Пардохтҳои ғайринақдӣ шаффофияти молиявиро таъмин мекунанд
Пардохтҳои ғайринақдӣ шаффофияти молиявиро таъмин мекунанд
Афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ яке аз масъалаҳои муҳимме мебошад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро бартарӣ доштани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ дар муомилоти кишвар аз сатҳи пасти рушди инфрасохтори молиявӣ шаҳодат дода, ба афзоиши иқтисодиёти пинҳонӣ мусоидат менамояд. Дар навбати худ, иқтисодиёти пинҳонӣ барои рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мамониат намуда, ба камшавии манбаи андозбандӣ оварда мерасонад ва мушкилотро ҳангоми муайян намудани дурнамою банақшагирии иқтисодиёт ба миён меорад. Бо назардошти муҳим будани ин масъала, мақомоти давлатӣ барои кам кардани миқёси иқтисодиёти пинҳонӣ ва афзоиши шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ чораҳои гуногунро рӯйи кор меоваранд.
Ҷиҳати чораҷӯйӣ намудани масъалаҳои коҳиши муомилоти пули нақд дар кулли амалиёти тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хизматгузорӣ, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайати мутахассисони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА ҶТ «Амонатбонк» Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд.
Дар ҷаласаҳои Гурӯҳи кории зикргардида масъалаҳои васеъ намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, танзим ва коҳиш додани муомилоти пули нақд дар амалиётҳои тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хизматгузорӣ муҳокима гардида, дар асоси таклифу пешниҳодҳои аъзои Гурӯҳи корӣ бо назардошти таҷрибаи муосири байналмилалӣ лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути қартаҳои пардохтии бонкӣ» таҳия гардид.
Лоиҳаи Қарори мазкур тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2014 таҳти № 815 Қарор «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути қартаҳои пардохтии бонкӣ» қабул гардид.
Қарори мазкур барои кам кардани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, афзоиши шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути қартаҳои пардохтии бонкӣ мусоидат менамояд.
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва дигар муассисаҳои дахлдор уҳдадор карда мешаванд, ки раванди қабули маблағҳоро ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробарро ба таври ғайринақдӣ тавассути қартаҳои пардохтии бонкӣ таъмин намоянд. Бо ин мақсад, муассисаҳои зикргардида бояд ба таври ҳатмӣ бо дастгоҳҳои (терминалҳои) электронӣ муҷаҳҳаз шаванд. Терминалҳои электронӣ дар муассисаю ташкилотҳое, ки дар замимаи Қарори мазкур муайян гардидаанд, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда мешаванд.
Айни замон дар низоми бонкии кишвар 16 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии қартаҳои пардохтии бонкиро ба роҳ мондаанд. Дар ин самт бонкҳои ватанӣ бо Низоми пардохти миллии «Корти миллӣ», низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва дигар низомҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд.
Ба санаи 1 апрели соли 2015 миқдори умумии қартаҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда 1 160 670 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,5 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони қартаҳои пардохтӣ 1 142 513 нафарро ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 фоиз зиёд гардидаанд.
Айни замон барои хизматрасонии дорандагони қартаҳои пардохтии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ 717 адад банкомат ва 1 633 адад терминалҳои электронӣ насб намудаанд. Шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 108 адад (17,7 фоиз) ва 461 адад (39,3 фоиз) афзуданд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1 182 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва ҳамагӣ 451 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.
Дар се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии амалиётҳои тавассути қартаҳои пардохтӣ гузаронидашуда 1 333 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин ҳаҷми амалиёт 1 279,4 млн. сомонӣ амалиёти гирифтани пули нақд буда, 54,7 млн. сомонӣ амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасонӣ мебошад. Яъне, аз ҳаҷми умумии амалиётҳои тавассути қартаҳои пардохтӣ иҷрогардида танҳо 4,1 фоиз ин пардохти ғайринақдии молу хизматрасонӣ мебошад.
Новобаста аз афзоиши пуравҷи шумораи қартаҳои пардохтии бонкӣ дар муомилот, истифодаи онҳо ҳангоми пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо то ҳол дар сатҳи паст қарор дошта, ҳиссаи асосии ҳисоббаробаркуниҳо ба таври нақдӣ амалӣ гардида истодаанд.
Хусусияти бозори қартаҳои пардохтии кишвар аз он иборат аст, ки аксарияти дорандагон қартаҳои пардохтиро дар навбати аввал ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд истифода мебаранд. Дар асл ба ҷойи ташкили низоми босамари ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, раванди додани маош ва нафақа ба таври нақдӣ бо истифодаи қартаҳои пардохтӣ амалӣ гашта истодааст.
Инфрасохтори хизматрасонии қартаҳои пардохтӣ асосан аз ҳисоби афзудани миқдори таҷҳизоти хизматрасон, аз қабили шабакаи банкоматҳо ва нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд тараққӣ карда, ҳиссаи зиёди онҳо дар пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд.
Тадқиқоту таҳлилҳои гузаронидаи институтҳои бонуфузи байналмилалӣ ва бонкҳои марказӣ таъсири мусбии истифодабарии қартаҳои пардохтиро ба низоми молиявӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ нишон медиҳанд.
Натиҷаи ин тадқиқот нишон медиҳад, ки истифодаи оммавии қартаҳои пардохтӣ ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат намудааст. Масалан, ҳангоми ба 1 фоиз афзудани пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути қартаҳои пардохтӣ воридшавии андоз аз ин соҳаҳо 1,56 фоиз зиёд гардид. Яъне, зиёдшавии пардохтҳо бо истифодаи қартаҳои пардохтӣ ба иловатан афзудани воридшавии андоз мусоидат намуда, ҳамчун яке аз омилҳои устувори рушди иқтисоди миллӣ ҳисобида мешавад. Аз ин натиҷагирӣ намудан мумкин аст, ки сиёсати давлатӣ, ки ба зиёд намудани истифодаи қартаҳои пардохтӣ равона шудааст, фоидаи муассисаҳои соҳаи савдо ва хизматрасониро барои андозбандӣ дастрас менамояд.
Инчунин, ҳангоми 1 фоиз зиёд шудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути қартаҳои пардохтӣ, ҳаҷми амонатҳо 0,13 фоиз зиёд гардидаанд. Аз ин бармеояд, ки бо афзоиши шумораи қартаҳои пардохтӣ дар муомилот ва истифодаи оммавии онҳо талаботи шахсони воқеӣ ба маблағҳои нақд кам мегардад. Дар натиҷа, ҳаҷми амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ афзуда, дар навбати худ барои афзоиши пардохтпазирии низоми молиявӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам мегардад.
Таҷрибаи муосири рушди пардохтҳои электронӣ дар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ нишон медиҳад, ки як қатор чорабиниҳои таъсиррасонии давлатӣ метавонанд ба афзоиши истифодабарии қартаҳои пардохтӣ ва зиёд шудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мусоидат намоянд.
Бояд қайд намуд, ки дар давлатҳои ҳамсоя, аз қабили ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Украина чорабиниҳои таъсиррасонии давлатӣ натиҷаи мусбӣ дода, ба ривоҷу равнақи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ин давлатҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.
Бовар дорем, ки татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути қартаҳои пардохтии бонкӣ» дар кишвари мо ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини шаффофияти ҷараёнҳои молиявӣ мусоидат мекунад.
Ш. Салоҳиддинов,
Сардори Шуъбаи назорати низоми пардохти Департаменти низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон




