Таҷрибаи бозори электроэнергетикаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минтақаи Меконги Бузург) ва имконоти истифодаи он дар давлатҳои Осиёи Марказӣ
Таҷрибаи бозори электроэнергетикаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минтақаи Меконги Бузург) ва имконоти истифодаи он дар давлатҳои Осиёи Марказӣ
Асоев Б. Х.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Энергетика соҳаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим барои ҳар як давлати иқтисодиёташ рушдёфта ва рушдкунанда арзёбӣ мегардад, дар ҳоле ки нақши электроэнергетика дар иқтисоди ҷаҳонӣ мунтазам меафзояд. Бо назардошти хусусиятҳои технологӣ, соҳаи электроэнергетика муддати тӯлонӣ соҳаи «маҳаллӣ» буд ва дар нимаи дуюми асри XX системаҳои энергетикӣ аз миқёси миллӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ гузаштанд.
Баррасии самаранокии иқтисодӣ агар аз як тараф васеъшавии минбаъдаи миқёси системаҳои электроэнергетикиро талаб кунад, аз тарафи дигар рақобатро дар соҳаи мазкур шиддат мебахшад. Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI соҳаи энергетика зери таъсири талаботе қарор гирифт, ки равандҳои танзимӣ ва ташкилӣ дар бозорҳои фаромиллии нерӯи барқро ба зиддиятҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард.
Таҷрибаи фаъолияти муттаҳидкунии бозорҳои энергетикӣ нишон медиҳад, ки афзалияти равандҳои интегратсионии соҳаи электроэнергетика коҳиш додани эҳтиёҷот ба захираҳои энергетикӣ бо сабаби баробаркунии сарбории нерӯи барқ (ҳам рӯзона ва ҳам солона) дар давлатҳои аъзо, васеъшавии бозорҳои нерӯи барқ ва дар натиҷа афзоиши сатҳи рақобат дар бозори нави муттаҳидшуда ба шумор меравад. Ҳамзамон, шабакаҳои мавҷудаи минтақавӣ ва байнидавлатии ҳамгирошудаи энергетикӣ аз ҷиҳати миқёс, сатҳи рушди механизмҳои ниҳодӣ ва бозорӣ, сифати инфрасохтор ва воситаҳои маблағгузорӣ барои васеъкунӣ ва модернизатсияи онҳо фарқ мекунанд.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи равандҳои интегратсионӣ дар бозорҳои электроэнергетикаи минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минтақаи Меконги Бузург) ва имконоти истифодаи таҷрибаи онҳо дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мақсади асосӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, мо кӯшиш намудем, ки дар кори худ марҳилаҳои ташаккули бозори электроэнергетикаи минтақаи Меконги Бузургро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем ва имконоти истифодаи баъзе аз таҷрибаи онҳоро дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳогузорӣ намоем.
Минтақаи Меконги Бузург (GMS — The Greater Mekong Subregion) қаламрави васеъ (2,6 миллион километри мураббаъ)-и Осиёи Ҷанубу Шарқиро дар нимҷазираи Ҳиндучин ишғол мекунад. Минтақа одатан панҷ кишвар (Мянма, Лаос, Таиланд, Камбоҷа ва Ветнам), музофотҳои Юннан ва Гуанси-Чжуани Чинро дар бар мегирад. Дарёи Меконг аз ин давлатҳо мегузарад ё тавассути қисматҳои марзҳои давлатии онҳо берун меравад. Марҳилаҳои ташаккули бозори электроэнергетикаи минтақаи Меконги Бузург дар ҷадвали 3.3.1 оварда шудаанд.
