Пардохтнопазирӣ ва муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ
Пардохтнопазирӣ ва муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ
Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ омилҳои махсусе мавҷуданд, ки асосан ба низоми молиявӣ-қарзӣ таъсир расонида, боиси пардохтнопазирӣ ва ниҳоят муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ, хусусан бонкҳо мегарданд. Аз ин рӯ, бо мақсади танзим ва ҳалли ин масъала механизмҳои гуногуни иқтисодӣ-ҳуқуқӣ ташаккул меёбанд, ки дар назарияи иқтисодии муосир «ниҳод» ва ё «институт» ном гирифтаанд. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ танзими ин ҷараёнро махсус ниҳоде, ки масъалаи пардохтнопазирӣ ва муфлисшавии субъектҳои ғайрисамарабахшро баррасӣ менамояд, «институти муфлисшавӣ» дониста мешавад, ки дар баробари иҷро кардани вазифаи рушди фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин яке аз унсурҳои пешрафти иқтисодиёти миллӣ низ ба шумор меравад.
Институти муфлисшавӣ дар низоми иқтисоди бозоргонӣ мавқеи калидиро ишғол намуда, ба таносуби ташаккулёбии макроиқтисодиёт дар соҳаҳои шуғли аҳолӣ, таъмини иҷтимоӣ, дараҷаи даромади аҳолӣ, инкишофи истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ таъсири амиқ мегузорад. Ба ғайр аз ин, институти мазкур робитаҳои молу мулкии субъектҳоро низ танзим намуда, қобилияти пардохтпазирии онҳоро дар назди қарздеҳон таъмин менамояд.
Чунонки маълум аст, институти муфлисшавӣ на танҳо ҷанбаи иқтисодӣ, балки ҷанбаи ҳуқуқиву иҷтимоӣ низ дорад.
Бинобар ин, муҳиммияти ҷанбаи иҷтимоӣ-иқтисодии он зарурати таҳия ва қабули санади махсусро тақозо менамояд, ки барои ҳалли масъалаҳои пардохтнопазирӣ ва муфлисшавии субъектҳои хоҷагидор ва хусусан ташкилотҳои қарзӣ равона гардидааст.
Қобили қайд аст, ки чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар тамоми давлатҳои мутараққӣ ва рӯбатараққӣ мавҷуд буда, мавриди амал қарор доранд.
Аз ин рӯ, дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст. Аз ҷумлаи онҳо: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи муфлисшавӣ», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра аз қабили онҳоянд.
Бояд қайд намуд, ки ҷараёни муфлисшавии субъектҳои хоҷагидор (шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ)-ро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», ки санаи 8 декабри соли 2003, таҳти № 46 қабул гардидааст, амалӣ менамояд. Яъне дар шароити гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва қабули қонуни мазкур барои муфлис эътироф намудани субъектҳои ғайрисамарабахш фаъолияткунанда ва пардохтнопазир заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуда, дар татбиқи шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва гуногунии шаклҳои моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад. Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд), аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.
Бо вуҷуди он ки қонуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани субъектҳои хоҷагидор (шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ)-ро муқаррар менамояд, вале муносибатҳои ҳуқуқии татбиқ намудани барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурии баъзе намудҳои шахсони ҳуқуқие, ки хусусияти хоси пешбурди фаъолияти соҳибкориро дороанд, пешбинӣ наменамуд. Аз ҷумлаи онҳо ташкилотҳои қарзие маҳсуб меёбанд, ки бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин бахш дар иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» (дар матн – Қонун дар бораи барҳамдиҳӣ) санаи 28 июни соли 2011, таҳти № 719 қабул гардид, ки комилан раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла марҳилаи муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки барои анҷом додани ҳар гуна раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тариқи судӣ ё ғайрисудӣ қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ асоси ягона ба ҳисоб меравад.
Гузашта аз ин, пешниҳоди ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба суд ҳуқуқи истисноии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Мақомоти дигари ваколатдор ва қарздеҳон метавонанд ҷиҳати барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз як моҳ муроҷиати мазкурро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намояд.
Ҳамин тариқ, асосҳои воқеии муфлис эътироф намудани ташкилоти қарзӣ инҳоянд:
- ғайриқобили пардохт эътироф гардидани ташкилоти қарзии қарздоршуда, яъне қобилият надоштани вай барои қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон аз рӯйи уҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
- сармояаш камтар аз 25 фоиз талаботи меъёрии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон бошад;
- уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз дороиҳои он зиёд бошад.
Ариза дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ бо зикри асосҳо ба суд пешниҳод карда мешавад. Аз лаҳзаи бозхонди иҷозатнома фаъолияти ташкилоти қарзӣ қатъ мегардад. Аз лаҳзаи аз ҷониби суд ба истеҳсолот қабул шудани ариза дар бораи оғози мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ ягон қарздеҳ барои бозпас гирифтани маблағи пулӣ ё талаби иҷрои дигар уҳдадориҳо ҳуқуқ надорад.
Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо ариза ба суд ҳамчунин рӯйхати номзадҳоро ба вазифаи мудири махсус пешниҳод менамояд. Чунки мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзиро бо асосҳои муфлисшавӣ мудири махсус, ки дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, бо қарори суд анҷом медиҳад.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонун дар бораи барҳамдиҳӣ бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 35 аз 10 феврали соли 2012 қоидаҳои тахассусӣ вобаста ба супоридани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсус тасдиқ карда шуд. Қоидаҳои мазкур дар навбати худ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 680 аз 14 феврали соли 2012 ба қайд гирифта шудаанд. Айни замон, дар қаламрави ҷумҳурӣ институти барҳамдиҳандагон ва мудирони махсуси ташкилотҳои қарзӣ мавриди амал қарор доранд.
Таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки тартиби барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ бо асосҳои муфлисшавӣ танҳо тариқи судӣ ва бо муроҷиати мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Қирғизистон махсус Агентии оид ба азнавташкилдиҳии бонкҳо ва реструктуризатсияи қарзҳо «Дебра» таъсис дода шуда, айни замон фаъолият менамояд. Ин ташкилот ташкилоти давлатии ғайритиҷоратӣ ва мустақил ба ҳисоб рафта, фаъолияти он бештар ҳамчун мудирияти махсуси ташкилотҳои қарзии муфлисшуда ба роҳ монда шуда, дар тобеияти Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад.
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ тибқи тартиби судӣ ва дар асоси санадҳои дахлдори меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.
Масалан, мутобиқи моддаи 68 Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон» (дар матн – Қонун дар бораи бонкҳо), бонк дар асоси қарори муассисони он ва бо мавҷуд будани иҷозати мақоми ваколатдор (барҳамдиҳии ихтиёрӣ), инчунин дар асоси қарори суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон (барҳамдиҳии маҷбурӣ) метавонад барҳам дода шавад.
Ба ғайр аз ин, дар асоси банди 2, моддаи 71 Қонун дар бораи бонкҳо, бонк танҳо дар асоси қарори суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мумкин аст муфлис эътироф карда шавад. Барҳамдиҳии ғайрисудии бонки пардохтнопазир бо қарори муассисони он ва бонк номумкин аст.
Дар ин самт тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун дар бораи барҳамдиҳӣ мақоми ваколатдори давлатие, ки ҷараёни барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурии ташкилоти қарзиро танзим менамояд, Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тариқ, аз нигоҳи мо, тариқи судӣ гузаронидани марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилотҳои қарзӣ ва бо қарори суд муфлис эътироф намудани онҳо худ як рукни муосири иқтисодӣ, молиявӣ ва ҳуқуқие ба шумор меравад, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ гаштааст.
Айни замон, тибқи омори расмии Бонки миллии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи Қонун дар бораи барҳамдиҳӣ тариқи судӣ фаъолияти 4 ташкилоти қарзӣ бе аломатҳои муфлисшавӣ қатъ карда шуда, 2 ташкилоти қарзии дигар бо аломатҳои муфлисшавӣ барҳам дода шудаанд.
Таҷрибаи амалӣ ва таҳлили ҷараёни барҳамдиҳӣ ва муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ собит сохт, ки ин раванд пеш аз ҳама барои самаранок гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ, сабабҳои пайдоиши аломатҳои нодорӣ ва пардохтнопазирӣ, инчунин роҳҳои дарёфти воситаҳо барои қонеъ намудани талаботи қарзхоҳон равона гардидааст. Дар чунин шароит таҳияи методикаи махсус оид ба таҳлили аломатҳои муфлисшавӣ зарур аст, чунки дар ҷараёни мурофиаи муфлисшавӣ фаъолияти ташкилоти қарзӣ қатъ гардида, он дар марҳилаи хоси ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, ё ин ки раванди навсозии иқтисодӣ қарор хоҳад гирифт.
Аз дигар тараф, муфлис эътироф намудани ташкилоти қарзӣ маънои онро дорад, ки дар оянда имконият доштани ташкилоти қарзӣ барои пардохти уҳдадориҳои пулӣ ба эътибор гирифта намешаванд.
Яъне дар фаъолияти ташкилоти қарзие, ки мурофиаи муфлисшавӣ оғоз гардидааст, қобилияти дар оянда пурра пардохт намудани уҳдадориҳои худро дар назди ҳар гуна қарздеҳ надорад. Воситаҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун дар бораи барҳамдиҳӣ бо чунин тарз тақсим карда мешаванд:
- маблағҳое, ки барои раванди муфлисшавӣ ё таъйини мудири махсус харҷ шудаанд;
- музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои пардохтпулӣ ба аъзои Шӯрои нозирон, ки дар рӯзи қабули қарор дар бораи оғози мурофиаи судӣ аз рӯйи парвандаи муфлисшавӣ ҳисоб карда шудааст;
- маблағҳое, ки Ҳукумат ё Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;
- ҳар як талаби пасандоздорон, ки пардохт нашудааст ё аз тарафи Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ» пардохт карда намешавад;
- ҳар гуна талаби Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ ба сифати шахсе, ки ба вай ҳуқуқи талаботи ба пасандоздорон пардохтшуда мегузарад, инчунин талаботи қарздеҳони таъминнашуда;
- андозҳое, ки муҳлати пардохти онҳо дар давраи на бештар аз як соли пеш аз рӯзи қабули қарор дар бораи муфлисшавӣ фаро расидааст;
- ҳар гуна талабот нисбат ба қарзи субординарӣ.
