Дастовардҳои саноати энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ
Дастовардҳои саноати энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ
Аминов М. Ҳ., Қодирова Н. А., Каримова М. Д.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
«Дар се соли оянда суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, бахусус саноату энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, инчунин истифода аз ташаббусҳои соҳибкориву имкониятҳои бахши хусусӣ ва дар ин асос боз ҳам афзун намудани қисми даромади буҷети давлатӣ ва таъмини беҳтари ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодии давлат мебошад».
— Эмомалӣ Раҳмон
Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад. Онро зиёда аз 90 самти истеҳсолот ва бештар аз 140 навъи маҳсулот муаррифӣ мекунанд, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд [5, с. 12].
Айни замон масъалаҳои суръатбахшии рушди соҳаи саноат ва устувории он, дигаргунсозии куллии сохторӣ, таъсиси корхонаҳои хусусӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ, ҷорӣ намудани навовариҳои техникию технологӣ дар истеҳсолоти саноатӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо ин мақсад даҳҳо созишномаҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумат ва ширкатҳои ватанӣ ва ширкатҳои хориҷии дуру наздик оид ба таъсиси корхонаҳои нави металлургӣ, истеҳсоли семент ва дигар навъҳои маводи сохтмон, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ангишт, нафт ва газ, маҳсулоти кимиёвӣ, мошинсозӣ ва коркарди металл ба имзо расида, бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд.
Дар тӯли 30 соли истиқлолияти мамлакат бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ барқарор шуданд. Айни замон шумораи онҳо то 2068 адад расида, зиёда аз 86,4 ҳазор нафар аҳолии мамлакатро бо кори доимӣ таъмин намуда истодааст. Боиси қайд аст, ки дар давоми солҳои 2005–2015 ба рушди соҳаҳои саноати кишвар дар маҷмӯъ 3,3 млрд доллари ИМА сармоягузорӣ шудааст, аз ҷумла сармоягузории мустақим 2,8 млрд доллари ИМА ва дигар сармоягузориҳо 474,8 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад [5, с. 11].
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2015 ба 12,2 млрд сомонӣ расонида шуд.
Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад ва азхудкунии онҳо барои рушди иқтисодиёти миллӣ яке аз самтҳои асосӣ арзёбӣ мегардад.
Дар соли 2016 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 2,3 млрд сомонӣ ва суръати афзоиши истеҳсоли металли №1 ба 112,5 фоиз ва металли №2 ба 143,5 фоиз расонида шуд. Истеҳсоли хокаи сурб ба 60,0 ҳаз. тонна, хокаи рӯҳ ба 108,0 ҳаз. тонна, хокаи мис ба 20 ҳаз. тонна ва хокаи сурма ба 33,5 ҳазор тонна таъмин гардид. Вобаста ба соҳаи кимиё ва нафту кимиё бояд қайд намуд, ки дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10 корхона арзи вуҷуд дошт, ки нишондиҳандаи мазкур дар соли 2015 ба 45 адад расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои мазкур ба 86 млн сомонӣ баробар шудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Саноати энергетикию сӯзишворӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи Тоҷикистон буда, дар ҷойгиркунӣ, инкишоф ва махсусгардонии хоҷагии халқи мамлакат мақоми муҳимро ишғол мекунад. Саноати энергетикӣ-сӯзишворӣ истеҳсоли қувваи барқ ва ба истеъмолкунандагон расонидани онро таъмин мекунад. Саноати энергетикӣ-сӯзишворӣ ба ду соҳаи калон тақсим мешавад: саноати сӯзишворӣ ва истеҳсоли қувваи барқ.
Саноати сӯзишворӣ истеҳсоли ангишт, нафт, газ, варақсангҳои сӯзанда ва торфро дар бар мегирад. Тоҷикистон аз захираҳои сӯзишворӣ бой мебошад. Муҳимтаринаш захираҳои ангишт мебошад.
Захираҳои умумии ангишти Тоҷикистон ба 4 миллиард тонна мерасанд, ки қариб 41%-и захираи ангишти Осиёи Миёнаро ташкил менамояд. Бо афзун гардидани талабот ба ангишт дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ истихроҷи он дар соли 2015 ба 1,4 млн тонна расонида шуд. Конҳои калонтарини он Шӯроб, Фон-Яғноб, Равот, Киштут-Заврон, Моғиён, Назарайлоқ ва Миёнаду мебошанд. Бештари ин конҳо дар мавзеъҳои доманакӯҳ ва баландкӯҳҳо ҷойгир шудаанд. Ин ҳолат барои истеҳсол ва истифодабарии ангишти ин конҳо мушкилиҳои зиёдеро ба амал оварда, ба баланд шудани хароҷотҳои зиёд сабаб мешаванд.
