Зеҳн

Сиёсати бозори озод

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Сиёсати бозори озод

Аз замонҳои пеш иқтисодшиносони зиёде доир ба иқтисодиёти озоду бозори озод ақидаҳои ҳархеларо пешниҳод карда омадаанд. Мебояд иқрор кард, ки мафҳумҳои «иқтисодиёти озод» ва «бозори озод» дар мавридҳои ҷудогона ҳамчун ҳодисаву равишҳои ба ҳамдигар монанду якхела маънидод карда мешаванд. Дар асл бошад, ин гуна маънидод камбудиву зиддиятҳоро дар бар гирифта метавонад. Чунки ҳарчанд бозор рукни намоёну марказии иқтисодиёт мебошад, аммо амалан вай ҳеҷ гоҳ тамоми иқтисодиётро дар бар гирифта наметавонад. Албатта, бозор дар марҳилаи муайяни инкишофи иқтисодиёти ҷамъиятӣ ба миён оварда шуда, вай торафт зиёдтар ривоҷу равнақ меёбад ва ҳамчун қувваи пешбарандаю ниҳоят пурқуввати иқтисодиёт хизмат мекунад.

Дар бобати бозори озод ҳанӯз поягузорони илми иқтисодӣ Адам Смит ва Давид Рикардо – шаҳрвандони барӯманди Бритониёи Кабир – сардафтарони илми иқтисодӣ маълумоти пурраву комил пешниҳод намуда буданд. Онон иқтисодиёти замонавии ин мамлакатро таҳлилу тасниф карда нишон дода буданд, ки омили муҳимтарину натиҷаовари рушди иқтисодии мамлакат бозори озод ва ё кушода буда метавонад. Дар ҳамин маром, иқтисодиётро тасниф карда нишон дода буданд, ки ҳарчанд дар он замонҳо саноати ватаниро аз рақобату ҳарифии аҷнабӣ ҳифз намудан зарур мебошад, аммо озоду кушод будани бозор имконияти васеътари рушду пешрафти иқтисодии мамлакатро ба миён оварда метавонад.

Ҳамин тарз, аз миёнаҳои асри бистум иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба чунин марҳилаи инкишоф омада расида буд, ки дигар дар маънои комилу пуррааш пӯшида буда наметавонист. Ҳолати зайлро бо ҳамон нишонаҳо пайванд медонанд, ки дар ин марҳилаи инкишофи тамаддун сатҳи рушди иқтисодии мамлакатҳо хеле дигаргун гардида, вобастагию алоқамандии давлатҳо ба марҳилаи нав расида, ба ҷойи тобеияту фармонварии пешина пайвандии бевоситаи иқтисодии зинаи навро ба миён оварда буд. Ин ҳолат бо ҳамдигар пайвастану омезиши нави мамолики сершумори мавҷударо тақозо дошт.

Яъне, ҳамгироии иқтисодии давлатҳо ҳамчун ибтидои зуҳуроти ҷаҳонишавии минбаъда таъйиноту вазифаҳои дигару навтарини иқтисодиву сиёсиро ба миён оварда буд. Акнун дар ин вазъият давлатҳо на роҳи ҷудоӣ, балки роҳу василаи ба ҳамдигар наздик шудан, пайвандию ягонагии онҳоро талаб мекард. Яке аз сабабҳои намоёни чунин вазъияти гувороро дар тақсимоти минбаъдаи меҳнат ва тахассуси бениҳоят нафъовари истеҳсолот дарёфтан имконпазир аст. Мувофиқи баъзе маълумот, дар ҷаҳони ибтидои асри 21-ум зиёда аз 25 млн номгӯй маҳсулоту неъматҳо мубодила карда мешуданд. Ин миқдор неъматҳову маҳсулотро ҳатто гурӯҳи ҳамҷояи давлатҳо ҳам бо осонӣ тавлид карда наметавонанд. Яъне тақсимоту тахсиси меҳнату истеҳсолот то ҳамон дараҷае инкишоф ёфта ба камолот расидааст, ки дигар вазифаи истеҳсоли ҷамъи маҳсулоту хадамотро гурӯҳи алоҳидаи давлатҳо ҳам бар зимма гирифта наметавонад.

