Дастовардҳои пурарзиши Тоҷикистон дар соли Мавлоно Ҷомӣ (2014) (Идома)
Дар робита ба татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2014 бояд тазаккур дод, ки дар ин соли наку сиёсати «Дарҳои боз»-и Ҳукумати кишвар басо боровар буд. Тайи ду сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон як зумра санадҳои басо муҳим ба имзо расид, ки қариб ба ҳаҷми 10 млрд. долл. ИМА сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро дар назар дорад. Бори дигар метавон таъкид дошт, ки ба ин далел соли 2014-ро метавон соли қадамҳои устувор дар эҳёи Шоҳроҳи Абрешим номид.
Дар маҷмӯъ бошад, хотиррасон бояд намуд, ки ғайр аз ин сафарҳо, дар соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон се сафари корӣ ба Федератсияи Россия, як сафари расмӣ ва як сафари корӣ ба Ҷумҳурии Беларус, як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сафари расмӣ ба Мамлакати Баҳрайн ва сафари давлатӣ ба Малайзия анҷом дод.
Ҳамчунин роҳбарони шаш давлати ба мо дӯсту шарики дигар, аз ҷумла Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан сафарҳои расмӣ ба Тоҷикистон анҷом доданд.
Рӯйдоди аз ҳама хотирмон дар самти таҳким ва густариши робитаҳои хориҷии Тоҷикистон раисии давлати мо дар Созмони ҳамкории Шанхай ва баргузор шудани ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи ҷаҳон дар шаҳри Душанбе буд.
Аз се сафари корӣ ба Федератсияи Россия яке барои иштирок дар маросими кушодашавии бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочи, дувумӣ барои мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Россия ва Қирғизистон ва савумӣ дар охири сол ба хотири иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буд.
Боздид аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба хотири анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз буд, ки дар пойтахти ин кишвар шаҳри Кобул баргузор гардид.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Арки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.
Масъалаҳои вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хоса оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб идома ёфт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ, санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот, фазои дӯстию ҳамкорӣ ва дурнамои робитаҳои судбахши ду кишвари ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Афғонистон, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси намояндагони (парлумони) ин кишвар Абдуррауф Иброҳимӣ ва Вазири молияи он Ҳазрат Умар Захилвол мулоқотҳои судбахш анҷом дод.
Гузашта аз ин, дар шаҳри Кобул Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар се чорабинии муҳимми байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Инҳо тантанаҳои марказии бахшида ба ҷашни 5-уми Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон буд.
Мавзӯъҳои асосии ҳамоишҳои сеҷониба ва чаҳорҷонибаи роҳбарони кишварҳои мазкур баррасӣ ва тасмимгириҳои муштарак доир ба таҳкими амну субот дар минтақа ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои нафту газ, об ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз буданд.
Зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон пас аз анҷоми мулоқоту музокирот, ки дар Қасри Миллат баргузор гардид, 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба натиҷаи мулоқоту музокирот баҳои баланд дода, ба дурнамои рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон изҳори хушбинӣ карданд.
Дар ҷараёни сафари якуми корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҳадафи асосӣ аз он иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё буд, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва намояндагони гуногуни сохторҳои ҳукуматӣ ва соҳибкории ин кишвари бузург мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Тоҷикистонро «ҳамсояи наку, дӯсти хуб ва шарики боэътимоди стратегӣ» номида, аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун изҳори қаноат кард.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки 2 сол боз ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин аз 2 млрд. долл. ИМА боло меравад ва солҳои наздик аз ҳадди 3 млрд. ҳам бояд боло равад.
Мулоқотҳои дигар бо раиси Шӯрои директорони ширкати «Зиҷин Майнинг» Ван Ҷенхуа, роҳбари ширкати «ТВЕА» Чжан Син, раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу, ноиби Президенти ширкати миллии нафтии Чин, роҳбари ширкати «Чайна Петролиум» Ван Дун Ҷен, роҳбари ширкати «Ҳайчен групп» Ҳуан Ҷянжун, узви Бюрои сиёсии марказӣ, котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзяну Уйғур Чжан Чунсиан анҷом ёфт.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус ҳам басо пурмаҳсул буд, зеро мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо имзои 10 санади нави ҳамкорӣ анҷом пазируфт.