Ҷадвали 3.3.1. Марҳилаҳои ташаккули бозори электроэнергетикаи минтақаи Меконги Бузург
| Марҳилаҳо | Ташаккули бозори электроэнергетикаи минтақавӣ |
|---|---|
| I | Нерӯи барқ танҳо байни ду кишвар дода мешуд ва баъдтар имкон дод, ки тиҷорати наздисарҳадӣ байни ҳамаи кишварҳои узви GMS ба роҳ монда шавад. |
| II | Он бо қобилияти хариду фурӯши байни ҳар як аъзои давлатҳои GMS бо истифода аз шабакаҳои давлати сеюми минтақавӣ тавсиф карда мешавад. Аммо дар ин марҳила қобилияти мавҷудаи фаромарзӣ маҳдуд мегардид. |
| III | Рушди инфрасохтор барои тиҷорати наздисарҳадӣ ба тарафи сеюм, инчунин ба корхонаҳои ғайридавлатӣ. |
| IV | Бозори рақобати комили минтақавӣ дар марҳилаи 4 пешбинӣ шудааст, ки асоси он бояд таъсиси бозорҳои электроэнергетикӣ дар давлатҳои GMS бо бисёр ширкатҳои мустақил — харидорон ва фурӯшандагон бошад. |
Сарчашма: Ҷадвал дар асоси таҳлилу омӯзишҳои муаллиф таҳия гардидааст.
Бо назардошти хусусиятҳои иқтисодиёт ва равандҳои сиёсӣ дар давлатҳои мухталифи аъзои бозори электроэнергетикаи минтақаи Меконги Бузург муҳлати равандҳои интегратсионӣ барои марҳилаҳои ниҳоии 3 ва 4 муайян карда нашудааст ва аз бисёр ҷиҳат ба суръати либерализатсияи бозорҳои миллии электроэнергетика вобаста аст. Барои ташаккули бозори минтақавӣ фондҳои махсус бояд таъсис дода мешуданд, лекин то вақти коркарди лоиҳаи GMS таъсис дода нашуданд. Рушди лоиҳаҳои содироти нерӯи барқ, аз ҷумла сохтмони хатҳои фаромарзӣ дар асоси шартномаҳои дуҷониба аз ҳисоби маблағҳои худи давлатҳои шарик амалӣ карда шуданд. Хатҳои фаромарзӣ, ки дар доираи ин лоиҳаҳо сохта шудаанд, ба ихтиёри ширкатҳои барқии кишварҳои ширкаткунанда, ки хатҳои интиқол дар ҳудуди онҳо ҷойгир буданд, дода шуданд.
Фаъолияти бозори электроэнергетика дар минтақаи GMS бо ёрии ниҳодҳои ҳамоҳангсоз, ки дар асоси Барномаи GMS таъсис дода шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ба ниҳодҳои ҳамоҳангсоз инҳо дохил мешаванд: Форуми электроэнергетикии GMS, Кумита оид ба ҳамоҳангсозии савдои минтақавӣ, Гурӯҳи мақсаднок ва Гурӯҳи кории банақшагирӣ. Ҳеҷ кадоме аз ин ниҳодҳо котиботи расмии доимӣ надоранд, вале маҷлисҳои корӣ дар вақти зарурӣ гузаронида мешаванд. Нақши котиботро намояндагони ҳукумат ва ширкатҳои бузурги энергетикии давлате, ки дар он ҷаласа баргузор мешавад, иҷро мекунанд [8, с. 82–87].
Нархгузорӣ дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи тарафҳои мушаххаси муомила аниқ ва арзиши ниҳоии амалиёт бо назардошти ҳама шароити барои ҷонибҳо муҳим муайян карда мешавад. Дар айни замон, ҷонибҳо барои транзити нерӯи барқ тавассути шабакаҳои интиқолии худ ҳеҷ гуна маблағ намегиранд.
Принсипҳои фаъолияти минтақавӣ ба ҷонибҳо имкон медиҳад, ки мустақилона дар асоси ҳамкориҳои мутақобилан судманд андозаи тарифро барои истифодаи шабакаҳои миллӣ муайян кунанд [8, с. 31–53].