Дороиҳои боқимонда ба моликони ташкилоти қарзӣ баробар ба ҳиссаи онҳо дода мешаванд.
Инчунин, қонунгузорӣ муайян намудааст, ки талаботи қарздеҳон дар ҳолатҳои зерин пардохтшуда ҳисобида мешавад:
- агар талабот бо сабаби нокифоя будани дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур, қонеъ нашуда бошад;
- агар мудири махсус талаботи қарздеҳонро қабул накарда бошад ва онҳо бо ариза ба суд муроҷиат накарда бошанд;
- агар талаботи қарздеҳонро суд рад карда бошад ё талабот баъд аз анҷомёбии раванди барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда бошад.
Феълан, муфлис эътироф намудани ташкилоти қарзӣ омилҳои манфӣ низ дорад, чунки он на танҳо манфиатҳои молу мулкии ташкилотро, балки ба ҳуқуқу манфиатҳои гурӯҳи шахсони алоҳида низ таъсирбахш мебошад. Дар ин маврид сухан нисбат ба амонатгузорон, чӣ шахсони ҳуқуқӣ ва чӣ шахсони инфиродӣ меравад, ки дар ҳолати муфлисшавии ташкилоти қарзӣ хавфи барнагаштани маблағҳои ин гурӯҳ нисбатан бештар мебошад.
Аз ин рӯ, вобаста ба ин масъала низ қонунгузорӣ як қатор чораҳоро пешбинӣ намудааст.
Аз ҷумлаи ин тадбирҳо, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» аъзогии ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба ҳисоб меравад. Чунонки маълум аст, бонкҳои тиҷоратӣ ҳамчун миёнарави молиявӣ захираҳои пулии амонатгузорро ба қарзгиранда дар асоси шартҳои муайян пешниҳод менамоянд, ки дар ин ҷо амонатгузор аз рӯйи пасандози худ ҳамчун фоиз даромад гирифта, қарзгиранда имконияти истифодабарии захираҳоро дар соҳаи фаъолияти худ пайдо менамояд. Дар асоси чунин ҷараёни муттасили молиявӣ бонкҳо даромади худро ҳамчун маржа ба ҳисоб мегиранд. Аз ин рӯ, мутобиқи стандартҳои ҷаҳонии пешбурди фаъолияти бонкӣ, дар бонкҳо ҳангоми гузаронидани амалиётҳои қарзӣ бо мақсади рушди даромади софи фоизии амалиёти бонкӣ суғуртакунии хавфи қарзӣ ва идоракунии пардохтпазирии тавозуни он пайдо хоҳад шуд.
Ба ғайр аз ин, дигар чораҳои зарурие, ки оид ба барқароркунии ҳолати пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумлаи онҳо сармоякунонӣ (рекапитализатсия) ба ҳисоб меравад, ки он асосан барои пешгирии муфлисшавии сершумор равона гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумат истифода карда мешавад.
Ҳамин тариқ, дар асоси гуфтаҳои боло ва бо мақсади мутобиқгардонии талаботи меъёрии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи бонк, аз нигоҳи мо, гузаронидани ислоҳотро дар намуди таҳия ва қабули Тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ мешуморем.
Таҳияи чунин тафсир мухолифатҳои гуногунфаҳмии меъёрҳои қонуни зикршударо бартараф намуда, ба содагардонии марҳилаҳои барҳамдиҳӣ, муфлисшавӣ, кам кардани хароҷот ва сарфаи вақт, инчунин бартараф намудани дигар монеаҳои таъсиррасон заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Дар як вақт, таҳияи Тафсир метавонад ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рейтинги байналмилалии Тоҷикистон аз рӯйи ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаи бонк таъсири мусбат расонад. Зеро ки нишондиҳандаи мазкури Бонки Ҷаҳонӣ санади асосӣ маҳсуб мегардад, ки сармоягузорони хориҷӣ дар фаъолияти худ ба он такя мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ эҷоди монеаҳои гуногун дар фаъолияти бонкҳо боиси оқибатҳои харобиовар дар фаъолияти онҳо ва умуман дар тамоми иқтисодиёт мегардад. Чунки фаъолияти муътадил ва бонизоми бонкҳо яке аз унсурҳои пешрафти иқтисодиёти миллӣ низ ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба ин хотир, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол барои таъмини корбарӣ ва рушди низоми бонкии худ аз тамоми чораҳои муфид ва зарурӣ истифода мебарад.
Т. Шарифов, коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ – мудири махсус
Рӯйхати адабиёт:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» № 46 аз 8.12.2003 с.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» № 719 аз 28.06.2011 с.
- www.nbt.tj
- debra.kg
- www.pavlodar.com
- «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» // маҷаллаи иттилоотии бонкӣ, № 5 (46), майи соли 2013; № 11 (64), ноябри соли 2014.




