Зеҳн

Таҳлили вазъи базаи моддӣ-техникии соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Таҳлили вазъи базаи моддӣ-техникии соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон

Тағоев Ҷ.Ҳ., Ҳисайнов Н.А.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, айни замон нақши он дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ниҳоят бузург мебошад. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ, майдонҳои кишт ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ аз дигар минтақаҳои кишвар бартарӣ дорад. Ҳудуди умумии вилоят 24,6 ҳазор км² мебошад, ки 17%-и ҳудуди умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Иқлими вилоят хушк буда, ҳарорат дар тобистон ба 48 дараҷа (гармӣ) ва дар зимистон то ба 20 дараҷа (хунукӣ) мерасад. Аз лиҳози мақоми маъмурӣ аз 24 ноҳия, 21 шаҳрак ва 133 ҷамоату деҳот иборат аст [1, с. 6–7].

Маҷмӯи маҳсулоти умумии вилояти Хатлон дар соли 2020 22,1 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки ин 27%-и ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аҳолии вилояти Хатлон 3348,3 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби фоиз 36,0%-и аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти мазкур зиндагӣ мекунанд. Аҳолии шаҳрии вилоят 599,6 ҳаз. нафар, аҳолии деҳот 2748,7 ҳазор нафар мебошад. Аҳолии машғули кори вилоят 473,2 ҳазор нафар, дараҷаи бекорӣ 15,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад [2, с. 8].

Дар вилояти Хатлон дар соли 2019 595 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба маблағи 8661099,7 ҳазор сомонӣ мебошад. Соли 2019 нисбат ба соли 2014 шумораи корхонаҳои саноатӣ ба миқдори 30 адад ё ин ки 5,3% афзудааст. Аз шумораи 595 корхонаи саноатӣ дар вилоят 91 адади он корхонаи саноати истихроҷи маъдан, 438 адад корхонаҳои саноати сабук, 30 адад корхонаҳои таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво, 36 адади он корхонаҳои таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюминдараҷа мебошанд [3, с. 67–68].

Ҷадвали 1. Динамикаи рушди корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон дар солҳои 2014–2019

Нишондиҳандаҳо201420152016201720182019Афзоиш дар соли 2019 нисбат ба соли 2014 (бо фоиз)
Маҷмӯи корхонаҳои саноатӣ565577537591583595+5,3
Аз он ҷумла:
Саноати истихроҷи маъдан465362818491+97,8
Корхонаҳои саноати сабук477478427457435438-8,2
Корхонаҳои таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво3030303030300
Корхонаҳои таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюминдараҷа121618233436+200

Сарчашма: Ҷадвал дар асоси омӯзишу таҳлил аз ҷониби муаллифон таҳия гардидааст.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии корхонаҳои саноатии дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёдгардида аввали соли 2021 ба 620 расидааст, ки аз ин ҳисоб 37 корхонаи он дар соли 2020 таъсис ёфтааст ва бояд қайд намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба имконияту захираҳои вилоят тамоман паст мебошад. Дар соли 2020-ум 77 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, фаъолияти 27 корхона пурра қатъ гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят соли 2020 ба 8,8 миллиард сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2019 ҳамагӣ 0,7 фоиз афзоиш ёфтааст ва дар 4 шаҳру ноҳия (Ёвон, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Шамсиддини Шоҳин) кам шудааст.

Дар ин давра аз 163 номгӯйи маҳсулоти саноатии дар вилоят тавлидшаванда суръати афзоиши истеҳсоли 61 номгӯйи он (37 фоиз) нисбат ба соли 2019 таъмин нагардидааст [4, с. 12].

Дар соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 870256 тонна зироатҳои ғалладона истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 105,8 фисадро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ғалладонагиҳо ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 5,6 фисад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 58,5 фисад ва хоҷагиҳои шахсӣ 36,0 фисадро ташкил медиҳад. То 1-уми январи соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 266789 тонна (мувофиқи шакли 17-ВҚ — вазни кондитсионӣ) пахта истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 88029,4 тонна зиёд шуда, 149,2 фисадро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 222943 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 103,0 фисадро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти картошка ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 4,5 фисад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 49,8 фисад ва хоҷагиҳои аҳолӣ 45,7 фисадро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 1258993 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 5,1 фисад зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли сабзавот ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 3,9 фисад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 53,7 фисад ва хоҷагиҳои аҳолӣ 42,4 фисадро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят аз майдони 19781 гектар сабзавот ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба соли 2018-ум 67 гектар кам шуда, 99,7 фисадро ташкил медиҳад. Аз майдони умумии ҷамъоварӣ кардашуда 570417 тонна ҳосил гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 22953 тонна ё 4,2 фисад зиёд мебошад. Ҳосилнокии сабзавот аз як гектар 288,4 сентнерро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018-ум 12,5 сентнер ё 4,5 фисад зиёд мебошад.

