Зеҳн

Рақобат ҳамчун шарти ташаккули иқтисоди устувор

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Рақобат ҳамчун шарти ташаккули иқтисоди устувор

Аллашукуров Б. Э.

Дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозорӣ таваҷҷуҳи олимони ватанӣ ба таҳқиқи илмии проблемаҳои иқтисоди миллӣ хеле афзудааст. Сабабаш ин аст, ки Тоҷикистон дар марҳилаи таърихии муосир давлати ягонаву мукаммали иборат аз минтақаҳои гуногуни ба ҳам алоқаманд буда, ҳар яке аз ин минтақаҳо дорои захираҳои мухталифи табиӣ, меҳнатӣ, молиявӣ ва захираҳои дигар мебошанд ва аз лиҳози сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ низ тафовут доранд.

Ҳамзамон, дар ҳоли ҳозир дар адабиёти ватанию хориҷӣ оид ба мафҳуми «минтақа» нуқтаи назари ягона ташаккул наёфтааст ва аз ин сабаб таърифи аз ҷониби умум эътирофгардидаи он то ҳол вуҷуд надорад. Бинобар ин, баррасӣ намудани истилоҳи «минтақа», ки муаллифони гуногун тафсир додаанд, ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Э.В. Алёхин менависад, ки мафҳуми «минтақа» дар ИҶШС соли 1975 аз ҷониби академик Н.Н. Некрасов ҳангоми тақсими қаламрави мамлакат ба макроминтақаҳо ҷорӣ карда шудааст.

Дар асари назариявии худ зери унвони «Иқтисоди минтақавӣ. Назария, проблемаҳо, усулҳо» («Региональная экономика. Теория, проблемы, методы») Н.Н. Некрасов зери мафҳуми минтақа ҳудуди калони мамлакатро бо шароити табиии каму беш якҷинс ва самти хоси рушди қувваҳои истеҳсолкунанда дар заминаи захираҳои табиӣ, базаи моддӣ-техникӣ, зерсохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ мефаҳмад. Ба андешаи О.С. Пчелинтсев, минтақаҳо табиати духела доранд. Аз як тараф, минтақаҳо сохторҳои гуногунҷабҳаи экологӣ-иҷтимоӣ-иқтисодие мебошанд, ки танҳо қобили таҳқиқи байнифаннӣ мебошанд. Аз тарафи дигар, минтақа ҷузъи сохтори фазоии иқтисод, яъне навъи махсуси системаҳои иқтисодӣ мебошад, ки дар заминаи рушди ҳамгирои истеҳсолот, аҳолӣ ва захираҳо ба миён меояд.

Аз таснифҳои зикршудаи мафҳуми «минтақа» чунин бармеояд, ки асоси онро се ҷузъи таркибӣ ташкил медиҳад:

  • Аломати ҳудудӣ;
  • Махсусгардонии иқтисодӣ;
  • Робитаҳои дохилихоҷагии нисбатан сарбаста.

Дар назарияи илмҳои муосир «минтақа»-ро чун системаи дорои вазифаву ҷанбаҳои сершумор таҳқиқ мекунанд. Бештар аз ҳама якчанд парадигмаи «минтақа» маъмул мебошанд, масалан:

  1. «Минтақа» ҳамчун шабеҳаи давлат (квазидавлат). Ин зерсистемаи нисбатан ҷудогонаи давлат ва иқтисоди миллӣ мебошад. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар минтақаҳо тамоми функсияву захираҳои молиявие гирд оварда мешаванд, ки пештар ба «марказ» тааллуқ доштанд (равандҳои ғайримутамарказонӣ ва федерализатсия). Яке аз функсияҳои асосии ҳокимияти минтақавӣ ин танзими иқтисоди минтақа мебошад. Ҳамкории мақомоти ҳокимияти умумидавлатӣ ва минтақавӣ, инчунин шаклҳои гуногуни муносибатҳои иқтисодии байниминтақавӣ (масалан, дар чорчӯбаи иттиҳодияҳои ҳамкории иқтисодӣ) фаъолияти иқтисодиёти минтақаҳоро дар системаи иқтисоди миллӣ таъмин мекунанд;
  2. «Минтақа» ҳамчун шабеҳаи ширкат (корпоратсия). «Минтақа» чун субъекти калони моликияти (минтақавӣ ва маҳаллӣ) иқтисодӣ баромад мекунад. «Минтақа»-ҳо аз лиҳози иқтидори захиравӣ барои рушд аз ширкатҳо монданӣ надоранд. Тавсеаи мустақилияти минтақаҳо (тавассути додани ҳуқуқҳои иқтисодӣ аз «марказ») аз самтҳои муҳимтарини ислоҳоти иқтисодӣ ба шумор меравад;
  3. «Минтақа» ҳамчун бозор. Аз ин нуқтаи назар ба шароити умумии фаъолияти иқтисодӣ (фазои соҳибкорӣ) ва хусусиятҳои бозорҳои минтақавии молу хизматрасонӣ, меҳнат, захираҳои кредиту молия, коғазҳои қиматнок, иттилоот, дониш ва дороиҳои дигар диққат дода мешавад.

Дар доираи ин парадигма «минтақа» ба ҳайси инҳо баромад мекунад:

  • қисми фазои иқтисодии ҷаҳон, ки дар ҳамроҳшавӣ ба иқтисоди ҷаҳон аз базаи захиравӣ ва озодии муайяни амал бархурдор аст;
  • воҳиди худкифо дар комплекси хоҷагии халқи мамлакат, ки ба он ҳуқуқу масъулияти муайян дода шудааст;
  • субъекти комплекси хоҷагии халқи мамлакат, ки технологияҳои муосири идораи минтақаҳои водӣ, наздикӯҳӣ ва кӯҳиро ба мақсади ҳосил намудани сохтори беҳтарини маҷмӯи маҳсулоти ҷумҳуриявӣ гирд меорад;
  • қисми системаи миллии инноватсионӣ, ки татбиқи амалии нишондиҳандаву самтҳои мақсадноки онро таъмин мекунад.

Парадигмаи нави рушди иқтисоди миллӣ, ба фикри Е.В. Беляков, дар заминаи технологияҳои нави иттилоотӣ, иқтисодиёти «дониш», назари нав ба арзёбии истифодабарии базаи захираи худ, ки инъикосгари тамоюлоти нави ҷаҳонист, ва сохторҳои нави ташкилӣ бар асоси рушди равандҳои ҳамгироӣ баррасӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр, аз афкори муаллиф бармеояд, ки моҳияти парадигмаи нави рушди минтақавӣ аз ин иборат аст, ки дар шароити муосир минтақаҳо на танҳо қисми иқтисоди миллӣ мебошанд, балки дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ҳам фаъолона ширкат меварзанд, яъне дар воқеъ қисми системаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва миллӣ ҳастанд.

Дар сурати фароҳам омадани омилҳои мусоиди бозоргонӣ корхонаҳо кӯшиш мекунанд имкониятҳои худро дар бозори байналмилалӣ амалӣ карда, муносибатҳоро бо минтақаву корхонаҳои алоҳидаи мамлакатҳои дигар ба роҳ монанд. Рушди равандҳои рақобат дар ҳама сатҳҳои системаи иқтисодӣ (сатҳи макро, миёна (мезо-) ва микро-) ногузир ба ташаккули рақобатпазирии як объект нисбат ба объекти дигар оварда мерасонад. Дар адабиёти иқтисодии ватанӣ солҳои охир (пас аз инкори дурударози илмӣ) самти рақобатпазирии минтақа ҳамчун қобилияти фароҳамсозии шароит дар бозори дохилӣ ва берунӣ ё ҳосилнокии истифодабарии захираҳо инкишоф ёфтааст.

Ташкилёбии минтақа ба субъекти муносибатҳои рақобат ба маънои ташаккули хосияту стандартҳои нави сифати ин система бо номи «минтақа» мебошад. Он талаботи нигоҳдорӣ ва рушд додани субъекти иқтисодӣ дар шароити рақобат коркунандаро инъикос мекунад. Дар шароити «иқтисоди нав» рақобатпазирии минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамзамон, мавзӯи таҳлили назариявии иқтисодӣ мегардад.

