Саноат яке аз омилҳои рушди иқтисодиёт дар даврони истиқлолият
Саноат яке аз омилҳои рушди иқтисодиёт дар даврони истиқлолият
Давлатов Х.М., Шарифова Д.М., Раҷабов А.Қ.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Дар даҳсолаҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои саноатӣ-аграрӣ табдил ёфта буд. Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд буд. Соли 1991 шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ба 2308 адад мерасид. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон 425 ададаш корхонаҳои нисбатан калон буда, аз онҳо 207 корхонаҳои саноати вазнин ва 119 ададашон корхонаҳои саноати сабук буданд.
Вале баъд аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти хешро ба даст овард, як қатор монеаҳо ба рушди корхонаҳои саноатӣ таъсири манфӣ гузоштанд. Яке аз ин омилҳо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар зарардида ҳисоб мешаванд. Зеро аз ин сол сар карда, ба ҷумҳурӣ дохил гардидани молҳои саноатии хориҷӣ хеле афзуд. Дар ин давра аз як тараф аксарияти корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар он корхонаҳое, ки фаъолият мекарданд, маҳсулоташон бо молҳои ба ҷумҳурӣ дохилшуда рақобат карда наметавонистанд.
Дар солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба сохтани корхонаҳои азим зиёд шудааст. Мувофиқи ахбороти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ чунин соҳаҳои асосии саноат вуҷуд доранд:
- Коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои нодир;
- Истеҳсоли ангишт (дар кони ангишти Шӯроб, Фон-Яғноб [кокс] ва Назарайлоқ [антрасит]);
- Истеҳсоли газ ва нафт (дар водии Вахш, Ҳисор, Хоҷа Сартез дар Кӯлоб ва вилояти Суғд);
- Истеҳсоли металлҳои ранга (арзиз, тилло, нуқра, сурб, синк, висмут, симоб, волфрам, молибден);
- Саноати сабук (асосан коркарди пахта ва хӯрокворӣ);
- Саноати кимиё (Комбинати кимиёи Ёвон, Заводи нуриҳои азотии ноҳияи Вахш);
- Саноати масолеҳи сохтмонӣ;
- Саноати мошинсозӣ;
- Саноати пилла.
Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2018 ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии кишвар ва дар ин замина таъмини иҷрои яке аз ҳадафҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян гардидааст, яъне гузариши рушди иқтисодиёти кишвар аз аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.
Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 16491,8 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз афзудааст. Дар соҳаи саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3538,6 млн сомонӣ (суръати рушд 118,6 фоиз), дар соҳаи саноати коркард 9118 млн сомонӣ (суръати рушд 115,2 фоиз) ва истеҳсоли нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 3835,3 млн сомониро (суръати рушд 107,5 фоиз) ташкил намудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 105 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бо 1487 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 20 корхона бо 151 ҷойи корӣ, вилояти Суғд 38 корхона бо 561 ҷойи корӣ, вилояти Хатлон 23 корхона бо 443 ҷойи корӣ, ВМКБ 4 корхона бо 184 ҷойи корӣ ва НТҶ 20 корхона бо 148 ҷойи корӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудаанд.
Бояд қайд намуд, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот суръати рушди соҳаи саноат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 банди фоизӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноати истихроҷ 4,7 банди фоизӣ, саноати коркард 7,8 банди фоизӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 7,9 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи таҳлилҳо коҳишёбии суръати рушди соҳаи саноат нисбат ба суръати рушди ҳамин давраи соли гузашта асосан аз ҳисоби кам гардидани истихроҷи маводи энергетикӣ (-28,3 банди фоизӣ), ғайриэнергетикӣ (-1,8 банди фоизӣ), истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку (-14,4 банди фоизӣ), истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (-26,3 банди фоизӣ), истеҳсоли ҳар гуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ (-14,3 банди фоизӣ), истеҳсоли нерӯи барқ (-7,9 банди фоизӣ) ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об (-9,1 банди фоизӣ) ба амал омадааст.
Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ асосан аз ҳисоби корхонаҳои ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» (141,9 фоиз) ва КМ ҶДММ «Анзоб» (104,6 фоиз) таъмин гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи истихроҷ тамоюли коҳишёбӣ дорад, зеро дар нуҳ моҳи соли 2018-ум 118,6 фоиз рушд карда бошад ҳам, суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (123,3 фоиз) 4,7 банди фоизӣ кам шудааст.
Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи истихроҷ ин пеш аз ҳама коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи 86,6 фоизи ҳамин давраи соли гузашта маҳсулот истеҳсол намудааст (дар нуҳ моҳи соли 2017 суръати афзоиш 117,2 фоиз).
Сабабҳои асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи истихроҷ камшавии захираҳои кон, чуқурӣ ва афзоиши дараҷаи душвории корҳои истихроҷӣ, коҳишёбии фоизнокии маъдан, ҳамзамон зиёдшавии ҳаҷми кислота дар таркиби маъдан ва мушкилот дар тартиби ҳисоби бонуси обунавӣ ва роялти барои истихроҷ мебошад.
Ҳамзамон коҳишёбии суръати истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар корхонаҳои истихроҷи ангишт, аз ҷумла КФ Шахта «Фон-Яғноб» (8,5 банди фоизӣ кам), ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик» (1,9 маротиба кам) ва ҶДММ «Талко ресурс» (27,7 банди фоизӣ кам) ба миён омадааст, ки боиси коҳишёбии суръати истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ гардид. Истихроҷи нафт дар 9 моҳи соли ҷорӣ 18017,0 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 336,2 тонна зиёд ва дар сатҳи 101,9 фоиз таъмин гардидааст. Истихроҷи газ бошад, ҳамагӣ 706,0 ҳаз. м³-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,4 ҳаз. м³ коҳиш ёфта, дар сатҳи 68,9 фоиз таъмин гардидааст. Сабаби асосии иҷро нагардидани нақшаи истихроҷи газ ин дар марҳилаи ниҳоии истихроҷӣ қарор доштани конҳои нафту газ, пурра қатъ гардидани истихроҷи нафту газ дар кони гази «Сурхсимо» ва дар давраи ҳисоботӣ фаъолият накардани ҷамъиятҳои истихроҷкунандаи нафту гази «Сетос» ва «Суғднафтгаз» ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аз ҷониби мақомоти мутасаддӣ бартараф намудани мушкилоти ширкатҳои истихроҷкунанда ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти зерсоҳаи истихроҷ, андешидани чораҳои саривақтӣ зарур арзёбӣ мегарданд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ аз 14 зерсоҳаи коркард ба ғайр аз ҳар гуна соҳаҳои саноат (94,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) дар дигар зерсоҳаҳо натиҷаҳои мусбат таъмин гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи коркард нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта асосан аз ҳисоби ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» (141,0 фоиз), ҶСП «Чунтай Данғара» (134 фоиз), ҶДММ «Хуаксин Ғаюр» Б. Ғафуров (126,5 фоиз), ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» (113,3 фоиз), ҶСК «Сементи тоҷик» (131,2 фоиз), ҶСП «Норд азия металл» (2,3 маротиба) ва дигар корхонаҳо ба вуҷуд омадааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2018 барои истеҳсоли маҳсулоти нав ва таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ, васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 695,4 млн сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук ва пилла 11 корхона бо маблағи 204,1 млн сомонӣ, дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 3 корхона бо 192,4 млн сомонӣ, дар соҳаи саноати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиё 1 корхона бо маблағи 96,0 млн сомонӣ, дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 10 корхона бо маблағи 95,8 млн сомонӣ, дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 8 корхона ба маблағи 79,8 млн сомонӣ, дар соҳаи саноати ангишт 4 корхона бо маблағи 27,3 млн сомонӣ равона гардидааст.
Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳои масъул бояд ҷиҳати тақвияти истифодаи иқтидорҳои корхонаҳои ватанӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба кишварҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои саноати хӯрокворӣ 19,4 млн қуттии шартии консерваҳои меваю сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки дар сатҳи ҳамин давраи соли гузашта буда, бо назардошти афзоиши истеҳсоли ашёи хом, аз ҷумла мевагиҳо ва сабзавот ва мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолӣ нокифоя арзёбӣ мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ ҳанӯз бозори истеъмолии кишвар қисман аз маҳсулоти консервашудаи воридотӣ таъмин мегардад. Бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии корхонаҳои консервабарорӣ 14 адади онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро коҳиш дода, 1 адад корхона дар давраи ҳисоботӣ тамоман маҳсулот истеҳсол накардааст. Яке аз сабабҳои асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои консервабарорӣ ва фаъолият надоштани онҳо ин пеш аз ҳама фарсудашавии таҷҳизоти истеҳсолии корхонаҳо мебошад. Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ва азнавтаҷҳизонии корхонаҳои соҳа тадбирҳо андешанд.
Адабиёт
- Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих. «Ирфон», с. 1997.
- Таджикистан в цифрах. — Душанбе, 2000.
- Нидоев Н.Ф. «Таъмини истиқлолияти иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 2, саҳ. 68–92.
- Муҳаббатов Х.М., Диловаров Р.Д., Раҳимов М.Р. «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон», боби 3–4, саҳ. 32–143.
Аннотатсия. Солҳои охир Ҳукумати кишвар дар бунёди корхонаҳои калон саҳми азим гузошта истодааст. Ин имконият медиҳад, ки иқтидорҳои нав истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазирро тақвият бахшем, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва рушди иқтидорҳои содиротии кишварро таъмин намоем ва дар ин замина ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллии худ — саноатикунонии кишвар бирасем.
Калидвожаҳо: саноат, аграрӣ, иқтисодиёт, истеҳсолот.