Пажӯҳишгарони алоҳида ҳанӯз дар нимаҳои аввали садаи бистум ба чунин хулосаи муҳим расида буданд, ки аввалан бозори озод дар сатҳу масоҳати давлати ҷудогона ба миён омада, ҳамчун сабабгори асосии ривоҷу равнақи иқтисодиёти миллӣ хизмат кардан мегирад. Дар оқибат иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба бозори озод оварда босуръат пеш рафта, оқибатҳои нафъовари қувваи иқтисодиёт, иқтидори онро дучанд мегардонанд. Масалан, солҳои 60–70-уми асри сипаригардида давлатҳои Олмони Федеративӣ, Италия, Ҷопон суръати пешрафти солонаи иқтисодиёташонро то 10–12 фоизи миёна расонида буданд. Давоми даҳсолаҳои 80–90-ум бошад, ҳамин гуна суръати пешрафтро Ҷумҳурии Мардумии Чин ба даст оварда буд. Давоми даҳсолаи аввали асри бистуякум бошад, ин суръат, ки онро «муъҷиза» меноманд, аз адади 10 камтар шудааст. Дар мадди назар доштан зарур аст, ки суръати афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ҳам ҳарчанд аз «муъҷиза» поёнтар қарор дошт, вале амалан 6–8 фоизи миёнаи солонаро дар бар гирифта омад. Ин суръат барои Тоҷикистони кӯчаку аз ҷанги шадиди шаҳрвандии солҳои 1991–1997 баромада суръати ниҳоят хубу айни муддао ҳисоб карда мешавад.

Ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванди навини фаъолияти иқтисодиёт навовариҳои куллан дигаргунаву замонавии фаъолияти бозори озодро ба миён овард. Дар давлатҳои баъдисаноатию пешрафтаи ҷаҳон мавқеи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ба таври назаррас тағйир ёфтаанд. Замонҳои пештар ҳиссаи аз ҳама намоёни ММД (шояд 50–60 фоиз) дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ба вуҷуд оварда мешуд. Ҳоло бошад, ин ҳисса ба таври назаррас кам шуда, дар ИМА ҳиссаи соҳаҳои хизматрасонӣ то 65–70 фоизи ММД расида истодааст.

Масъалаи дигари бо тағйироти бозори озод пайванд, ки зери таъсири ҷаҳонишавӣ суръат гирифта меояд, тағйироти тарзи коркарди маҳсулот (технология) ба шумор меравад. Мебояд иқрор кард, ки солҳои пешин, чунон ки дар боло ёдрас кардем, истеҳсолоти саноатии мамлакатҳо миқёсан васеъ буда, ҳиссаи нисбатан калонтари иқтисодро дар бар мегирифт ва ба истифодаю корбурди дастгоҳҳои алоҳидаву ҷудогонаи сершумор асос меёфт. Ҳоло бошад, зери таъсири инқилоби илмию техникӣ куллан дигаргун гардида, аз ҳама зиёдтар ҳамчун занҷири яклухту пайвастаи хатҳои технологиву таҷҳизоти мураккаб амал карда меояд. Ин хатҳои технологии пайваста дар ҳамҷоягӣ кор фармуда мешаванд ва коркарду омодасозии маҳсулотро то ноил гардидан ба натиҷаҳои ниҳоӣ ё маҳсулоти тайёр дар бар гирифтаанд.

Инқилоби илмию техникӣ на танҳо равандҳои технологии тавлидгарии маҳсулоту неъматҳоро ба пуррагӣ дигаргун сохт, балки дар ҳамин марому равиш ба иқтисодиёту ҷамъият низ таъсири худро гузошт. Дар замони мо аллакай таркиби бозор низ дигаргуниҳои намоёнро соҳиб гардидааст. Агар солҳои пешина дар бозори ҷаҳонӣ аз ҳама бештар молҳои тайёру нимтайёр, ашёи хом, дастгоҳу олотҳои корӣ хариду фурӯш мешуда бошанд, ҳоло дар таркиби бозори ҷаҳонӣ чунин унсурҳои муҳимтаринро дучор омада метавонем:

а) бозори ҷаҳонии молиявӣ;
б) молҳову хадамот;
в) қувваи коргарӣ;
г) иттилоот ва воситаи ахборот;
д) ихтироот, кашфиёт ва навовариҳо.

Мо имкони таҳлили муфассали унсурҳои номбурдашударо надорем. Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки дар таркиби бозори молиявӣ ҳиссаи бозори сармоя аз ҳама васеътар ва тезҳаракат дониста мешавад. Чунки интиқоли замонавии маблағҳо бо ёрии воситаҳои ҳозиразамони электронӣ сурат гирифта, барои гузаронидани маблағҳои ҳатто ҳангуфт вақти кам талаб карда мешавад. Ғайр аз он, маълумоти пажӯҳишгарон собит месозанд, ки дар замони мо ҳаҷми гардиши бозори молиявӣ назар ба ҳамаи унсурҳои дигари бозор назарнамо зиёдтару зудбадал мебошад. Илова бар он, агар сатҳи фоиданокии сармоя дар истеҳсолоти саноатӣ тӯли садсолаи гузашта дар дараҷаи 20–25 ё 15–20 фоиз қарор дошта бошад, вай дар якчанд даҳсолаҳои охир то дараҷаи 10–12 фоиз паст фаромадааст. Аммо дараҷаи фоиданокии воситаҳои молиявию коғазҳои қиматнок мавридҳои ҷудогона то 50 фоиз расида метавонад. Чунки фондҳои молиявӣ амалан зудбадалу тезҳаракат мебошанд ва мувофиқан ковокиҳои намоёну самарабахшро бо зудӣ дарёфт намуда амал мекунанд.