Осиёи Марказӣ аз об, захираҳои гуногуни энергетикӣ, аз ҷумла канданиҳои фоиданок (нафт, газ, ангишт) ва бахусус манбаъҳои барқароршавандаи энергия (гидроэнергетика, шамолӣ ва офтобӣ) бой аст. Ин захираҳо аз талаботи дохилӣ зиёдтар мебошанд ва метавонанд содироти нерӯи барқро ба бозорҳои хориҷӣ таъмин кунанд. Ғайр аз ин, тақсими захираҳои обию энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дастрасӣ ба он нобаробар мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо инфрасохтори воқеӣ ҷавобгӯи талабот нест, системаҳои мавҷуда фарсудашуда, беэътимод ва ғайрисамарабахш мебошанд. Баъзе нуқтаҳои аҳолинишин имконияти таъмини кофии аҳолии худро бо нерӯи барқ дар мавсимҳои муайяни сол ба миқдори зарурӣ надоранд, баъзеи дигарашон бошад, аз норасоии об танқисӣ мекашанд.
Инфрасохтори соҳаҳои энергетика ва обии ин кишварҳо муносибати минтақавиеро инъикос менамоянд, ки банақшагирандагони марказии собиқи давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ истифода мебурданд ва ҳоло инфрасохтори мазкур қариб пурра аз байн рафтааст. Ин инфрасохтор мубодилаи захираҳои обӣ-энергетикиро аз сарҳадҳои маъмурӣ, ки он замон сарҳади давлатӣ набуданд, дар бар мегирифт.
Низоми идоракунии захираҳои обӣ, пеш аз ҳама, ба сифати низоми обёрикунӣ тарҳрезӣ шуда буд ва нерӯи барқ ҳамчун маҳсулоти ҳамроҳ истеҳсол карда мешуд. Сипас низоми энергетикӣ бо назардошти ҷойгиршавии захираҳои гуногуни энергетикӣ тарҳрезӣ мешуд, ба монанди:
- Низоми интиқоли нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун як шабакаи минтақавӣ бо истифодаи содироти нерӯи барқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон;
- Мубодилаи нерӯи барқ байни кишварҳои минтақа тавассути Маркази танзимкунӣ, ки то имрӯз дар Ӯзбекистон ҷойгир аст;
- Системаи қубурҳои газ барои интиқоли он ба ҷануби Қазоқистон, ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз Туркманистон ва Ӯзбекистон;
- Коргоҳҳои коркарди нафт дар кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷойгир буданд ва маҳсулоти коркардшуда ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон интиқол дода мешуданд;
- Истеъмоли ангишт аз сатҳи мавҷудияти ангишти маҳаллӣ ва имконияти истифодаи роҳи оҳан барои интиқоли ангишт вобаста буд [7, с. 93–100].
Давлатҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои зиёди энергетикӣ мебошанд. Дар баробари рушди иқтисодиёт, беҳтар гардидани соҳаи иҷтимоӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ талабот ба таъминоти нерӯи барқ низ меафзояд. Ин ҳама дар навбати худ ислоҳоти соҳаи электроэнергетика, муайян намудани стратегияи рушди минбаъдаи он, аз он ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсиониро дар соҳаи мазкур талаб мекунад. Ба ақидаи коршиносон, барои навсозӣ, ислоҳот ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар бозори электроэнергетикаи Осиёи Марказӣ сармоягузории калон талаб карда мешавад. Дар раванди ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар бозори электроэнергетикаи Осиёи Марказӣ сармоягузорони хориҷӣ ва донорҳои байналмилалӣ нақши муҳимро мебозанд. Дар стратегияи такмил ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи электроэнергетикаи тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҷалби ширкатҳои энергетикии хориҷӣ дар раванди навсозӣ ва рушди соҳаҳои энергетикаи миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Иштироки сармоя ва технологияи хориҷӣ дар навсозии соҳаи электроэнергетика дар Осиёи Марказӣ афзалиятҳои зиёдро ба бор меорад. Ғайр аз таҷрибаи истеҳсолӣ ва самаранокии истифодабарӣ, барои ҷуброни захираҳои маҳдуди молиявии дар ихтиёри соҳа буда сармоягузории хориҷӣ низ лозим аст. Соҳаи электроэнергетика сармояи зиёдро талаб мекунад.
