯзҳо ин сармоягузориҳо ночизанд. ИҶШС дар ҷаҳон ҳиссаи бештари хароҷот барои соҳаи маорифро дошт, ки он 10 фоизи даромади миллиро ташкил медод, ҳол он ки ин нишондиҳанда дар он вақт дар ИМА ҳамагӣ 4 фоиз ва дар давлатҳои Аврупо 2–3 фоизро ташкил медод.
Имрӯзҳо дигар давлатҳо барои соҳаи илм ва маориф бештар сармоягузорӣ менамоянд. Танҳо сармоягузориҳои давлатӣ барои баландбардории сифати сармояи инсонӣ дар давлатҳои тараққикарда аз 10 то 12 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурии мо бошад, сармоягузорӣ ба соҳаи маориф 5,2 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.
Дар ин радиф, дар шароити Тоҷикистон зарур аст, ки сифати сармояи инсонӣ мавриди тадқиқ қарор гирад. Натиҷаҳои ин тадқиқотро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва аъзогӣ дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои баҳодиҳии бартариятҳои рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ ва минтақавӣ истифода бурдан мумкин аст. Инчунин, натиҷаҳои ин гуна тадқиқот барои қабули хулосаҳои дуруст доир ба идоракунии сармояи инсонӣ зарур мебошанд.
Роҳбари бахши макроиқтисодиёти департаменти паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва идоракунии иқтисодиёти минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Изворский қайд менамояд, ки барои рушди мунтазам барои Тоҷикистон зарур аст, ки сармояи инсониро тавассути рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ инкишоф диҳад.
Тибқи гурӯҳбандии илмӣ, сармояи инсонӣ манфӣ ва мусбӣ ё худ вайронкунанда ва барқароркунанда мешавад. Сармоягузорӣ ба сармояи инсонии манфӣ ва ё вайронкунанда ягон натиҷаи хуб дода наметавонад. Ин гуна сармоягузорӣ метавонад боиси монеа барои баландбардории сатҳи некӯаҳволии мардум гардад. Ришвахорӣ, шаҳрвандони бекор, сатҳи пасти дониш ва дигар омилҳо худ инъикоскунандаи сармояи инсонии манфӣ ва ё вайронкунанда мебошанд.
Бинобар ин, зарур аст, ки дар ҷумҳурӣ бештар диққати ҷиддӣ ба сармояи инсонии манфӣ ва ё вайронкунанда дода шавад, то ин ки он ба иқтисодиёт зарари манфӣ нарасонад.
Нақши сармояи инсонии мусбат ва ё барқароркунанда ҳоҷат ба тафсир ва ё шарҳ надорад, чунки он худ боиси рушди устувори иқтисодиёт мегардад.
Бо назардошти ин гуфтаҳо, сармояи инсонии босифат шарти асосии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад, ки дар интиҳо сатҳи рушди иқтисодиёти онро нишон медиҳад. Ин гуна нуқтаи назар алалхусус дар замони иқтисодиёти муосир рӯзмарра ба ҳисоб меравад, чунки инсоне, ки доимо дар ҳолати инкишофёбист, вай сарчашмаи инкишофёбии ҷомеа мегардад.
Тибқи баъзе тадқиқот, афзоиши сармоягузорӣ барои рушди сармояи инсонӣ ба 1 000 сомонӣ ба ҳисоби миёна боиси зиёд шудани ҳаҷми ММД ба 2 650 сомонӣ мегардад. Афзоиши сармоягузорӣ ба воситаҳои асосӣ ба маблағи 1 000 сомонӣ ба ҳисоби миёна боиси афзудани ММД дар ҳаҷми 800 сомонӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ идоракунии сармояи инсониро ба таври зер ба роҳ мондан лозим аст:
- Зарур аст, ки дар сатҳи мақомоти соҳавии идоракунандаи иқтисодиёт омилҳое, ки боиси кам кардан ва ё аз байн бурдани фарқият байни маҳдудияти сармояи инсонии манфӣ ва мусбӣ мегарданд, муайян карда шаванд;
- Бояд пешниҳод ва чораҳое андешида шаванд, ки боиси зиддият ба пайдоиш ва истифодабарии сармояи инсонии манфӣ ё вайронкунанда гарданд. Ба сифати ин гуна омилҳо метавонанд баромад кунанд:
А) сармоягузорӣ накардан ба кормандоне, ки қобилият ва ё хоҳиши азхудкунии илм ва технологияи муосирро надоранд;
Б) сармоягузорӣ накардан ба барномаҳои илмӣ ва ё таълимие, ки ҷавобгӯйи раванди муосири ҷаҳонӣ нестанд;
В) сармоягузорӣ накардан ба технологияҳое, ки боиси истеҳсоли маҳсулоти замонавӣ ва қобили талабот намегарданд. - Зарур аст, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ «Стратегияи баландбардории сифати сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи дарозмуддат» таҳия ва мавриди амал қарор дода шавад.
Дар хулоса ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки мо бояд имрӯз на танҳо ба масъалаи фаъолгардонии истифодабарии технологияҳои муосир диққати ҷиддӣ диҳем, балки ба масъалаи талафоти рушди иқтисодӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ накардан ба сармояи инсонӣ низ диққат додан зарур аст.
Б. Ҷӯраев,
н.и.и., дотсенти кафедраи хизматрасонии бонкии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат




