Зеҳн

Қарзи бонкӣ ва рушди соҳибкорӣ: алоқамандӣ ва мушкилот

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Қарзи бонкӣ ва рушди соҳибкорӣ: алоқамандӣ ва мушкилот

Дар илмҳои иқтисодӣ аз соҳибкорӣ ба сифати омили муҳимми рушди иқтисодӣ, воситаи таъмини шуғли пурраю ғанӣ гардонидани буҷетҳои маҳаллӣ ва шарти асосии таъмини рақобати озод истиқбол менамоянд. Афзоиши шумораи соҳибкорони хурду миёна боиси афзоиши тақозо дар бозори захираҳои қарзӣ гардида, ба фаровонии бозори молҳои истеъмолию хизматҳо мусоидат менамояд ва сабаби пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мегардад. Дар навбати худ рушди соҳибкорӣ аз дастрасӣ ба захираҳои молиявию қарзӣ ва таъсири механизмҳои гуногуни танзими давлатӣ вобастагии калон дорад. Сарчашмаи муҳимми дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявию қарзӣ бозори молиявӣ (фондӣ) мебошад. Азбаски бозори молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ташаккул наёфтааст, бинобар ҳамин ҳадди бештари соҳибкорон аз он ба сифати сарчашмаи асосии маблағгузорӣ истифода намекунанд ва ба институтҳои дар он амалкунанда бовар надоранд. Дар ин сурат қарзи бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар институтҳои қарзӣ (фондҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва ғайра) сарчашмаи ягонаи дарёфти захираҳои молиявию сармоягузорӣ барои соҳибкорон ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи назарияи иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ва умуман захираи қарзӣ боиси афзоиши сармоягузорӣ ва истеҳсоли бештари молу хизматҳо мегардад, ки дар маҷмӯъ ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ оварда мерасонад.

Умуман, қарз ба нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ – Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) таъсири мустақим надорад, зеро ҳамчун қисмати асосии он ба ҳисоб намеравад. Қарз ба ҳаҷми ММД тавассути сармоягузории дохилию хусусӣ (J) ва ҳаҷми истеъмол (C) таъсир мерасонад. Бо афзоиши қарздиҳӣ ва беҳтар шудани имконияти қарздиҳӣ фазои соҳибкорӣ беҳтар мешаваду ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳо меафзояд, ки ҳамаи ин ба афзоиши ҳаҷми ММД оварда мерасонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзоиши ҳаҷми ММД вобастагии мустақим надорад. Ин нуқтаро олими тоҷик Ф. Мӯминова низ бо истифодаи усулҳои эконометрӣ исбот намудааст. Ӯ қайд менамояд, ки аз соли 2008 инҷониб афзоиши ҳаҷми ММД бо афзоиши қарздиҳӣ алоқамандии мустақим надорад ва коэффитсиенти коррелятсияи байни онҳо ба -0,1833 баробар аст. Ин маънои онро дорад, ки афзоиши ММД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар омилҳо вобастагии бештар дорад.

Яке аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки таъсири ғайримустақими қарзҳоро ба ММД нишон медиҳад, таносуби қарзҳои додашуда нисбат ба ММД мебошад (Диаграммаи 1).

Аз маълумоти дар диаграммаи 1 овардашуда бармеояд, ки баъд аз соли 2009 таносуби қарзҳои додашуда нисбат ба ММД кам шуда, аз соли 2011 инҷониб рӯй ба афзоиш доранд. Агарчи соли 2014 таносуби қарзҳои додашуда нисбат ба ММД 20,49 фоизро ташкил додаанд, дар муқоиса ба соли 2008 ин нишондиҳанда 7 фоиз камтар аст. Бояд қайд намуд, ки замоне ки таносуби қарзҳои додашуда нисбат ба ММД коҳиш ёфт (солҳои 2010–2014), ҳаҷми ММД кам нашудааст. Таҳлили ин нишондиҳанда бори дигар собит месозад, ки афзоиши қарзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афзоиши ҳаҷми ММД алоқамандии мустақим надорад.

Ҳаҷм ва дастрасии қарзҳо бо рушди соҳибкорӣ алоқамандии мустақим доранд, яъне бо афзоиши шумораи соҳибкорон миқдори мизоҷони институтҳои қарзӣ меафзояд, ҳаҷми қарздиҳӣ зиёд мешаваду имкониятҳои қарздиҳӣ бештар мешаванд. Ин нуқтаро тадқиқоти иқтисодчиёни Бонки Ҷаҳонӣ низ исбот менамояд. Мувофиқи тадқиқоти онҳо, соли 2015 Тоҷикистон дар пешбурди соҳибкорӣ хеле муваффақ шудааст ва намояи пешбурди соҳибкорӣ дар ҳаҷми 11 зина тағйир ёфтааст. Агар соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи намояи пешбурди соҳибкорӣ дар ҷойи 177 меистод, соли 2015 мавқеи 166-умро соҳиб гашт. Мувофиқи тадқиқоти дар боло номбаршуда, намояи гирифтани қарзҳо барои соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаврид боло рафтааст ва мувофиқи он Тоҷикистон соли 2015 дар байни 189 кишвари дунё мавқеи 116-умро соҳиб аст, ҳол он ки соли 2014 мувофиқи ин нишондиҳанда дар ҷойи 178 қарор дошт. Дар асоси тадқиқоти мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ, омилҳои асосии боздорандаи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри баланди андозҳо, мушкилоти маъмурӣ ҳангоми иҷозатгирӣ барои фаъолияту сохтмони нав мебошанд. Маҳз бар иллати таъсири ҳамин омилҳо соҳибкории хурду миёна рушди дилхоҳ намекунад (Ҷадвали 1).

Ҷадвали 1. Суръати афзоиши ҳаҷми умумии қарзҳо ва шумораи умумии соҳибкорон нисбат ба соли ҷорӣ бо фоиз

№Номгӯйи нишондиҳандаҳо200920102011201220132014
1.Суръати афзоиши ҳаҷми умумии қарзҳо бо фоиз12,21-31,6328,7312,9538,9224,07
2.Суръати афзоиши шумораи умумии соҳибкорон бо фоиз12,83-3,4615,289,9311,4911,77

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ шумораи соҳибкорон (соҳибкорони бо шаҳодатномаю иҷозатнома (патент) фаъолияткунанда, шахсони ҳуқуқӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ) ба шумор меафзоянд ва соли 2014 нисбат ба соли 2008 беш аз 72 фоиз шумораи соҳибкорон бештар шудаанд. Аз маълумоти ҷадвали 1 низ бармеояд, ки шумораи соҳибкорони дар Тоҷикистон фаъолияткунанда баъди соли 2011 рӯй ба афзоиш дорад ва дар сурати кам шудани суръати афзоиши ҳаҷми умумии қарзҳо шумораи соҳибкорон ҳам кам мешавад. Масалан, агар соли 2010 ҳаҷми умумии қарзҳо нисбат ба соли 2009 ба миқдори 31,63 фоиз кам шуда бошад, дар ҳамин сол шумораи умумии соҳибкорон ба миқдори 3,46 фоиз кам шудааст. Таҳлили маълумоти ҷадвали 1 нишон медиҳад, ки бо афзоиши ҳаҷми умумии қарзҳо шумораи соҳибкорон низ меафзояд ва байни онҳо алоқамандии коррелятсионӣ вуҷуд дорад.

Аз ҳамин ҷиҳат метавон гуфт, ки соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бо дастрасии захираҳои қарзӣ алоқамандии мустақим (бевосита) дорад ва дуюмиро бе муҳобот метавон омили муҳимми рушди соҳибкорӣ номид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар алоқамандии байни рушди соҳибкорӣ ва қарздиҳӣ мушкилоти хоссаи иқтисодӣ ва маъмурӣ вуҷуд дорад. Ин мушкилотро бояд аз назари соҳибкорон ва институтҳои қарзӣ (бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарзӣ) таҳлил намуд ва манфиатҳои ҳарду тарафро ба инобат гирифт. Чунин тарзи таҳлил имкон медиҳад, ки механизмҳои нави танзими муносибатҳои қарзӣ таҳия ва ҷорӣ карда шаванд.

Ба фикри мо, барои истифодаи захираҳои қарзӣ аз ҷониби соҳибкорон меъёри баланди фоизи қарз омили асосӣ буда наметавонад. Дар баробари фоизи қарзи бонкӣ, инчунин як қатор омилҳои иқтисодию маъмурие ҳастанд, ки соҳибкоронро аз истифодаи захираҳои қарзӣ маҳрум менамоянд ё мегурезонанд. Аз нигоҳи макроиқтисодӣ, мушкили асосӣ дараҷаи меъёри фоизи қарзҳо нест. Мушкили асосӣ ин аст, ки бозори захираҳои қарзӣ чандон чандир нест ва бештари ҳаҷми қарзҳоро бонкҳои тиҷоратии мавқеи олигополиро ишғолкунанда пешниҳод менамоянд ва онҳо ба паст кардани фоизи қарзҳо ҳавасманд нестанду дигар институтҳои қарзӣ аз онҳо дар нархгузории захираҳои қарзӣ «сабақ» мегиранд. Масалан, соли 2014 мувофиқи маълумоти оморӣ беш аз 46 фоизи қарзҳо ба ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (26 фоиз) ва ҶСК «Агроинвестбонк» (20 фоиз) рост меомаданд. Ҳиссаи дигар бонкҳои тиҷоратӣ аз 1,3 фоиз (Бонки рушди Тоҷикистон) то 14,19 фоизро ташкил медиҳад, ки хеле кам аст. Мутаассифона, дар Тоҷикистон механизми осон кардани фоизи қарз тавассути субсидияҳои давлатӣ вуҷуд надорад. Бинобар ҳамин, чунин механизм барои соҳибкорони истеҳсолӣ бояд ҷорӣ карда шавад. Яъне давлат аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ пардохти як қисми фоизи қарзҳои соҳибкорони истеҳсолиро ба дӯши худ гирад ва чунин дастгирӣ имкон медиҳад, то таъсири манфии меъёри фоизи қарз ба рушди соҳибкорӣ коҳиш ёбад.

Мушкили асосии соҳибкорони Тоҷикистон ҳангоми истифодаи захираҳои қарзӣ паст будани самаранокии соҳибкорӣ мебошад, зеро ки ҳанӯз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон чандон рушд накардааст ва соҳибкорони ватанӣ дар муқобили соҳибкорони хориҷӣ ба рақобат тоб намеоранд. Масалан, яке аз нишондиҳандаҳои самаранокии соҳибкорӣ даромади миёнасолонаи соҳибкорони хурд аз ҳисоби фурӯши маҳсулот мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи соҳибкорон ва даромади онҳо аз ҳисоби фурӯши маҳсулот сол аз сол меафзояд. Аммо фоидаи миёнасолонаи соҳибкории хурд бо дарназардошти афзоиш ёфтан чандон зиёд нест (нигаред ба диаграммаи 2). Масалан, агар соли 2005 ҳар як субъекти соҳибкории хурд ба ҳисоби 310 ҳаз. сомонӣ аз фурӯши маҳсулот даромад гирифта бошад, соли 2009 ин маблағ 520 ҳаз. сомонӣ ва соли 2010 – 640 ҳаз. сомониро дар як сол ташкил намуд (Диаграммаи 2).

Ҳисобҳои мо нишон медиҳанд, ки захираҳои қарзӣ дар Тоҷикистон ба сари як соҳибкор қариб 17 млн сомониро ташкил медиҳанд, аммо бо 640 ҳаз. сомоние, ки як соҳибкор дар як сол аз ҳисоби фурӯши маҳсулот даромад мегирад, наметавон аз меъёри даромадаш бештар қарз бигирад. Бинобар ҳамин, аксарияти соҳибкорони хурду миёна дар бештар мавридҳо истифодаи захираҳои худиро нисбат ба қарзи бонкӣ авлотар медонанд ва барои васеъ шудани тиҷорат чандон шавқманд нестанд.

Дигар мушкилоти соҳибкорон ҳангоми истифодаи захираҳои қарзӣ ғайриимкон будани қарзгирӣ барои ташкили соҳибкорӣ «аз сифр» мебошад, зеро ки аксарияти институтҳои қарзӣ аз механизми гарав ба таври васеъ истифода мебаранд ва аксари соҳибкорон амволи гаравии серхаридор надоранд. Дар истифодаи механизми гарав бошад, стратегияи тиҷорат муҳим нест ва мавҷудияти амволи ба гарав мондашаванда ё кафолатдиҳандаи гарав дар ҷойи аввал меистад. Аз ҳамин ҷиҳат, сармояи ибтидоии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон наметавонад қарзи бонкӣ бошад ва аксари соҳибкорон фаъолиятро бе нақшаи тиҷорат ва иштироки сармояи бонкӣ оғоз менамоянд.

Дар баробари соҳибкорон институтҳои қарзӣ низ ҳангоми пешниҳоди қарз ба соҳибкорон ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, ки онҳо дар маҷмӯъ ба кам шудани пешниҳоди қарз оварда мерасонанд. Яке аз ин мушкилот паст будани қобилияти қарзпардозии соҳибкорон мебошад (Ҷадвали 2).

Ҷадвали 2. Нишондиҳандаҳои таҳлилии пардохтпазирии қарзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номгӯйи нишондиҳандаҳо / солҳо20092010201120122013
Ҳаҷми қарзҳои хурд (ҳаз. сомонӣ)16268101793085240251331381674707526
Пардохти қарзҳо (ҳаз. сомонӣ)16133281597798203130125992713730052
Қисми пардохтнашудаи қарзҳо (ҳаз. сомонӣ)13482195287371212538896977474
Таносуби пардохти қарзҳо нисбат ба ҳаҷми умумии қарзҳо бо фоиз99,17%89,11%84,55%82,83%79,24%
Қисми пардохтнашудаи қарзҳо бо фоиз0,83%10,89%15,45%17,17%20,76%

Мувофиқи нишондиҳандаҳои ҷадвали 2, ҳаҷми қарзҳои хурд ва пардохти онҳо меафзояд ва ин маънои онро дорад, ки соҳибкорон имконияти истифодаи васеи қарзҳоро доранд ва аз он истифода менамоянд. Аз нигоҳи институтҳои қарзӣ бошад, афзоиши бузургии нишондиҳандаҳои 3, 4 ва 5-уми ҷадвали 2 хеле нигаронкунанда мебошад. Агар соли 2009 соҳибкорон 99,17 фоизи қарзҳоро пардохт карда бошанд, соли 2013 онҳо ҳамагӣ 79,24 фоизи қарзҳоро пардохтаанд ва 20,76 фоизи қарзҳо пардохт карда нашудаанд. Чӣ тавре ки аз маълумоти ҷадвали дар боло овардашуда бармеояд, таносуби пардохти қарзҳо нисбат ба ҳаҷми умумии қарзҳо кам шуда истодааст ва ҳаҷми қисми пардохтнашудаи қарзҳои соҳибкорон меафзояд. Ин ҳолат имкон намедиҳад, ки институтҳои қарзӣ дараҷаи фоизи қарзро паст намоянд ва захираҳои қарзиашонро васеъ намоянд. Инчунин бештари институтҳои қарзӣ манфиатдоранд, ки ба соҳибкороне қарз пешниҳод намоянд, ки таърихи «равшани» қарзгирӣ доранд ва шарики боэътимод ба ҳисоб мераванд. Ҳатто дар чунин ҳолат низ ба фикри ман институтҳои қарзӣ таваккали бузург мекунанд, зеро ки онҳо имкону механизми сари вақт мушоҳида намудани мушкилоти молиявии мизоҷонашонро надоранд.

Дигар мушкилоте, ки соҳибкорон барои институтҳои қарзӣ эҷод менамоянд, шаффоф набудани бизнес ва ҳисоботи молиявии онҳо мебошад. Хусусан соҳибкорони хурду миёна ба технологизатсияи ҳисоботи молиявӣ чандон шавқманд нестанд, зеро ки аз як тараф ин хароҷоти онҳоро зиёд мекунад ва аз тарафи дигар онҳо ба кам нишон додани фоидаашон ва камтар супоридани андозҳо сахт манфиатдоранд. Аз ҳамин ҷиҳат, қарздиҳандагон имкони пурра таҳлил намудани вазъу имкониятҳои қарзгирандагонро надоранд ва дар баъзе мавридҳо баҳогузории қобилияти қарзпардохткунии соҳибкорон нодуруст сурат мегирад.

Мавҷуд набудани таҳлили стратегии намудҳои гуногуни бозорҳо ва соҳаҳои иқтисоди кишвар низ мушкили институтҳои қарзиро афзун менамояд, зеро дар чунин ҳолат баҳо додан ба фоиданокии шаклҳои гуногуни бизнес ва сегменти бозорҳо корест басо мушкил, ки хароҷоти институтҳои қарзиро афзун менамояд. Бештари институтҳои қарзӣ ҳангоми пешниҳоди қарз ба мизоҷони корпоративӣ назар ба пешниҳоди қарз ба якчанд соҳибкори хурду миёна камтар хароҷот мекунанд. Аз ҳамин ҷиҳат, афзоиши хароҷот ҳангоми интихоби мизоҷон ба қимат шудани нархи захираҳои қарзӣ (меъёри фоизи қарз) оварда мерасонад.

Бо дарназардошти таҳлилҳои дар боло овардашуда барои ҳалли мушкилоти муносибатҳои қарзӣ ва самаранок намудани таъсири қарз ба рушди соҳибкорӣ бояд аз механизмҳои зерин истифода намуд:

  1. Механизми ҷуброни қисман ё пурраи фоизи қарзҳои бонкӣ аз ҳисоби буҷет барои соҳибкорони истеҳсолӣ кор карда шавад. Минбаъд барои соҳибкороне, ки аз ҳисоби қарзи бонкӣ ҷойҳои нави корӣ бунёд менамоянду молҳои рақобатпазир истеҳсол менамоянд, субсидияҳои мақсадноки давлатӣ ҷудо карда шавад, ки танҳо ба хотири пардохти фоизи қарз истифода карда шаванд.
  2. Дар баробари механизми гаравмонии амвол инчунин бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар институтҳои қарзӣ додани қарзро дар асоси бизнес-план (нақшаи бизнес) ба роҳ монанд. Яъне институтҳои қарзӣ дар таҳия ва амалӣ шудани бизнес-планҳои соҳибкорон бевосита иштирок намоянд ва ба соҳибкорон танҳо барои амалӣ шудани ҳамин бизнес-план қарз дода шавад. Агар дар ҷараёни амалӣ шудани бизнес-план ягон монеаҳо ба вуҷуд оянд, институтҳои қарзӣ ба соҳибкорон маслиҳат диҳанд ва кумак расонанд. Бо чунин шакли кумакрасонӣ институтҳои қарзӣ қобилияти пардохтпазирии мизоҷонро идора намуда, онҳоро муддати дурудароз нигоҳ медоранд ва ба баргаштани қарз эътимод пайдо мекунанд.
  3. Азбаски фоиданокии баъзе шаклҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон хеле кам аст, соҳибкорони хурду миёна барои васеъ намудани фаъолияташон ба маблағгузориҳои калон эҳтиёҷ доранд, бинобар ҳамин зарур аст, ки механизми қарздиҳии коллективӣ ба роҳ монда шавад. Чунин шакли қарзҳо ба соҳибкороне дода шаванд, ки ба истеҳсоли як намуди мол сару кор доранд ё манфиатҳои муштарак доранд ва ҳамдигарро дар сурати зарурӣ метавонанд аз нигоҳи молиявӣ кумак намоянд. Қарздиҳии коллективӣ имкон медиҳад, ки соҳибкороне, ки амволи гаравӣ надоранд, ба қарзҳо дастрасӣ пайдо намоянд.
  4. Механизми қарздиҳии соҳибкороне, ки «аз сифр» оғози фаъолият менамоянд, кор карда шавад ва дар доираи он имтиёзҳои гуногун дар масъалаи ба гарав мондани амвол пешбинӣ шавад. Иштироки бонкҳои тиҷоратиро ҳамчун шарики соҳибкорони истеҳсолӣ тавассути ин механизм низ метавон таъмин намуд ва ба онҳо имконият дод, ки дар истеҳсоли маҳсулот саҳм бигиранд ва аз ин ҳисоб даромад ба даст оварда, дар як вақт ба сифати қарздиҳанда ва соҳибкор фаъолият намоянд.

Ш. Қодиров, номзади илмҳои иқтисодӣ, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯйхати адабиёт:

  1. Бюллетени омори бонкӣ, № 12 (233) 2014 – www.nbt.tj
  2. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар январ-декабри соли 2014. – Душанбе, 2015.
  3. Муминова Ф. М. Развитие рынка микрокредитования в РТ как условие развития малого предпринимательства – http://www.mts.tj/ext/Ekanomika/Issledovaniya_publikatsiya_doklad/
  4. Нишондиҳандаҳои рушди соҳибкорӣ ва сектори шахсӣ – http://gki.tj/tj/redprinimatelskaya_deyatelnost/okazateli_razvitiya_predprinimatelskoi_deyatelnosti_i_chastnogo_sektora_v_/
  5. Рейтинги Бонки ҷаҳонӣ «Оиди пешбурди соҳибкорӣ» – http://russian.doingbusiness.org/data/exploreeconomies/tajikistan/resolving-insolvency
  6. Тоҷикистон дар рақамҳо 2014. – Душанбе, 2015.
  7. Тоҷикистон: 20-солагии истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ). – Душанбе, 2011.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2