Дар охир Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус аз ҷониби сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расид.
Зимни изҳороти матбуотӣ роҳбарони ду давлат ба натиҷаҳои гуфтушунид баҳои баланд дода, дурнамои густариши робитаҳоро басо умедворкунанда номиданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба бахшҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ ва дигар корхонаҳои саноатии Беларус васеъ бояд ҷалб карда шаванд. Тавре Александр Лукашенко изҳор дошт: «Ҷумҳурии Беларус ба ҷалби васеи қувваи корӣ аз Тоҷикистон манфиатдор аст».
Зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Беларус бо қарори Шӯрои илмии ин муассисаи олии таълимӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ин донишгоҳ сарфароз гардонида шуд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Баҳрайн ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахш бо ин кишвари пешрафтаи ин минтақа раҳкушо шуд.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди қасри Суҳайри Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн баргузор гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Мамлакат шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъҳои Горди фахрии Подшоҳ, садо додани оҳанги сурудҳои миллии ду кишвар, гузашт аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои фахрии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар охир сарони ду давлат бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо волотарин мукофоти давлатии Баҳрайн «Ал-Қилод ал-Халифӣ» (ордени Подшоҳӣ) сарфароз гардид. Ба Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I супурда шуд.
Зимни сафари расмӣ ба Мамлакати Баҳрайн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раисони ҳарду палатаҳои парлумон, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок намуд. Дар форуми соҳибкорӣ аз ҳарду ҷониб беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ба ҳам омаданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш суханронӣ намуда, шахсан фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистонро ба соҳибкорони бонуфузи Баҳрайн муаррифӣ кард ва онҳоро ба ташкил ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш даъват намуд.
Мулоқоту суҳбатҳои зиёд бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар баргузор шуд, ки зимни онҳо тавофуқоти бисёри ҳамкорӣ ҳосил шуд.
Дувумин роҳбари давлати хориҷӣ, ки дар соли 2014 ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод, Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш буд.
Хотиррасон бояд намуд, ки миёни Тоҷикистону Латвия фазои хуби сиёсӣ ва заминаи мусоиди қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин, пас аз мулоқоту музокироти навбатии сатҳи олӣ миёни ду кишвари дӯст 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба густариши минбаъдаи робитаҳои судбахш мусоидат хоҳанд кард.
Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ҳам ба Тоҷикистон пурсамар буд.
Бо изҳори ҳавасмандӣ ба тавсиаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зарурати саҳл намудани имконоти ҳамлу нақл ва транзитӣ, дарёфти роҳҳои нави иртиботӣ таъкид гардид.
Ҳарду ҷониб доир ба авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва хатарҳои терроризму ифротгароӣ табодули назар намуда, ҳавасмандии амиқи худро ба таҳкими ҳамгироии минтақавӣ бар зидди чунин таҳдидҳои ҷаҳони муосир таъйид намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Моҳи июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия сафари давлатӣ анҷом дод, ки басо пурсамар буд.
Сафари давлатӣ бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар саҳни Парлумони ин кишвар оғоз ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бонуи аввали кишвари моро Подшоҳи Малайзия, волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Сарвазири кишвари мизбон Наҷиб Абдурраззоқ бо ҳамсараш истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ба болои минбари подшоҳӣ гузаштанд ва сурудҳои миллии ду кишвар садо дод.
Дар ин ҳангом ба ифтихори нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия ҳамчунин аз тӯпхонаҳо 21 шиллик паронда шуд.
Масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ баррасӣ шуд.
Доир ба рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ҳамкорие, ки миёни Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи энергетика, аз ҷумла барои сохтмони як маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишти маҳаллӣ дар шаҳри Исфара ба роҳ монда шудааст, оғозбахши робитаҳои фарохи иқтисодию сармоягузории ду кишвар номида шуд.