Кони ангишти Фон-Яғноб дар ҳавзаи дарёҳои Фон ва Яғноб дар баландии 1700–2500 м ҷойгир шуда, аз 18 қабат иборат мебошад, ки ҳар яке аз он қабатҳо аз 0,5 м то 12 м ғафсӣ доранд. Захираи умумии геологии ангишти кони Фон-Яғноб қариб ба 2 миллиард тонна баҳо дода мешавад. Ангишти ҳавзаи Фон-Яғноб дорои сифати баланд буда, 86 фоизи онро ангишти кокс ташкил мекунад [2, с. 23]. Ҳоло як қисми он барои қонеъ гардонидани талаботи комбинати металлургии кӯҳии Анзоб истифода бурда мешавад. Дар оянда истеҳсолоти ангишт дар ин ҳавза аз беҳтар намудани роҳҳои нақлиётӣ ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи иқтисодии Зарафшон вобастагӣ дорад. Дар ҳудуди ноҳияи Зарафшон инчунин кони ангишти Киштут-Заврон ҷойгир шудааст, ки захираи умумии он 850 млн т буда, аз 48 қабат ангишт ташкил ёфтааст, ки ғафсии баъзе қабатҳои он то ба 3 метр мерасанд.
Кони ангишти Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфараи вилояти Суғд воқеъ гардидааст. Ангишти кони Шӯроб сиёҳтоб буда, қабатҳои ангишт қариб 25 ва ғафсии умумии онҳо ба 35 метр мерасад. Захираи ангишти Шӯроб 600 млн т буда, дар таркиби ангишти ин кон аз 3–30 фоиз хокистар мавҷуд аст. Дар айни замон истеҳсоли ангишт дар ин кон қариб ки қатъ гардидааст, зеро бисёр шахтаҳо хароб шудаанд. Ин ангишт то солҳои 90-ум ба сифати сӯзишворӣ дар Шимоли Тоҷикистон ва қисман дар роҳи нақлиёти оҳани Осиёи Миёна истифода мешуд. Конҳои ангишти Зиддӣ, Моғиён, Тошқутан, Сайёд, Назарайлоқ, Шӯрообод, Равнов, Қуртекка низ аҳамияти иқтисодӣ доранд. Аз конҳои номбурда танҳо дар кони Назарайлоқ ба миқдори кам ангишт истеҳсол карда мешавад, ки он аҳамияти дохилиноҳиявӣ дорад.
Саноати истеҳсоли қувваи барқ дар Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ тараққӣ кардааст. Асоси саноати истеҳсоли қувваи барқи ҷумҳуриро захираҳои об ташкил менамоянд. Аз ҷиҳати захираҳои об Тоҷикистон ба ҳар як нафар аҳолӣ ба ҳисоби миёна дар байни мамлакатҳои ИДМ ҷойи дуюмро ишғол мекунад.
Сохтмони НОБ-ҳо аз солҳои 30-юм сар шуд. Дар солҳои баъди 50-ум дар дарёҳои Сир ва Вахш як қатор истгоҳҳои барқӣ-обӣ сохта шуданд. Дар баробари истгоҳҳои барқӣ дар ҷумҳурӣ якчанд истгоҳҳои олавӣ низ бунёд гардиданд. Дар айни замон истеҳсоли солонаи қувваи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 18 млн кВт/с-ро ташкил менамояд.
Ба ақидаи мутахассисон, солона аз ин ҳисоб ба истгоҳҳои барқии обӣ 18 млн кВт/с ва ба истгоҳҳои барқии олавӣ боқимонда 222 млн кВт/с истеҳсоли қувваи барқ рост меояд.
Калонтарин истгоҳҳои барқии обӣ инҳоянд: Норак — 3 млн кВт/с, Сарбанд — 210 ҳазор кВт/с дар дарёи Вахш, Қайроққум — 126 ҳаз. кВт/с дар дарёи Сир ва истгоҳҳои олавии Душанбе — 223 ҳаз. кВт/с, Ёвон — 180 ҳаз. кВт/с ба ҳисоб мераванд.
