Зеҳн

Амонат аз пасандоз чӣ фарқ дорад?

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Амонат аз пасандоз чӣ фарқ дорад?

Боре дар яке аз санҷишҳои аттестатсионии кормандони БДА ҶТ «Амонатбонк» як нафар аз аъзои ҳайат ба корманди мавриди санҷиш қароргирифта савол дод, ки амонат аз пасандоз чӣ фарқ дорад? Корманд тавре ҷавоб гардонд, ки гӯё ин ду чиз синоними якдигар бошанд.

Дар ҳақиқат шояд баъзе аз он кормандоне, ки корашон ба дигар самтҳои фаъолияти бонкӣ равона гардидааст, мафҳуми амонату пасандозро дар мадди аввал як хел дарк намоянд. Аммо байни ин ду хизматрасонии бонкӣ фарқиятест, ки дар робита ба ин масъала камина хостам аз ҷустуҷӯҳоям қатрае рӯйи саҳифа орам.

Бештари вақт мо дар таҷриба мафҳуми амонатро нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва мафҳуми пасандозро нисбат ба шахсони воқеӣ истифода мебарем. Яъне дар соҳаи бонкдорӣ одат шудааст, ки мегӯянд: «Амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ» ва «пасандозҳои шахсони воқеӣ». Шояд гоҳо нисбат ба шахсони воқеӣ мафҳуми амонат истифода бурда шавад, вале нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ истифода бурдани калимаи «пасандоз» ба андешаи банда нодуруст аст. Чунки он корхонаҳое, ки дар баъзе ташкилотҳои қарзӣ маблағҳои озоди худро муваққатан ба тариқи гӯё пасандоз мегузоранд, ин ҷойгиркунӣ мебошад, на пасандоз.

Барои фарқиятро байни ин ду мафҳум муайян намудан биёед сараввал худи ин мафҳумҳоро возеҳтар шарҳ диҳем. Пасандози бонкӣ маблағи пулиест, ки як тараф (яъне муштарӣ) ба тарафи дигар (яъне ташкилоти қарзӣ) барои муҳлати муайян ва ё бемуҳлат тибқи шартнома пешниҳод менамояд. Амонат бошад, метавонад ҳам маблағи пулӣ бошад, ҳам коғазҳои қиматнок ва ҳам тамоми амволи қиматбаҳое, ки барои нигоҳдорӣ дар ташкилотҳои молиявӣ, судӣ, гумрукӣ ва ё маъмурӣ гузошта мешавад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» қоидаи амонат чунин омадааст: «Амонат – маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд» (Қонун № 782 аз 26.12.2011 с.).

Дар қонуни зикршуда қоидаи пасандоз чунин аст: «Пасандоз – маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст» (Қонун № 782 аз 26.12.2011 с.).

Дар ҷадвали зер муҳимтарин фарқиятҳои ин ду хизматрасонии бонкӣ аз рӯйи мафҳум, шакл, мақсади истифодабарӣ ва подошнокӣ (фоиз) дарҷ гардидааст (Ҷадвали 1).

Ҷадвали 1.

МеъёрПасандозАмонат
Васеияти мафҳумМафҳуми пасандоз васеъ аст.Мафҳуми пасандоз наметавонад пурра мафҳуми амонатро низ дар бар гирад.
ШаклПасандоз ҳама вақт дар шакли маблағи пулӣ бояд бошад.Амонат метавонад ҳам дар шакли пулӣ бошад, ҳам дар шакли коғазҳои қиматнок ва ҳам филизоти қиматбаҳо.
Мақсади истифодабарӣПасандоз танҳо барои нигоҳдорӣ бо шарти пардохти фоизи муайян гузошта мешавад. Пасандоз хусусияти тиҷоратӣ надорад.Мақсади асосии амонатгузорӣ истифодаи самараноки маблағ аст. Яъне маблағгузорӣ ба хотири ягон кор, тиҷорат ва ё барои нигоҳдорӣ.
Подош (фоиз)Пасандоз ба ташкилоти қарзӣ подош (фоиз) намедиҳад. Аммо подош (фоиз) мегирад.Амонат метавонад бе подош (фоиз) бошад, метавонад подош (фоиз) диҳад ва ҳам подош (фоиз) гирад.

Амонат мафҳуми васеъ дорад. Тамоми пасандозҳо амонат ба ҳисоб мераванд, вале тамоми амонатҳо пасандоз шуда наметавонанд.

Амонат ва пасандоз ҳарду барои нигоҳдорӣ ба бонк гузошта мешаванд, вале амонат на танҳо маблағ шуда метавонад. Амонат коғазҳои қиматнок, саҳмияҳо, филизоти қиматбаҳо ва ғайра низ шуда метавонанд, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бонк гузошта мешаванд. Пасандоз танҳо дар шакли маблағи пулӣ гузошта мешавад. Пасандоз маблағест, ки муштарӣ онро ба бонк барои нигоҳдорӣ ва ба даст овардани фоизи муайяне пешниҳод менамояд. Тавре ба мо маълум аст, дар навбати худ пасандозҳо муҳлатнок ва тодархостӣ мешаванд, ки ин ду намуд боз ба қисмҳои худ ҷудо мегарданд. Пасандозро танҳо ташкилотҳои қарзие қабул менамоянд, ки иҷозатномаи Бонки миллиро дошта бошанд.

Як фарқияти дигари амонат аз пасандоз дар он аст, ки суратҳисоби амонатӣ танҳо дар бонк кушода мешавад. Аммо пасандозро метавон ҳам дар бонк ва ҳам дар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ гузошт. Ғайр аз ин, амонат метавонад ба амонатгузор барои истифодаи маблағи гузошташуда як миқдор фоида биорад ва ё тамоман фоида наорад (вобаста аз шартномаи амонатии басташуда). Амонат истифодаи муваққатии маблағҳост, ки дер ё зуд муҳлати истифодабарии он қатъ шуда метавонад. Аммо пасандоз ҳам метавонад бемуҳлат бошад ва ҳам метавонад то муҳлати муайяне нигоҳ дошта шавад.

Амонат бештар барои нигоҳдорӣ гузошта мешавад, на барои аз он гирифтани даромади зиёд. Ҳамчунин, фоизи амонатҳо нисбат ба фоизи пасандозҳо хеле пасттар аст.

Ба ҳар ҳол, афзоиши ҳам пасандозҳо ва ҳам амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ ба манфиати кор аст. Имрӯз дар бархе аз минтақаҳои кишвар мардум шояд чун даврони шӯравӣ беҳтарин ҷойи хуби нигоҳдории маблағи зиёдатии худро таги болини хеш донанд. Аммо бояд тазаккур дод, ки низоми бонкдории имрӯзаи Тоҷикистон қодир аст дар ҳолати муфлисшавии ташкилоти қарзӣ маблағи пасандозгузоронро баргардонад. Бинобар ҳамин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки ҷалби маблағҳои озоди аҳолиро тариқи амонату пасандозҳо ба бонкҳо зиёд намуда, нагузоранд, ки ягон маблағи нақдӣ аз истифодабарӣ канор монад.

Ба санаи 31 декабри соли 2014 бақияи амонату пасандозҳо дар ҷумҳурӣ 6 690 593 млн сомониро ташкил менамояд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 1 169 014 сомонӣ ва ё ба андозаи 21,2 фоиз зиёд гардидааст.

О. Сафолов, иқтисодчии БДА ҶТ «Амонатбонк»

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2