Рақобатпазирии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қобилияти татбиқи вазифаи асосии мақсадноки фаъолияти он — рушди устувори иҷтимоию иқтисодии он дар минтақа бо таъмини сифати баланди зисти аҳолии он мебошад. Рақобатпазирӣ тавассути бартариҳои рақобат татбиқ карда мешавад, ки ба гурӯҳҳои аломатҳои базавӣ (заминавӣ), таъминкунанда (ё амиқ) ва зоҳирии рақобатпазирии минтақа тақсим карда шудаанд. Ба гурӯҳи якум (аломатҳои базавӣ) захираҳои табиии ашёи хом, захираҳои меҳнатӣ ва сатҳи тахассуси онҳо, иқтидори илмию идорӣ, заминаи истеҳсолӣ; ба гурӯҳи дуюм — фазои соҳибкорӣ, сифати иқтидори идорӣ, арзиши қувваи корӣ, зерсохтор дохил мешаванд. Чунин сиёсат дар дурнамои дарозмуддат натиҷаи мусбат дода наметавонад.

Ба назари як қатор муҳаққиқон, шарти заминагузори рушди иқтисодӣ ва густариши рақобатпазирии ҷумҳурӣ такрористеҳсоли васеи сармоя мебошад. Дар шароити экстремалии истеҳсол таъмини ҳаёту фаъолияти аҳолӣ, ки дар як қатор минтақаҳои мамлакат вуҷуд доранд, инҳоянд:

  • сатҳи пасти истеҳсоли молу хизматрасонӣ чун таҷассуми пошхӯрии иқтисоди минтақа;
  • иқтидори сусти зеҳнии баъзе минтақаҳо ва сатҳи пасти таъмини иҷтимоии аҳолии мамлакат бо имкониятҳои худии минтақа ва ғайра.

Асосан се консепсияи асосии таъмини рақобатпазирии минтақаро нишон медиҳанд:

  • усули кластерӣ;
  • рушди системаи инноватсионии минтақа;
  • омилҳои имконпазири ташаккули рақобатпазирии минтақа.

Кластер ин гурӯҳҳо — «анбӯҳҳо»-и субъектҳои хоҷагидори бахшҳои воқеӣ ва молиявии иқтисоди минтақавӣ дар чорчӯбаи соҳаҳои алоҳида ё ташкилотҳои ҷудогона мебошанд, ки дар бозор мавқеи пешсафро ишғол менамоянд. Ҳамин тавр, баҳри баланд бардоштани рақобатпазирии ҷумҳурии сиёсати минтақавии фаъолро пеш бояд бурд, ки он ба ташаккули ташкилотҳои кластерӣ дар системаи иқтисоди миллӣ равона шудааст. Моҳияти консепсияи кластер дар ҳамин зоҳир мегардад.

Дар хулоса ҳаминро қайд мекунем, ки бо вуҷуди нуфузи шинохташудаи назарияи рақобатпазирии ҷумҳурӣ, аҳамияти он дар илми иқтисоди муосир, инчунин таваҷҷуҳи рӯзафзун ба он аз ҷониби иқтисодчиёну сиёсатмадорон, олимони алоҳидае ҳам ҳастанд, ки ғояи рақобатпазирии давлат ва ҳам минтақаҳои алоҳидаи онро танқид мекунанд. Масалан, ҷоизадори Нобел (с. 2008) Пол Кругман мегӯяд, ки рақобатпазирӣ дар мавриди иқтисоди миллӣ маъное надорад ва таваҷҷуҳ ба рақобатпазирӣ иштибоҳноку хатарнок аст. Барои тасдиқи гуфтааш ин олим чунин далелҳоро меорад:

  • таваҷҷуҳи беш ба манзараи рақобати мамлакатҳо инро рад мекунад, ки аксарияти мушкилоти иқтисодӣ аз омилу сабабҳои дохилӣ бармеоянд;
  • омилҳое, ки ба савдо дар бозори байналмилалӣ вобастагӣ надоранд, яъне сатҳи зист якҷоя бо афзоиши ҳосилнокӣ баланд мешавад, на бо мурури афзоиши ҳосилнокӣ нисбат ба мамлакатҳои дигар;
  • симои мамлакатҳои рақиб дар сатҳи эҳсос хулосаҳои савдои байналмилалиро инкор мекунад, боигарии мамлакат бо махсусгардонии байналмилалӣ ва истифодабарии бартариҳо алоқаманд аст, бинобар ҳамин пайравӣ аз консепсияи «рақобатпазирии миллӣ» протексионизм ва ҷангҳои тиҷоратиро ба бор оварда метавонад;
  • дар мавриди давлат истифода бурдани мафҳуми «рақобатпазирӣ» ба ҷои корхонаи тиҷоратӣ маънои маҷозӣ дорад, зеро давлат дар қиёс бо корхона ченаки рақобатпазирӣ, тавозуни фоидаву зарар надорад ва дар натиҷаи муфлисшавӣ аз байн намеравад;
  • таваҷҷуҳи беш ба рақобатпазирии байналмилалӣ боиси дастгирӣ ёфтани соҳаҳои камҳосили иқтисоди миллӣ ва пастшавии стандартҳои ҳаётии он шуда метавонад.