Ҳамин тариқ, баъд аз таҳлилу омӯзиши таҷрибаи бозори электроэнергетикаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минтақаи Меконги Бузург) мо эҳтимолияти истифода ва ҷорӣ кардани баъзе аз онҳоро дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод менамоем:
- Савдои байни ду давлати шарик бо истифода аз шабакаҳои давлати дигари аъзо бе мамоният ба роҳ монда шавад (дар ин марҳила ҳаҷми интиқол метавонад дар меъёри муайян маҳдуд бошад).
- Инкишофи инфрасохтор барои савдои байнисарҳадӣ, ҳамзамон имконияти иштироки шахсони сеюм, ки ба ширкатҳои давлатӣ алоқаманд нестанд, мавҷуд аст.
- Фаъолияти бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз ниҳодҳои ҳамоҳангсоз, аз он ҷумла Форум, Кумита, гурӯҳи мақсаднок ва гурӯҳи кории банақшагирӣ амалӣ мешавад (котиботи ниҳодҳои мазкур доимӣ набуда, вобаста ба зарурат дар давлатҳои аъзо, ки вохӯрӣ баргузор мегардад, ҷамъ меоянд).
- Имконияти нагирифтани маблағ ё гирифтани маблағи ночиз барои транзити нерӯи барқ аз шабакаҳои худ ҳангоми савдо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ.
Адабиёт
- Абдувалиева Н.А. Перспективы и механизмы формирования энергетического кластера Центрально-азиатского региона / Дисс. к-та экон. наук: 08.00.05. — Душанбе, 2019. — 165 с.
- Аминжонов Ф.С. Программа Центрально-азиатского регионального экономического сотрудничества как драйвер региональных энергетических проектов для укрепления энергетической безопасности в постсоветской Центральной Азии // Проблемы постсоветского пространства — Москва — 2019. — Том. 6. № 2. С. 53–64.
- Амуева У. Страны Центральной Азии планируют разработать единую стратегию развития генерирующих мощностей [Электронный ресурс] — Дата доступа 04.11.2019 г.
- Анатоль Б. К обеспечению безопасности и надежности поставок электроэнергии в Центральной Азии (Реформа рынка электроэнергии и защита инвестиций) / Б. Анатоль. — Москва, 2015. — 91 с.
- Андреева Е.В., Клепиков В.И., Николаев А.Г. и др. Интеграция зарубежных рынков электроэнергии. Москва, январь 2017. — 121 с.
- Ахророва А.Д., Сайдаминов И., Абидов У.А. Водно-энергетическая стратегия стран Центральной Азии в контексте экономической безопасности // Вестник Таджикского технического университета — Душанбе, 2016. — № 2/11 (220). С. 44–52.
- Бахтияр Б.У., Смагулов К. Водноэнергетические проблемы Центральной Азии: Политика государств региона и перспективы развития ситуации // Центральная Азия и Кавказ. — 2011. — № 1 (14). — С. 93–100.
- Русецкая М.И., Богурина В.Н. Анализ развития энергетических рынков мира / науч. рук. Е.П. Корсак // Актуальные проблемы энергетики [Электронный ресурс]: материалы 75-й научно-технической конференции студентов и аспирантов: секция «Экономика и организация энергетики» / сост. Т.Е. Жуковская. — Минск: БНТУ, 2019. — С. 82–87.
Аннотатсия. Дар мақолаи мазкур ҷиҳатҳои назариявию амалии таҷрибаи бозори электроэнергетикаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минтақаи Меконги Бузург) ва имконоти истифодаи он дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди назар қарор дода шудааст. Омӯзиши ҳамаҷонибаи равандҳои интегратсионӣ дар бозорҳои электроэнергетикаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минтақаи Меконги Бузург) ва имконоти истифодаи таҷрибаи онҳо дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мақсади асосӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, мо кӯшиш намудем, ки марҳилаҳои ташаккули бозори электроэнергетикаи минтақаи Меконги Бузургро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем ва имконоти истифодаи баъзе аз таҷрибаҳои онро дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳогузорӣ намоем.
Калидвожаҳо: Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Меконги Бузург, Осиёи Марказӣ, бозори электроэнергетика, марҳилаҳои ташаккул, таҷрибаи байналмилалии бозори электроэнергетика, равандҳои интегратсионӣ.




