Паёми Президенти кишвар — роҳнамои саодати мардум
«Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти бештар диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад».
— Эмомалӣ Раҳмон
Барои ҳар давлати соҳибистиқлол тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, махсусан ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ зарурати бебаҳс дар замони пурталотуми имрӯза маҳсуб мегардад. Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ ва ватанпарастӣ ин кори басо муҳим ва бомашаққате мебошад, ки ба он ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ниёзманд мебошанд. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик бо роҳбарии Президенти ватанпарвар ва дурандеши худ тамоми талошҳоро ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии давлат ва ваҳдати миллат ба харҷ дод. Тоҷикистони ҷавон бояд дар ин майдони пуртуғёни таърих имтиҳони басо сахт месупорид.
Хушбахтона, имрӯз халқи тоҷик тамоми он барномаҳоеро, ки Сарвари давлат пешниҳод карда буд ва пешниҳод менамояд, бо ҷидду ҷаҳди ватанпарастона амалӣ месозад. Дар ҳар паёми худ Президент нуктаҳои муҳимми таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии кишварамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод мекунанд. Агар ҳар сола паёмҳоро аз назар гузаронем, баръало мебинем, ки он нуктаҳои аз ҷониби Сарвари давлат ироа гашта, тадриҷан амалӣ мегарданд. Мисоли он — таҳкими ҳарчи бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан барпо кардани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо мебошанд. Паёми соли 2014 аз паёмҳои пешина хеле фарқ мекард ва ин вобаста аз он таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳони имрӯза мебошад, ки муносибатро ба сиёсати на танҳо беруна, балки дохилии кишвар низ пурра тағйир медиҳад. Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони 10-15 соли пеш фарқи калон дорад. Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, дар ин марҳилаи тақдирсози хеш, Тоҷикистон тавонист асосҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократии худро, ки дар Конститутсияи кишвар дарҷ шудааст, нигоҳ дорад. Сатҳи некӯаҳволии халқ рӯз аз рӯз беҳтар шуда, сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо ва муассисаҳои фароғатӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки имконияти халқ беҳтар шудааст ва рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад, то ҳар як фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии худ ғайрат намояд.
Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Ба хусус, таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд. Имрӯз ҳар як фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили кишвар, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯзад ва соҳиби касбу ихтисос гардад. Ташкил намудани Маркази миллии тестӣ имконияти ҷавонони моро барои дастрасӣ ба маълумоти олӣ боз ҳам зиёд намуд. Зикри як мисол кофист, ки аз таваҷҷуҳи давлат гувоҳии равшан медиҳад. Масалан, аспирантону докторантони Академияи илмҳо тавонистанд аз ҳисоби буҷети давлат дар мактабҳои олии бонуфузи Россия дифои рисола намоянд ва дар навбати худ Раёсати Академияи илмҳои кишвар ҷавононеро, ки пеш аз муҳлат дифои рисола намуданд, бо маблағҳои зарурӣ ҳавасманд мегардонад.
Дар Паёми соли 2014-и Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «мо хуб дарк мекунем, ки бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва мушаххасоти геополитикии он, инчунин манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ рӯ ба рӯйи мушкилот ва вазифаҳои бузургтаре қарор дорем, ки ҳалли онҳо аз ҳар яки мо диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулонаро талаб менамояд». Ба андешаи мо, ин даъвати Президенти кишвар метавонад барои ҳар як фарди ҷомеа барномаи амал бошад, зеро имрӯз ҷаҳон ба як гирдоби пурхавфи экстремизму терроризм дучор гаштааст, ки зиракии сиёсӣ ва тақвияи ҷаҳонбинии илмиро тақозо менамояд ва ин ҳамоҳангсозии тамоми унсурҳои давлатӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла диниро низ барои ташаккули ҳисси ватанпарастии ҷавонон талаб менамояд. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳифзи манфиати Ватан тарбия намоем. Чунин тамоюл бояд манфиатҳои миллату давлат ва ҷомеаро дар назар дошта, сиёсати дохилию берунии давлатро дастгирӣ намояд. Хусусияти имрӯзаи рӯҳияи ватанпарастӣ бояд чӣ гуна бошад? Рӯҳияи ватанпарастӣ бояд дар асоси арзишҳои баланди миллӣ, холӣ аз ҳар гуна таассубҳои динӣ, дар заминаи анъанаҳои миллӣ, асосҳои демокративу дунявӣ сурат гирад.