Албатта, хулосаҳои П. Кругман дурустанд, ақаллан барои он ки хулосаҳои барандаи ҷоизаи Нобел ҳастанд. Лекин, ба андешаи мо, мавҷудияти чунин ақидаҳо аз мураккабии худи мафҳуми «рақобатпазирӣ», сермаъноии он ва норасоии омӯзиши методологияи таҳқиқи объектҳои мухталифи рақобатпазирӣ, хусусан дар сатҳи макроиқтисодӣ дарак медиҳад.

Ҳамин тариқ, дигаргуншавии муносибатҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз ибтидои солҳои 1990-ум ба густариши равандҳои минтақавишавии хоҷагии халқ мусоидат намуда, ҷараёни рақобати байни мамлакатҳоро шадидтар гардонид ва зарурати баландбардории рақобатпазирии ҷумҳуриро бедор кард. Дар ин ҳангом ҷумҳурӣ на танҳо қисми иқтисоди миллӣ гардид, балки ба системаи равобити иқтисодии ҷаҳонӣ ҷалб карда шуд. Ҳамаи ин аҳамияту мубрамии омӯзиши иқтисоди минтақавиро афзунтар намуда, зарурати таҳқиқи рушди миллии иқтисодро дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба миён овард.

Адабиёт

  1. Алехин Э.В. Региональная экономика и управление. — Пенза: Пензенский государственный университет, Институт государственной службы и управления при губернаторе Пензенской области, 2007. — С. 128.
  2. Некрасов Н.Н. Региональная экономика. Теория, проблемы, методы. Изд. 2-е. — М.: Экономика, 1978. — С. 225.
  3. Пчелинцев О.С. Региональная экономика в системе устойчивого развития. — М.: Наука, 2004. — С. 132.
  4. Челноков И.В., Герасимов Б.И., Быковский В.В. Региональная экономика: организационно-экономический механизм управления ресурсами развития региона / Под науч. ред. д-ра экон. наук, проф. Б.И. Герасимова. — Тамбов: Изд-во Тамб. гос. техн. ун-та, 2002. — С. 322.
  5. Герасимова В.В. Интеграционные процессы в регионах Российской Федерации // Региональные проблемы преобразования экономики. — 2009. — № 2. — С. 79.
  6. Чайникова Л.Н. Методологические и практические аспекты оценки конкурентоспособности региона. — Тамбов: Изд-во Тамб. гос. техн. ун-та, 2008. — С. 265.
  7. Региональная экономика / Под ред. В.И. Видяпина и М.В. Степанова. — М.: ИНФРА-М, 2007.
  8. Коломак Е.А. Анализ факторов конкурентоспособности региона // Регион: экономика и социология. — 2009. — № 3. — С. 59.
  9. Особенности воспроизводства регионального капитала: сущность, подходы к оценке, методы управления / Институт экономики КарНЦ РАН, Под общей ред. Ю.В. Савельева. — Петрозаводск: Изд-во Карельского научного центра РАН, 2008. — С. 109.

Аннотатсия. Дар мақолаи мазкур масъалаҳои рақобатпазирӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии минтақаҳо, инчунин маҳсулоти агроозуқаворӣ дар шароити бозорҳои дохилӣ ва берунии савдо таҳқиқ шудааст. Ҳамин тариқ, дигаргуншавии муносибатҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз ибтидои солҳои 1990-ум ба густариши равандҳои минтақавишавии хоҷагии халқ мусоидат намуда, ҷараёни рақобати байни мамлакатҳоро шадидтар гардонид ва зарурати баландбардории рақобатпазирии ҷумҳуриро бедор кард.

Калидвожаҳо: ҷараёни рақобат, рақобатпазирӣ дар иқтисодиёти минтақавӣ, кластеризатсия, парадигма, субъектҳои хоҷагидорӣ, хоҷагии халқ.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2