Хусусияти сохтмони истгоҳҳои барқии обии ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки онҳо ба тарзи силсила, яъне дар як дарё якчандто истгоҳҳои барқӣ сохта шудаанд. Чунин тарзи ҷойгир намудани истгоҳҳои барқӣ боиси самаранок истифода бурдани қувваи обии дарёҳо мегардад. Ҳоло дар ҳавзаи дарёи Варзоб силсилаи истгоҳҳои барқии обии Варзоби Боло, Варзоби Поён, Варзоб, дар дарёи Вахш истгоҳҳои Шаршара, Сарбанд, Марказӣ, Норак, Бойғозӣ сохта шудаанд. Дар дарёҳои Сир, Бартанг, Ванҷ, Ғунд истгоҳҳои хурди барқии обӣ фаъоланд. Обанборҳои онҳо ба ғайр аз истеҳсоли қувваи барқ, инчунин барои идоракунии маҷрои дарёҳо, пешгирии обхезӣ, обёрикунии заминҳои корам ва бо об таъмин намудани шаҳру деҳаҳо шароити муҳим фароҳам меоваранд.
Дар Тоҷикистон, чун дар дигар давлатҳо, қувваи барқ ба истеъмолкунандагон бо хатҳои баландшиддати барқӣ фиристода мешавад, зеро ноҳияҳои истеҳсол ва истеъмолкунандаи қувваи барқ аз якдигар дар масофаи дур воқеанд. Як қисми қувваи барқи ҷумҳурӣ ба воситаи хатҳои баландшиддати барқӣ ба Ӯзбекистон дар қисми ҷанубу ғарбӣ ва дар қисми шимолии ҷумҳурӣ барқ аз Ӯзбекистон гирифта мешавад. Дар давраи Ҳукумати Шӯравӣ ҳамаи истгоҳҳои барқӣ ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна пайваст буданд. Дар айни замон ин система пурра фаъолият надорад.
Албатта, сохтмони чунин истгоҳҳои пуриқтидор маблағи калон ва муҳлати дуру дарозро талаб мекунад. Ҳол он ки дар деҳот ва шаҳракҳо аз нарасидани қувваи барқ аҳолӣ танқисии зиёд мекашад. Яке аз масъалаҳои дар оянда ба таври таъҷилӣ таъмин кардани талаботи аҳолӣ бо қувваи барқ ин дар маҳалҳои алоҳида сохтани истгоҳҳои хурди барқии аҳамияти маҳаллидошта мебошад.
Бо мақсади рушди босуботи саноати энергетика дар доираи ин ҳадафҳо дар солҳои истиқлолият дар кишварамон иншоотҳои гидроэнергетикӣ, монанди як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шуда, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 ва барқарору идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардидааст. Дар ин давра иншоотҳои калонтарини зерин сохта ба истифода дода шуданд:
- нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 МВт;
- нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 МВт;
- маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 400 МВт;
- хатти интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб–Шимол»;
- хатти интиқоли барқи 220 кВ «Конибодом–Баткент»;
- хатти интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор–Хатлон»;
- хатти интиқоли барқи 220 кВ «Тоҷикистон–Афғонистон»;
- агрегати аввалини «Роғун» бо иқтидори 600 МВт.
Дар натиҷаи ин чорабиниҳо иқтидорҳои истеҳсолӣ ва имконияти содиротии мамлакат ба дараҷае зиёд шуда, васеъ шудани инфрасохтори интиқоли барқ барои иқтисодиёту иҷтимоиёт имкониятҳои навро фаро овард ва некӯаҳволии мардум ва дастрасӣ ба барқ беҳтар гардид.
Дастовардҳои соҳаи энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ бо татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боз ҳам назаррас хоҳанд гардид ва дар ояндаи наздик саноати энергетикии кишвар боз ҳам рушд хоҳад ёфт.
Адабиёт:
- Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1993–2017.
- Муҳаббатов Х. М., Раҳимов М. Р. Географияи Тоҷикистон. — Душанбе: «Маориф ва фарҳанг», 2011. — 312 саҳ.
- М. Раҳимов. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон. — Душанбе, 2002.
- Маводҳо аз Идораи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- http://www.president.tj/taxonomy/term/5/155#panjakent