Дар соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 558908 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 9,1 фисад зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли полезӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 2,8 фисад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 74,8 ва хоҷагиҳои шахсӣ 22,4 фисадро ташкил медиҳад. Дар соли 2019 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят аз майдони 12453 гектар полезӣ ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба соли 2018-ум 1220,7 гектар зиёд шуда, 110,9 фисадро ташкил медиҳад. Аз майдони умумии ҷамъоварӣ кардашуда 351675 тонна ҳосил гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 33583,1 тонна зиёд мебошад.

Ҳосилнокии полезӣ аз як гектар 282,4 сентнерро ташкил дод, ки ба ҳамин давраи соли 2018-ум баробар мебошад [5, с. 17].

Ҷадвали 2. Истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои вилояти Хатлон дар солҳои 2018–2019

Номгӯи маҳсулотСоли 2018Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ (2019)Хоҷагиҳои деҳқонӣ (2019)Хоҷагиҳои шахсӣ (2019)Ҳамагӣ (2019)Соли 2019 нисбат ба соли 2018 (бо фисад)
Ғалладона82256048430508910312916870256105,8
Пахта17876043312223477—266789149,2
Картошка21654010103110959101881222943103,0
Сабзавот1198323486976766355336611258993105,1
Полезиҳо51243415857417888125163558908109,1
Меваҷот188463684484432110259201534106,9

Сарчашма: Ҷадвал дар асоси маълумоти «Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» / Агентии омори назди Президенти ҶТ — вилояти Хатлон, 2020. — с. 18–23 ва ҳисобкуниҳои муаллифон тартиб дода шудааст.

Таҳлили сохтори парки техникии соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон нишон дод, ки соли 2020 миқдори тракторҳо ба 13045 адад, комбайнҳои ғалладарав 475, мошинҳои пахтачинӣ 12 ва автомобилҳои боркаш ба 331 адад расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2014 тракторҳо 4497 адад, комбайнҳои ғалладарав 196 адад, мошинҳои пахтачинӣ бошад, соли 2020 нисбат ба соли 2018 2 адад зиёд гардидааст. Автомобилҳои боркаш бошад, дар давраи таҳлилӣ ба миқдори 590 адад кам гардидааст [6, с. 460–463] (ниг. ҷадвали 3).

Ҷадвали 3. Динамикаи миқдори техникаҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон тайи солҳои 2014–2020

МинтақаСолҳоТракторҳоКомбайнҳои ғалладаравМошинҳои пахтачинӣАвтомобилҳои боркаш
Ҷумҳурии Тоҷикистон2014104464471223167
Ҷумҳурии Тоҷикистон201591973751062575
Ҷумҳурии Тоҷикистон201626102980992777
Ҷумҳурии Тоҷикистон2017264051021962249
Ҷумҳурии Тоҷикистон2018271341024672470
Ҷумҳурии Тоҷикистон2019277761099701790
Ҷумҳурии Тоҷикистон2020273761068951684
Вилояти Хатлон20144497196—921
Вилояти Хатлон20154021150—759
Вилояти Хатлон201612230406—701
Вилояти Хатлон201712144455—462
Вилояти Хатлон20181263946810803
Вилояти Хатлон20191315548612357
Вилояти Хатлон20201304547512331

Сарчашма: Ҷадвал дар асоси маълумоти «Тоҷикистон: 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, маҷмӯаи оморӣ» // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 2021. — с. 460–463 ва ҳисобкуниҳои муаллифон тартиб дода шудааст.

Барои ташаккул ва рушди базаи моддӣ-техникии соҳаи кишоварзии вилоят бояд ба дастгирии давлатӣ ва чораҳои танзимкунии фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ (қарзҳо бо фоизи паст, барномаҳои истифодабарӣ, барномаҳои лизингӣ ва ғайра) диққати махсус дода шавад. Айни замон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони корхонаҳои кишоварзӣ барои гирифтани кумаки молиявӣ ва кумаки молиявии беподош ёрӣ мерасонад. Дар натиҷа, танҳо як қисми ками истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ кумаки давлатӣ мегиранд, боқимонда кӯшиш мекунанд, ки дар иқтисоди бозорӣ «зинда монанд». Барномаҳои мукаммали давлатӣ оид ба дастгирии истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони техникаи кишоварзӣ барои ҳамаи корхонаҳои кишоварзӣ таҳия ва ҷорӣ карда шудааст. Инчунин корхонаҳои кишоварзӣ аз намудҳои нави техникаи кишоварзии ватанӣ, ки нисбат ба рақибони хориҷӣ бартарӣ доранд (на танҳо аз ҳисоби нархи пасттари техникаи кишоварзӣ, балки аз ҳисоби камхароҷот будан), истифода мебаранд.