Тарбияи насли ҷавони миллат, ки барои таъмини якпорчагии кишвар ва эҳтироми таъриху фарҳанг омода бошад, мероси маънавии халқи худро ҳифз созад, оила ва арзишҳои баланди ахлоқиро муқаддас шуморад, кори бағоят муҳим аст. Ин амр бояд инъикоси ягонагии фарҳанги тамоми унсурҳои ҷомеаи тоҷик бошад.
Асоси бунёди чунин рӯҳия пеш аз ҳама ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон мебошад. Бояд гуфт, ки солҳои охир дар байни ҷавонони мо таъсири андешаҳои ифротии динӣ бештар шудааст, ки ин аз як тараф таъсир аз берун бошад, аз тарафи дигар баъзе унсурҳои тундрави дохилӣ, ки манфиатҳои гурӯҳии худро аз манфиатҳои давлату миллат боло мегузоранд, дастгирӣ меёбад.
Сарвари давлат доимо дар баромаду паёмҳои худ пуштибонӣ аз озодии виҷдонро амри зарурӣ дониста, ҳамзамон дар баробари риояи аҳкоми дини мубини ислом ба ҳифзи арзишҳои муҳимми дунявият ва дахлнопазирии аслҳои Конститутсия даъват менамоянд. Дин набояд монеаи пешрафти ҷомеа гардад.
Имрӯз, ки мо дар асри XXI қарор дорем, бояд шуури мардуми худро аз таъсирҳои манфии ифротгароиҳои динӣ ҳифз намоем. Таъкидҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бар он аст, ки замон дигар шудааст ва барои нигоҳ доштани миллати худ бояд ҳамқадам бо замона бошем. Аз анъанаҳои фарҳанги миллати хеш, ки барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ равона шудаанд, оқилона истифода барем. Халқи тоҷик намояндаи мазҳаби Абӯҳанифа мебошад, ки яке аз унсурҳои таълимоти ӯро инсондӯстӣ ташкил менамояд. Дар замони муосир бояд вазифаҳои ахлоқии дин, ки тозагии зоҳириву ботинии инсон, инсондӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва занон, мустаҳкамии асосии оиларо собит месозанд, дар мадди аввал қарор гиранд. Талқини ақидаҳои куҳнашудаи асримиёнагӣ дар замони муосир ба пешрафти ягон миллат ва пойдории дини ӯ мусоидат намекунад. Баъзеҳо боз мехоҳанд ҳамон амали солҳои пешинро, ки мардумро ба кофару мусулмон ҷудо карда, низоъ меангехтанд, такрор намоянд. Пешгирии чунин даъватҳои тундрав танҳо аз роҳи илм ва касби донишу ҳунар имконпазир аст. Ба ибораи дигар, тавре ки маълум аст, рушди босуботи ҷомеа аз ташаккули синфи миёна вобаста мебошад. Чӣ қадаре ки дар ҷомеа миқдори намояндагони синфи миёна зиёд шаванд, ҳамон қадар ҷомеа устувортар хоҳад гашт.
Аз ҳамин ҷиҳат Сарвари кишвар дар паёмҳои худ доимо баланд бардоштани обрӯи илмро дар ҷомеа таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2014 дарҷ шудааст, ки «дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад».