Акнун таснифи баъзе масъалаҳои бозори озод дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор медиҳем. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 изҳор дошт: «Тавре ки борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд». Мувофиқи ҳамин таъйинот, соли равон дараҷаи музди кори кормандон 15–20 фоиз зиёд карда шуда, музди ҳадди ақал аз 250 то 400 сомонӣ зиёд карда мешавад.

Дар давоми давраи солҳои 2000–2013 афзоиши шумораи аҳолии мамлакат 130,3 фоизро ташкил дода бошад, даромади пулии аҳолӣ 22,2 баробар, хароҷоти аҳолӣ барои хариди молҳо ва пардохти хизматҳо 24,2 баробар, дараҷаи музди миёнаи якмоҳа 4,5 баробар, музди ҳақиқии меҳнат зиёда аз 9,5 баробар зиёд карда шудааст. Яъне иқтисодиёт бомаром пеш рафта, сатҳи камбизоатии шаҳрвандони мамлакат аз 83 фоизи соли 1998 соли 2014 то ба 32 фоиз паст карда шудааст.

Аз рақамҳои воқеӣ бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба истиқлолият расидан кӯшиши ислоҳоти куллии иқтисодиро пеш гирифта, онро бомарому суботкорона дар ҳаёт татбиқ карда меояд. Сутунпояҳои ин ислоҳотро рӯоварӣ ба иқтисоди бозорӣ ва таъмин кардани озодии воқеии бозор ташкил медиҳанд.

Давлатҳои хурду сустинкишофи ҳозираи ҷаҳон мавридҳои алоҳида ба ҷойи сиёсати бозори озод раванди маҳдуд кардани савдои хориҷиро пеш гирифта меоянд. Чунин ҳолат ҳамон вақт пеш гирифта мешавад, ки савдои молҳои муайян маҳдуд карда шуда, барои воридоти ин гуна молҳо андоз таъйин карда мешавад. Бо ин роҳ, нархи фурӯши молҳои мазкур дар бозори дохилӣ баландтар муқаррар шуда, андозҳо ҳиссаи даромади буҷети давлатиро ташкил медиҳанд. Давлат бошад, ин гуна даромадҳои зиёдатиро барои пешбурди иқтисодиёти миллӣ ва ё чораҳои иҷтимоӣ истифода мебарад. Мебояд таъкид кард, ки сиёсати савдои озод барҳам додани ҳар гуна маҳдудиятҳоро талаб мекунад. Дар натиҷаи он нархи молҳо дар бозори дохилӣ арзон шуда, ба дараҷаи некӯаҳволии мардумон таъсири мусбат мерасонанд. Аммо дар замони ҳозира на ҳамаи давлатҳои ҷаҳон озодии пурраю комили савдои берунии худро пеш гирифта метавонанд. Чунки дар он ҳолат ҳиссаи муайяни даромади буҷетро бой дода, ба норасоии амалии даромади буҷеташон дучор мегарданд.

Мебояд иқрор кард, ки аз замони ба бозори озод рӯй овардан Ҷумҳурии Тоҷикистон норасоии номгӯйи ниҳоят сершумори молҳоро бартараф намуда, бозори дохилии худро нисбатан ғанӣ гардонид. Аммо ҳиссаи зиёди молҳои истеъмолии халқ, ки дар бозорҳои дохилӣ мубодила карда мешаванд, аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Ин вазъият навоварию ноустувории иқтисодиётро ба миён меоварад. Илова бар он, ҳиссаи муайяни мардумони қобили меҳнат ризқу рӯзии худро дар мамлакати хориҷа ҷустуҷӯ доранд. Барои аз ин ҳолатҳо раҳоӣ ёфтан истеҳсолоти дохилӣ бояд босуръат васеъ карда шавад ва соҳибкорони боғайрати ватанӣ рӯйи кор оянд. Иҷрои ин вазифаҳои намоёни иқтисодиёти ватанӣ дар озодии боз ҳам зиёдтари фаъолияти соҳибкорӣ, таълиму омӯзиши замонавии босуботи ҷавонон, ҳарчи зиёдтар дилангезу дилчасп гардонидани амали хоҷагидорӣ, фароҳам сохтани муҳити мусоиду фоидаовари фаъолияти соҳибкорӣ барои аҷнабиён, истифодаи комилу пурраи захираҳои мавҷудаи ватанӣ қарор дорад. Зеро дар роҳи озодии бозор ҳар гуна монеаҳо ба вуҷуд оварда мешаванд. Бартарафсозии саривақтии ин монеаҳо ҳам тобеъ ба санъату маҳорати хоҷагидории давлатӣ мебошад.

Б. Исомат, н.и.и., профессори ДДТТ,
Ҷ. Машокиров, устоди калони ДДТТ

Рӯйхати адабиёт:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон // «Омӯзгор», № 5 (11969), 30.01.2015, саҳ. 1.
  2. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2014, саҳ. 18–19.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2