Наҷиб Абдурраззоқ пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташкили комиссияи муштараки ҳамкорӣ ва боздид аз Тоҷикистон хуш пазируфта, ин тадбирҳоро омили муҳимми густариши робитаҳо миёни ду кишвар номид.
Ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ҳавасмандии ҳарду ҷониб таъкид гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳо ба имзо расид, ки ба густариши заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Малайзия асос мегузоранд.
Зимни сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва собиқ Сарвазири Малайзия Маҳатҳир Муҳаммад вохӯриҳои судбахш анҷом дод.
Яке аз бандҳои муҳимми барномаи сафари давлатӣ ба Малайзия иштирок дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи ду кишвар буд, ки дар он наздики 300 нафар аз ду ҷониб ҳузур доштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсан ва бевосита имкониятҳои васеи ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Зимни анҷуман ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия мулоқоту гуфтушунидҳои зиёди рӯ ба рӯ анҷом дода, робитаҳои мустақим барпо намуданд.
Дар охири анҷуман миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати миллии Малайзия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар шаҳри Путраҷая, ки пойтахти нави Малайзия ба шумор меравад, Сарвари давлати Тоҷикистон бо дастовардҳои намоёни он шинос шуд.
Зимни шиносоӣ ва суҳбатҳои судманд ду ҷониб ба қарор омаданд, ки дар шаҳри Путраҷая Сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад.
Ҷониби Малайзия изҳор дошт, ки то бунёд ёфтани бинои алоҳида онҳо ба сафорати мо қароргоҳи муваққатии иҷоравӣ пешкаш мекунанд ва се соли аввал бе пардохти иҷорапулӣ. Дар баробари ин, барои бунёди бинои алоҳидаи Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия замин ҷудо карда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳамин рӯз эътиборан Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия кори худро шуруъ намояд.
Дар шаҳри Сайберҷаяи Малайзия Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ доир ба ҳамкории кунунӣ ва ояндаи Тоҷикистон бо ин донишгоҳ суҳбати ҷолиб сурат гирифт. Тавре зикр гардид, ин донишгоҳ 8 ҳазор донишҷӯй дорад ва 80 фоизи он аз кишварҳои хориҷӣ аст. Аз Тоҷикистон бошад, танҳо дар ҳамин донишгоҳи Малайзия наздики 40 донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар беш аз 200 нафар тоҷикон илм меомӯзанд.
Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи Лимкоквинг Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин донишгоҳ сарфароз гардонда шуд.
Миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи он оянда филиали ин донишгоҳ дар Тоҷикистон бунёд хоҳад ёфт.
Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон, ки чорабиниҳои марказиаш дар Қасри Миллат баргузор гардид, барои таҳким ва густариши робитаҳои судбахши ояндадор заминаи хуб гузошта шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ маросими имзои санадҳо баргузор шуд, ки зимни он Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 4 созишнома ба имзо расид.
Моҳи октябр дар шаҳри Душанбе нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нақлиёт, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустӣ баррасӣ шуд.
Барои иштирок дар ин анҷуман намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, бахшҳои хусусӣ ва сармоягузорони кишварҳои аъзо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақом ва ҳамаи иштирокдорони анҷуманро хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуд, ки ҳамоиши номбурда ба таҳким ва рушди минбаъдаи сармоягузорию соҳибкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мусоидати фаъол мекунад.
Дар қисмати ифтитоҳии анҷуман ҳамчунин дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ, раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Либия Муҳаммад ал-Ғиронӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Муҳаммад ибни Сауд ал-Кабир, вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Судон Алӣ Аҳмад ал-Картӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал ва мудири омили ширкати «Қатари Диёр – Тоҷикистон» Камол Ҳиҷозӣ суханронӣ намуданд.
Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии анҷуман Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфта, суҳбати судбахш анҷом дод, аз ҷумла бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ, раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир, вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал.
(давом дорад)
А. Шарифзода, доктори илмҳои таърих, профессор.
З. Қосимӣ