Инчунин таъкид шудааст, ки бояд мақоми омӯзгор аз сари нав дар ҷомеа барқарор шавад ва ин комилан дуруст аст, зеро танҳо илм метавонад роҳи паҳн шудани радикализми динӣ ва ҳар гуна амалҳои зарароварро гирад. Дар асоси ин нуктаи муҳим, ки дар Паёми Президент омадааст, ҳангоми ислоҳоти маориф зиёд намудани соатҳои фанҳое, ки ҷаҳонбинии илмиро васеъ менамоянд, бояд ба назар гирифта шавад. Зиёд кардани соатҳои фанҳои мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, этика, эстетика дар мактабҳои олӣ боиси ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва мафкураи солими ҷавонон мегардад. Президенти давлат борҳо дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони имрӯза танҳо тавонистани хондану навиштан нишонаи босаводӣ нест. Ҳар як ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд. Дар партави ин даъватҳо мо бояд насли ҷавонро босавод тарбия намоем. Саводи кофӣ бештар бо хондани китоб ба даст меояд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем дониши худро васеъ намоем. Ҳар як падару модар ва омӯзгор вазифадор аст, ки кӯдаки худро чунон тарбия намояд, ки хондани китобро дӯст дорад. Дар мактабҳои миёна аллакай хонандаро ба хондани китобҳои фалсафӣ бояд ҷалб намоем, зеро агар мо хоҳем, ки ҷаҳонбинии илмиро дастгирӣ намоем, яке аз роҳҳои ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ ин фикрронии фалсафӣ ва мантиқӣ мебошад. Шахси соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ аз дунболи равияҳои ифротгаро намеравад. Як нуктаро бояд таъкид кард, ки дар ҳама давру замон омӯзиш ва касби дониш садоқату матонат талаб мекунад ва тай кардани роҳи илм роҳи осон нест. Дониш боиси васеъ шудани ҷаҳонбинӣ мегардад. Танҳо фалсафаю мантиқ роҳи маърифати ақлгароиро боз мекунанд.
Гузаштагони мо доимо таъкид мекарданд, ки барои як ҷавон ва ё духтар чил ҳунар кам аст. Роҳи дигари садди радикализм шудан ин ҳунаромӯзӣ мебошад. Хушбахтона, бо дастгирии Президенти муҳтарамамон имрӯз миқдори мактабҳои махсуси касбӣ зиёд шуда истодааст. Масалан, мактаби умумиҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки бо ташаббуси Президенти кишвар имрӯз фаъолияти худро шуруъ намудааст, барои эҳёи ҳунарҳои зебо ва миллии халқамон нақши муҳим хоҳад бозид. Бояд аз бар кардани касб вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон бошад. Падару модаронро лозим аст, ки барои аз худ намудани ягон касб аз тарафи писару духтари хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар тӯли таърихи ҳазорсолаи хеш тоҷикон бо ҳунарҳои волои худ, аз ҷумла косибӣ, оҳангарӣ, санъати меъморӣ, санъати ҳарбӣ (сохтани тамоми намудҳои корду шамшерҳо), кандакорӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, пазандагӣ ва ғайра шуҳрат пайдо намуда буданд, зеро касб ин манбаи даромаду баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мебошад.
Имрӯзҳо чунин сару садоҳое ҳастанд, ки гӯё сабаби ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҳамроҳ шудани баъзе аз шаҳрвандони мо ин камбизоатӣ мебошад. Профессори булғорӣ, доктори илмҳои сиёсатшиносии Донишгоҳи София Татяна Дронзина иброз медорад, ки «сабаби ба гурӯҳҳои радикалии динӣ ҳамроҳ шудани баъзе аз қазоқон ин паст будани сатҳи камбизоатӣ нест», мо низ муътақидем, ки сабаби ин паст будани маърифат ва надоштани касб мебошад. Шахсе, ки ягон чиз меофарад, ба вайронкунӣ даст намезанад. Шахсе, ки дар ҳақиқат дорои маърифат мебошад, ҳар озодии иродаи инсон ва боварии ӯро ҳамчун падидаи олӣ шуморида, ба ҷони инсон қасд намекунад.
Бинобар ин зарур аст, ки ҳар падару модари тоҷик барои баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ дар донишомӯзиву касбазхудкунии фарзанди худ кӯшиш ба харҷ диҳад, дар ҷавонон хоҳиши дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан ва тақдири худро бо он пайваст намуданро талқин диҳад. Суханони дар Паёми соли 2014 зикр намудаи Сарвари давлатамон дар ин бора, ки «...таърихи начандон тӯлонии давлатдориамон собит менамояд, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад», барои муттаҳидии ҳамаи қишрҳо ва ҳаракатҳои ҷомеаи мо, аз як гиребон сар бароварда, кору зиндагӣ кардан ва Ватани ободу зиндагии шарофатмандро бунёд кардан дастури хирадмандона ва дилсӯзона ба ҳамаи афроди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Н. Содиқова