Маҳсулоти кишоварзии воридотивазкунанда ва тағйир додани самти истифодаи ҳадди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ барои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ занҷирҳои байнисоҳавиро ба вуҷуд меорад, инчунин барои рушди соҳаҳои кишоварзию саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон фароҳам меорад. Ҳамин тариқ, базаи моддию техникии истеҳсолоти кишоварзии вилояти Хатлонро таҳлилу таҳқиқ намуда, чунин натиҷагирӣ намудем:

  1. Ба андешаи мо, дар вилоят тарзи истифодабарии базаи моддӣ-техникиро аз рӯи номгӯй ва шумораи таҷҳизоти мавҷудбуда, соли истифодабарии он ва дараҷаи автоматикунонӣ, таносуби қисми фаъол ва ғайрифаъоли фондҳои асосӣ, дараҷаи аз ҷиҳати энергетикӣ пурра таъмин будани истеҳсолот ва дигарҳо баҳо додан беҳтар аст.
  2. Барои дар сатҳи баланд дастрас намудани маҳсулоти кишоварзӣ аз техникаҳои муосир истифода баранд ва дар як муддати кӯтоҳ теъдоди зиёди техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор дода шавад, захираҳои дахлдори тухмӣ, хӯрока ва дигар воситаҳо ба вуҷуд оварда шаванд.
  3. Самаранокии истифодаи воситаҳои моддию техникии истеҳсолот дар соҳаи кишоварзии вилоят аз бисёр ҷиҳат ба мавсимияти истеҳсолот вобаста аст. Муҳлати корӣ бо вақти истеҳсолот мувофиқат намекунад, бисёр мошинҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳамагӣ чанд рӯз дар як сол истифода мешаванд. Вобаста ба ин, хароҷоти иловагӣ барои нигоҳдории мошинҳо талаб карда мешавад, зарурат барои ташкили захираҳои тухмӣ, хӯрок ва ғайра ба миён гузошта шавад.
  4. Қисми ҷудонопазири базаи моддӣ-техникии соҳаи кишоварзиро заминҳои корам ташкил мекунанд, ки ҳосилхезии он гуногун аст ва барои истеҳсоли як воҳиди маҳсулот хароҷоти ҳархела талаб мекунад, аз ин хотир барои кам намудани хароҷот аз заминҳои обӣ зиёдтар истифода намоянд.
  5. Базаи моддӣ-техникии соҳаи кишоварзии вилоят бояд бо таъминоти моддию техникии дигар қисматҳои маҷмӯи агросаноатии ҷумҳурӣ, ки нигаҳдорӣ, коркард, интиқол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзиро анҷом медиҳанд, алоқаи зич дошта бошад.

Адабиёт

  1. Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2016–2020. — С. 6–7.
  2. Омори солонаи вилояти Хатлон дар солҳои 2014–2019 // Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. Бохтар, 2020. — С. 8.
  3. Омори солонаи вилояти Хатлон дар солҳои 2014–2019 // Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. Бохтар, 2020. — С. 67–68.
  4. Суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ноҳияи Кӯшониён, 26 марти соли 2021 / «Ҷумҳурият» № 60–61, санаи нашр 29.03.2021.
  5. Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон, январ–декабр // Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. Бохтар, 2019. — С. 17.

Аннотатсия. Дар мақолаи мазкур вазъи базаи моддӣ-техникии соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода шудааст. Барои он ки истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ дар вилоят муваффақона пеш равад ва рақобатпазирии он боло бурда шавад, механизми дурусти тарҳрезӣ ва истифодаи базаи моддӣ-техникиро дуруст ба роҳ мондан лозим аст. Муаллифон баён намудаанд, ки ҷустуҷӯи намудҳои нави техникаҳои муосир ва бунёди шароитҳои мувофиқ барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини иқтисодиёти муосир, алалхусус соҳаи кишоварзии вилоят ба ҳисоб меравад.

Калидвожаҳо: техника, заминҳои кишоварзӣ, заминҳои обӣ, захира, базаи моддию техникӣ, воситаҳои моддию техникии истеҳсолот, истеҳсолоти кишоварзӣ.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2